---
title: "ترجمة سورة الأنبياء - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/21/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/21/book/1985"
surah_id: "21"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الأنبياء - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/21/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الأنبياء - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/21/book/1985*.

Translation of Surah الأنبياء from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 21:1

> اقْتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمْ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ مُعْرِضُونَ [21:1]

1\. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва он кофирон бо вуҷуди ин ҳам дар ғафлат рӯйгардонанд.

### الآية 21:2

> ﻿مَا يَأْتِيهِمْ مِنْ ذِكْرٍ مِنْ رَبِّهِمْ مُحْدَثٍ إِلَّا اسْتَمَعُوهُ وَهُمْ يَلْعَبُونَ [21:2]

2.Аз сӯйи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.

### الآية 21:3

> ﻿لَاهِيَةً قُلُوبُهُمْ ۗ وَأَسَرُّوا النَّجْوَى الَّذِينَ ظَلَمُوا هَلْ هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ ۖ أَفَتَأْتُونَ السِّحْرَ وَأَنْتُمْ تُبْصِرُونَ [21:3]

3\. Дар ҳоле ки дилҳояшон аз Қуръон дар ғафлатаст ва ба шаҳватҳои дунё машғул шудаанд. Ва он ситамкорони Қурайш сар ба гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: **«Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост?(1) Оё бо он ки ба чашми худ ҳақиқатро мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бо ин гуфтор мехостанд, ки мардумро аз имон овардан ба Муҳаммад саллаллоҳу адайҳи ва саллам боздоранд. Тафсири Ибни Касир. 5\\332.

### الآية 21:4

> ﻿قَالَ رَبِّي يَعْلَمُ الْقَوْلَ فِي السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ ۖ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ [21:4]

4\. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гфт: «Парвардигори ман ҳар суханеро, ки дар осмону замин бошад медонад ва
Ӯ шунаво аст ба гуфтори шумо ва доно аст бар ҳоли шумо».

### الآية 21:5

> ﻿بَلْ قَالُوا أَضْغَاثُ أَحْلَامٍ بَلِ افْتَرَاهُ بَلْ هُوَ شَاعِرٌ فَلْيَأْتِنَا بِآيَةٍ كَمَا أُرْسِلَ الْأَوَّلُونَ [21:5]

5\. Балки кофирон гуфтанд: **«Ин Қуръон хобҳои парешон аст ё ки гӯянд (Муҳаммад) аз назди худ дурӯғ бастааст, балки гӯянд ӯ шоирест. Ва агар бихоҳад, ки мо ӯро тасдиқ намоем, пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ба монанди шутури Солеҳ ва нишонаҳое, ки ба Мӯсо ва Исо алайҳимуссалом дода шуда буд. Тафсири Саъдӣ. 1 \\518

### الآية 21:6

> ﻿مَا آمَنَتْ قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا ۖ أَفَهُمْ يُؤْمِنُونَ [21:6]

6\. Пеш аз онҳо (яъне кофирони Макка) мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо (кофирони Макка) имон меоваранд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5\\311

### الآية 21:7

> ﻿وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ ۖ فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ [21:7]

7\. Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои ахли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз ин оят чунин қоъида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили дини нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441

### الآية 21:8

> ﻿وَمَا جَعَلْنَاهُمْ جَسَدًا لَا يَأْكُلُونَ الطَّعَامَ وَمَا كَانُوا خَالِدِينَ [21:8]

8\. Ва Мо Паёмбаронро ба сурати ҷасадҳое, ки таом нахӯранд, наофаридаем ва онҳо ҷовидона ҳам набуданд.

### الآية 21:9

> ﻿ثُمَّ صَدَقْنَاهُمُ الْوَعْدَ فَأَنْجَيْنَاهُمْ وَمَنْ نَشَاءُ وَأَهْلَكْنَا الْمُسْرِفِينَ [21:9]

9\. Сипас ваъдаи хешро дар ҳаққи онҳо рост гардонидем(1) ва онҳову ҳар касро, ки хостем, наҷот додем ва аз ҳад гузарандагонро (яъне мушриконро) ҳалок кардем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ваъда додем онҳоро бо ҳалок кардани душманонашон. Бағавӣ 5\\311

### الآية 21:10

> ﻿لَقَدْ أَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ كِتَابًا فِيهِ ذِكْرُكُمْ ۖ أَفَلَا تَعْقِلُونَ [21:10]

10\. Ба дурустӣ, китобе (Қуръон) барои шумо нозил кардаем, ки дар он иззат ва шарафи шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед чӣ ба шумо нафъ меоварад ва чӣ зарар?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\519

### الآية 21:11

> ﻿وَكَمْ قَصَمْنَا مِنْ قَرْيَةٍ كَانَتْ ظَالِمَةً وَأَنْشَأْنَا بَعْدَهَا قَوْمًا آخَرِينَ [21:11]

11\. Ва чӣ бисёр аҳолии ободиҳоеро, ки ситам карда буданд, ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуми дигаре аз нав пайдо кардем.

### الآية 21:12

> ﻿فَلَمَّا أَحَسُّوا بَأْسَنَا إِذَا هُمْ مِنْهَا يَرْكُضُونَ [21:12]

12\. Чун ситамкорон азоби моро диданд, ногаҳон онҳо аз он ҷо мегурехтанд.

