---
title: "ترجمة سورة هود - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/11/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/11/book/1985"
surah_id: "11"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة هود - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/11/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة هود - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/11/book/1985*.

Translation of Surah هود from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 11:1

> الر ۚ كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ [11:1]

1\. Адиф, Лом, Ро.(1) ин Қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.2.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\\155 ва Табарӣ 15\\228

### الآية 11:2

> ﻿أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ ۚ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ [11:2]

2\. Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ аз азобаш шумоёнро бимдиҳанда ва ба савобаш муждиҳанда ҳастам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\375

### الآية 11:3

> ﻿وَأَنِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُمْ مَتَاعًا حَسَنًا إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ كَبِيرٍ [11:3]

3\. Ва низ аз Парвардигоратон
бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15 \\ 229

### الآية 11:4

> ﻿إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ [11:4]

4\. Бозгаштатон ба сӯи Аллоҳ аст ва Ӯ ба ҳар коре қодир аст!

### الآية 11:5

> ﻿أَلَا إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُوا مِنْهُ ۚ أَلَا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ [11:5]

5\. Огоҳ бош, ки инҳо мушрикон дар замири худ куфрро пинҳон медоранд. Гумон мекунанд, ки он чӣ дар замири худ нигоҳ медоранд бар Аллоҳ пӯшида мемонад. Оё намедонанд, ҳангоме ки аз рӯи ҷаҳолаташон ҷомаҳои худ дар сар мекашанд,
Аллоҳ медонад он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд. Пинҳон
ва ошкорашон назди Аллоҳ баробар аст. Чаро ки Ӯ донои рози дилҳост.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15 \\ 235

### الآية 11:6

> ﻿۞ وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِي الْأَرْضِ إِلَّا عَلَى اللَّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا ۚ كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُبِينٍ [11:6]

6\. Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест, ҷуз он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва ҷои қарори зист ва дафнашро медонад, зеро ҳама дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) омадааст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\317

### الآية 11:7

> ﻿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا ۗ وَلَئِنْ قُلْتَ إِنَّكُمْ مَبْعُوثُونَ مِنْ بَعْدِ الْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُبِينٌ [11:7]

7\. Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва пеш аз ин Арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд, кадоме аз шумо амалҳои некӯтарро анҷом медиҳад. Ва агар бигӯӣ, -эй Расул, - барои мушрикон, ки баъд аз марг зинда мешавед, албатта, ба дурӯғ баровардани ту мешитобанд ва мегӯянд, ки ин Қуръон ҷуз ҷодуи ошкор нест!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ва он амалест, ки холис барои Аллоҳ ва мувофиқ ба суннати Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад. Тафсири Ибни Касир 4\\308

### الآية 11:8

> ﻿وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِلَىٰ أُمَّةٍ مَعْدُودَةٍ لَيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُ ۗ أَلَا يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ [11:8]

8\. Ва агар муддати муайяне аз мушрикон азобашонро боздорем, масхаракунон мепурсанд: **«чӣ чиз монеъи он шудааст?»** Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд, ононро он азоб аз ҳар тараф дар бар хоҳад гирифт.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\254

### الآية 11:9

> ﻿وَلَئِنْ أَذَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنَّا رَحْمَةً ثُمَّ نَزَعْنَاهَا مِنْهُ إِنَّهُ لَيَئُوسٌ كَفُورٌ [11:9]

9\. Агар инсонро раҳмате бичашонем, (аз саломатӣ ва эминӣ) сипас онро аз ӯ баргирем, бисёр ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад.

### الآية 11:10

> ﻿وَلَئِنْ أَذَقْنَاهُ نَعْمَاءَ بَعْدَ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ السَّيِّئَاتُ عَنِّي ۚ إِنَّهُ لَفَرِحٌ فَخُورٌ [11:10]

10\. Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: **«Сахтиҳо аз ман дур шудааст»**. Ва дар ин ҳол шодмон аст ва худситойӣ мекунад.

### الآية 11:11

> ﻿إِلَّا الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ [11:11]

11\. магар касоне, ки сабр варзиданд бар машаққатҳо ва барои шукри неъматҳояш корҳои некӯ карданд, омурзиш ва музди бузург аз они онҳост!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15 \\ 257

### الآية 11:12

> ﻿فَلَعَلَّكَ تَارِكٌ بَعْضَ مَا يُوحَىٰ إِلَيْكَ وَضَائِقٌ بِهِ صَدْرُكَ أَنْ يَقُولُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ كَنْزٌ أَوْ جَاءَ مَعَهُ مَلَكٌ ۚ إِنَّمَا أَنْتَ نَذِيرٌ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ [11:12]

12\. Мабодо, баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: Чаро ганҷе (моли бисёре) бар ӯ фурӯ фиристода намешавад?(1) Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд? Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Аллоҳ аст, ки корсози ҳар чизест.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1.Ин гуфторашон аз рӯи зулм ва ҷаҳолаташон аст; ту бар амри Парвардигорат устувор бош ва ин гуфторҳо туро бознадоранд ва дилтанг машав! Тафсири Саъдӣ 1 \\378

### الآية 11:13

> ﻿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ فَأْتُوا بِعَشْرِ سُوَرٍ مِثْلِهِ مُفْتَرَيَاتٍ وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ [11:13]

13 Ё он ки мегӯянд (ин мушрикони аҳли Макка, ки Муҳаммад) аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбаташ мекунад. Бигӯ барояшон: Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта биёваред.

### الآية 11:14

> ﻿فَإِلَّمْ يَسْتَجِيبُوا لَكُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّمَا أُنْزِلَ بِعِلْمِ اللَّهِ وَأَنْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ [11:14]

14\. Бигӯ эй Муҳаммад, барои инҳо мушрикон, пас агар шуморо иҷобат накарданд, (ба овардани даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта) бидонед, ки Қуръон ба илми Аллоҳ нозил шуда ва низ ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, оё шумо мусалмон (фармонбардори Аллоҳ) ҳастед?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\261

### الآية 11:15

> ﻿مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ [11:15]

15\. Онон, ки (дар мақсадашон танҳо) зиндагиву зиннати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.

### الآية 11:16

> ﻿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ إِلَّا النَّارُ ۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ [11:16]

16\. Инҳо касоне ҳастанд(1), ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, бекор карда шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, дурӯғ аст!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, аз аҳли куффоранд, гуё ки барои дунё офарида шудаанд. Тафсири Саъдӣ 1\\378

### الآية 11:17

> ﻿أَفَمَنْ كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّهِ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌ مِنْهُ وَمِنْ قَبْلِهِ كِتَابُ مُوسَىٰ إِمَامًا وَرَحْمَةً ۚ أُولَٰئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۚ وَمَنْ يَكْفُرْ بِهِ مِنَ الْأَحْزَابِ فَالنَّارُ مَوْعِدُهُ ۚ فَلَا تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِنْهُ ۚ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ [11:17]

17\. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби Қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба Қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бешари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст).(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\167

### الآية 11:18

> ﻿وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا ۚ أُولَٰئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمْ وَيَقُولُ الْأَشْهَادُ هَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَىٰ رَبِّهِمْ ۚ أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ [11:18]

18\. Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад? Онҳо ба пеши Парвардигорашон рӯзи қиёмат оварда мешаванд, пас аз амалҳояшон мепурсад ва шоҳидон(1) гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон
дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Фариштагон ва паёмбарон.

