12. Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, (1) ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст». (2)
____________________
1. Нафақа дар роҳи Аллоҳ
2. Тафсири Бағавӣ 3/ 31