### الآية 21:13

> ﻿لَا تَرْكُضُوا وَارْجِعُوا إِلَىٰ مَا أُتْرِفْتُمْ فِيهِ وَمَسَاكِنِكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْأَلُونَ [21:13]

13\. Пас ба онон нидо карда шавад. Магурезед ва ба сӯйи маконе, ки дар он ба шумо осудагӣ дода шуд ва ба сӯйи хонаҳои хеш, ки ба он фахр мекардед бозгардед, то бувад, ки пурсида шавед
аз дунёатон чизеро! Ин нидо барои истеҳзо гуфта мешавад, чунки вақт тамом шуд ва азоби Аллоҳ онҳоро фаро гирифт.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тасири Бағавӣ 5\\312

### الآية 21:14

> ﻿قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ [21:14]

14\. Он замон ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтанд: **«Вой бар ҳоли мо, албатта, мо ситамкор будем!»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\520

### الآية 21:15

> ﻿فَمَا زَالَتْ تِلْكَ دَعْوَاهُمْ حَتَّىٰ جَعَلْنَاهُمْ حَصِيدًا خَامِدِينَ [21:15]

15\. Ва пайваста ин фарёди онҳо хоҳад буд, то ин ки онҳоро монанди гиёҳони даравшуда мегардонем.

### الآية 21:16

> ﻿وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاءَ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ [21:16]

16\. Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем. Балки бар шумо хуҷҷате гардондем, то шумо панд бигиред ва бидонед, ки он Зоте, ки биёфарид инҳоро, чизе Ӯро монанд нест ва ибодат ҷуз барои Ӯ ба дигар кас шоиста нест.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\419

### الآية 21:17

> ﻿لَوْ أَرَدْنَا أَنْ نَتَّخِذَ لَهْوًا لَاتَّخَذْنَاهُ مِنْ لَدُنَّا إِنْ كُنَّا فَاعِلِينَ [21:17]

17\. Агар мехостем, ки бозичае бигирем, (яъне мехостем, ки ҳамсар ё фарзанде бигирем) қатъан, чизе муносиби худ интихоб мекардем, агар анҷомдиҳандаи ин кор мебудем. Вале ин корро намекунем, зеро Аллоҳ ба ҳамсар ва фарзанд муҳтоҷ нест.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\420

### الآية 21:18

> ﻿بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْبَاطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٌ ۚ وَلَكُمُ الْوَيْلُ مِمَّا تَصِفُونَ [21:18]

18\. Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ба ногоҳ ботил нобуд мешавад. Ва вой бар шумо эй мушрикон, аз он чи ба Аллоҳ нисбат медиҳед.

### الآية 21:19

> ﻿وَلَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَمَنْ عِنْدَهُ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ [21:19]

19\. Аз они Ӯст, ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва фариштагоне, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва хаста намешаванд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас, чӣ гуна ҷоиз мешавад, ки аз офаридаҳояш чизеро ба Ӯ шарик оварда шавад. Тафсири Саъдӣ 1\\520

### الآية 21:20

> ﻿يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ [21:20]

20\. Ҳамеша шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд; сустӣ намеварзанд.

### الآية 21:21

> ﻿أَمِ اتَّخَذُوا آلِهَةً مِنَ الْأَرْضِ هُمْ يُنْشِرُونَ [21:21]

21\. Оё мушрикон дар замин маъбудонеро гирифтаанд, ки мурдагонро аз гӯр бармеангезанд?

### الآية 21:22

> ﻿لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا ۚ فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ [21:22]

22\. Агар дар замину осмон маъбудоне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (яъне, замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ, Парвардигори Арш аст, аз ҳар чи ба Ӯ сифат мекунанд, пок аст.

### الآية 21:23

> ﻿لَا يُسْأَلُ عَمَّا يَفْعَلُ وَهُمْ يُسْأَلُونَ [21:23]

23\. Аллоҳ таоло аз он чи ки ҳукм мекунад,
пурсида намешавад ва ҳамаи онҳо аз гуфтору кирдорашон пурсида мешаванд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\521

### الآية 21:24

> ﻿أَمِ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ آلِهَةً ۖ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ ۖ هَٰذَا ذِكْرُ مَنْ مَعِيَ وَذِكْرُ مَنْ قَبْلِي ۗ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ الْحَقَّ ۖ فَهُمْ مُعْرِضُونَ [21:24]

24\. Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: **«Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта»**, балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 5\\337

### الآية 21:25

> ﻿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ [21:25]

25\. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман маъбуди барҳақ нест. Пас, ба ихлос Маро бипарастед.

### الآية 21:26

> ﻿وَقَالُوا اتَّخَذَ الرَّحْمَٰنُ وَلَدًا ۗ سُبْحَانَهُ ۚ بَلْ عِبَادٌ مُكْرَمُونَ [21:26]

26\. Ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳи меҳрубон фарзанд ихтиёр кардааст,(1) пок аст Ӯ. Балки онон (фариштагон дар назди Аллоҳ) бандагоне гиромӣ ҳастанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мепиндоранд, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.

### الآية 21:27

> ﻿لَا يَسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَهُمْ بِأَمْرِهِ يَعْمَلُونَ [21:27]

27\. Дар сухан гуфтан бар Аллоҳ пешдастӣ намекунанд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.

