ﮖ
ترجمة معاني سورة يونس
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби пурҳикмат аст
Оё барои мардум муҷиби шигифтист, ки ба марде аз худашон ваҳй кардаем, ки: «Ба мардум [дар бораи азоби охират] ҳушдор бидеҳ ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат бидеҳ, ки барои онон назди Парвардигорашон подоши накуст»? Кофирон гуфтанд: «Ин [мард], ҳатман, ҷодугари ошкор аст»
Бе гумон, Парвардигори шумост, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад, [ва] ҳеҷ шафоатгаре нест, магар пас аз иҷозати Ӯ. Ин Аллоҳ таолост-Парвардигоратон, пас, Ӯро бипарастед. Оё панд намегиред?
Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ӯст. Ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст. Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, он гоҳ [пас аз марг] онро бозмегардонад,то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба адолат подош диҳад, касоне, ки куфр варзиданд, ба сазои онки кофир буданд, шарбате аз оби ҷӯшон ва азоби дарднок [дар пеш] доранд
Ӯст, ки хуршедро дурахшон намуд ва моҳро тобон кард ва барояш ҷойгоҳҳо [-и мушаххасе] қарор дод то [бо тағйир ва вазъи моҳ] шумориши солҳо ва ҳисоб [-и зиндагии худ]-ро бидонед. Аллоҳ таоло инҳоро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ӯ нишона[-ҳои худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад
Бе гумон, дар омадушуди шабу рӯз ва ончи Аллоҳ таоло дар осмонҳо ва замин офаридааст, барои касоне, ки парво мекунанд, нишонаҳо[-и қудрати илоҳӣ] аст
Онон, ки ба дидори Мо умед [ва бовар] надоранд ва ба зиндагонии дунё хушнуданд ва ба он дилбастаанд ва касоне, ки аз оёти Мо ғофиланд
Инон ба сазои ончи мекарданд, ҷойгоҳашон оташи [дузах] аст
Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ононро ба поси имонашон ба боғҳо [-и биҳишти пур] неъмат ҳидоят мекунад, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст
Дуояшон дар онҷо [ин аст]: «Илоҳо, Ту поку муназзаҳӣ» ва дурудашон [дар онҷо]: «Салом» аст ва поёни дуояшон ин аст, ки: «Ҳамду сипос, махсуси Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст»
Ва агар [Аллоҳ таоло] барои мардум, бадиро бо ҳамон шитоб мехост, ки онон некиро мехоҳанд [ва нафринҳое, ки дар ҳаққи худ ва амволу фарзандонашон мекунанд, мустаҷоб мекард], ҳатман, аҷалашон фаро расида буд. Пас, касонеро ки ба дидори Мо умед [-у бовар] надоранд, вомегузорем, то дар [гумроҳӣ ва] саркашияшон саргардон бимонанд
Ва чун ба инсон газанде мерасад, [дар ҳар ҳоле, ки бошад] ба паҳлу хобида ё нишаста ё истода Моро мехонад. Пас, ҳамин ки он газандро аз вай бартараф кардем, чунон меравад ки гӯӣ ҳаргиз Моро барои дафъи газанде, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Баҳамин сурат, барои исрофкорон [низ] ончи мекарданд, [дар назарашон] ороста шудааст
Ва [эй мушрикон] бе тардид, мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме ки ситам карданд, ҳалок кардем, дар ҳоле ки паёмбаронашон бо далели равшан ба сӯяшон омаданд ва [-ле] онон бар он набуданд, ки имон оваранд. Мо гурӯҳи муҷримонро ин гуна кайфар медиҳем
Сипас баъд аз онон шумо [мардум]-ро ҷонишинони онҳо [дар] замин қарор додем, то бингарем, ки чигуна рафтор мекунед
Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, касоне, ки ба дидори Мо [дар қиёмат] умед надоранд, мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] Қуръоне ғайр аз ин биёвар [ки мутобиқи майли мо бошад], ё онро тағйир бидеҳ». [Ту, эй паёмбар, ба онон ] бигӯ: «Ман ҳақ надорам, ки онро аз пеши худ тағйир диҳам ва пайравӣ намекунам магар аз чизе, ки бар ман ваҳй мешавад ва агар аз Парвардигорам нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам»
Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на ман онро бар шумо мехондам ва на Ӯ [Аллоҳ таоло] шуморо аз он огоҳ мекард. Ба ростӣ, ки пеш аз ин [даъват] умреро дар миёни шумо гузарондаам. Оё намеандешед»?
