19. Бигӯ: (эй Паёмбар) «Чи чиз бузургтару бартар аст дар боби шаҳодат?» Бигӯ: «Аллоҳ миёни ману шумо гувоҳ аст бар он чи мегӯям.
Ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, (ки ба ӯ аз Арабу Аҷам Қуръон бирасад,) бим ба азоби охират диҳам. Оё шаҳодат медиҳед, ки бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: эй Паёмбар «Ман шаҳодат намедиҳам». Бигӯ: «Ҳамоно, ки Ӯ Аллоҳест якто ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/133