### الآية 21:28

> ﻿يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يَشْفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ارْتَضَىٰ وَهُمْ مِنْ خَشْيَتِهِ مُشْفِقُونَ [21:28]

28\. Аллоҳ медонад ҳар чи дар баробари фариштагон аст ва ҳар чи пушти сари онҳост(1). Ва онон шафъоат намекунанд, магар барои касе, ки Аллоҳ аз ӯ хушнуд шудааст ва аз тарси Ӯ ҳаросонанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, аъмоли гузашта ва ҳоли гузаштаи онҳоро медонад.

### الآية 21:29

> ﻿۞ وَمَنْ يَقُلْ مِنْهُمْ إِنِّي إِلَٰهٌ مِنْ دُونِهِ فَذَٰلِكَ نَجْزِيهِ جَهَنَّمَ ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ [21:29]

29\. Ҳар кас аз онҳо
(фариштагон), ки бигӯяд: **«Ман ғайри Ӯ Аллоҳи барҳақам»**, ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.

### الآية 21:30

> ﻿أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا ۖ وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ ۖ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ [21:30]

30\. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем(1). Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем. 2. Тафсири Саъдӣ 1\\522

### الآية 21:31

> ﻿وَجَعَلْنَا فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَنْ تَمِيدَ بِهِمْ وَجَعَلْنَا فِيهَا فِجَاجًا سُبُلًا لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ [21:31]

31\. Ва бар рӯи замин кӯҳҳои устувор биёфаридем, то замин қарор гирад ва онҳоро наларзонад. Ва дар миёни он кӯҳҳо роҳҳои кушоде ба вуҷуд овардем, то бувад, ки онҳо роҳ биёбанд.

### الآية 21:32

> ﻿وَجَعَلْنَا السَّمَاءَ سَقْفًا مَحْفُوظًا ۖ وَهُمْ عَنْ آيَاتِهَا مُعْرِضُونَ [21:32]

32\. Ва осмонро сақфе барои замин бе сутун нигоҳдошташуда сохтем ва боз ҳам кофирон
аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд, монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\522

### الآية 21:33

> ﻿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ ۖ كُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ [21:33]

33\. Ва Ӯст он Аллоҳе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро биёфарид, ки ҳар яке дар мадори муайяне шино мекунанд,

### الآية 21:34

> ﻿وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِنْ قَبْلِكَ الْخُلْدَ ۖ أَفَإِنْ مِتَّ فَهُمُ الْخَالِدُونَ [21:34]

34\. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Оё агар ту бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин оят ҳуҷҷат аст бар ботид будани сухани касоне, ки мепиндоранд Хизр алайҳиссадом зиндааст.Тафсири Саъдӣ 1 \\ 523

### الآية 21:35

> ﻿كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَنَبْلُوكُمْ بِالشَّرِّ وَالْخَيْرِ فِتْنَةً ۖ وَإِلَيْنَا تُرْجَعُونَ [21:35]

35\. Ва ҳар инсоне мазаи маргро мечашад ва шуморо ба тариқи имтиҳон ба сахтию осудагӣ гирифтор мекунем ва ба сӯи Мо барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.

### الآية 21:36

> ﻿وَإِذَا رَآكَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا الَّذِي يَذْكُرُ آلِهَتَكُمْ وَهُمْ بِذِكْرِ الرَّحْمَٰنِ هُمْ كَافِرُونَ [21:36]

36\. (Эй Расул), чун кофирон туро бубинанд, ҷуз ба тамасхур туро наменигаранд ва бо ҳамдигар мегӯянд:
«Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ
ёд мекунад?» Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд.

### الآية 21:37

> ﻿خُلِقَ الْإِنْسَانُ مِنْ عَجَلٍ ۚ سَأُرِيكُمْ آيَاتِي فَلَا تَسْتَعْجِلُونِ [21:37]

37\. Одамӣ, шитобкор офарида шудааст. Ва қурайшиҳо саркашона ба фуруд омадани азоб шитоб намуданд, вале Аллоҳ таоло бимашон карда фармуд: Зуд аст, ки оёти (азоби) худро ба шумо нишон хоҳам дод. Пас шитоб макунед.

### الآية 21:38

> ﻿وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ [21:38]

38\. Ва кофирон масхара карда мегӯянд: **«Агар рост мегӯед, пас он ваъдаи азоб куҷост?»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\444

### الآية 21:39

> ﻿لَوْ يَعْلَمُ الَّذِينَ كَفَرُوا حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَنْ وُجُوهِهِمُ النَّارَ وَلَا عَنْ ظُهُورِهِمْ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ [21:39]

39\. Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро медонистанд, ки оташро аз рӯи хеш ва аз пушти хеш боздошта наметавонанд ва ба
онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина, бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар
зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\445

### الآية 21:40

> ﻿بَلْ تَأْتِيهِمْ بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ [21:40]

40\. Балки азоби рӯзи қиёмат ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва онро дафъ карда натавонанд ва барояшон мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд.

### الآية 21:41

> ﻿وَلَقَدِ اسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِنْ قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُوا مِنْهُمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ [21:41]

41\. Ба дурустӣ, паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.

