127. Аз ту -эй Паёмбар-, дар бораи занон фатво мехоҳанд. Бигу: «Аллоҳ дар бораи онон ба он чӣ ки дар ин китоб бар шумо хонда мешавад, фатво додааст. Ин фатво дар бораи занони ятимае, нозил шудааст, ки ҳаққи муқаррарашон (маҳр ва мерос ва ғайр аз ин дигар ҳуқуқҳо)-ро намепардозед ё онро кам мекунед ва мехоҳед онҳоро ба никоҳи худ дароваред ва низ дар боби кӯдакони нотавон нозил шудааст. (1) Ва бояд, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор кунед ва ҳуқуқашонро риоя кунед ва молҳояшонро ҳифз карда ва онро ривоҷ диҳед ва ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. (2)
____________________
1. Яъне, мероси кудаконро ба пурраги диҳед 2. Тафсири Саъдӣ 1/206


الصفحة التالية
Icon