1. Ҳама ситоишҳо(1) аз они Аллоҳ аст, ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Фариштагонро ба сӯи бандагонаш паёмоваранда қарор додааст, дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, ки бо он болҳо барои расонидани амри Аллоҳ парвоз мекунанд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Бегумон Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.
____________________
1. Яъне, ситоиш барои Аллоҳе, ки тамоми сифатҳояш комил ва бенуқсон аст ва низ ситоиш ба неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявии Ӯ.