---
title: "ترجمة سورة مريم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/19/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/19/book/1985"
surah_id: "19"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة مريم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/19/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة مريم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/19/book/1985*.

Translation of Surah مريم from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 19:1

> كهيعص [19:1]

1\. Коф, Ҳо, Ё,Ъайн, Сод.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.

### الآية 19:2

> ﻿ذِكْرُ رَحْمَتِ رَبِّكَ عَبْدَهُ زَكَرِيَّا [19:2]

2\. Ин аст баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандааш Закариё (алайҳиссалом),
ки онро ба ту қисса мекунем, то ки панд гиранд пандгирандаҳо.

### الآية 19:3

> ﻿إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ نِدَاءً خَفِيًّا [19:3]

3\. Он гоҳ ки Парвардигорашро оҳиста ва ором нидо кард.

### الآية 19:4

> ﻿قَالَ رَبِّ إِنِّي وَهَنَ الْعَظْمُ مِنِّي وَاشْتَعَلَ الرَّأْسُ شَيْبًا وَلَمْ أَكُنْ بِدُعَائِكَ رَبِّ شَقِيًّا [19:4]

4\. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва нишонаҳои пирӣ сарамро фаро гирифтааст ва ҳаргиз дар дуо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, ноумед набудаам.

### الآية 19:5

> ﻿وَإِنِّي خِفْتُ الْمَوَالِيَ مِنْ وَرَائِي وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا فَهَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ وَلِيًّا [19:5]

5\. Ва ҳамоно ман пас аз марги хеш аз хешовандонам метарсам, ки дини туро зоеъ кунанд ва ҳамсарам таваллуд намекунад.
Пас маро аз ҷониби Худ фарзанде (меросбаре) ато кун,

### الآية 19:6

> ﻿يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنْ آلِ يَعْقُوبَ ۖ وَاجْعَلْهُ رَبِّ رَضِيًّا [19:6]

6\. ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандидаи Худат ва бандагонат гардон.

### الآية 19:7

> ﻿يَا زَكَرِيَّا إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَامٍ اسْمُهُ يَحْيَىٰ لَمْ نَجْعَلْ لَهُ مِنْ قَبْلُ سَمِيًّا [19:7]

7\. **«Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем»**.

### الآية 19:8

> ﻿قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا وَقَدْ بَلَغْتُ مِنَ الْكِبَرِ عِتِيًّا [19:8]

8\. Закариё гуфт: **«Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам таваллуд намекунад ва ҳамоно ман худ дар пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»**.

### الآية 19:9

> ﻿قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ وَقَدْ خَلَقْتُكَ مِنْ قَبْلُ وَلَمْ تَكُ شَيْئًا [19:9]

9\. Фармуд: ҳамин гуна аст. **«Парвардигори ту гуфтааст: «Ин кор барои Ман осон аст ва ба ростӣ туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ ва вуҷуд ҳам надоштӣ, биёфаридаам»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/490.

### الآية 19:10

> ﻿قَالَ رَبِّ اجْعَلْ لِي آيَةً ۚ قَالَ آيَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ النَّاسَ ثَلَاثَ لَيَالٍ سَوِيًّا [19:10]

10\. Закариё гуфт: **«Эй Парвардигори ман, ба ман аломату нишонеро бинамой»**(1) Гуфт: **«Нишонаи ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум сухан натавонй гуфт, дар ҳоле, ки тансиҳат ва солим ҳастӣ (яъне дар ҳоле, ки на гунг ҳастиву на кар)»**.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. То дилам қарор гирад. Тафсири Саъдӣ. 1/490. 2. Тафсири Табарӣ. 18/151.

### الآية 19:11

> ﻿فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ أَنْ سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا [19:11]

11\. Пас Закариё аз меҳроби ибодат ба миёни қавми худ баромад ва ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.

### الآية 19:12

> ﻿يَا يَحْيَىٰ خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ ۖ وَآتَيْنَاهُ الْحُكْمَ صَبِيًّا [19:12]

12\. (Пас чун Яҳё таваллуд шуд ва хитобро мефаҳмидагӣ шуд, Аллоҳ таъоло ба ӯ амр кард) **«Эй Яҳё, китоб (Таврот)-ро ба қувват ва қасду фаҳми маъонияш ва амал кардан ба ӯ бигир»**. Ва дар кӯдакӣ ба ӯ доноӣ, нубуввату фаҳми Таврот ато кардем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/155.

### الآية 19:13

> ﻿وَحَنَانًا مِنْ لَدُنَّا وَزَكَاةً ۖ وَكَانَ تَقِيًّا [19:13]

13\. Ва ба ӯ меҳру шафқат кардем ва аз гуноҳҳо покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд.

