108. Ва (эй мусалмонон), дашном мадиҳед, бутҳоеро ки мушрикон мепарастанд, зеро ки дар баробари шумо онҳо ҳам Аллоҳро аз рӯи зулм ва нодонӣ дашном хоҳанд кард. Чунки онон қавми ҷоҳиланд ҳамчунон ки амали бадашонро барояшон зиннат додем. Инчунин амали ҳар қавмеро дар пеши чашмашон оростаем. Пас бозгашти онҳо ба сӯи Парвардигорашон аст ва
Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад.