АЪРОФ
الٓمٓصٓ
Алиф, лом, мим, сод.
كِتَٰبٌ أُنزِلَ إِلَيۡكَ فَلَا يَكُن فِي صَدۡرِكَ حَرَجٞ مِّنۡهُ لِتُنذِرَ بِهِۦ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
Китобест, ки бар ту нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад, то ба он бим диҳӣ (тарсонӣ) ва мӯъминонро панде бошад.
ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ
Ба он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри Ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак пандмегиред!
وَكَم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا فَجَآءَهَا بَأۡسُنَا بَيَٰتًا أَوۡ هُمۡ قَآئِلُونَ
Чӣ бисёр деҳаҳое, ки мардумашро ба ҳалокат расонидем ва азоби мо шабҳангом ё он гоҳ ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид.
فَمَا كَانَ دَعۡوَىٰهُمۡ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَآ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон фақат ин буд, ки гуфтанд; «Мо ситамкор будем!».
فَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلَّذِينَ أُرۡسِلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард.