102. (Эй мушрикон) ин аст Аллоҳи якто, ки Парвардигори шумост. Ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде (1) нест. Офаринандаи ҳама чиз аст. Пас Ӯро бипарастед (ва барояш бо тоъат сар фурӯ оред,) ки Ӯ нигаҳбони ҳама чиз аст! Ва тадбир мекунад ҳамаи умури халқашро.
____________________
1. Сазовори ибодат