14. Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Оё ҷуз Аллоҳ дигареро дӯст гирам,
Ӯ ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронаду ризқ медиҳад оламиёнро ва Ӯро ба таъом ниёз нест? Бигӯ (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам:) «Ҳароина ман амр карда шудаам, ки нахустин касе бошам аз ин уммат, ки таслими амри Аллоҳ шуда бошад. Пас аз мушрикон набошам!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/131