1.       (Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\164


الصفحة التالية
Icon