### الآية 19:14

> ﻿وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا [19:14]

14\. Ба падару модар бисёр некӣ мекард ва ҷаббору (мутакаббир) гарданкаш аз тоъати Аллоҳу волидайнаш набуд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/160.

### الآية 19:15

> ﻿وَسَلَامٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا [19:15]

15\. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигарбора зинда гардонида мешавад!

### الآية 19:16

> ﻿وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ مَرْيَمَ إِذِ انْتَبَذَتْ مِنْ أَهْلِهَا مَكَانًا شَرْقِيًّا [19:16]

16\. Эй Паёмбар, ёд кун дар ин Қуръон хабари Марямро, он гоҳ, ки аз хонадони хеш ба маконе рӯ ба сӯйи баромадани офтоб канора гирифт.

### الآية 19:17

> ﻿فَاتَّخَذَتْ مِنْ دُونِهِمْ حِجَابًا فَأَرْسَلْنَا إِلَيْهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرًا سَوِيًّا [19:17]

17\. Пас дар баробари онон пӯшише бар гирифт ва онгоҳ Мо Рӯҳи(1) Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ҷабраил алайҳиссаломро. Тафсири Саъдӣ. 1/491.

### الآية 19:18

> ﻿قَالَتْ إِنِّي أَعُوذُ بِالرَّحْمَٰنِ مِنْكَ إِنْ كُنْتَ تَقِيًّا [19:18]

18\. Марям гуфт: **«Аз ту ба Аллоҳи меҳрубон паноҳ мебарам, агар аз Аллоҳ тарсӣ ба ман зиёне нарасон»**.

### الآية 19:19

> ﻿قَالَ إِنَّمَا أَنَا رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَامًا زَكِيًّا [19:19]

19\. Ҷабраил гуфт: **«Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писари поку покиза аз гуноҳ бубахшам»**.

### الآية 19:20

> ﻿قَالَتْ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِي بَشَرٌ وَلَمْ أَكُ بَغِيًّا [19:20]

20\. Марям гуфт: "Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ инсоне ба ман даст назадааст ва ман ҳаргиз зинокору фоҳиша ҳам набудаам".

### الآية 19:21

> ﻿قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ ۖ وَلِنَجْعَلَهُ آيَةً لِلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِنَّا ۚ وَكَانَ أَمْرًا مَقْضِيًّا [19:21]

21\. Ҷабраил гуфт, ҳамчунон ки ту гуфтӣ, ҳеҷ кас ба ту даст нарасонидааст ва ту зинокор ҳам нестӣ Ва аммо Парвардигори ту инчунин гуфтааст: **«Ин барои ман осон аст. Мо он писарро барои мардум як муъҷизае, ки далолат мекунад бар қудрати Мо ва раҳмату бахшоише созем ва ин кори муқарраркардашуда аст»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/165.

### الآية 19:22

> ﻿۞ فَحَمَلَتْهُ فَانْتَبَذَتْ بِهِ مَكَانًا قَصِيًّا [19:22]

22\. Пас аз он ки Ҷабраил дар остини куртаи ӯ пуф кард Марям ҳомиладор шуд пас ҳамли худро ба маконе дур аз мардум бурд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/168.

### الآية 19:23

> ﻿فَأَجَاءَهَا الْمَخَاضُ إِلَىٰ جِذْعِ النَّخْلَةِ قَالَتْ يَا لَيْتَنِي مِتُّ قَبْلَ هَٰذَا وَكُنْتُ نَسْيًا مَنْسِيًّا [19:23]

23\. Пас, дарди таваллуд ӯро ба сӯйи танаи дарахти хурмое овард. Гуфт: **«Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва аз ёдҳо фаромӯш мешудам»**.

### الآية 19:24

> ﻿فَنَادَاهَا مِنْ تَحْتِهَا أَلَّا تَحْزَنِي قَدْ جَعَلَ رَبُّكِ تَحْتَكِ سَرِيًّا [19:24]

24\. Он гоҳ Ҷибраил аз поёни ӯ нидо дод, ки: **«Ғамгин мабош, ба ростӣ Парвардигорат поёнтар аз ту чашмае падид овардааст»**.1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/173.

### الآية 19:25

> ﻿وَهُزِّي إِلَيْكِ بِجِذْعِ النَّخْلَةِ تُسَاقِطْ عَلَيْكِ رُطَبًا جَنِيًّا [19:25]

25\. Ва дарахти хурморо биҷунбон, то хурмои тозаи чидашуда бароят фурӯ резад.

### الآية 19:26

> ﻿فَكُلِي وَاشْرَبِي وَقَرِّي عَيْنًا ۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ الْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِي إِنِّي نَذَرْتُ لِلرَّحْمَٰنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنْسِيًّا [19:26]

26\. Пас, бихӯру биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯ: **«Барои Аллоҳи меҳрубон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям»**(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Сукут ҳамчунон рӯза дар шариати онҳо ибодат буд, аммо дар шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибодат нест.

### الآية 19:27

> ﻿فَأَتَتْ بِهِ قَوْمَهَا تَحْمِلُهُ ۖ قَالُوا يَا مَرْيَمُ لَقَدْ جِئْتِ شَيْئًا فَرِيًّا [19:27]

27.Он гоҳ кӯдакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: Эй Марям, ба ростӣ, аҷаб гуноҳи зиште кардаӣ.

### الآية 19:28

> ﻿يَا أُخْتَ هَارُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ امْرَأَ سَوْءٍ وَمَا كَانَتْ أُمُّكِ بَغِيًّا [19:28]

28\. Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буду на модарат бадкора буд.

### الآية 19:29

> ﻿فَأَشَارَتْ إِلَيْهِ ۖ قَالُوا كَيْفَ نُكَلِّمُ مَنْ كَانَ فِي الْمَهْدِ صَبِيًّا [19:29]

29\. Пас, Марям ба тифли худ ишора кард, то аз тифл бипурсанд. Гуфтанд: **«Чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем?»**.

### الآية 19:30

> ﻿قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا [19:30]

30\. ( Исо) гуфт: «Ман бандаи Аллоҳам, ба ман китоб (Инҷил) дода ва маро паёмбар гардонидааст.

### الآية 19:31

> ﻿وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا [19:31]

31\. Ва ҳар ҷо ки бошам, маро баракат ва хубӣ додааст ва маро ба хондани намоз ва додани закот, то вақте ки зинда бошам, супориш кардааст.

### الآية 19:32

> ﻿وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا [19:32]

32\. Ва низ некӣ кардан ба модарамро супориш намуд. Ва маро гарданкашу бадрафтор қарор надодааст.

### الآية 19:33

> ﻿وَالسَّلَامُ عَلَيَّ يَوْمَ وُلِدْتُ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا [19:33]

33\. Ва салому осоиштагӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигарбора зинда карда мешавам!

### الآية 19:34

> ﻿ذَٰلِكَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ ۚ قَوْلَ الْحَقِّ الَّذِي فِيهِ يَمْتَرُونَ [19:34]

34\. Ин аст эй Паёмбар, қиссаи Исо ибни Марям ва сухани ҳақ, ҳамоно ки дар бораи ӯ (яҳуд ва насоро) дар шакку шубҳа буданд.

### الآية 19:35

> ﻿مَا كَانَ لِلَّهِ أَنْ يَتَّخِذَ مِنْ وَلَدٍ ۖ سُبْحَانَهُ ۚ إِذَا قَضَىٰ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ [19:35]

35\. Насазад Аллоҳро, ки фарзанде баргирад. Ӯ пок аст аз ин тӯҳматҳои нораво. Чун иродаи коре кунад, ҳамоно мегӯяд: **«Пайдо шав!»** Пас Пайдо мешавад.

### الآية 19:36

> ﻿وَإِنَّ اللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ ۚ هَٰذَا صِرَاطٌ مُسْتَقِيمٌ [19:36]

36\. (Исо алайҳиссалом бар қавмаш гуфт): Ва ҳамоно Аллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед, ки роҳи рост, ин аст!

### الآية 19:37

> ﻿فَاخْتَلَفَ الْأَحْزَابُ مِنْ بَيْنِهِمْ ۖ فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ مَشْهَدِ يَوْمٍ عَظِيمٍ [19:37]

37\. Пас, ихтилоф намуданд ҷамоъатҳои яҳуду насоро, (дар мавриди Исо алайҳиссалом) (1), пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург (қиёмат).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Насрониҳо дар мавриди Исо алайҳиссалом ба се гурӯҳ тақсим шуданд: Гурӯҳи аввал, Исоро Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи дуюм, Исоро фарзанди Худо Аллоҳ меҳисобанд. Гурӯҳи сеюм, Исоро сеяки сегона мешуморанд. Яҳудиҳо ба Исо алайҳисаллом тӯҳмат зада мегӯянд: Исо ҷодугар ва зинозода аст. Албатта, Аллоҳ аз ҳама гуфтаҳои онон пок аст. Тафсири Саъдӣ. 1/493.

### الآية 19:38

> ﻿أَسْمِعْ بِهِمْ وَأَبْصِرْ يَوْمَ يَأْتُونَنَا ۖ لَٰكِنِ الظَّالِمُونَ الْيَوْمَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ [19:38]

38\. Чӣ қадар ҳуб шунаво бошанд ва чӣ қадар хуб бино бошанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, аммо ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

### الآية 19:39

> ﻿وَأَنْذِرْهُمْ يَوْمَ الْحَسْرَةِ إِذْ قُضِيَ الْأَمْرُ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ وَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ [19:39]

39\. Битарсон эй Паёмбар одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад.(1)
Ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ҳангоме ки аҳли имон ба биҳишт ва аҳли куфр ба дӯзах раванд. (1) Тафсири Бағавӣ. 5/232.

### الآية 19:40

> ﻿إِنَّا نَحْنُ نَرِثُ الْأَرْضَ وَمَنْ عَلَيْهَا وَإِلَيْنَا يُرْجَعُونَ [19:40]

40\. Албатта, Мо замин ва ҳар киро бар рӯи он аст, ворис мешавем(1) ва ҳама ба назди Мо бозгардонида мешаванд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ҳама мемиранд, ягона Холиқи Ҷаббор мемонад. Тафсири Бағавӣ. 5/233.

### الآية 19:41

> ﻿وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِبْرَاهِيمَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا [19:41]

41\. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон қиссаи Иброҳим алайҳиссаломро ёд кун, ки ӯ паёмбари ростгӯ ва баландмартаба буд.

### الآية 19:42

> ﻿إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ يَا أَبَتِ لِمَ تَعْبُدُ مَا لَا يَسْمَعُ وَلَا يُبْصِرُ وَلَا يُغْنِي عَنْكَ شَيْئًا [19:42]

42\. Он гоҳ ки ба падараш (Озар) гуфт: «Эй падарҷон, чаро он бутонеро, ки на мешунаванд ва на мебинанд ва на ҳеҷ эҳтиёҷи туро бармеоваранд, мепарастӣ?

### الآية 19:43

> ﻿يَا أَبَتِ إِنِّي قَدْ جَاءَنِي مِنَ الْعِلْمِ مَا لَمْ يَأْتِكَ فَاتَّبِعْنِي أَهْدِكَ صِرَاطًا سَوِيًّا [19:43]

43\. Эй падарҷон, Аллоҳ маро донише додааст, ки ба ту надодааст. Пас аз ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.

### الآية 19:44

> ﻿يَا أَبَتِ لَا تَعْبُدِ الشَّيْطَانَ ۖ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ عَصِيًّا [19:44]

44\. Эй падарҷон, итоати шайтон макун ва бутҳоро мапараст, зеро шайтон Аллоҳи меҳрубонро фармонбаранда нест.

### الآية 19:45

> ﻿يَا أَبَتِ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يَمَسَّكَ عَذَابٌ مِنَ الرَّحْمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيْطَانِ وَلِيًّا [19:45]

45\. Эй падарҷон, метарсам, ки агар кофир бимирӣ, азобе аз ҷониби Аллоҳи меҳрубон
ба ту расад, пас ту дар дӯзах ҳамроҳи шайтон бошӣ! (1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/204.

### الآية 19:46

> ﻿قَالَ أَرَاغِبٌ أَنْتَ عَنْ آلِهَتِي يَا إِبْرَاهِيمُ ۖ لَئِنْ لَمْ تَنْتَهِ لَأَرْجُمَنَّكَ ۖ وَاهْجُرْنِي مَلِيًّا [19:46]

46\. Падараш гуфт: **«Эй Иброҳим, оё аз маъбудони ман рӯй мегардонӣ? Агар аз дашном додани маъбудони ман бознаистӣ, албатта, сангсорат мекунам. Ва дур шав аз ман муддати дуру дароз ва бо ман сӯҳбат макун!»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ. 5/234.

### الآية 19:47

> ﻿قَالَ سَلَامٌ عَلَيْكَ ۖ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي ۖ إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا [19:47]

47\. Иброҳим гуфт: **«Салом бар ту бод!(1) Аз Парвардигорам бароят ҳидоят ва омурзиш хоҳам хост. Албатта, Парвардигорам бар ман меҳрубон аст ва дуои манро қабул мекунад»**.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дар амон бошӣ, зараре бар ту намерасонам. Тафсири Табарӣ. 18/207.

### الآية 19:48

> ﻿وَأَعْتَزِلُكُمْ وَمَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَأَدْعُو رَبِّي عَسَىٰ أَلَّا أَكُونَ بِدُعَاءِ رَبِّي شَقِيًّا [19:48]

48\. Аз шумо ва аз он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ ибодат мекунед, канора мегирам ва Парвардигорамро холис дуо мекунам. Бошад, ки дар парастиши Парвардигорам ноумед ва ноком набошам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/491.

### الآية 19:49

> ﻿فَلَمَّا اعْتَزَلَهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ ۖ وَكُلًّا جَعَلْنَا نَبِيًّا [19:49]

49\. Пас чун аз онҳо ва он чи ҷуз Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, канора гирифт ва Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаро паёмбарӣ додем.

### الآية 19:50

> ﻿وَوَهَبْنَا لَهُمْ مِنْ رَحْمَتِنَا وَجَعَلْنَا لَهُمْ لِسَانَ صِدْقٍ عَلِيًّا [19:50]

50\. Ва раҳмати Хешро бар онҳо арзонӣ доштем ва ононро некӯном ва баландовоза гардонидем.

