67. Эй бани Исроил, ҷинояти пешгузаштагони худ, саркашӣ ва ҷидолашон бо Мӯсо алайҳиссаломро ба ёд оред, ки он вақт Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Аллоҳ фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Худписандона гуфтанд: «Оё Моро масхара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам, ки аз нодонон (масхаракунандагон)(1) бошам».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/106