### الآية 11:19

> ﻿الَّذِينَ يَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ [11:19]

19\. Он ситамкороне, ки
мардумро аз роҳи Аллоҳ(1) бозмедоранд ва онро каҷ ва нодуруст нишон медиҳанд ва онон кофиронанд, ба охират имон надоранд,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз имон овардани ба Аллоҳ ва иқрор кардани убудияташ ва аз ихлос ибодат карданашро бозмедоранд.

### الآية 11:20

> ﻿أُولَٰئِكَ لَمْ يَكُونُوا مُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ وَمَا كَانَ لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ۘ يُضَاعَفُ لَهُمُ الْعَذَابُ ۚ مَا كَانُوا يَسْتَطِيعُونَ السَّمْعَ وَمَا كَانُوا يُبْصِرُونَ [11:20]

20\. инҳо мушрикон наметавонанд дар рӯи замин Аллоҳро нотавон ва дармонда созанд ва ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте надоранд, азобашон дучандон мешавад. Онҳо на тавоноии шунидани ҳақро доранд, ки ба он баҳравар шаванд ва на тавоноии дидани далелҳои Аллоҳро доранд, ки ба он роҳ ёбанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\286

### الآية 11:21

> ﻿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ [11:21]

21\. Онҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки бар он дурӯғ мебофтанд,(1) аз даст додаанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз шарик овардан ба Аллоҳ (аз бутҳои сохташуда аз санг ё чӯб ё мис). Тафсири Табарӣ 15 \\ 288

### الآية 11:22

> ﻿لَا جَرَمَ أَنَّهُمْ فِي الْآخِرَةِ هُمُ الْأَخْسَرُونَ [11:22]

22\. Ҳатман онон дар охират зиёнкортаринанд, зеро онҳо манзалаҳои ахли ҷаннатро фурӯхтанд ва бар ивази
он манзалаҳои дӯзахро хариданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\288

### الآية 11:23

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَأَخْبَتُوا إِلَىٰ رَبِّهِمْ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ [11:23]

23\. Касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, ахли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

### الآية 11:24

> ﻿۞ مَثَلُ الْفَرِيقَيْنِ كَالْأَعْمَىٰ وَالْأَصَمِّ وَالْبَصِيرِ وَالسَّمِيعِ ۚ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ [11:24]

24\. Мисоли ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) мисоли кӯру кар ва бинову шунавост. Гурӯҳи кофирон ҳақро намебинанд, ки онро пайравӣ намоянд ва намешунаванд, ки роҳ ёбанд, аммо гурӯҳи мӯъминон ҳуҷҷатҳои Аллоҳро мебинанд ва даъваташро қабул мекунанд. Оё мисоли ин ду гурӯҳ бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 4\\315

### الآية 11:25

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ إِنِّي لَكُمْ نَذِيرٌ مُبِينٌ [11:25]

25\. Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам,

### الآية 11:26

> ﻿أَنْ لَا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ ۖ إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ أَلِيمٍ [11:26]

26\. ки ҷуз Аллоҳи барҳақро напарастед! Зеро аз азоби сахти рӯзи қиёмат бар шумо метарсам, агар шумо Ӯро
ба ягонагиаш парастиш накунед!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\380

### الآية 11:27

> ﻿فَقَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَوْمِهِ مَا نَرَاكَ إِلَّا بَشَرًا مِثْلَنَا وَمَا نَرَاكَ اتَّبَعَكَ إِلَّا الَّذِينَ هُمْ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ الرَّأْيِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمْ عَلَيْنَا مِنْ فَضْلٍ بَلْ نَظُنُّكُمْ كَاذِبِينَ [11:27]

27\. Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: Мо туро ҷуз инсоне монанди хеш намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз бечораҳолони мо (фақиру, бемақом) аз
ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад дар ризқу рӯзӣ ва мол, балки эътиқод дорем, ки дурӯғ мегӯед.

### الآية 11:28

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كُنْتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّي وَآتَانِي رَحْمَةً مِنْ عِنْدِهِ فَعُمِّيَتْ عَلَيْكُمْ أَنُلْزِمُكُمُوهَا وَأَنْتُمْ لَهَا كَارِهُونَ [11:28]

28\. Нӯҳ гуфт: Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз сӯи Парвардигорам далели равшан дошта бошам, ин ки ман барҳақ ҳастам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват ва рисолат) арзонӣ карда бошад. Пас, ҳақиқати он, ба сабаби нодонӣ ва фирефташуданатон дар дунё бар шумо пинҳон монда бошад, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба даромадани ислом маҷбур созем? Лекин шуморо ба Аллоҳ месупорем, то Ӯ ҳукм намояд дар амри шумо он чи ки мебинад ва мехоҳад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\299

### الآية 11:29

> ﻿وَيَا قَوْمِ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مَالًا ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى اللَّهِ ۚ وَمَا أَنَا بِطَارِدِ الَّذِينَ آمَنُوا ۚ إِنَّهُمْ مُلَاقُو رَبِّهِمْ وَلَٰكِنِّي أَرَاكُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ [11:29]

29\. Ва эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам ва гумон мабаред, ки ман аз кори худ умеди моли дунё дорам. Музди ман танҳо ба Аллоҳ аст. Онҳоеро, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале мебинам, ки шумо эй қавм, мардуми нодон ҳастед, ки маро мефармоед дӯстони Аллоҳро аз худам биронам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\301

### الآية 11:30

> ﻿وَيَا قَوْمِ مَنْ يَنْصُرُنِي مِنَ اللَّهِ إِنْ طَرَدْتُهُمْ ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ [11:30]

30\. Ва эй қавми ман, агар
мӯъминонро аз худ биронам, чӣ касе дар баробари азоби сахти Аллоҳ маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?

### الآية 11:31

> ﻿وَلَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ إِنِّي مَلَكٌ وَلَا أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزْدَرِي أَعْيُنُكُمْ لَنْ يُؤْتِيَهُمُ اللَّهُ خَيْرًا ۖ اللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا فِي أَنْفُسِهِمْ ۖ إِنِّي إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ [11:31]

31\. Ба шумо намегӯям, хазинаҳои Аллоҳ дар назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Аллоҳ ба онон, ки дар назари шумо хору ҳақир метобанд,(1) хайри худро ато накунад. Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Мӯъминони заифҳол.

### الآية 11:32

> ﻿قَالُوا يَا نُوحُ قَدْ جَادَلْتَنَا فَأَكْثَرْتَ جِدَالَنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ [11:32]

32\. Гуфтанд: **«Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар ту дар даъвои худ рост мегӯӣ, ҳар ваъдае аз азоб, ки ба мо додаӣ, биёвар!»**

### الآية 11:33

> ﻿قَالَ إِنَّمَا يَأْتِيكُمْ بِهِ اللَّهُ إِنْ شَاءَ وَمَا أَنْتُمْ بِمُعْجِزِينَ [11:33]

33\. Нӯҳ барои қавмаш гуфт: Аллоҳ аст, ки агар бихоҳад, он ваъдаро меорад ва шумо оҷизкунандаи Аллоҳ нестед.