### الآية 19:51

> ﻿وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ مُوسَىٰ ۚ إِنَّهُ كَانَ مُخْلَصًا وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا [19:51]

51\. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон қиссаи Мӯсо алайҳиссаломро ёд кун. Ҳароина, вай бандаи мухлис ва фиристодашудаву паёмбар буд.

### الآية 19:52

> ﻿وَنَادَيْنَاهُ مِنْ جَانِبِ الطُّورِ الْأَيْمَنِ وَقَرَّبْنَاهُ نَجِيًّا [19:52]

52\. Ва Мӯсоро аз ҷониби рости кӯҳи Тӯр нидо кардем ва наздикаш сохтем, то бо ӯ роз гӯем. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин ояти карима далел аст бар исботи сифати каломи Аллоҳ, мувофиқ ба зоти муқаддаси Худаш аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 496.

### الآية 19:53

> ﻿وَوَهَبْنَا لَهُ مِنْ رَحْمَتِنَا أَخَاهُ هَارُونَ نَبِيًّا [19:53]

53\. Ва аз раҳмати худ ба бародараш Ҳорун паёмбарӣ бахшидем, то ӯро ёрӣ кунад.

### الآية 19:54

> ﻿وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِسْمَاعِيلَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صَادِقَ الْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا [19:54]

54\. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон хабари Исмоил алайҳиссаломро ёд кун. Ҳамоно ӯ дурустқавл (ростваъда)(1) ва фиристодашудаву паёмбар буд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Исмоил алайҳиссалом ба тамоми ваъдаҳои худ вафо кардааст, ҳатто ин ки ба марде ваъда додааст, ки то ту омаданат ман ин ҷо меистам ва он мард баъди се рӯз баъд омадааст ва ҳамаи ин муддат Исмоил алайҳиссалом ӯро мунтазир шуда истодааст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 237.

### الآية 19:55

> ﻿وَكَانَ يَأْمُرُ أَهْلَهُ بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ وَكَانَ عِنْدَ رَبِّهِ مَرْضِيًّا [19:55]

55\. Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд.

### الآية 19:56

> ﻿وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِدْرِيسَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا [19:56]

56\. Ва эй Паёмбар, дар ин Қуръон хабари Идрис алайҳиссаломро ёд кун. Ӯ ҳамоно бисёр росткирдор ва паёмбари бузурге буд.

### الآية 19:57

> ﻿وَرَفَعْنَاهُ مَكَانًا عَلِيًّا [19:57]

57\. Ва бардоштем ӯро ва зикрашро ба мақоми баланд дар ҳарду олам.

### الآية 19:58

> ﻿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ مِنْ ذُرِّيَّةِ آدَمَ وَمِمَّنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ وَمِنْ ذُرِّيَّةِ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْرَائِيلَ وَمِمَّنْ هَدَيْنَا وَاجْتَبَيْنَا ۚ إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُ الرَّحْمَٰنِ خَرُّوا سُجَّدًا وَبُكِيًّا ۩ [19:58]

58\. Онон паёмбароне буданд, ки Аллоҳ таоло неъмат барояшон арзонӣ дошт, аз зурриёти Одам ва аз фарзандони касе, ки бо Нӯҳ савори киштӣ кардем ва аз зурриёти Иброҳим ва Яъқуб ва аз зумраи касоне, ки ононро раҳнамуд карда ва баргузида будем. Ҳар гоҳ оёти Аллоҳи меҳрубон бар онон хонда мешуд, аз тарси Аллоҳ саҷдакунон ва гирён ба замин меафтоданд.

### الآية 19:59

> ﻿۞ فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ أَضَاعُوا الصَّلَاةَ وَاتَّبَعُوا الشَّهَوَاتِ ۖ فَسَوْفَ يَلْقَوْنَ غَيًّا [19:59]

59\. Пас аз ононе, ки ба онон инъом кардем, касоне ҷойнишини инҳо шуданд, ки намозро тарк карданд ё онро аз вақташ гузарониданд ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ мулоқӣ мешаванд ҷазои гумроҳиро ва дар ҷаҳаннам хоҳанд афтод,(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир. 5/245.

### الآية 19:60

> ﻿إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَأُولَٰئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلَا يُظْلَمُونَ شَيْئًا [19:60]

60\. магар касоне, ки тавба кунанд ва имон биёваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, пас онҳо вориди биҳишт мешаванд ва ҳеҷ ситаме намебинанд.

### الآية 19:61

> ﻿جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدَ الرَّحْمَٰنُ عِبَادَهُ بِالْغَيْبِ ۚ إِنَّهُ كَانَ وَعْدُهُ مَأْتِيًّا [19:61]

61\. Биҳиштҳои ҷовид, ки Аллоҳи меҳрубон дар ғайб (1)ба бандагони хеш ваъда кардааст ва ваъдаи Аллоҳ таъоло фаро хоҳад расид.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мӯъминон ҷаннатро нодида ба он бовар карданд. Тафсири Табарӣ. 18/220.

