4. чӣ басо деҳаҳо, ки мардумашро ба сабаби итоъат накарданашон амри Моро ба ҳалокат расонидаем ва азоби мо ҳангоми шаб ё он гоҳ, ки ба хоби нисфирӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. (Аллоҳ ин ду вақтро махсус зикр намудааст, зеро ин ду вақт; вақти оромиш ва истироҳатанд. Пас омадани азоб дар ин вақтҳо бадтар ва сахттар аст.)