14. Ва аз касоне, ки гуфтанд, ки мо насронӣ ҳастем, аҳду паймон гирифтем аз онон дар тавҳид (итоати Парвардигори якка ва ягона) ва пайравии паёмбарашон. Пас қисмате аз аҳдеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва Мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинаву душманӣ афкандем. Ба зудӣ Аллоҳ ононро аз корҳое, ки мекунанд, дар охират огоҳ хоҳад сохт! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/33