Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]


الصفحة التالية
Icon