### الآية 21:42

> ﻿قُلْ مَنْ يَكْلَؤُكُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ مِنَ الرَّحْمَٰنِ ۗ بَلْ هُمْ عَنْ ذِكْرِ رَبِّهِمْ مُعْرِضُونَ [21:42]

42\. (Эй Расул), барои онон бигӯ, ки шитоб мекунанд дар азоб: **«Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз азобу қаҳри Аллоҳи меҳрубон нигоҳ медорад?»** Балки онҳо аз ёд кардани Парвардигорашон ва Қуръон рӯйгардонанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5\\320

### الآية 21:43

> ﻿أَمْ لَهُمْ آلِهَةٌ تَمْنَعُهُمْ مِنْ دُونِنَا ۚ لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَ أَنْفُسِهِمْ وَلَا هُمْ مِنَّا يُصْحَبُونَ [21:43]

43\. Оё барои мушрикон маъбудоне ҳастанд ғайри мо, ки муҳофизат мекунанд онҳоро аз мусибатҳо, ҳол он ки худро ёрӣ дода наметавонанд, пас чӣ гуна пайравонашонро ёрӣ медиҳанд? Ва онҳо аз азоби Мо маҳфуз намемонанд.

### الآية 21:44

> ﻿بَلْ مَتَّعْنَا هَٰؤُلَاءِ وَآبَاءَهُمْ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ ۗ أَفَلَا يَرَوْنَ أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنْقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا ۚ أَفَهُمُ الْغَالِبُونَ [21:44]

44\. Балки Мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то муддати умрашон дароз шуд. Вале кофирон бо молу фарзанд ва ҳаёти дарозашон мағрур шуда бар куфрашон боқӣ монданд ва гӯё, ки азоб дода намешаванд. Оё ин мушрикон, ки шитоби азоби Аллоҳ мекунанд намебинанд, ки Мо пайваста ба суроғи сарзамини куфр меоем, ки онро аз атроф ва доманаҳояш мекоҳем? Оё онҳо пирӯзанд ё Мо?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\449

### الآية 21:45

> ﻿قُلْ إِنَّمَا أُنْذِرُكُمْ بِالْوَحْيِ ۚ وَلَا يَسْمَعُ الصُّمُّ الدُّعَاءَ إِذَا مَا يُنْذَرُونَ [21:45]

45\. Бигӯ эй Расул барои он гуяндгоне, ки аз ту талаб мекунанд, то барояшон нишонае биёварӣ: **«Ман шуморо бо ваҳй (Қуръон) бим медиҳам»**, вале одамони карро (яъне кофирон) чун бим диҳанд, садоро намешунав анд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\449

### الآية 21:46

> ﻿وَلَئِنْ مَسَّتْهُمْ نَفْحَةٌ مِنْ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ [21:46]

46\. Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо (кофирон) бирасад, бар гуноҳи худ иқрор шаванд ва хоҳанд гуфт: **«Вой бар мо, ба дурустӣ, ки мо ситамкор будаем!»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5/321

### الآية 21:47

> ﻿وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا ۖ وَإِنْ كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا ۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَاسِبِينَ [21:47]

47\. Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни
як хардал(1) ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Донаи сипандон (ҳазориспанд)

### الآية 21:48

> ﻿وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَىٰ وَهَارُونَ الْفُرْقَانَ وَضِيَاءً وَذِكْرًا لِلْمُتَّقِينَ [21:48]

48\. Ва ба дурустӣ, ки ба Мӯсо ва Ҳорун ҳуҷҷат ва нусрате додем бар ғолиб омадани душманашон ва низ китоби (Тавротро) додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва он равшаниву панд аст барои парҳезгорон.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5\\322

### الآية 21:49

> ﻿الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ بِالْغَيْبِ وَهُمْ مِنَ السَّاعَةِ مُشْفِقُونَ [21:49]

49\. Онон, ки аз Аллоҳи хеш ғоибона метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.

### الآية 21:50

> ﻿وَهَٰذَا ذِكْرٌ مُبَارَكٌ أَنْزَلْنَاهُ ۚ أَفَأَنْتُمْ لَهُ مُنْكِرُونَ [21:50]

50\. Ва ин Қуръоне, ки нозил кардаем бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он пандест барои касе, ки панд мегирад ва амал ба он мекунад ва бисёр фоидаовару бобаракат аст. Оё шумо мункири он ҳастед?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\454

### الآية 21:51

> ﻿۞ وَلَقَدْ آتَيْنَا إِبْرَاهِيمَ رُشْدَهُ مِنْ قَبْلُ وَكُنَّا بِهِ عَالِمِينَ [21:51]

51\. Ва ба таҳқиқ Мо пеш аз ин додем ба Иброҳим ҳидоят ва роҳёбиашро, ки мардумро ба он даъват намуд ва ба аҳволи ӯ доно будем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\525

### الآية 21:52

> ﻿إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا هَٰذِهِ التَّمَاثِيلُ الَّتِي أَنْتُمْ لَهَا عَاكِفُونَ [21:52]

52\. Он гоҳ ки ба падараш ва қавмаш гуфт: **«Ин бутҳое, ки худ сохтаед ва парастиши онҳоро лозим гирифтаед, чистанд?»**

### الآية 21:53

> ﻿قَالُوا وَجَدْنَا آبَاءَنَا لَهَا عَابِدِينَ [21:53]

53\. Гуфтанд: **«Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд»**.

### الآية 21:54

> ﻿قَالَ لَقَدْ كُنْتُمْ أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ [21:54]

54\. Иброҳим барояшон гуфт: **«Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед»**.