### الآية 19:62

> ﻿لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا إِلَّا سَلَامًا ۖ وَلَهُمْ رِزْقُهُمْ فِيهَا بُكْرَةً وَعَشِيًّا [19:62]

62\. Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд, ба ҷуз салом. Ва ризқу рӯзияшон ҳар субҳу шом омода аст.

### الآية 19:63

> ﻿تِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي نُورِثُ مِنْ عِبَادِنَا مَنْ كَانَ تَقِيًّا [19:63]

63\. Ин ҳамон биҳиштест, ки ба бандагонамон, ки парҳезгорӣ кардаанд, ато мекунем, ба сабаби пайравӣ карданашон амрҳоямонро ва парҳез карданашон аз чизҳои манъкардаи Мо.

### الآية 19:64

> ﻿وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمْرِ رَبِّكَ ۖ لَهُ مَا بَيْنَ أَيْدِينَا وَمَا خَلْفَنَا وَمَا بَيْنَ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا [19:64]

64\. Ва (бигӯ эй Ҷабраил ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), мо фариштагон фуруд намеоем аз осмон ба замин, магар ба амри Парвардигори ту. Хоси Ӯст илми он чи аз пеши мост (илми омадани қиёмат) ва илми он чи ақиби мост (он чи гузашт аз дунё) ва он чи байни дунё ва охират аст.
Ва Парвардигори ту ҳаргиз фаромӯшкор нест.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавй. 5/244.

### الآية 19:65

> ﻿رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَاعْبُدْهُ وَاصْطَبِرْ لِعِبَادَتِهِ ۚ هَلْ تَعْلَمُ لَهُ سَمِيًّا [19:65]

65\. Ӯст Парвардигор ва холиқи осмонҳову замин ва он чи миёни он ду ҳаст. Пас Ӯро ибодат кун ва дар ибодаташ босабр бош. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест на дар зот ва асмову сифоташ ва на дар корҳояш. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ. 18/226.

### الآية 19:66

> ﻿وَيَقُولُ الْإِنْسَانُ أَإِذَا مَا مِتُّ لَسَوْفَ أُخْرَجُ حَيًّا [19:66]

**66. Ва одами кофир(1) мегӯяд:**
**«Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1. Ҳар як кофире, ки ба зинда шудани баъд аз марг бовар надорад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.

### الآية 19:67

> ﻿أَوَلَا يَذْكُرُ الْإِنْسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ قَبْلُ وَلَمْ يَكُ شَيْئًا [19:67]

67\. Оё одами кофир ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд?

### الآية 19:68

> ﻿فَوَرَبِّكَ لَنَحْشُرَنَّهُمْ وَالشَّيَاطِينَ ثُمَّ لَنُحْضِرَنَّهُمْ حَوْلَ جَهَنَّمَ جِثِيًّا [19:68]

68\. Пас, қасам ба номи Парвардигорат эй паёмбар, албатта, он мункирони баъсро рӯзи қиёмат бо шайтонҳо ҷамъ меоварем, он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир карда ва ба зону мешинонем. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз тарси он рӯз наметавонанд рост истанд. Тафсири Саъдӣ. 1/ 498.

### الآية 19:69

> ﻿ثُمَّ لَنَنْزِعَنَّ مِنْ كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمْ أَشَدُّ عَلَى الرَّحْمَٰنِ عِتِيًّا [19:69]

69\. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Аллоҳи меҳрубон бештар гуноҳ ва саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем ва аввал ононро азоб мекунем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/489.

### الآية 19:70

> ﻿ثُمَّ لَنَحْنُ أَعْلَمُ بِالَّذِينَ هُمْ أَوْلَىٰ بِهَا صِلِيًّا [19:70]

70\. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем.

### الآية 19:71

> ﻿وَإِنْ مِنْكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا ۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتْمًا مَقْضِيًّا [19:71]

71\. Ва ҳеҷ як аз шумо эй одамон нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад(1) ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бар пӯли сироте, ки болои ҷаҳаннам аст. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.

### الآية 19:72

> ﻿ثُمَّ نُنَجِّي الَّذِينَ اتَّقَوْا وَنَذَرُ الظَّالِمِينَ فِيهَا جِثِيًّا [19:72]

72\. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону шинонда дар он ҷо вомегузорем.

### الآية 19:73

> ﻿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَيُّ الْفَرِيقَيْنِ خَيْرٌ مَقَامًا وَأَحْسَنُ نَدِيًّا [19:73]

73\. Чун оёти возеҳу равшани моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон гӯянд: **«Кадом яке аз ду гурӯҳ ҷойгоҳи беҳтар ва маҷлиси зеботаре доранд?»**

### الآية 19:74

> ﻿وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هُمْ أَحْسَنُ أَثَاثًا وَرِئْيًا [19:74]

74\. Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар, чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд.