Пас, кист ситамгортар аз онки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё оёташро дурӯғ меангорад? Бе гумон, муҷримон растагор нахоҳанд шуд
Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ таоло ҳастанд». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ таолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст
[Дар оғоз] Мардум ҷуз уммати воҳид [ва яктопараст] набуданд, сипас ихтилоф карданд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] дар бораи ончи бо ҳам ихтилоф мекунанд, миёнашон доварӣ мешуд
Ва [мушрикон] мегӯянд: «Чаро [муъҷиза ва] нишонае аз [ҷониби] Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? [Эй паёмбар] Бигӯ: «[Огоҳӣ аз] Ғайб танҳо аз они Аллоҳ таолост, пас, интизор бикашед, ки ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
Ва ҳангоме ки ба мардум пас аз [зиён ва] ранҷе, ки ба онон расидааст, [неъмату] раҳмате бичашонем, он гоҳ дар оёти Мо [тамасхуру] найранг мекунанд. Бигӯ: «Аллоҳ таоло дар найранг задан сареътар аст». Бе тардид, фиристодагон [фариштагон]-и Мо ҳарчи найранг мекунед, менависанд
[Эй мардум] Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё ба ҳаракат дармеоварад, то он гоҳ ки дар [дарё бар] киштӣ қарор мегиред ва [киштиҳо] бо боди дилпазир ононро [ба сӯйи мақсад] ҳаракат медиҳанд ва [сарнишинон] ба он шодмон мешаванд. [Ногаҳон] Тӯфони шадиде мевазад ва мавҷ аз ҳар тараф [басӯяшон] меояд ва гумон мекунанд, ки роҳи гурезе надоранд [ва ҳалок хоҳанд шуд, пас] Аллоҳ таолоро аз рӯйи ихлос мехонанд, ки: «Агар моро аз ин [гирифторӣ] наҷот диҳӣ, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем шуд»
Ва чун [Аллоҳ таоло] наҷоташон медиҳад, ба ноҳақ дар замин саркашӣ [ва ситам] мекунанд. Эй мардум, саркашӣ [ва ситами] шумо танҳо ба зиёни худатон аст, [чаро ки фақат] баҳраи [ночизе аз] зиндагии дунё [мебаред ва] сипас бозгаштатон ба сӯйи Мо хоҳад буд,он гоҳ шуморо аз ончи мекардед, бохабар месозем
Ҷуз ин нест, ки мисоли зиндагии дунё ҳамчун обест, ки аз осмон фурӯ рехтем, пас, гиёҳони [гуногуни] замин аз ончи мардум ва чорпоён мехӯранд, бо он даромехт [ва рӯйид] то он гоҳ ки замин пирояи худро [бо гулҳо ва гиёҳон] баргирифт ва ороста шуд ва сокинонаш пиндоштанд, ки онон бар он тавоноие доранд [ки аз маҳсулоташ баҳраманд гарданд, вале ногаҳон] шабе ё рӯзе фармони [вайронии] Мо омад ва он [кишту мева]-ро чунон дарав кардем, ки гӯӣ дирӯз ҳеҷ набудааст. Мо нишонаҳо[-и худ]-ро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин ба равшанӣ баён мекунем
Ва Аллоҳ таоло [шуморо] ба сарои саломат [биҳишт] фаро мехонад ва ҳаркиро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
Барои касоне, ки некӣ кардаанд, подоши нек [биҳишт] аст ва афзун бар он [руъяти Бори таолост] ва тирагию хорӣ чеҳраҳояшонро нахоҳад пӯшонд. Инон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
Ва касоне, ки муртакиби бадиҳо шуданд, [бидонанд] сазои [ҳар] бадӣ ҳаммонанди он аст ва хорӣ [чеҳраҳои] ононро мепӯшонад ва дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [монеъ ва] муҳофизе надоранд. [Чунон мешаванд, ки] гӯӣ чеҳраҳояшон бо порае аз шаби торик пӯшида шудааст. Инон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