### الآية 21:55

> ﻿قَالُوا أَجِئْتَنَا بِالْحَقِّ أَمْ أَنْتَ مِنَ اللَّاعِبِينَ [21:55]

55\. Гуфтанд: **«Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё аз касони шӯхикунандаву бозингар ҳастӣ?»**

### الآية 21:56

> ﻿قَالَ بَلْ رَبُّكُمْ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا عَلَىٰ ذَٰلِكُمْ مِنَ الشَّاهِدِينَ [21:56]

56\. Иброҳим барояшон гуфт: «Балки ҳақро овардаам ва шуморо даъват ба ибодати Вай мекунам, балки Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он зотест, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\456

### الآية 21:57

> ﻿وَتَاللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصْنَامَكُمْ بَعْدَ أَنْ تُوَلُّوا مُدْبِرِينَ [21:57]

57\. Ва ба Аллоҳ савганд, баъде ки шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».

### الآية 21:58

> ﻿فَجَعَلَهُمْ جُذَاذًا إِلَّا كَبِيرًا لَهُمْ لَعَلَّهُمْ إِلَيْهِ يَرْجِعُونَ [21:58]

58\. Пас Иброҳим онҳоро пора-пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, ки қавмаш ба сӯйи ӯ руҷӯъ кунанд ва аз ӯ бипурсанд, то ҷавоб додан натавонад ва гумроҳиашон баён гардад ва ҳуҷҷат бар онҳо барпо шавад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\526

### الآية 21:59

> ﻿قَالُوا مَنْ فَعَلَ هَٰذَا بِآلِهَتِنَا إِنَّهُ لَمِنَ الظَّالِمِينَ [21:59]

59\. Қавми Иброҳим гуфтанд: **«чӣ касе ба маъбудони мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»**

### الآية 21:60

> ﻿قَالُوا سَمِعْنَا فَتًى يَذْكُرُهُمْ يُقَالُ لَهُ إِبْرَاهِيمُ [21:60]

60\. Касоне, ки шунида буданд Иброҳим савганд ёд кардааст ва ба бутҳояшон чорае мебинад, гуфтанд: **«Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим ба бадӣ аз онҳо сухан мегуфтааст»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 5/349

### الآية 21:61

> ﻿قَالُوا فَأْتُوا بِهِ عَلَىٰ أَعْيُنِ النَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَشْهَدُونَ [21:61]

61\. Сардорони қавм гуфтанд: **«Иброҳимро ба назди мардум биёваред, то бошад, ки онҳо шаҳодат диҳанд»**.

### الآية 21:62

> ﻿قَالُوا أَأَنْتَ فَعَلْتَ هَٰذَا بِآلِهَتِنَا يَا إِبْرَاهِيمُ [21:62]

62.Гуфтанд: **«Эй Иброҳим, оё ту бо маъбудони мо чунин кардаӣ?»**

### الآية 21:63

> ﻿قَالَ بَلْ فَعَلَهُ كَبِيرُهُمْ هَٰذَا فَاسْأَلُوهُمْ إِنْ كَانُوا يَنْطِقُونَ [21:63]

63.Иброҳим гуфт: **«Балки бути бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»**.

### الآية 21:64

> ﻿فَرَجَعُوا إِلَىٰ أَنْفُسِهِمْ فَقَالُوا إِنَّكُمْ أَنْتُمُ الظَّالِمُونَ [21:64]

64\. Чун гумроҳиашон зоҳир шуд
**бо худ омаданд ва гуфтанд:**
«Бегумон шумо худ ситамкор
ҳастед».

### الآية 21:65

> ﻿ثُمَّ نُكِسُوا عَلَىٰ رُءُوسِهِمْ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا هَٰؤُلَاءِ يَنْطِقُونَ [21:65]

65\. Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ
доштанд ва боз ба саркашии
худ бозгашта гуфтанд: «Ту
худ медонӣ, ки инҳо сухан
намегӯянд».

### الآية 21:66

> ﻿قَالَ أَفَتَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنْفَعُكُمْ شَيْئًا وَلَا يَضُرُّكُمْ [21:66]

66\. Иброҳим барояшон
гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ
чизеро мепарастед, ки
шуморо на фоида мерасонад,
на зиён?

### الآية 21:67

> ﻿أُفٍّ لَكُمْ وَلِمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ أَفَلَا تَعْقِلُونَ [21:67]

67\. Вой бар шумо ва вой бар чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед. Оё хирад намеварзед?

### الآية 21:68

> ﻿قَالُوا حَرِّقُوهُ وَانْصُرُوا آلِهَتَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ فَاعِلِينَ [21:68]

68\. Чун ҳақ зоҳир шуд ва ҳуҷҷаташон ботил гашт,
гуфтанд: **«Агар мехоҳед коре бикунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудони худро нусрат диҳед»**.

### الآية 21:69

> ﻿قُلْنَا يَا نَارُ كُونِي بَرْدًا وَسَلَامًا عَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ [21:69]

69\. Гуфтем: «Эй оташ, бар
Иброҳим сард ва саломат
бош!»(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас, Иброҳим на зарар дид ва на осеб.

