18. Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо писарони Аллоҳ ва дӯстони ӯ ҳастем. Бигуй: эй Паёмбар «Пас чаро шуморо ба хотири гуноҳонатон азоб мекунад?(1) Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридашудагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст. (2)
____________________
1. Яъне, гузаштагонатонро ба сурати маймун ва хук гардонид ба сабаби гуноҳояшон
2. Тафсири Бағавӣ 3/33. 34