72. Парвардигори мутаъол қасам ёд мекунад касоне, ки гуфтанд: Ба таҳқиқ, ки Аллоҳ ҳамон Масеҳ писари Марям аст, кофир шуданд. Масеҳ (алайҳиссалом даъвои ботили онҳоро рад карда) гуфт: «Эй бани Исроил, Аллоҳро, Парвардигори ман ва Парвардигори худро бипарастед». Зеро ҳар кас, ки барои Парвардигор (Исо ё касе дигарро) шарике қарор диҳад, ҳамоно Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкоронро ёридиҳандае нест, ки аз азоби Парвардигор онҳоро раҳо кунад.