133. Ва Парвардигори ту, ки мардумро ба ибодати худ амр намуд, аз тоъати бандагонаш бениёз аст, балки тамоми халқаш ба сӯи Ӯ мӯҳтоҷанд ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар киро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/126