[Ва эй паёмбар, ёд кун аз] рӯзе, ки ҳамаи ононро гирд меоварем,он гоҳ ба касоне, ки ширкат варзидаанд, мегӯем: «Шумо ва шариконатон [маъбудонатон] бар ҷойи худ бимонед». Сипас миёни онҳо ҷудоӣ меафканем ва шариконашон мегӯянд: «Дар ҳақиқат, шумо моро намепарастидед
Ва кофист, ки Аллоҳ таоло миёни мо ва шумо гувоҳӣ диҳад, [ки мо ба ширкварзии шумо розӣ набудем ва] аз парастиши шумо комилан бехабар будем»
Онҷост, ки ҳар касе ончиро аз пеш фиристодааст, меозмояд ва ҳамагӣ ба сӯйи Аллоҳ таоло – корсози ҳақиқияшон бозгардонда мешаванд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати бутҳо] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ таоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?
Ва пас аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чигуна [аз ҳақ] бозгардонда мешавед?
Ин гуна сухани Парвардигорат дар бораи касоне, ки [аз фармони Ӯ] нофармонӣ карданд, ба ҳақиқат пайваст, ки: «Онон имон намеоваранд»
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон [бутҳо] касе ҳаст, ки офаринишро оғоз кунад ва сипас онро [пас аз марг] бозгардонад?» Бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки офаринишро оғоз мекунад ва сипас онро бозмегардонад, пас, ба куҷо мунҳариф мешавед?»
Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон касе ҳаст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ кунад?». Бигӯ: «[Аллоҳ таоло] аст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад. Пас, оё касе, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад, сазовортар аст, ки пайравӣ шавад ё касе, ки худ роҳ намеёбад, магар онки ҳидояташ кунанд? Пас, шуморо чи шудааст? Чигуна доварӣ мекунед?»
Ва бештарашон ҷуз аз гумон пайравӣ намекунанд, [дар ҳоле ки] гумон ҳаргиз [инсонро] аз [шинохти] ҳақ бениёз намекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, доност
Ва нашояд, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Аллоҳ таоло [ва] ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи китобҳоест, ки пеш аз он омадааст ва шарҳи [аҳкоми] онҳост ва тардид дар он нест [ва] аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён [нозил шуда] аст
Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [суханон]-ро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат додааст»? Бигӯ: «Агар рост мегӯед, пас, як сура ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳаркиро метавонед, [ба ёрӣ] бихонед»
[Чунин нест] Балки чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба шинохташ иҳота надоштанд ва ҳанӯз воқеияти он [ва ҳақиқати ахбораш] бар эшон равшан нашудааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Қуръонро] ҳамингуна дурӯғ ангоштанд. Пас, [эй паёмбар] бингар, ки оқибати ситамгорон чигуна буд
Ва аз онон [мушрикон] касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва аз онон касе ҳаст, ки [ҳаргиз] ба он имон намеоварад ва Парвардигорат ба [ҳоли] муфсидон огоҳтар аст
Ва агар [кофирон] туро дурӯғгӯ ангоштанд, пас, бигӯ: «[Натиҷаи] амали ман барои худам ва [сазои] амали шумо барои худатон аст. Шумо аз ончи ман мекунам, безоред ва ман [низ] аз ончи [шумо] мекунед безорам»
Ва бархе аз онҳо [дар зоҳир] ба ту гӯш фаро медиҳанд, аммо магар ту метавонӣ ношунавоёнро [ки аз шунидани каломи ҳақ оҷизанд] шунаво кунӣ, ҳарчанд хирадварзӣ накунанд?