### الآية 11:34

> ﻿وَلَا يَنْفَعُكُمْ نُصْحِي إِنْ أَرَدْتُ أَنْ أَنْصَحَ لَكُمْ إِنْ كَانَ اللَّهُ يُرِيدُ أَنْ يُغْوِيَكُمْ ۚ هُوَ رَبُّكُمْ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ [11:34]

34\. Ва агар Аллоҳ хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба сӯи Ӯ дар охират барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.

### الآية 11:35

> ﻿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ إِنِ افْتَرَيْتُهُ فَعَلَيَّ إِجْرَامِي وَأَنَا بَرِيءٌ مِمَّا تُجْرِمُونَ [11:35]

35\. Ё мушрикони қавми Нӯҳ мегӯянд, ки ин суханро ба Аллоҳ дурӯғ бастааст. Бигӯ барояшон: Агар онро ба Аллоҳ дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мекунед, пок ҳастам ва ба сабаби гуноҳи шумо ба азоб гирифта нашавам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\173

### الآية 11:36

> ﻿وَأُوحِيَ إِلَىٰ نُوحٍ أَنَّهُ لَنْ يُؤْمِنَ مِنْ قَوْمِكَ إِلَّا مَنْ قَدْ آمَنَ فَلَا تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُوا يَفْعَلُونَ [11:36]

36\. Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош, ки Ман онҳоро ҳалоккунандаам ва туро аз онҳо наҷотдиҳандаам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\173

### الآية 11:37

> ﻿وَاصْنَعِ الْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا وَلَا تُخَاطِبْنِي فِي الَّذِينَ ظَلَمُوا ۚ إِنَّهُمْ مُغْرَقُونَ [11:37]

37\. Киштиро зери назар ва таълиму тавҷеҳи Мо бисоз ва дар бораи он ситамкорон бо ман сухан магӯй,(1) ҳамоно, онҳо ғарқшавандагонанд.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, аз ман барои онҳо дархости муҳлат ва шафоат макун. 2. Тафсири Бағавӣ 4\\174

### الآية 11:38

> ﻿وَيَصْنَعُ الْفُلْكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ مَلَأٌ مِنْ قَوْمِهِ سَخِرُوا مِنْهُ ۚ قَالَ إِنْ تَسْخَرُوا مِنَّا فَإِنَّا نَسْخَرُ مِنْكُمْ كَمَا تَسْخَرُونَ [11:38]

38\. Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд.(1) Мегуфт: Агар шумо моро дар дунё масхара мекунед, ба зудӣ мо ҳам монанди шумо дар охират масхараатон хоҳем кард.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Оё баъд аз паёмбарӣ ба пшаи наҷҷорӣ баргаштӣ ва киштиро дар хушкӣ ба кор мебарӣ? 2. Тафсири Табарӣ 15\\310

### الآية 11:39

> ﻿فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَنْ يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُقِيمٌ [11:39]

39\. Ба зудӣ хоҳед донист, ки дар дунё бар сари чӣ касе азобе меояд, ки хораш созад ва азоби ҳамешагӣ дар охират бар вай фуруд ояд!

### الآية 11:40

> ﻿حَتَّىٰ إِذَا جَاءَ أَمْرُنَا وَفَارَ التَّنُّورُ قُلْنَا احْمِلْ فِيهَا مِنْ كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَنْ سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ وَمَنْ آمَنَ ۚ وَمَا آمَنَ مَعَهُ إِلَّا قَلِيلٌ [11:40]

40\. Чун фармони Мо ба ҳалоки онҳо даррасид ва танӯр(1) ҷӯшид, гуфтем: Аз ҳар ҷинсе ду тан (нару мода) ва низ хонадони худро дар киштӣ савор кун, ғайри он касе(2), ки фармони ҳалоки онҳо пеш содир шудааст ва низ ҳамроҳ гир онҳоеро, ки бар ту имон овардаанд. ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд.(3) 
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Танӯри пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он далолат бар омадани азоб мекунад. 2. Яъне, касе, ки ба Аллоҳ имон наовардаст монанди ҳамсараш ва яке аз писаронаш. 3. Тафсири Бағавӣ 4\\176

### الآية 11:41

> ﻿۞ وَقَالَ ارْكَبُوا فِيهَا بِسْمِ اللَّهِ مَجْرَاهَا وَمُرْسَاهَا ۚ إِنَّ رَبِّي لَغَفُورٌ رَحِيمٌ [11:41]

41\. Ва Нӯҳ барои касоне, ки аз аҳли имон бо ҳамроҳии ӯ буданд, гуфт: Бар он киштӣ савор шавед, ки равон шуданаш ва истоданаш ба номи Аллоҳ аст. Зеро Парвардигори ман омурзандааст тавбакунандагонро ва меҳрубон аст ба бандагонаш!

### الآية 11:42

> ﻿وَهِيَ تَجْرِي بِهِمْ فِي مَوْجٍ كَالْجِبَالِ وَنَادَىٰ نُوحٌ ابْنَهُ وَكَانَ فِي مَعْزِلٍ يَا بُنَيَّ ارْكَبْ مَعَنَا وَلَا تَكُنْ مَعَ الْكَافِرِينَ [11:42]

42\. Ва киштӣ ононро дар миёни мавҷҳое, ки баланд мешуд, чун кӯҳ мебурд. Ва Нӯҳ
писарашро, ки дар гӯшае истода буд, нидо дод: Эй писаракам, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош, ки ғарқ хоҳӣ шуд!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\178

### الآية 11:43

> ﻿قَالَ سَآوِي إِلَىٰ جَبَلٍ يَعْصِمُنِي مِنَ الْمَاءِ ۚ قَالَ لَا عَاصِمَ الْيَوْمَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ إِلَّا مَنْ رَحِمَ ۚ وَحَالَ بَيْنَهُمَا الْمَوْجُ فَكَانَ مِنَ الْمُغْرَقِينَ [11:43]

43\. (Писари Нӯҳ) гуфт: ман ба кӯҳе, паноҳ хоҳам бурд, ки маро аз об нигоҳ дорад.
(Нӯҳ) гуфт: Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Аллоҳ нест, магар касеро, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм оварад. Ногаҳон мавҷи баланде миёни он дуро фаро гирифт ва ӯ аз ғарқшудагон гардид.

### الآية 11:44

> ﻿وَقِيلَ يَا أَرْضُ ابْلَعِي مَاءَكِ وَيَا سَمَاءُ أَقْلِعِي وَغِيضَ الْمَاءُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ وَاسْتَوَتْ عَلَى الْجُودِيِّ ۖ وَقِيلَ بُعْدًا لِلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ [11:44]

44\. Ва гуфта шуд: Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, аз боридан бозист. Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Чудий қарор гирифт ва нидо омад аз ҷониби Аллоҳ, ки ҳалокат бод бар мардуми ситамкор!

### الآية 11:45

> ﻿وَنَادَىٰ نُوحٌ رَبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابْنِي مِنْ أَهْلِي وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَأَنْتَ أَحْكَمُ الْحَاكِمِينَ [11:45]

45\. Ва Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини
хукмкунандагон Ту ҳастӣ!

