60. Ва Ӯст, ки шуморо шаб ҳангоми хоб рӯҳатонро мегирад чи гунае ки дар вақти марг мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон рӯҳатонро ба ҷисмҳоятон баргардонда шуморо зинда (бедор) месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон дар дунё ба поён расад.
Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо дар рӯзи қиёмат аз он чӣ кардаед, огоҳ месозад, сипас мувофиқи он ҷазоятон медиҳад.