---
title: "ترجمة سورة القيامة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/75/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/75/book/1985"
surah_id: "75"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة القيامة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/75/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة القيامة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/75/book/1985*.

Translation of Surah القيامة from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 75:1

> لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ [75:1]

1\. Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст.

### الآية 75:2

> وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ [75:2]

2\. Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст!

### الآية 75:3

> أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ [75:3]

3\. Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва парокандагардид?

### الآية 75:4

> بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ [75:4]

4\. Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\51

### الآية 75:5

> بَلۡ يُرِيدُ ٱلۡإِنسَٰنُ لِيَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ [75:5]

5\. Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.

### الآية 75:6

> يَسۡـَٔلُ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلۡقِيَٰمَةِ [75:6]

6\. Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: **«Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»**

### الآية 75:7

> فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ [75:7]

7\. Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад

### الآية 75:8

> وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ [75:8]

8\. ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад

### الآية 75:9

> وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ [75:9]

9\. ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд.

### الآية 75:10

> يَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذٍ أَيۡنَ ٱلۡمَفَرُّ [75:10]

10\. Инсон дар он рӯз мегӯяд: **«Роҳи гурез аз азоб куҷост?»**(1)

1. Тафсири Бағавӣ 8\282

### الآية 75:11

> كَلَّا لَا وَزَرَ [75:11]

11\. Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз (дар он рӯз паноҳгоҳе нест!

### الآية 75:12

> إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ [75:12]

12\. Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод(1).

1. Тафсири Саъдӣ 1\899

### الآية 75:13

> يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ [75:13]

13\. Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.(1)

1. Тафсири Ибни Касир 8\277

### الآية 75:14

> بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةࣱ [75:14]

14\. Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад.

### الآية 75:15

> وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ [75:15]

15\. Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад(1).

1. Тафсири Бағавӣ 8\283

### الآية 75:16

> لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ [75:16]

16\. Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад,

### الآية 75:17

> إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ [75:17]

17\. ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад,

### الآية 75:18

> فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ [75:18]

18\. чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун,

### الآية 75:19

> ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ [75:19]

19\. сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он бар ӯҳдаи Мост.(1)

1. Тафсири Саъдӣ 1\899

### الآية 75:20

> كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ [75:20]

20\. Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред

### الآية 75:21

> وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ [75:21]

21\. ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\70

### الآية 75:22

> وُجُوهࣱ يَوۡمَئِذࣲ نَّاضِرَةٌ [75:22]

22\. Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,

### الآية 75:23

> إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةࣱ [75:23]

23\. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.

### الآية 75:24

> وَوُجُوهࣱ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةࣱ [75:24]

24\. Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй),

### الآية 75:25

> تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةࣱ [75:25]

25\. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.

### الآية 75:26

> كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ [75:26]

26\. Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад

### الآية 75:27

> وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقࣲ [75:27]

27\. ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад?

### الآية 75:28

> وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ [75:28]

28\. Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида

### الآية 75:29

> وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ [75:29]

29\. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,

### الآية 75:30

> إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ [75:30]

30\. он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах.

### الآية 75:31

> فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ [75:31]

31\. На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст.

### الآية 75:32

> وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ [75:32]

32\. Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст.

### الآية 75:33

> ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ [75:33]

33\. Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст.

### الآية 75:34

> أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ [75:34]

34\. Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!

### الآية 75:35

> ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ [75:35]

35\. Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\82

### الآية 75:36

> أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى [75:36]

36\. Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт?

### الآية 75:37

> أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةࣰ مِّن مَّنِيࣲّ يُمۡنَىٰ [75:37]

37\. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд?

### الآية 75:38

> ثُمَّ كَانَ عَلَقَةࣰ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ [75:38]

38\. Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт.

### الآية 75:39

> فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ [75:39]

39\. Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард.

### الآية 75:40

> أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ [75:40]

40\. Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\82

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/75.md)
- [كل تفاسير سورة القيامة
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/75.md)
- [ترجمات سورة القيامة
](https://quranpedia.net/translations/75.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/75/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