### الآية 21:70

> ﻿وَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَخْسَرِينَ [21:70]

70\. Қавмаш мехостанд
барои Иброҳим макре
бияндешанд, вале Мо онҳоро
зиёнкортарини мардум
намудем

### الآية 21:71

> ﻿وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا لِلْعَالَمِينَ [21:71]

71\. Ва наҷот додем Иброҳим ва Лутро аз душманашон Намруд ва қавмаш аз сарзамини Ироқ ба сӯйи сарзамини Шом, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\468

### الآية 21:72

> ﻿وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ نَافِلَةً ۖ وَكُلًّا جَعَلْنَا صَالِحِينَ [21:72]

72\. Ва ба Иброҳим Исҳоқро ва илова бар он наберае, чун Яъқубро бахшидем.
Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.

### الآية 21:73

> ﻿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَإِقَامَ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءَ الزَّكَاةِ ۖ وَكَانُوا لَنَا عَابِدِينَ [21:73]

73\. Ва ҳама Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқубро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

### الآية 21:74

> ﻿وَلُوطًا آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْقَرْيَةِ الَّتِي كَانَتْ تَعْمَلُ الْخَبَائِثَ ۗ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَاسِقِينَ [21:74]

74\. Ва ба Лут ҳукму илм додем ва ӯро аз деҳае (Садум),
ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Ҳароина, ба сабаби анҷом додани корҳои нопок ва мункар онҳо мардуми баду фосиқ буданд!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5\\331

### الآية 21:75

> ﻿وَأَدْخَلْنَاهُ فِي رَحْمَتِنَا ۖ إِنَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ [21:75]

75\. Лутро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки албатта, ӯ аз шоистагон буд.

### الآية 21:76

> ﻿وَنُوحًا إِذْ نَادَىٰ مِنْ قَبْلُ فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ [21:76]

76\. Ва Нӯҳро ёд кун эй Расул, ки пеш аз ту ва пеш аз Иброҳиму Лут, Моро нидо кард. Пас, дуои ӯро қабул кардем ва ӯ ва хонадонашро аз ранҷи бузург наҷот додем.

### الآية 21:77

> ﻿وَنَصَرْنَاهُ مِنَ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ [21:77]

77\. Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Ҳамоно онон мардуми бад буданд, пас Мо ҳамаро ғарқ сохтем.

### الآية 21:78

> ﻿وَدَاوُودَ وَسُلَيْمَانَ إِذْ يَحْكُمَانِ فِي الْحَرْثِ إِذْ نَفَشَتْ فِيهِ غَنَمُ الْقَوْمِ وَكُنَّا لِحُكْمِهِمْ شَاهِدِينَ [21:78]

78\. Ва Довуду Сулаймонро ёд кун эй Расул, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони қавме шабона ба киштзори дигаре даромада дар он
ҷо чарида киштзорашро талаф доданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Пас Довуд ҳукм кард: гӯсфандоне, ки киштзорро талаф додаанд, ба соҳиби замин дода шавад. Аммо Сулаймон ҳукми дуруст кард, ки соҳибони гӯсфандон, гусфандонро ба соҳиби киштзор медиҳад ва аз насли он ва пашми он ва аз шири он истифода мебарад, то баробар шудани қимати кишт, баъд аз он соҳибони гӯсфандон гӯсфандонро мегиранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\528

### الآية 21:79

> ﻿فَفَهَّمْنَاهَا سُلَيْمَانَ ۚ وَكُلًّا آتَيْنَا حُكْمًا وَعِلْمًا ۚ وَسَخَّرْنَا مَعَ دَاوُودَ الْجِبَالَ يُسَبِّحْنَ وَالطَّيْرَ ۚ وَكُنَّا فَاعِلِينَ [21:79]

79\. Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илме додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ (Довуд) тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

### الآية 21:80

> ﻿وَعَلَّمْنَاهُ صَنْعَةَ لَبُوسٍ لَكُمْ لِتُحْصِنَكُمْ مِنْ بَأْسِكُمْ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ شَاكِرُونَ [21:80]

80\. Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад.
То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Пас, оё неъматеро, ки Аллоҳ таоло ба шумо арзонӣ кард ба воситаи бандааш Довуд алайҳиссалом, шукркунанда ҳастед?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\528

### الآية 21:81

> ﻿وَلِسُلَيْمَانَ الرِّيحَ عَاصِفَةً تَجْرِي بِأَمْرِهِ إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا ۚ وَكُنَّا بِكُلِّ شَيْءٍ عَالِمِينَ [21:81]

81\. Ва барои Сулаймон тундбодро фармонбардор кардем, ки ба амри ӯ ба сӯйи сарзамини (Шом), ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.

### الآية 21:82

> ﻿وَمِنَ الشَّيَاطِينِ مَنْ يَغُوصُونَ لَهُ وَيَعْمَلُونَ عَمَلًا دُونَ ذَٰلِكَ ۖ وَكُنَّا لَهُمْ حَافِظِينَ [21:82]

82\. Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (ҷинҳо) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва аз он барояш дурру гавҳарро мебароварданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\528

### الآية 21:83

> ﻿۞ وَأَيُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّي مَسَّنِيَ الضُّرُّ وَأَنْتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ [21:83]

83\. Ва ёд кун эй Расул, ки Мо Айюбро ба бемории бузург имтиҳонаш кардем, ки аҳл ва молу фарзандаш аз даст рафтанд, пас, сабр кард ва умеди савоб кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: **«Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ, пас маро шифо деҳ»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\529

### الآية 21:84

> ﻿فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَكَشَفْنَا مَا بِهِ مِنْ ضُرٍّ ۖ وَآتَيْنَاهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُمْ مَعَهُمْ رَحْمَةً مِنْ عِنْدِنَا وَذِكْرَىٰ لِلْعَابِدِينَ [21:84]

84\. Пас дуояшро иҷобат кардем. Ва он чиро, ки аз ранҷ бо вай буд, аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то ибодаткунандагон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.

