---
title: "ترجمة سورة المرسلات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/77/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/77/book/1985"
surah_id: "77"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة المرسلات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/77/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة المرسلات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/77/book/1985*.

Translation of Surah المرسلات from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 77:1

> وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفࣰا [77:1]

1\. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд

### الآية 77:2

> فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفࣰا [77:2]

2\. ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда

### الآية 77:3

> وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرࣰا [77:3]

3\. ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд

### الآية 77:4

> فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقࣰا [77:4]

4\. ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром

### الآية 77:5

> فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا [77:5]

5\. ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд,

### الآية 77:6

> عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا [77:6]

6\. то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд,

### الآية 77:7

> إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعࣱ [77:7]

7\. ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!(1)

1. Тафсири Бағавӣ 8\304

### الآية 77:8

> فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ [77:8]

8\. Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад

### الآية 77:9

> وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ [77:9]

9\. ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад

### الآية 77:10

> وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ [77:10]

10\. ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад

### الآية 77:11

> وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ [77:11]

11\. ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад.

### الآية 77:12

> لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ [77:12]

12\. Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд?

### الآية 77:13

> لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ [77:13]

13\. Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад.

### الآية 77:14

> وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ [77:14]

14\. Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист?

### الآية 77:15

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:15]

15\. Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон!(1)

1. Тафсири Ибни Касир 8\298

### الآية 77:16

> أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ [77:16]

16\. Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем?

### الآية 77:17

> ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ [77:17]

17\. Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем(1)?

1. Яъне, ҳалок намекунем.

### الآية 77:18

> كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ [77:18]

18\. Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\132

### الآية 77:19

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:19]

19\. Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд!

### الآية 77:20

> أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءࣲ مَّهِينࣲ [77:20]

20\. Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?

### الآية 77:21

> فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارࣲ مَّكِينٍ [77:21]

21\. Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст

### الآية 77:22

> إِلَىٰ قَدَرࣲ مَّعۡلُومࣲ [77:22]

22\. то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст?

### الآية 77:23

> فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ [77:23]

23\. Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем!(1)

1. Тафсири Бағавӣ 8\305

### الآية 77:24

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:24]

24\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дуруғ мебароранд!

### الآية 77:25

> أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا [77:25]

25\. Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад,

### الآية 77:26

> أَحۡيَآءࣰ وَأَمۡوَٰتࣰا [77:26]

26\. барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он
дафн мешаванд?

### الآية 77:27

> وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتࣲ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءࣰ فُرَاتࣰا [77:27]

27\. Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.(1)

1. Тафсири Саъдӣ 1\904

### الآية 77:28

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:28]

28\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо!

### الآية 77:29

> ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ [77:29]

29\. Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешуморидед.

### الآية 77:30

> ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلࣲّ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبࣲ [77:30]

30\. Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст,

### الآية 77:31

> لَّا ظَلِيلࣲ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ [77:31]

31\. ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад.

### الآية 77:32

> إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرࣲ كَٱلۡقَصۡرِ [77:32]

32\. Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст),

### الآية 77:33

> كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتࣱ صُفۡرࣱ [77:33]

33\. гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\139

### الآية 77:34

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:34]

34\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд!

### الآية 77:35

> هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ [77:35]

35\. Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд.

### الآية 77:36

> وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ [77:36]

36\. Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.(1)

1. Тафсири Табарӣ 24\142

### الآية 77:37

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:37]

37\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд!

### الآية 77:38

> هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ [77:38]

38\. Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо
эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем.

### الآية 77:39

> فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدࣱ فَكِيدُونِ [77:39]

39\. Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.(1)

1. Тафсири Саъдӣ 1\905

### الآية 77:40

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:40]

40\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)!

### الآية 77:41

> إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلࣲ وَعُيُونࣲ [77:41]

41\. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд,

### الآية 77:42

> وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ [77:42]

42\. Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд.

### الآية 77:43

> كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ [77:43]

43\. Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед.

### الآية 77:44

> إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ [77:44]

44\. Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!

### الآية 77:45

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:45]

45\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд!(1)

1. Тафсири Табарӣ 24/143

### الآية 77:46

> كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ [77:46]

46\. Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.(1)

1. Тафсири Бағавӣ 8\308

### الآية 77:47

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:47]

47\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд.

### الآية 77:48

> وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ [77:48]

48\. Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.(1)

1. Тафсири ибни Касир

### الآية 77:49

> وَيۡلࣱ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡمُكَذِّبِينَ [77:49]

49\. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд!

### الآية 77:50

> فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ [77:50]

50\. Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/77.md)
- [كل تفاسير سورة المرسلات
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/77.md)
- [ترجمات سورة المرسلات
](https://quranpedia.net/translations/77.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/77/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
