1.Ҳароина, Мо барои ту (эй Паёмбар) пирӯзӣ ва ғалабаи намоёнеро ҳукм кардем. (Яъне, нусрат медиҳад Аллоҳ туро бар душманат ва он сулҳи Ҳудайбия мебошад, ки мардум ба сабаби он дар амон монданд, пас доираи даъват ба Ислом васеъ шуд ва мардум дар ин муддат ба дини Ислом гӯруҳ гӯруҳ дохил шуданд. Пас ба ҳамин сабаб Аллоҳ таъоло ин пирӯзиро, пирӯзии намоён ва ошкор номид.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/791


الصفحة التالية
Icon