### الآية 21:85

> ﻿وَإِسْمَاعِيلَ وَإِدْرِيسَ وَذَا الْكِفْلِ ۖ كُلٌّ مِنَ الصَّابِرِينَ [21:85]

85\. Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз сабркунандагон дар тоати Аллоҳ ва дур аз маъсияти Аллоҳ ва розишаванда бар қазову қадари Аллоҳ буданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\529

### الآية 21:86

> ﻿وَأَدْخَلْنَاهُمْ فِي رَحْمَتِنَا ۖ إِنَّهُمْ مِنَ الصَّالِحِينَ [21:86]

86\. Ононро дар раҳмати худ даровардем ва ба дурустӣ, ки онҳо ҳам дар зоҳир ва ботин аз шоистагон буданд.

### الآية 21:87

> ﻿وَذَا النُّونِ إِذْ ذَهَبَ مُغَاضِبًا فَظَنَّ أَنْ لَنْ نَقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَىٰ فِي الظُّلُمَاتِ أَنْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ [21:87]

87\. Ва Зуннун; (Юнус ибни Матто алайҳиссалом)-ро ёд кун, (ки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи қавмаш фиристод, то қавмашро даъват намояд, вале даъвати ӯро қабул накарданд ва ӯ ваъда бар азобашон кард, тавба накарданд ва худ сабр накард), чун хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар
ӯ танг намегирем, (лекин Аллоҳ таоло ӯро ба тангӣ ва зиндон имтиҳон кард, ки моҳӣ ӯро дар баҳр ба ҳалқаш фурӯ бурд. Ва дар се торикӣ; торикии шаб ва баҳр ва шиками моҳӣ тавба карда) нидо дод: **«Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 5\\351

### الآية 21:88

> ﻿فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْغَمِّ ۚ وَكَذَٰلِكَ نُنْجِي الْمُؤْمِنِينَ [21:88]

88\. Пас дуояшро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем ва ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем.

### الآية 21:89

> ﻿وَزَكَرِيَّا إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ [21:89]

89\. Ва Закариёро ёд кун, ки дар пиронсолӣ аз Аллоҳ талаби фарзанд кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард: **«Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»**

### الآية 21:90

> ﻿فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَوَهَبْنَا لَهُ يَحْيَىٰ وَأَصْلَحْنَا لَهُ زَوْجَهُ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًا ۖ وَكَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ [21:90]

90\. Дуояшро қабул кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш дар ахлоқ ва ҳомиладорӣ ва вилодат шоиста гардонидем. Ба дурустӣ, ки ин паёмбарон дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.

### الآية 21:91

> ﻿وَالَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهَا مِنْ رُوحِنَا وَجَعَلْنَاهَا وَابْنَهَا آيَةً لِلْعَالَمِينَ [21:91]

91\. Ва ёд кун эй Расул, он занро (яъне, қиссаи Марям, духтари Имрон)-ро, ки шармгоҳи худро аз ҳаром нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем (яъне, бе ҳеҷ шавҳар ҳомиладор шуд), пас, ӯ ва фарзандаш (Исо алайҳиссалом)-ро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/530

### الآية 21:92

> ﻿إِنَّ هَٰذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ [21:92]

92\. Гуфтем: Эй мардум, ба дурустӣ, ки ин дини шумост, дини ягона ва он ислом
аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта, Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\523

### الآية 21:93

> ﻿وَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ ۖ كُلٌّ إِلَيْنَا رَاجِعُونَ [21:93]

93\. Лекин мардум бар паёмбарони худ ихтилоф карданд.(1) Ва дар дини хеш
фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас аз ибодати Офаридагорашон ба ибодати мардум рӯй оварданд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\\530

### الآية 21:94

> ﻿فَمَنْ يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا كُفْرَانَ لِسَعْيِهِ وَإِنَّا لَهُ كَاتِبُونَ [21:94]

94\. Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ба қадри тавоноиаш ва дар ҳоле ки имон оварда бошад ба Аллоҳ ва Расулаш, Аллоҳ таоло амали ӯро барбод нахоҳад кард, балки чандон зиёд хоҳад кард ва рӯзи қиёмат амалашро навишта меёбад.(1) 
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\531

### الآية 21:95

> ﻿وَحَرَامٌ عَلَىٰ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا أَنَّهُمْ لَا يَرْجِعُونَ [21:95]

95\. Ва шаҳреро, ки ба сабаби куфр ва зулмашон ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки ба дунё бозгарданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\525

### الآية 21:96

> ﻿حَتَّىٰ إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ [21:96]

96\. То он гоҳ ки пеши роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.

### الآية 21:97

> ﻿وَاقْتَرَبَ الْوَعْدُ الْحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَاخِصَةٌ أَبْصَارُ الَّذِينَ كَفَرُوا يَا وَيْلَنَا قَدْ كُنَّا فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَٰذَا بَلْ كُنَّا ظَالِمِينَ [21:97]

97\. Ва дар ин вақт ваъдаи ростин наздик гардад ва он гоҳ якбора чашмони кофирон боло дӯхта шавад, (гӯянд): **«Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки мо ситамкор будем!»**

### الآية 21:98

> ﻿إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنْتُمْ لَهَا وَارِدُونَ [21:98]

98\. Ҳамоно шумо эй кофирон ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед аз бутон, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам ворид хоҳед шуд!

