---
title: "ترجمة سورة الإنشقاق - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/84/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/84/book/1985"
surah_id: "84"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الإنشقاق - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/84/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الإنشقاق - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/84/book/1985*.

Translation of Surah الإنشقاق from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 84:1

> إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ [84:1]

1\. Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад

### الآية 84:2

> وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ [84:2]

2\. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

### الآية 84:3

> وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ [84:3]

3\. ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад

### الآية 84:4

> وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ [84:4]

4\. ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад

### الآية 84:5

> وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ [84:5]

5\. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

### الآية 84:6

> يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحࣰا فَمُلَٰقِيهِ [84:6]

6\. Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.

### الآية 84:7

> فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ [84:7]

7\. Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст,

### الآية 84:8

> فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابࣰا يَسِيرࣰا [84:8]

8\. ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд

### الآية 84:9

> وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورࣰا [84:9]

9\. ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад.

### الآية 84:10

> وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ [84:10]

10\. Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст,

### الآية 84:11

> فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورࣰا [84:11]

11\. ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.(1)

1. Яъне, бигӯяд: **«Вой бар ман, ки ҳалок шудам»**.

### الآية 84:12

> وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا [84:12]

12\. Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

### الآية 84:13

> إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا [84:13]

13\. Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд.

### الآية 84:14

> إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ [84:14]

14\. Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт.

### الآية 84:15

> بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرࣰا [84:15]

15\. Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид.

### الآية 84:16

> فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ [84:16]

16\. Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд(1) мехӯрам

1. Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад, ба Аллоҳу таъоло шарик овардааст.

### الآية 84:17

> وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ [84:17]

17\. ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо

### الآية 84:18

> وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ [84:18]

18\. ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он,

### الآية 84:19

> لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقࣲ [84:19]

19\. ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.(1)

1. Яъне, аз нутфа ба хуни баста ва ба пораи гӯшт ва ба дамидани рӯҳ ва ба марг ва ба рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан...

### الآية 84:20

> فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ [84:20]

20\. Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд?

### الآية 84:21

> وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ۩ [84:21]

21\. Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?

### الآية 84:22

> بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ [84:22]

22\. Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд.

### الآية 84:23

> وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ [84:23]

23\. Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст.

### الآية 84:24

> فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ [84:24]

24\. Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ,

### الآية 84:25

> إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ [84:25]

25\. магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/84.md)
- [كل تفاسير سورة الإنشقاق
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/84.md)
- [ترجمات سورة الإنشقاق
](https://quranpedia.net/translations/84.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/84/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