### الآية 11:46

> ﻿قَالَ يَا نُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ ۖ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ ۖ فَلَا تَسْأَلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۖ إِنِّي أَعِظُكَ أَنْ تَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ [11:46]

46\. Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ, ҳароина, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест, зеро писараш кофир буд. Пас ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест! Ба дурустӣ ки панд медиҳам туро, ки аз мардуми
нодон набошӣ. (Яъне ту худ бар ҳалоки кофирон дуо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\181

### الآية 11:47

> ﻿قَالَ رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ ۖ وَإِلَّا تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُنْ مِنَ الْخَاسِرِينَ [11:47]

47\. Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд.

### الآية 11:48

> ﻿قِيلَ يَا نُوحُ اهْبِطْ بِسَلَامٍ مِنَّا وَبَرَكَاتٍ عَلَيْكَ وَعَلَىٰ أُمَمٍ مِمَّنْ مَعَكَ ۚ وَأُمَمٌ سَنُمَتِّعُهُمْ ثُمَّ يَمَسُّهُمْ مِنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ [11:48]

48\. Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина, ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 4\\327

### الآية 11:49

> ﻿تِلْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَا إِلَيْكَ ۖ مَا كُنْتَ تَعْلَمُهَا أَنْتَ وَلَا قَوْمُكَ مِنْ قَبْلِ هَٰذَا ۖ فَاصْبِرْ ۖ إِنَّ الْعَاقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ [11:49]

49\. Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 4\\328

### الآية 11:50

> ﻿وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا ۚ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا مُفْتَرُونَ [11:50]

50\. Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт барояшон: Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест, пас холис Ӯро ибодат кунед ва нестед шумо дар ибодати бутон магар дурӯғсозоне.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\182

### الآية 11:51

> ﻿يَا قَوْمِ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَى الَّذِي فَطَرَنِي ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ [11:51]

51\. Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ, аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\357

### الآية 11:52

> ﻿وَيَا قَوْمِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُمْ مِدْرَارًا وَيَزِدْكُمْ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمْ وَلَا تَتَوَلَّوْا مُجْرِمِينَ [11:52]

52\. Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, он гоҳ ба сӯи Ӯ
бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар
нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед!

### الآية 11:53

> ﻿قَالُوا يَا هُودُ مَا جِئْتَنَا بِبَيِّنَةٍ وَمَا نَحْنُ بِتَارِكِي آلِهَتِنَا عَنْ قَوْلِكَ وَمَا نَحْنُ لَكَ بِمُؤْمِنِينَ [11:53]

53\. Гуфтанд: Эй Ҳуд, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту ибодати маъбудони хешро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем.

### الآية 11:54

> ﻿إِنْ نَقُولُ إِلَّا اعْتَرَاكَ بَعْضُ آلِهَتِنَا بِسُوءٍ ۗ قَالَ إِنِّي أُشْهِدُ اللَّهَ وَاشْهَدُوا أَنِّي بَرِيءٌ مِمَّا تُشْرِكُونَ [11:54]

54\. Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз маъбудони мо ба ту озоре(1) расондаанд. Гуфт Ҳуд барояшон: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чи ки шумо ғайри Аллоҳ мепарастед, безорам.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, маъбудони моро айбу эрод мегирӣ ва моро ба бехирадӣ нисбат медиҳӣ, ба ту осебе расондаанд. Муродашон аз ин осеб; девонагӣ аст.

### الآية 11:55

> ﻿مِنْ دُونِهِ ۖ فَكِيدُونِي جَمِيعًا ثُمَّ لَا تُنْظِرُونِ [11:55]

55\. Ҳамагӣ (шумо ҳамроҳи бутҳоятон), бо ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат мадиҳед. (Ҳуд инро ба он хотир гуфт, ки боварии комил дошт, ки на онҳо ва на бутонашон барои ӯ чизе зарар оварда наметавонанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\361

### الآية 11:56

> ﻿إِنِّي تَوَكَّلْتُ عَلَى اللَّهِ رَبِّي وَرَبِّكُمْ ۚ مَا مِنْ دَابَّةٍ إِلَّا هُوَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهَا ۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ [11:56]

56\. Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷ ҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\364

### الآية 11:57

> ﻿فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقَدْ أَبْلَغْتُكُمْ مَا أُرْسِلْتُ بِهِ إِلَيْكُمْ ۚ وَيَسْتَخْلِفُ رَبِّي قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّونَهُ شَيْئًا ۚ إِنَّ رَبِّي عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ حَفِيظٌ [11:57]

57\. Пас, агар рӯй бигардонед аз иҷобат кардани даъвати ҳақ ба ростӣ ки он чиро ки бо он ба сӯи шумо фиристода шуда будам
ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад гардонид, ки онҳо тавҳиди Ӯро ба ҷо оранд ва ибодаташро бо ихлос адо намоянд ва ба сабаби куфр ва исёнатон ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\365

### الآية 11:58

> ﻿وَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا هُودًا وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَنَجَّيْنَاهُمْ مِنْ عَذَابٍ غَلِيظٍ [11:58]

58\. Ва чун фармони Мо барои азоби қавми Ҳуд даррасид, ба раҳмати хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро низ аз азоби сахти рӯзи қиёмат раҳонидем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\365

### الآية 11:59

> ﻿وَتِلْكَ عَادٌ ۖ جَحَدُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَعَصَوْا رُسُلَهُ وَاتَّبَعُوا أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ [11:59]

59\. Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд.

### الآية 11:60

> ﻿وَأُتْبِعُوا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ أَلَا إِنَّ عَادًا كَفَرُوا رَبَّهُمْ ۗ أَلَا بُعْدًا لِعَادٍ قَوْمِ هُودٍ [11:60]

60\. Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, огоҳ бошед, ки лаънат бод бар Од, қавми
Ҳуд!

### الآية 11:61

> ﻿۞ وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَالِحًا ۚ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ هُوَ أَنْشَأَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ وَاسْتَعْمَرَكُمْ فِيهَا فَاسْتَغْفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ ۚ إِنَّ رَبِّي قَرِيبٌ مُجِيبٌ [11:61]

61\. Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ(1) ва бақо дод. Пас, омурзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуоҳоро иҷобат мекунад!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\\ 185

### الآية 11:62

> ﻿قَالُوا يَا صَالِحُ قَدْ كُنْتَ فِينَا مَرْجُوًّا قَبْلَ هَٰذَا ۖ أَتَنْهَانَا أَنْ نَعْبُدَ مَا يَعْبُدُ آبَاؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِي شَكٍّ مِمَّا تَدْعُونَا إِلَيْهِ مُرِيبٍ [11:62]

62\. Гуфтанд Самудиён ба
паёмбарашон: Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ,(1) дар шаккем, ки моро дар шубҳаи бузург меандозад.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ба ибодати Аллоҳи ягона.

### الآية 11:63

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كُنْتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّي وَآتَانِي مِنْهُ رَحْمَةً فَمَنْ يَنْصُرُنِي مِنَ اللَّهِ إِنْ عَصَيْتُهُ ۖ فَمَا تَزِيدُونَنِي غَيْرَ تَخْسِيرٍ [11:63]

63\. Солеҳ барои қавми худ гуфт: Эй қавми ман, хабар диҳед маро агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ҳамроҳи худ дошта бошам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват) арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.