### الآية 21:99

> ﻿لَوْ كَانَ هَٰؤُلَاءِ آلِهَةً مَا وَرَدُوهَا ۖ وَكُلٌّ فِيهَا خَالِدُونَ [21:99]

99\. Агар инҳо маъбудони ҳақиқӣ ва лоиқи парастиш мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама (ибодаткунанда ва ибодат кардашуда) дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.

### الآية 21:100

> ﻿لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَهُمْ فِيهَا لَا يَسْمَعُونَ [21:100]

100\. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд фарёди якдигарашонро.

### الآية 21:101

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ سَبَقَتْ لَهُمْ مِنَّا الْحُسْنَىٰ أُولَٰئِكَ عَنْهَا مُبْعَدُونَ [21:101]

101\. Ба дурустӣ, касоне, ки барояшон аз ҷониби Мо аз пештар некӯӣ муқаррар шуд, аз дӯзах дур нигоҳ дошта мешаванд.

### الآية 21:102

> ﻿لَا يَسْمَعُونَ حَسِيسَهَا ۖ وَهُمْ فِي مَا اشْتَهَتْ أَنْفُسُهُمْ خَالِدُونَ [21:102]

102\. Инҳо ҳатто садои оташи дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чи ки дилхоҳашон аст, муҳайёст ва дар он ҷо ҷовидонанд.

### الآية 21:103

> ﻿لَا يَحْزُنُهُمُ الْفَزَعُ الْأَكْبَرُ وَتَتَلَقَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ هَٰذَا يَوْمُكُمُ الَّذِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ [21:103]

103\. Рӯзи қиёмат он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд башорат диҳанд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо савобҳои бисёр ваъда дода буданд.

### الآية 21:104

> ﻿يَوْمَ نَطْوِي السَّمَاءَ كَطَيِّ السِّجِلِّ لِلْكُتُبِ ۚ كَمَا بَدَأْنَا أَوَّلَ خَلْقٍ نُعِيدُهُ ۚ وَعْدًا عَلَيْنَا ۚ إِنَّا كُنَّا فَاعِلِينَ [21:104]

104\. Рӯзе, ки осмонро чун саҳифаи навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, онро аз сар бозгардонем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост, албатта, Мо чунон хоҳем кард.

### الآية 21:105

> ﻿وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ [21:105]

105\. Ва ба ростӣ дар Забур (китобҳои нозил шуда) навиштаем, пас аз он ки дар Лавҳи Маҳфуз навишта шуд, ки ҳамоно заминро бандагони солиҳи ман ба ирс мебаранд

### الآية 21:106

> ﻿إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَاغًا لِقَوْمٍ عَابِدِينَ [21:106]

106\. Ва дар ин китоб таблиғест (далели кофӣ) барои ибодаткунандагон!

### الآية 21:107

> ﻿وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ [21:107]

107\. Ва нафиристодем туро эй Расул, ҷуз он ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем. Пас, касе имон овард ба ту некбахт гашт ва наҷот ёфт ва касе, ки имон наовард ноумед гашт ва зиён дид.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\552

### الآية 21:108

> ﻿قُلْ إِنَّمَا يُوحَىٰ إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ [21:108]

108\. Бигӯ: **«Ҳамоно ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, ки сазовори ибодат аст Аллоҳи яктост, оё ба он таслим мешавед?»** Пас, таслим шавед ва дар ибодаташ сар фурӯ оред.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\532

### الآية 21:109

> ﻿فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ آذَنْتُكُمْ عَلَىٰ سَوَاءٍ ۖ وَإِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ أَمْ بَعِيدٌ مَا تُوعَدُونَ [21:109]

109\. Пас агар онҳо аз Ислом рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ баробар бошед. Ва ман намедонам, он чи шуморо ба азобе ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.

### الآية 21:110

> ﻿إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ مِنَ الْقَوْلِ وَيَعْلَمُ مَا تَكْتُمُونَ [21:110]

110\. Ҳамоно Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред ва ба он муҳосаба карда мешавед.

### الآية 21:111

> ﻿وَإِنْ أَدْرِي لَعَلَّهُ فِتْنَةٌ لَكُمْ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ [21:111]

111\. Ва намедонам шояд ин таъхири азоб озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то муддате бошад, ки куфратон зиёд гардад ва ба азоби бузург дучор гардед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\532

### الآية 21:112

> ﻿قَالَ رَبِّ احْكُمْ بِالْحَقِّ ۗ وَرَبُّنَا الرَّحْمَٰنُ الْمُسْتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ [21:112]

112\. (Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: **«Эй Парвардигори ман, байни ман ва байни касе, ки маро дурӯғ баровард ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо Аллоҳи меҳрубон аст, ки аз Ӯ мадад пурсида мешавад дар баробари он чи шумо баён мекунед»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 18\\554

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/21.md)
- [كل تفاسير سورة الأنبياء
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/21.md)
- [ترجمات سورة الأنبياء
](https://quranpedia.net/translations/21.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/21/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