### الآية 19:75

> ﻿قُلْ مَنْ كَانَ فِي الضَّلَالَةِ فَلْيَمْدُدْ لَهُ الرَّحْمَٰنُ مَدًّا ۚ حَتَّىٰ إِذَا رَأَوْا مَا يُوعَدُونَ إِمَّا الْعَذَابَ وَإِمَّا السَّاعَةَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ شَرٌّ مَكَانًا وَأَضْعَفُ جُنْدًا [19:75]

75\. Бигӯ эй Паёмбар: **«Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Аллоҳи меҳрубон ӯро мӯҳлат медиҳад»**, то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоби ин дунё ва ё вуқӯъи қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтар ва лашкараш заифтар ва нотавонтар аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ. 5/253.

### الآية 19:76

> ﻿وَيَزِيدُ اللَّهُ الَّذِينَ اهْتَدَوْا هُدًى ۗ وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ مَرَدًّا [19:76]

76\. Ва Аллоҳ бар ҳидояти онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд(1). ва назди Парвардигори ту подош ва оқибати кирдорҳои шоистае, ки боқӣ мондаанд, беҳтар аст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне имонашон зиёд мешавад. Тафсири Саъдӣ. 1/ 499.

### الآية 19:77

> ﻿أَفَرَأَيْتَ الَّذِي كَفَرَ بِآيَاتِنَا وَقَالَ لَأُوتَيَنَّ مَالًا وَوَلَدًا [19:77]

77\. Эй Паёмбар, оё он касеро(1), ки ба оёти Мо кофир шуд, дидй, ки мегуфт: **«Албатта, дар охират ба ман молу фарзанд дода хоҳад шуд!»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, Воил ибни Ос ва ҳар як кофире, ки ҳамақидаи уст. Тафсири Бағавӣ. 5/ 253.

### الآية 19:78

> ﻿أَطَّلَعَ الْغَيْبَ أَمِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا [19:78]

78\. Оё ӯ аз ғайб огоҳ шудааст, ки медонист дар охират барои ӯ молу фарзанд дода мешавад, ё аз Аллоҳи меҳрубон аҳду паймон гирифтааст?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/491.

### الآية 19:79

> ﻿كَلَّا ۚ سَنَكْتُبُ مَا يَقُولُ وَنَمُدُّ لَهُ مِنَ الْعَذَابِ مَدًّا [19:79]

79\. Ҳаргиз ин тавр нест чунончи, он кофир даъво мекунад. Он чӣ мегӯяд, хоҳем навишт ва албатта, дар охират азобашро хоҳем зиёд кард.

### الآية 19:80

> ﻿وَنَرِثُهُ مَا يَقُولُ وَيَأْتِينَا فَرْدًا [19:80]

80\. Ва боз пас гирем аз ӯ молу фарзандонашро ва меояд рӯзи қиёмат назди Мо яккаву танҳо.

### الآية 19:81

> ﻿وَاتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لِيَكُونُوا لَهُمْ عِزًّا [19:81]

81\. Ва мушрикон бар ивази Аллоҳ маъбудоне ихтиёр кардаанд, то сабаби пирӯзӣ ва иззаташон гарданд.

### الآية 19:82

> ﻿كَلَّا ۚ سَيَكْفُرُونَ بِعِبَادَتِهِمْ وَيَكُونُونَ عَلَيْهِمْ ضِدًّا [19:82]

82\. Ҳаргиз чунин нест. Балки ин бктон хкд мункир мешаванд дар охират парастиши маъбудони худро ва ба мухолифаташон (бар зидди онҳо) бархезанд.

### الآية 19:83

> ﻿أَلَمْ تَرَ أَنَّا أَرْسَلْنَا الشَّيَاطِينَ عَلَى الْكَافِرِينَ تَؤُزُّهُمْ أَزًّا [19:83]

83\. Оё надидаи эй Паёмбар, ки Мо шаётинро ба сӯйи кофирон фиристодем, то онҳоро барои гуноҳ кардан сахт васваса кунанд. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/500.

### الآية 19:84

> ﻿فَلَا تَعْجَلْ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّمَا نَعُدُّ لَهُمْ عَدًّا [19:84]

84\. Пас, ту эй Паёмбар, бар зидди онон шитоб макун, ки чаро зудтар азоб карда намешаванд. Ҳамоно Мо умрҳояшон ва аъмолашонро ба диққат мешуморем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бпғавӣ. 5/255.

