1. Адиф, Лом, Ро.(1) ин Қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.2.
____________________
1. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\155 ва Табарӣ 15\228