65. Ва эй ҷамоати яҳудиён, бешак донистед он гурӯҳро, ки рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд, яъне ҳилае андешиданд рӯзи шанбе барои сайд кардани моҳиҳо ва тур гузоштанд ва хандақе канданд, то моҳиҳоро ба даст оваранд. Ва рӯзи якшанбе моҳиҳои сайдшударо гирифтанд. Зеро сайди рӯзи шанбе барояшон ҳаром буд.(1) Пас ба онҳо хитоб кардем: «Маймунҳои хоршуда бошед!».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/105