138. (Мушрикон аз рӯи гумонашон) гуфтанд: «Инҳо чорпоёну киштзорони манъкардашуда ҳастанд. Ҳеҷ кас ҷуз он, ки мо бихоҳем, набояд аз онҳо бихӯрад».
Ва чорпоёне ҳастанд, ки савор шуданашон бар ҳама ҳол ҳаром аст ва чорпоёне ҳастанд, ки номи Аллоҳро дар вақти истифодабарии онҳо ёд накунанд, ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва ба зудӣ ба ҷазои дурӯғе, ки мебастаанд, ҷазояшонро хоҳад дод!