20. Ва он ҳангом, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, ки аз миёни шумо паёмбарон пайдо кард ва шоҳоне аз шумо ба салтанат расонид (баъд аз он, ки худ дар зери мулки Фиръавн будед) ва ба шумо чизҳое дод, ки ба ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон (-и замони худатон) надодааст.