Ва аз эшон касоне ҳастанд, ки [бо чашми зоҳирӣ] туро менигаранд, аммо оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳарчанд аҳли басират набошанд?
Яқинан, Аллоҳ таоло ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале мардум [ҳастанд, ки бо ширку нофармонӣ] ба хештан ситам мекунанд
Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро [дар пешгоҳи хеш] гирд меоварад, [чунон эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] диранг накардаанд [ва дар онҷо] якдигарро мешиносанд. Бе тардид, касоне, ки дидори Аллоҳ таолоро дурӯғ меангоштанд, зиён диданд ва ҳидоят наёфтанд
Ва [эй паёмбар] агар бахше аз ончи [аз азоб]-ро, ки ба онон ваъда додаем, нишонат диҳем ё ҷони туро [пеш аз азоби онон] бигирем, [дар ҳар ҳол] бозгаштатон ба сӯйи Мост, он гоҳ Аллоҳ таоло бар ончи мекунанд, гувоҳ аст
Ҳар уммате паёмбаре дорад, пас, ҳангоме ки паёмбарашон омад [бархе муъмин ва бархе кофир шуданд; ва рӯзи қиёмат] миёни онон ба адолат доварӣ мешавад ва [ҳаргиз] ба эшон ситам нахоҳад шуд
[Мушрикон ба паёмбар] мегӯянд: «Агар [ту ва пайравонат] рост мегӯед, ин ваъдаи [азоб] кай хоҳад буд»?
Бигӯ: «Ман барои хеш молики ҳеҷ зиёну суде нестам, магар ончи Аллоҳ таоло бихоҳад. Ҳар уммате аҷале дорад ва он гоҳ ки аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд»
[Эй паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Ба ман бигӯед агар азоби Ӯ шабона ё дар [вақти] рӯз бар шумо нозил гардад, [чи мекунед ва] гунаҳкорон чи чизеро аз он [азоб] ба шитоб мехоҳанд?»
Оё пас аз онки [азоб] воқеъ шуд, бовараш мекунед? Оё акнун? Ва ҳол онки [пештар] онро ба шитоб мехостед
Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: «Азоби ҷовидонаро бичашед. Оё чизе дар баробари ончи мекардед муҷозот мешавед?»
Ва [эй паёмбар, мушрикон] Аз ту хабар мегиранд [ки]: «Оё он [азоб] ҳақиқат дорад»? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам,ки ҳатман, ҳақиқат дорад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро аз вуқуи маод ва азоб] дармонда кунед»
Ва ҳар ки [бо иртикоби ширку гуноҳ] ситам кардааст, агар ончи дар замин аст, [дар ихтиёр] дошта бошад, ҳатман, онро барои бозхариди [худ аз азоб] худ медиҳад ва [мушрикон] вақте азобро бубинанд, пушаймонии худро пинҳон мекунанд ва миёнашон ба адолат доварӣ мешавад ва бар эшон ситам намеравад
Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат ончи дар осмонҳо ва замин аст, [ҳама] аз они Аллоҳ таолост. Огоҳ бошед! Бе тардид, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди кайфари кофирон] рост аст, вале бештарашон намедонанд
Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
Эй мардум, баростӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон мавъизае омадааст ва шифое барои ончи дар дилҳост ва ҳидояту раҳмате барои муъминон
Бигӯ: «[Муъминон] Бояд ба бахшишу раҳмати Аллоҳ таоло шодмон шаванд, ки ин [неъмат] аз ончи меандузанд, беҳтар аст»
Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, ки ончи аз [неъмат ва] рӯзӣ, ки Аллоҳ таоло бароятон фиристодааст, [чаро] бахше аз онро ҳаром ва [бахши дигарро] ҳалол талаққӣ кардаед»? Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло бар шумо чунин дастур додааст ё бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандед?»