### الآية 11:64

> ﻿وَيَا قَوْمِ هَٰذِهِ نَاقَةُ اللَّهِ لَكُمْ آيَةً فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِي أَرْضِ اللَّهِ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ قَرِيبٌ [11:64]

64\. Ва эй қавми ман, ин шутури Аллоҳ аст ва нишонаест барои шумо бар ҳақиқат будани он чи ки ба он шуморо даъват менамоям. Пас, онро бигзоред, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ба ӯ ҳеҷ зиёне нарасонед, ки агар чунин кардед, ба зудӣ азоб шуморо фаро гирад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\371

### الآية 11:65

> ﻿فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُوا فِي دَارِكُمْ ثَلَاثَةَ أَيَّامٍ ۖ ذَٰلِكَ وَعْدٌ غَيْرُ مَكْذُوبٍ [11:65]

65\. Пас, Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт:
Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.

### الآية 11:66

> ﻿فَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا صَالِحًا وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَمِنْ خِزْيِ يَوْمِئِذٍ ۗ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْقَوِيُّ الْعَزِيزُ [11:66]

66\. Чун амри Мо ба ҳалоки онҳо фаро расид, Солеҳ ва касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!

### الآية 11:67

> ﻿وَأَخَذَ الَّذِينَ ظَلَمُوا الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ [11:67]

67\. Ва ситамгоронро он бонги сахти маргбор фаро гирифт, пас субҳ карданд дар хонаҳои худ хушк шуда ба зону афтода, мурданд.

### الآية 11:68

> ﻿كَأَنْ لَمْ يَغْنَوْا فِيهَا ۗ أَلَا إِنَّ ثَمُودَ كَفَرُوا رَبَّهُمْ ۗ أَلَا بُعْدًا لِثَمُودَ [11:68]

68\. Чунин гӯй, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, Огоҳ бошед, ки дуриву ҳалокат бар қавми Самуд бод!

### الآية 11:69

> ﻿وَلَقَدْ جَاءَتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَىٰ قَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ ۖ فَمَا لَبِثَ أَنْ جَاءَ بِعِجْلٍ حَنِيذٍ [11:69]

69\. Ба таҳқиқ расулони(1) Мо барои Иброҳим ва ҳамсараш мужда оварданд.(2) Гуфтанд: ****«Салом!»**** Гуфт: ****«Салом!»**** Ва лаҳзае баъд гӯсолаи фарбеҳи бирёншударо овард.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, се фаришта; Ҷабрил, Микоил ва Исрофил. 2. Яъне, Иброҳим алайҳиссалом ва ҳамсараш Сораро хушхабар доданд, ки барои онон фарзанде ба номи Исҳоқ таваллуд мешавад. Тафсири Бағавӣ 4\\ 188

### الآية 11:70

> ﻿فَلَمَّا رَأَىٰ أَيْدِيَهُمْ لَا تَصِلُ إِلَيْهِ نَكِرَهُمْ وَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً ۚ قَالُوا لَا تَخَفْ إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمِ لُوطٍ [11:70]

70\. Пас чун Иброҳим (алайҳис салом) дид, ки ба он меҳмонон даст дароз намекунанд, бар онон гумони бад кард ва дар дил аз онҳо хавф бурд. Гуфтанд (фариштагон): **«Матарс, мо бар қавми Лут барои ҳалокашон фиристода шудаем»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\387

### الآية 11:71

> ﻿وَامْرَأَتُهُ قَائِمَةٌ فَضَحِكَتْ فَبَشَّرْنَاهَا بِإِسْحَاقَ وَمِنْ وَرَاءِ إِسْحَاقَ يَعْقُوبَ [11:71]

71\. Ва зани Иброҳим Сора, ки дар паси парда истода буд, суханони фариштагонро шунида, пас аз хушҳолӣ хандид. Он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз Исҳоқ бо омадани (наберааш) Яъқуб хушхабараш додем.

### الآية 11:72

> ﻿قَالَتْ يَا وَيْلَتَىٰ أَأَلِدُ وَأَنَا عَجُوزٌ وَهَٰذَا بَعْلِي شَيْخًا ۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيْءٌ عَجِيبٌ [11:72]

72\. Гуфт (Сора): **«Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ таваллуд мекунам ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ҳамоно, ин кор чизи аҷибест!»**

### الآية 11:73

> ﻿قَالُوا أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ ۖ رَحْمَتُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الْبَيْتِ ۚ إِنَّهُ حَمِيدٌ مَجِيدٌ [11:73]

73\. Фариштагон гуфтанд: Оё аз қудрати Аллоҳ таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Аллоҳ бар шумо, аҳли ин хона арзонӣ бод! Ҳароина, Аллоҳи бузург сазовори
ситоиш ва баландмартаба
аст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\386

### الآية 11:74

> ﻿فَلَمَّا ذَهَبَ عَنْ إِبْرَاهِيمَ الرَّوْعُ وَجَاءَتْهُ الْبُشْرَىٰ يُجَادِلُنَا فِي قَوْمِ لُوطٍ [11:74]

74\. Чун тарс аз Иброҳим дур шуд ва ӯро хушхабар омад, ки соҳиби фарзанд мешавад, бо фиристодагони Мо дар бораи қавми Лут ба баҳс бархост.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, чун Иброҳим донист, ки фариштагон барои ҳалоки қавми Лут омадаанд, аз онон пурсид: Агар дар миёни кофирон панҷоҳ нафар мусулмон бошад ҳам ҳалокашон мекунед? Фариштагон гуфтанд: Не. Агар чиҳил мусулмон бошад чӣ? Фариштагон гуфтанд: Не. Дар охир Иброҳим гуфт: Агар як мусулмон бошад чӣ? Гуфтанд: Агар дар миёни кофирон як мусулмон ҳам бошад, ҳалокашон намекунем. Иброҳим гуфт: Ин тавр бошад, дар миёни онон Лут (алайҳис салом) ҳаст ку? Дар ин вақт фариштагон ба Иброҳим наҷоти Лут ва онҳоеро, ки ба ӯ имон овардаанд, фаҳмониданд. Тафсири Бағавӣ 4\\ 190

### الآية 11:75

> ﻿إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَحَلِيمٌ أَوَّاهٌ مُنِيبٌ [11:75]

75\. Албатта, Иброҳим бурдбору раҳмдил ва ҳалиму фармонбардор ва руҷӯъкунанда ба сӯи Аллоҳ буд.

### الآية 11:76

> ﻿يَا إِبْرَاهِيمُ أَعْرِضْ عَنْ هَٰذَا ۖ إِنَّهُ قَدْ جَاءَ أَمْرُ رَبِّكَ ۖ وَإِنَّهُمْ آتِيهِمْ عَذَابٌ غَيْرُ مَرْدُودٍ [11:76]

76\. (Фариштагон гуфтанд): Эй Иброҳим, аз ин (баҳс, ки дар бораи қавми Лут меравад), рӯй гардон! Ҳамоно фармони Парвардигорат омадааст ва албатта, бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаштан надорад, фуруд хоҳад омад.

