130. Ва агар он ду (зану шавҳар) аз якдигар ҷудо шаванд, Аллоҳ ҳар дуро ба тавонгарии худ кифоят кунад, (яъне барои мард занеро муҳайё мегардонад, ки бо вай созиш дошта бошад ва чашму дилаш ба ӯ ором гирад ва барои зан низ мардеро насиб мекунад, ки бо суҳбати вай лаззат бурда ва комилан эҳсоси хушбахтӣ намояд), ки Аллоҳ бисёр ҳам сахиву устуворкор аст! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/207


الصفحة التالية
Icon