Ва касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, [дар бораи] рӯзи қиёмат чи мепиндоранд? Бе гумон, Аллоҳ таоло бар [ҳамаи] мардум фазл [-у бахшиш] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд
Ва [эй паёмбар] ту машғули ҳеҷ коре нестӣ ва ҳеҷ [ояте аз] онро намехонӣ ва [шумо низ эй мардум] ҳеҷ коре намекунед, магар инки он гоҳ ки ба он мепардозед, Мо бар [корҳои] шумо гувоҳем ва ҳамвазни заррае – [на] дар замин ва на дар осмон – аз Парвардигорат пинҳон нест ва [ҳатто] кучактар ё бузургтар аз он [низ] чизе нест, магар инки бар китоби равшан [сабт шуда] аст
Огоҳ бошед! Дӯстони Аллоҳ таоло на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
[Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд
Барои онон дар зиндагии дунё ва дар охират башорат аст. Суханони Аллоҳ таоло [дар бораи пирӯзӣ ва подоши ду ҷаҳон] тағйирнопазир аст. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
[Эй паёмбар] Сухани онон туро ғамгин накунад. Бе тардид, тамоми иззат [-у пирӯзмандӣ] аз они Аллоҳ таолост [ва] Ӯ шунавову доност
Огоҳ бошед! Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, пас,касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шариконеро мехонанд, аз чи пайравӣ мекунанд? Инон ҷуз аз [тардиду] гумон пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намегӯянд
Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биоромед ва рӯзро равшан сохт [то дар партави нураш ба кор бипардозед]. Бе тардид, дар инҳо барои гурӯҳе, ки [суханони ҳақро] мешунаванд, нишонаҳост
[Мушрикон] Гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде барои худ ихтиёр кардааст». Муназзаҳ аст Ӯ [ва] бениёз аст. Ончи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. [Эй мушрикон] Шумо бар ин [иддао] далеле надоред. Оё чизеро, ки намедонед, ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?
Бигӯ: «Касоне, ки ба Аллоҳ таоло нисбати дурӯғ медиҳанд, ҳаргиз растагор намешаванд»
Онон баҳра [-и андак] дар дунё [доранд], сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба [сазои] онки куфр меварзиданд, азоби сахт ба онон мечашонем
[Эй паёмбар] Достони Нуҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ таоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ таоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед
Агар [аз даъвати ҳақ] рӯйгардон шудед, пас, [бидонед, ки] ман подоше аз шумо нахостаам, [чаро ки] подошам танҳо бар Аллоҳ таоло аст ва ман дастур ёфтаам, ки аз таслимшудагон [-и авомири илоҳӣ] бошам»
Пас, [қавмаш] ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва Мо ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ ҳамроҳаш буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин [-и пешиниён] сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ғарқ кардем. Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чигуна буд
Сипас баъд аз ӯ паёмбароне ба сӯйи қавмаш фиристодем ва муъҷизоти равшан [бар эшон] оварданд, вале онҳо бар он набуданд, ки ба чизе имон биёваранд, ки аз пеш онро дурӯғ шумурда буданд. Бад-ин сон, бар дилҳои таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] муҳр мениҳем