### الآية 19:85

> ﻿يَوْمَ نَحْشُرُ الْمُتَّقِينَ إِلَى الرَّحْمَٰنِ وَفْدًا [19:85]

85\. Рӯзе, ки парҳезгоронро зинда мекунем ва савора ва бо иззату эҳтиром ба сӯйи Аллоҳи меҳрубон равона месозем.

### الآية 19:86

> ﻿وَنَسُوقُ الْمُجْرِمِينَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وِرْدًا [19:86]

86\. Ва гунаҳкоронро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам мегуселонем.

### الآية 19:87

> ﻿لَا يَمْلِكُونَ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَنِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا [19:87]

87\. Аз шафоъат кардан бенасибанд, магар он кас, ки бо Аллоҳи Раҳмон паймоне баста бошад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне мӯъминон. Тафсири Бағавӣ. 5/ 255.

### الآية 19:88

> ﻿وَقَالُوا اتَّخَذَ الرَّحْمَٰنُ وَلَدًا [19:88]

88\. Гуфтанд кофирон: **«Аллоҳи меҳрубон фарзанде баргирифтааст»**.

### الآية 19:89

> ﻿لَقَدْ جِئْتُمْ شَيْئًا إِدًّا [19:89]

89\. Ба ростӣ сухани бисёр зишт дар миён овардед.

### الآية 19:90

> ﻿تَكَادُ السَّمَاوَاتُ يَتَفَطَّرْنَ مِنْهُ وَتَنْشَقُّ الْأَرْضُ وَتَخِرُّ الْجِبَالُ هَدًّا [19:90]

90\. Қариб аст, ки аз ин сухани зишт осмонҳо пора-пора ва замин сӯрох шавад ва кӯҳҳо бо шиддат дар ҳам фурӯ резанд.

### الآية 19:91

> ﻿أَنْ دَعَوْا لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدًا [19:91]

91\. Ба сабаби он, ки барои Аллоҳи меҳрубон фарзанде нисбат медиҳанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аллоҳ таоло аз ин гуфтаҳо пок аст.

### الآية 19:92

> ﻿وَمَا يَنْبَغِي لِلرَّحْمَٰنِ أَنْ يَتَّخِذَ وَلَدًا [19:92]

92\. Ва барои Аллоҳи меҳрубон сазовор нест, ки фарзанде бигирад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зеро, ки гирифтани фарзанд дадолат ба камбудӣ ва муҳтоҷӣ мекунад ва Аллоҳ таоло ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест, Ӯ таоло бениёз ва сутуда аст. Тафсири Саъдӣ 1/501.

### الآية 19:93

> ﻿إِنْ كُلُّ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ إِلَّا آتِي الرَّحْمَٰنِ عَبْدًا [19:93]

93\. Ҳеҷ касе дар осмонҳо аз малоикаҳо ва замин аз инсу ҷин нест, магар он ки ба бандагӣ рӯзи қиёмат ба сӯйи Аллоҳи меҳрубон хору сархам биёяд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ. 1/501.

### الآية 19:94

> ﻿لَقَدْ أَحْصَاهُمْ وَعَدَّهُمْ عَدًّا [19:94]

94\. Абатта, Ӯ таъоло ҳамаи халқро ҳисоб карда ва як-як шумурдааст ва ададашонро медонад.

### الآية 19:95

> ﻿وَكُلُّهُمْ آتِيهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَرْدًا [19:95]

95\. Ва ҳамаашон дар рӯзи қиёмат яккаву танҳо назди Ӯ меоянд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бе молу фарзанд. Тафсири Саъдӣ...

### الآية 19:96

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمَٰنُ وُدًّا [19:96]

96\. Бегумон касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Аллоҳ таоло барои онҳо муҳаббате қарор хоҳад дод.

### الآية 19:97

> ﻿فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لِتُبَشِّرَ بِهِ الْمُتَّقِينَ وَتُنْذِرَ بِهِ قَوْمًا لُدًّا [19:97]

97\. Дар ҳақиқат мо ин Қуръонро ба забони ту эй Паёмбар, ки араб ҳастӣ, осон кардем, то парҳезгоронро ба ризо ва неъмати Аллоҳи меҳрубон мужда диҳӣ ва саркашонро, ки душмани ҳақ ва тарафдори ботил ҳастанд,
аз нохушнудӣ ва азоби дардноки Аллоҳ битарсонӣ.

### الآية 19:98

> ﻿وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هَلْ تُحِسُّ مِنْهُمْ مِنْ أَحَدٍ أَوْ تَسْمَعُ لَهُمْ رِكْزًا [19:98]

98\. Ва чӣ бисёр аз умматони гузаштаро пеш аз қавмат ҳалок кардаем. Оё ҳеҷ як аз онҳоро мебинӣ ё ҳатто андак овозе аз онҳо мешунавӣ?

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/19.md)
- [كل تفاسير سورة مريم
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/19.md)
- [ترجمات سورة مريم
](https://quranpedia.net/translations/19.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/19/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
