83. Эй бани Исроил, ба ёд оред он вақтро, ки аҳду паймони сахт гирифтем, ки ғайри Аллоҳро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гуед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Сипас рӯй гардонидед ва сарпечӣ кардед(1), магар шумори андаке аз шумо.
____________________
1. Яъне, қабул накардед ин амрҳоро Тафсири Саъдӣ 1\57