Сипас баъд аз эшон Мӯсо ва Ҳорунро бо муъҷизоти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онон гарданкашӣ карданд ва қавме гунаҳкор буданд
Пас, чун ҳақ аз назди мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин, ҳатман, ҷодуи ошкор аст»
Мӯсо гуфт: «Оё вақте ҳақ ба сӯятон омад, мегӯед [ҷодуст]? Оё ин ҷодуст? Ва ҳол онки ҷодугарон растагор намешаванд»
[Фиръавниён] Гуфтанд: «Оё ба сӯйи мо омадаӣ, то моро аз шевае, ки падаронамонро бар он ёфтаем, бозгардонӣ ва [иззату] бузургӣ дар ин сарзамин барои шумо дутан бошад? Мо ҳаргиз ба шумо ду тан имон намеоварем»
Ва Фиръавн гуфт: «Тамоми ҷодугарони [моҳиру] доноро назди ман биёваред»
Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онон гуфт: «Ончи [аз васоили ҷоду] мехоҳед, биафканед, [акнун] биафканед»
Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Ончи овардаед, ҷодуст. Яқинан, Аллоҳ таоло онро ботил хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло кори муфсидонро ислоҳ намекунад
Ва Аллоҳ таоло бо суханони хеш ҳақро [собиту] пойдор мекунад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд»
Пас ҳеҷ кас ба Мӯсо имон наёвард, магар гурӯҳе аз қавми ӯ [он ҳам] бо тарси Фиръавн ва атрофиёнаш, ки [мабодо] ононро биозорад. Ва бешак, Фиръавн дар замин саркаш [-у ҷоҳталаб] буд ва ба ростӣ, ки ӯ аз исрофкорон [дар куфру ҷиноят] буд
Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ таоло имон овардаед ва агар аҳли таслим ҳастед, пас, бар Ӯ таваккал кунед»
Пас, онон гуфтанд: «Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, моро дастхуши фитна [ва шиканҷа ва озори] гурӯҳи ситамгорон қарор мадеҳ
Ва ба [фазлу] раҳмати хеш моро аз [шарри] гурӯҳи кофирон раҳоӣ бубахш»
Ба Мӯсо ва бародараш [Ҳорун] ваҳйи кардем, ки: «Барои қавми худ, хонаҳое дар [сарзамини] Миср баргиред ва хонаҳоятонро ибодатгоҳ қарор диҳед ва намоз барпо доред. Ва[эй Мӯсо] муъминонро [ба пирӯзӣ ва биҳишт] башорат бидеҳ»
Мӯсо гуфт: «Парвардигоро, бе гумон, ту ба Фиръавн ва атрофиёнаш зинату амвол [-и фаровон] дар зиндагии дунё додаӣ.Парвардигоро, то [ба он васила мардумро] аз роҳат гумроҳ кунанд. Парвардигоро, амволашонро нобуд кун ва дилҳояшонро сахт бигардон, ки имон наоваранд, то [вақте ки] азоби дарднокро бубинанд»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: Ҳатман, дуои шумо ду нафар пазируфта шуд, пас, истиқомат кунед ва аз роҳи касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед»
Ва [саранҷом] Бани Исроилро аз дарё гузарондем,он гоҳ Фиръавн ва сипоҳиёнаш аз рӯйи ситам ва таҷовуз дар пайи онон рафтанд, то ҳангоме ки ғарқоби Ӯ [Фиръавн]-ро фаро гирифт, [бо ноумедӣ] гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] нест, магар касе, ки Бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам»
[Ба ӯ гуфта шуд ] «Инак [имон меоварӣ]? Ва ҳол онки пештар сарпечӣ мекардӣ ва аз муфсидон будӣ?