### الآية 11:77

> ﻿وَلَمَّا جَاءَتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِيءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالَ هَٰذَا يَوْمٌ عَصِيبٌ [11:77]

77\. Ва чун расулони Мо назди Лут (алайҳис салом) омаданд, Лут аз омадани онҳо нохуш ва андӯҳгину дилтанг шуд, зеро намедонист онон фиристодагони Аллоҳанд ва аз тарси он ки қавмаш ба онон зараре нарасонанд(1) гуфт: **«Имрӯз, рӯзи сахтест»**.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зеро фариштагон ба шакли навҷавонҳои хеле зебо буданд ва одати қавми Лут ин буд, ки бо мардон ливотат (алоқаи ҷинсӣ) мекарданд ва қавмаш аз омадани ин меҳмонҳо бохабар шуданд ва аз ин сабаб Лут тарсид. Тафсири Саъдӣ 1\\ 386

### الآية 11:78

> ﻿وَجَاءَهُ قَوْمُهُ يُهْرَعُونَ إِلَيْهِ وَمِنْ قَبْلُ كَانُوا يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ ۚ قَالَ يَا قَوْمِ هَٰؤُلَاءِ بَنَاتِي هُنَّ أَطْهَرُ لَكُمْ ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَلَا تُخْزُونِ فِي ضَيْفِي ۖ أَلَيْسَ مِنْكُمْ رَجُلٌ رَشِيدٌ [11:78]

78\. Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин корҳои зишт (ливота) анҷом медоданд. Лут гуфт: **«Эй қавми ман, инҳо духтарони ман(1) (яъне, духтарони уммати ман) ҳастанд, пас, онҳоро никоҳ кунед, ки барои издивоҷи Шумо покизатаранд. Аз Аллоҳ битарсед ва маро дар баробари меҳмононам бад макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»**(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Онҳоро ба духтарони худ нисбат дод, зеро ки ҳар як паёмбар дар қавми худ ба манзалаи падар аст. 2. Тафсири Бағавӣ 4\\192

### الآية 11:79

> ﻿قَالُوا لَقَدْ عَلِمْتَ مَا لَنَا فِي بَنَاتِكَ مِنْ حَقٍّ وَإِنَّكَ لَتَعْلَمُ مَا نُرِيدُ [11:79]

79\. Гуфтанд: **«Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем (яъне, бо мардҳо расиданро мехоҳем)»**.

### الآية 11:80

> ﻿قَالَ لَوْ أَنَّ لِي بِكُمْ قُوَّةً أَوْ آوِي إِلَىٰ رُكْنٍ شَدِيدٍ [11:80]

80\. Лут ба қавмаш гуфт: Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ё метавонистам ба такягоҳи устуворе паноҳ бибарам (яъне, ба қабилаи қудратманде, ки маро дар муқобили шумо нусрат медоданд)!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\418

### الآية 11:81

> ﻿قَالُوا يَا لُوطُ إِنَّا رُسُلُ رَبِّكَ لَنْ يَصِلُوا إِلَيْكَ ۖ فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِنَ اللَّيْلِ وَلَا يَلْتَفِتْ مِنْكُمْ أَحَدٌ إِلَّا امْرَأَتَكَ ۖ إِنَّهُ مُصِيبُهَا مَا أَصَابَهُمْ ۚ إِنَّ مَوْعِدَهُمُ الصُّبْحُ ۚ أَلَيْسَ الصُّبْحُ بِقَرِيبٍ [11:81]

81\. Гуфтанд (фариштагон): Эй Лут, мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, фиристода шудаем, то ин ки қавматро ҳалок кунем! Инҳо ҳаргиз ба ту нахоҳанд расид. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони хешро аз ин деҳа берун бибар. Ба ҳеҷ як аз шумо ба қафо нанигарад, ҷуз ҳамсарат, ки (кофира аст) ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Лут хост, ки зудтар ҳалокашон кунад, вале фариштагон гуфтанд: Оё субҳ наздик нест?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\ 386 ва Табарӣ 15 \\ 428

### الآية 11:82

> ﻿فَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا جَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهَا حِجَارَةً مِنْ سِجِّيلٍ مَنْضُودٍ [11:82]

82\. Пас, чун фармони Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, он деҳаро зеру забар кардем (яъне чаппа намудем) ва бар он деҳа бо бороне аз санггилҳо пай дар пай онҳоро сангборон кардем,

### الآية 11:83

> ﻿مُسَوَّمَةً عِنْدَ رَبِّكَ ۖ وَمَا هِيَ مِنَ الظَّالِمِينَ بِبَعِيدٍ [11:83]

83\. ин сангҳо аз сӯи Парвардигорат нишондор(1) буданд ва инчунин ин сангҳо
аз ситамгорон дур нестанд, (яъне, аз мушрикони Макка).(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, он сангҳо монанди сангҳои замин набуданд. 2. Тафсири Бағавӣ 4\\194

### الآية 11:84

> ﻿۞ وَإِلَىٰ مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا ۚ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ وَلَا تَنْقُصُوا الْمِكْيَالَ وَالْمِيزَانَ ۚ إِنِّي أَرَاكُمْ بِخَيْرٍ وَإِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ مُحِيطٍ [11:84]

84\. Ва бар қабилаи Мадян(1) бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\\443

### الآية 11:85

> ﻿وَيَا قَوْمِ أَوْفُوا الْمِكْيَالَ وَالْمِيزَانَ بِالْقِسْطِ ۖ وَلَا تَبْخَسُوا النَّاسَ أَشْيَاءَهُمْ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ [11:85]

85\. Ва эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл пурра ва комилан адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замин фасод макунед.

### الآية 11:86

> ﻿بَقِيَّتُ اللَّهِ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ ۚ وَمَا أَنَا عَلَيْكُمْ بِحَفِيظٍ [11:86]

86\. Агар имон дошта бошед, он чӣ Аллоҳ аз моли ҳалоли худ боқӣ мегузорад ба сабаби вафо карданатон бар паймонаву тарозу бароятон беҳтар аст аз ҳаром ва
камбудиҳое, ки аз тарозу мезанед. Ва ман бар шумо нигаҳбон нестам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\448

### الآية 11:87

> ﻿قَالُوا يَا شُعَيْبُ أَصَلَاتُكَ تَأْمُرُكَ أَنْ نَتْرُكَ مَا يَعْبُدُ آبَاؤُنَا أَوْ أَنْ نَفْعَلَ فِي أَمْوَالِنَا مَا نَشَاءُ ۖ إِنَّكَ لَأَنْتَ الْحَلِيمُ الرَّشِيدُ [11:87]

87\. Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он бутҳоеро ки падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё дар амволи худ ончунон ки худ мехоҳем, тасарруф накунем? Ба ростӣ ту марди бурдбору хирадманд ҳастӣ (лек аз ин сухан мақсадашон истеҳзо буд ва мегуфтанд, ки ту беақл ҳастӣ).(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\450

### الآية 11:88

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كُنْتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّي وَرَزَقَنِي مِنْهُ رِزْقًا حَسَنًا ۚ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أُخَالِفَكُمْ إِلَىٰ مَا أَنْهَاكُمْ عَنْهُ ۚ إِنْ أُرِيدُ إِلَّا الْإِصْلَاحَ مَا اسْتَطَعْتُ ۚ وَمَا تَوْفِيقِي إِلَّا بِاللَّهِ ۚ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ [11:88]

