1. Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Парвардигоре, ки шуморо аз як тан(1) офарид ва ҳамсарашро(2) низ аз вай офарид ва аз он ду: мардон ва занони зиёде паҳн кард ва аз Аллоҳ битарсед, ки ба номи Ӯ аз ҳамдигар суол мекунед ва аз тарки хешовандӣ битарсед. Ҳамоно Аллоҳ дар ҳама ҳолат бар шумо нигаҳбон аст.
____________________
1. Одам алайҳиссалом
2. Ҳаво алайҳассалом, Тафсири Ибни Касир 2\206