НАСР
إِذَا جَآءَ نَصۡرُ ٱللَّهِ وَٱلۡفَتۡحُ
Чун ёрии Худову пирӯзӣ ояд
وَرَأَيۡتَ ٱلنَّاسَ يَدۡخُلُونَ فِي دِينِ ٱللَّهِ أَفۡوَاجٗا
ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Худо медароянд,
فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَٱسۡتَغۡفِرۡهُۚ إِنَّهُۥ كَانَ تَوَّابَۢا
пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ бахшоиш бихоҳ, ки Ӯ тавбапазир аст!