62. Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ӯ ва касоне, ки пеш аз биъсати(1) Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён(2), ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рӯзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.
____________________
1. Яъне, паёмбар шудан
2. Гурӯҳе аз аҳли қибла, ки худро бар оини Иброҳим(алайҳи-с-салом) медонанд ва дар ҷануби Ироқ зиндагй мекунанд, ҳарчанд ки дар Тафсири Саъдӣ онҳоро гурӯхе аз насоро зикр кардасст 1\54