23. Ду марде аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Аллоҳ неъматашон (1) ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онон дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд. Ва бар Аллоҳ таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед. (2)
____________________
1. Яъне: сабр ва бовари
2. Зеро таваккал бар Аллоҳ, хусусан дар чунин мавқеъ корро осон менамояд ва боиси пирӯзӣ бар душман мешавад. Ва ин бар воҷиб будани таваккал далолат мекунад. Низ далолат менамояд, ки таваккали банда ба андозаи имонаш хоҳад буд.Тафсири Саъдӣ 1/ 227