6. Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед (яъне, тамоми баданро бишӯед.) Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум (1) кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад (2) ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед! (3)
____________________
1. Молидани хок ба рӯй ва дастҳо. 2. Яъне бо пок кардани зоҳир бо об ё хок ва пок кардани ботин бо тавҳид ва тавбаи ростин.
3. Тафсири Бағавӣ 3/ 20