93. Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, пеш аз ҳаром шудани шароб ва қимор гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд аз корҳои ҳаром ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ ва некӣ кунанд, (яъне, хавфашон онҳоро ба некӯкорӣ овард ҳатто, ки гӯё Аллоҳро дида ибодат мекунанд) ва Аллоҳ некӯкоронро дӯст дорад. (1)
____________________
1. Некӯкорӣ амалест, ки Парвардигор онро бар бандагонаш мубоҳ гардондаст, балки бо анҷоми он ба даргоҳи Аллоҳ наздик мешаванд ва ризоияташро дармеёбанд ва аз азобаш худро дур мекунанд. Тафсири Табарӣ 10\576