136. Мушрикон барои Аллоҳ аз зироатҳову чорпоёне, ки офаридааст, ҳиссае муайян карданд, ки онро барои меҳмонон ва мискинон пешкаш мекарданд ва ҳиссаи дигареро аз ин чизҳо барои бутонашон муайян карданд. Пас он ҳиссае, ки аз они бутонашон буд, ба Аллоҳ намерасид ва он ҳиссае, ки аз они Аллоҳ буд, ба бутонашон мерасид. Ба тарзе бад доварӣ мекарданд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/344