[Бидон, ки] имрӯз пайкари [беҷони] туро бар баландии [соҳил] меандозем, то барои ояндагонат мояи ибрат бошад ва ба ростӣ, бисёре аз мардум аз нишонаҳои [тавону тадбири] мо ғофиланд
Ва бе тардид, Мо Бани Исроилро дар ҷойгоҳи шоиста [дар сарзамини Шом] ҷой додем ва аз неъматҳои покиза рӯзияшон кардем. Пас, онҳо ихтилоф накарданд, магар пас аз онки илм [ба ҳаққонияти Қуръон] ба сӯяшон омад. [Эй паёмбар] Парвардигорат рӯзи қиёмат дар бораи ончи ихтилоф мекарданд, ҳатман, миёнашон ҳукм мекунад
Пас, агар дар ончи бар ту нозил кардаем, тардиде дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-ҳоиТаврот ва Инҷил]-ро мехонданд, суол кун. Яқинан ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба сӯйи ту омадааст. Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош
Ва [ҳамчунин] аз касоне набош, ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангоштанд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд
Бе тардид, касоне, ки сухани Парвардигорат дар бораи [куфр дар дунё бар] онон таҳаққуқ ёфтааст, имон намеоваранд
Гарчи ҳар нишона [ва панде] барояшон биёяд, [магар] вақте ки азоби дарднокро бубинанд
Ҳеҷ шаҳре набуд, ки [аҳлаш] имон биёварад ва имонаш ба ҳоли он суд бахшад, магар қавми Юнус, ки чун [ба мавқеъ] имон оварданд, азоби хорӣ [ва расвоӣ] дар зиндагии дунёро аз онон бартараф намудем ва то муддате [ки зинда буданд, аз неъматҳои дунявӣ] бархӯрдорашон сохтем
Ва [эй паёмбар] агар Парвардигорат мехост, ҳатман, ҳар ки дар замин аст, ҳамагияшон имон меоварданд. Пас, оё ту мардумро водор мекунӣ, ки муъмин шаванд?
Ва ҳеҷ касе наметавонад, [ба иродаи хеш] имон оварад, магар ба фармони Аллоҳ таоло. Ва [Аллоҳ таоло] палидӣ [ва азобу хорӣ]-ро бар касоне қарор медиҳад, ки намеандешанд
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бингаред, ки [нишонаҳои равшани Аллоҳ таоло] дар осмонҳо ва замин чист»? Ва[-ле ҳамаи] нишонаҳо ва ҳушдорҳо барои гурӯҳе, ки имон намеоваранд, суде намебахшад
Оё онҳо [чизе] ҷуз ҳаммонанди рӯзгори пешиниён [ва азобҳо ва муҷозотҳояшон]-ро интизор мекашанд? Бигӯ: «Мунтазир бошед, ки ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
Сипас [ҳангоми нузули азоб] паёмбаронамон ва касонеро, ки [ба Аллоҳ таоло] имон овардаанд, наҷот медиҳем, зеро ҳақ бар уҳдаи мост, ки муъминонро наҷот диҳем
Бигӯ: «Эй мардум, агар дар дини ман тардид доред, пас, [огоҳ бошед ки ман] касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, намепарастам, балки он Аллоҳ таолоро мепарастам, ки ҷонатонро мегирад ва фармон ёфтаам, ки аз муъминон бошам»
Ва [ба ман амр шудааст] ки: «Ҳақгароёна ба ин дин рӯ овар ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набош
Ва ба ҷойи Аллоҳ таоло, чизеро, ки суду зиёне ба ту намерасонад, [ба парастишу ниёзхоҳӣ] махон, ки агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд
Ва агар Аллоҳ таоло зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ касе барояш ба ҷуз Ӯ ҳеҷ боздорандае нест ва агар бароят иродаи хайре намояд, барои фазл [-у бахшиши] Ӯ ҳеҷ монеъе нест. [Ӯ бахшиши хешро] Ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
Бигӯ: «Эй мардум, ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон омадааст, пас, ҳар ки ҳидоят ёбад, ба суди хеш ҳидоят меёбад ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни хеш гумроҳ мегардад ва ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
Ва [эй паёмбар] аз ончи бар ту ваҳй мешавад пайравӣ кун ва шикебо бош, то Аллоҳ таоло [байни ту ва кофирон] доварӣ кунад ва Ӯ беҳтарин довар аст