88\. Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар барои ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад барои тасдиқи он чи ки шуморо даъват мекунам ва Ӯ маро аз сӯи худ ризқи ҳалолу пок ато карда бошад? Оё метавонам ба хилофи дастуроти Ӯ амал кунам? Ва намехоҳам шуморо аз чизе манъ кунам ва худам муртакиби он шавам. Ман
то он ҷо ки метавонам ҷуз ислоҳ чизеро намехоҳам. Тавфиқи ман танҳо ба фазли Аллоҳ аст. Ба Ӯ таваккал кардаам, ба даргоҳи Ӯ руй меоварам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\387

### الآية 11:89

> ﻿وَيَا قَوْمِ لَا يَجْرِمَنَّكُمْ شِقَاقِي أَنْ يُصِيبَكُمْ مِثْلُ مَا أَصَابَ قَوْمَ نُوحٍ أَوْ قَوْمَ هُودٍ أَوْ قَوْمَ صَالِحٍ ۚ وَمَا قَوْمُ لُوطٍ مِنْكُمْ بِبَعِيدٍ [11:89]

89\. Ва эй қавми ман! Душмании ман шуморо ба он набарад, ки ба шумо он чи бирасад, ки ба қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид; ва қавми Лут аз шумо дур нест.

### الآية 11:90

> ﻿وَاسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ ۚ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٌ وَدُودٌ [11:90]

90\. Аз Парвардигоратон омурзиши гуноҳонатонро бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки албатта, Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст тавбакунандагонро!

### الآية 11:91

> ﻿قَالُوا يَا شُعَيْبُ مَا نَفْقَهُ كَثِيرًا مِمَّا تَقُولُ وَإِنَّا لَنَرَاكَ فِينَا ضَعِيفًا ۖ وَلَوْلَا رَهْطُكَ لَرَجَمْنَاكَ ۖ وَمَا أَنْتَ عَلَيْنَا بِعَزِيزٍ [11:91]

91\. Гуфтанд: Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат карда туро мекуштем ва ту назди мо арзиш ва эҳтироме надорӣ.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\197

### الآية 11:92

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ أَرَهْطِي أَعَزُّ عَلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَاتَّخَذْتُمُوهُ وَرَاءَكُمْ ظِهْرِيًّا ۖ إِنَّ رَبِّي بِمَا تَعْمَلُونَ مُحِيطٌ [11:92]

92\. Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Аллоҳи барҳақ болотару гиромитар аст? Оё Аллоҳро пушти сар қарор медиҳед ва аз Ӯ наметарсед ва қудрату иззати Вайро бузург намедоред? Ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, онро иҳота дорад. Ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\461

### الآية 11:93

> ﻿وَيَا قَوْمِ اعْمَلُوا عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّي عَامِلٌ ۖ سَوْفَ تَعْلَمُونَ مَنْ يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَمَنْ هُوَ كَاذِبٌ ۖ وَارْتَقِبُوا إِنِّي مَعَكُمْ رَقِيبٌ [11:93]

93\. Ва эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори хеш машғул бошед ва ман ҳам ба кори хеш машғул мешавам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда ба чӣ касе мерасад ва хоҳед донист, ки чӣ касе дурӯғгӯй ҳаст. Мунтазир бимонед, ҳамоно ман низ бо шумо мунтазир мемонам!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\463

### الآية 11:94

> ﻿وَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا شُعَيْبًا وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَأَخَذَتِ الَّذِينَ ظَلَمُوا الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ [11:94]

94\. Ва чун замони азоби Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш наҷот додем. Ва ситамкоронро наъраи ваҳшатангези азоб фаро гирифт ва дар хонаҳои хеш ба зону афтода, мурданд,(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\197

### الآية 11:95

> ﻿كَأَنْ لَمْ يَغْنَوْا فِيهَا ۗ أَلَا بُعْدًا لِمَدْيَنَ كَمَا بَعِدَتْ ثَمُودُ [11:95]

95\. чунон ки гӯй ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар қавми Самуд шуд!

### الآية 11:96

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُبِينٍ [11:96]

96\. Ва ҳароина, Мо Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори хеш
фиристодем,

### الآية 11:97

> ﻿إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَاتَّبَعُوا أَمْرَ فِرْعَوْنَ ۖ وَمَا أَمْرُ فِرْعَوْنَ بِرَشِيدٍ [11:97]

97\. ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо қавми Фиръавн пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд.

### الآية 11:98

> ﻿يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ ۖ وَبِئْسَ الْوِرْدُ الْمَوْرُودُ [11:98]

98\. Дар рӯзи қиёмат Фиръавн пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро ҷойгоҳи баде аст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 4\\348

### الآية 11:99

> ﻿وَأُتْبِعُوا فِي هَٰذِهِ لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ بِئْسَ الرِّفْدُ الْمَرْفُودُ [11:99]

99\. Лаънати дунё ва охиратро аз ақиби азоб (яъне ғарқ шудан дар дарё) бар онҳо фиристода шуд ва чӣ бад атое (лаънат) ба онон дода шудааст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\468

### الآية 11:100

> ﻿ذَٰلِكَ مِنْ أَنْبَاءِ الْقُرَىٰ نَقُصُّهُ عَلَيْكَ ۖ مِنْهَا قَائِمٌ وَحَصِيدٌ [11:100]

100\. Инҳо ахбори деҳаҳоест,(1) ки барои ту (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе осори он ҳанӯз боқианд ва баъзе вайрон шуда нобуд шудаанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Деҳаҳое, ки гирифтори азоби Аллоҳ шуданд.

### الآية 11:101

> ﻿وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ۖ فَمَا أَغْنَتْ عَنْهُمْ آلِهَتُهُمُ الَّتِي يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ لَمَّا جَاءَ أَمْرُ رَبِّكَ ۖ وَمَا زَادُوهُمْ غَيْرَ تَتْبِيبٍ [11:101]

101\. Мо ба онҳо ситам накардаем, балки худ ба ҷони худ ситам мекарданд, (яъне, ширк меоварданд). Ва чун амри Парвардигори ту барои ҳалоки онҳо фаро расид, маъбудоне, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, ҳеҷ ба ёриашон наомаданд ва ҷуз зиёнкорӣ ва ҳалокат чизе бар онон наяфзуданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\198

### الآية 11:102

> ﻿وَكَذَٰلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَا أَخَذَ الْقُرَىٰ وَهِيَ ظَالِمَةٌ ۚ إِنَّ أَخْذَهُ أَلِيمٌ شَدِيدٌ [11:102]

102\. Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳаҳои ситамкорро ба азоб кашад. Ба ростӣ, азоби Аллоҳ дарднок ва сахт аст.

### الآية 11:103

> ﻿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِمَنْ خَافَ عَذَابَ الْآخِرَةِ ۚ ذَٰلِكَ يَوْمٌ مَجْمُوعٌ لَهُ النَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوْمٌ مَشْهُودٌ [11:103]

103\. Албатта, дар қисса ва ахбори гузаштагон барои касоне, ки аз азоби охират метарсанд, ибратест. Он рӯз рӯзест, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро аз аввалин то охирин дар он ҳозир оваранд!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\477

### الآية 11:104

> ﻿وَمَا نُؤَخِّرُهُ إِلَّا لِأَجَلٍ مَعْدُودٍ [11:104]

104\. Ва ҷуз то андак муддати муайяне (омадани рӯзи қиёматро) ба таъхир
намеандозем.

### الآية 11:105

> ﻿يَوْمَ يَأْتِ لَا تَكَلَّمُ نَفْسٌ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ فَمِنْهُمْ شَقِيٌّ وَسَعِيدٌ [11:105]

105\. Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт.

### الآية 11:106

> ﻿فَأَمَّا الَّذِينَ شَقُوا فَفِي النَّارِ لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَشَهِيقٌ [11:106]

106\. Аммо онон, ки бадбахт шудаанд, пас, дар оташанд ва ононро дар он дӯзах нолаи зору фарёди сахте бувад, (яъне, монанди овози хар).(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\200

### الآية 11:107

> ﻿خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ إِلَّا مَا شَاءَ رَبُّكَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٌ لِمَا يُرِيدُ [11:107]

107\. Ҳамеша дар дӯзах ҷовидон хоҳанд монд, то осмонҳову замин боқӣ аст, магар он чи Парвардигорат бихоҳад(1), албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро баъд аз муддате аз дӯзах берун орад. 2. Тафсири Табарӣ 15\\ 481

### الآية 11:108

> ﻿۞ وَأَمَّا الَّذِينَ سُعِدُوا فَفِي الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ إِلَّا مَا شَاءَ رَبُّكَ ۖ عَطَاءً غَيْرَ مَجْذُوذٍ [11:108]

108\. Ва аммо ононе, ки некбахт гардонида шудаанд, то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, ҳамеша дар биҳишт ҷовидон бимонанд, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад.(1) Атои Ӯ (неъматҳои ҷаннат) ҳеҷ қатъ намешавад.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро андак замон дар дузах нигоҳ дошта сипас ба ҷаннат дохилашон кунад. 2. Тафсири Табарӣ 15\\ 488

### الآية 11:109

> ﻿فَلَا تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِمَّا يَعْبُدُ هَٰؤُلَاءِ ۚ مَا يَعْبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعْبُدُ آبَاؤُهُمْ مِنْ قَبْلُ ۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمْ نَصِيبَهُمْ غَيْرَ مَنْقُوصٍ [11:109]

109\. Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд бутҳояшонро ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро аз азоб бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард!

### الآية 11:110

> ﻿وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ فَاخْتُلِفَ فِيهِ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۚ وَإِنَّهُمْ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مُرِيبٍ [11:110]

110\. Ва ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат, ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо (яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, Қуръон) сахт дар шубҳаанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\390

### الآية 11:111

> ﻿وَإِنَّ كُلًّا لَمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمْ رَبُّكَ أَعْمَالَهُمْ ۚ إِنَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ خَبِيرٌ [11:111]

111\. Ва қасам, ки албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҷазои аъмоли ҳамаро ба пуррагӣ хоҳад дод ва ҳамоно Аллоҳ ба ҳар корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\ 498

### الآية 11:112

> ﻿فَاسْتَقِمْ كَمَا أُمِرْتَ وَمَنْ تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطْغَوْا ۚ إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ [11:112]

112\. Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност.

### الآية 11:113

> ﻿وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ [11:113]

113\. Ва ба ситамкорон майл накунед, ки азоби оташи дӯзах шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!

### الآية 11:114

> ﻿وَأَقِمِ الصَّلَاةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِنَ اللَّيْلِ ۚ إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ ۚ ذَٰلِكَ ذِكْرَىٰ لِلذَّاكِرِينَ [11:114]

114\. Ва намоз бигузор (эй Паёмбар) дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо (намозҳои панҷгона) бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар ин оят ишорае аст ба намозҳои панҷвақта. Тафсири Саъдӣ 1/ 391

### الآية 11:115

> ﻿وَاصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ [11:115]

115\. Сабр кун (эй Паёмбар) ба барпой доштани намоз ва бар озору машаққатҳо, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ (барбод) намесозад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\205

### الآية 11:116

> ﻿فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُو بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلًا مِمَّنْ أَنْجَيْنَا مِنْهُمْ ۗ وَاتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُوا مَا أُتْرِفُوا فِيهِ وَكَانُوا مُجْرِمِينَ [11:116]

116\. Пас, чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон
гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 4\\205

### الآية 11:117

> ﻿وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهْلِكَ الْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا مُصْلِحُونَ [11:117]

117\. Парвардигори ту (эй Паёмбар)
ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба
ситам ҳалок нахоҳад сохт.

### الآية 11:118

> ﻿وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ لَجَعَلَ النَّاسَ أُمَّةً وَاحِدَةً ۖ وَلَا يَزَالُونَ مُخْتَلِفِينَ [11:118]

118\. Ва агар хоста буд Парвардигори ту, мегардонд ҳамаи мардумонро як миллат (яъне, дар дини Ислом), лекин Аллоҳ
инро нахост, барои ҳамин ҳамеша мардум дар дин мухталифанд; (ва дар ин ҳама ҳикматест),(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\392

### الآية 11:119

> ﻿إِلَّا مَنْ رَحِمَ رَبُّكَ ۚ وَلِذَٰلِكَ خَلَقَهُمْ ۗ وَتَمَّتْ كَلِمَةُ رَبِّكَ لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ [11:119]

119\. магар онҳое, ки имон оварданд ба Аллоҳу расулаш ва дар роҳи ҳақ ҳамеша муттафиқанд Парвардигорат бар онҳо раҳмат карда ва онҳоро барои ҳикмати гуногуне (яъне, гурӯҳе некбахт ва гурӯҳе бадбахт, гурӯҳе дар биҳишт ва гурӯҳе дар дӯзах) биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар (лозим ва тамом) шуда, ки албатта, ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\535

### الآية 11:120

> ﻿وَكُلًّا نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ ۚ وَجَاءَكَ فِي هَٰذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ [11:120]

120\. Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят (эй Паёмбар) ҳикоят мекунем, то дили туро собиту ором гардонем. Ва дар ин сура бар ту сухани ҳақ (мурод аз сухани ҳақ қиссаҳоест, ки пештар дар ин сура зикр шудаанд) ва барои мӯъминон мавъизаву панд ва ёдоварӣ омадааст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 15\\540

### الآية 11:121

> ﻿وَقُلْ لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ اعْمَلُوا عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنَّا عَامِلُونَ [11:121]

121\. Ва бигӯ (эй Паёмбар), ба касоне, ки имон намеоваранд: «Шумо ба ҳар тавре, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем.

### الآية 11:122

> ﻿وَانْتَظِرُوا إِنَّا مُنْتَظِرُونَ [11:122]

122\. Ва шумо интизорӣ бикашед оқибати кори моро, мо низ мунтазир мебошем оқибати кори шуморо.

### الآية 11:123

> ﻿وَلِلَّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَإِلَيْهِ يُرْجَعُ الْأَمْرُ كُلُّهُ فَاعْبُدْهُ وَتَوَكَّلْ عَلَيْهِ ۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ [11:123]

123\. Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби(1) осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар) Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\\392

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/11.md)
- [كل تفاسير سورة هود
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/11.md)
- [ترجمات سورة هود
](https://quranpedia.net/translations/11.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/11/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
