---
title: "ترجمة سورة الفرقان - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/25/book/1984.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/25/book/1984"
surah_id: "25"
book_id: "1984"
book_name: "الترجمة الطاجيكية - عارفي"
author: "فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الفرقان - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/25/book/1984)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الفرقان - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/25/book/1984*.

Translation of Surah الفرقان from "الترجمة الطاجيكية - عارفي" in الطاجيكية.

### الآية 25:1

> تَبَارَكَ الَّذِي نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلَىٰ عَبْدِهِ لِيَكُونَ لِلْعَالَمِينَ نَذِيرًا [25:1]

Пурбаракат \[ва бузургвор\] аст, касе, ки Қуръонро \[ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст\] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад

### الآية 25:2

> ﻿الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ فَقَدَّرَهُ تَقْدِيرًا [25:2]

Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде \[барои хеш\] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст

### الآية 25:3

> ﻿وَاتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ آلِهَةً لَا يَخْلُقُونَ شَيْئًا وَهُمْ يُخْلَقُونَ وَلَا يَمْلِكُونَ لِأَنْفُسِهِمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا وَلَا يَمْلِكُونَ مَوْتًا وَلَا حَيَاةً وَلَا نُشُورًا [25:3]

Ва \[мушрикон\] ба ҷойи Ӯ \[Аллоҳ таоло\] маъбудоне баргузидаанд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд ва молики ҳеҷ зиёну суде барои худ нестанд ва \[низ\] молики маргу зиндагӣ ва \[қодир ба\] барангехтани \[мурдагон\] нестанд

### الآية 25:4

> ﻿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا إِفْكٌ افْتَرَاهُ وَأَعَانَهُ عَلَيْهِ قَوْمٌ آخَرُونَ ۖ فَقَدْ جَاءُوا ظُلْمًا وَزُورًا [25:4]

Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: **«Ин \[Қуръон\] ҷуз дурӯғе нест, ки \[Муҳаммад\] бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар ин \[кор\] ёрӣ додаанд»**. Ҳаққо, ки онон \[бо ин сухан\] ба ситаму дурӯғи бузурге рӯй овардаанд

### الآية 25:5

> ﻿وَقَالُوا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ اكْتَتَبَهَا فَهِيَ تُمْلَىٰ عَلَيْهِ بُكْرَةً وَأَصِيلًا [25:5]

Ва \[кофирон\] гуфтанд: **«\[Ин Қуръон ҳамон\] афсонаҳои пешиниён аст, ки \[Муҳаммад\] онро рӯнависӣ кардааст ва ҳар бомдоду шомгоҳ бар ӯ имло мешавад»**

### الآية 25:6

> ﻿قُلْ أَنْزَلَهُ الَّذِي يَعْلَمُ السِّرَّ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ إِنَّهُ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا [25:6]

Бигӯ: «Касе онро нозил кардааст, ки рози осмонҳо ва заминро медонад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора омурзанда \[ва\] меҳрубон аст

### الآية 25:7

> ﻿وَقَالُوا مَالِ هَٰذَا الرَّسُولِ يَأْكُلُ الطَّعَامَ وَيَمْشِي فِي الْأَسْوَاقِ ۙ لَوْلَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مَلَكٌ فَيَكُونَ مَعَهُ نَذِيرًا [25:7]

Ва \[мушрикон\] гуфтанд: «Ин чи гуна паёмбарест, ки \[ҳамчун мардуми одӣ\] ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то \[ёриаш кунад ва\] ҳамроҳи ӯ ҳушдордиҳанда бошад?

### الآية 25:8

> ﻿أَوْ يُلْقَىٰ إِلَيْهِ كَنْزٌ أَوْ تَكُونُ لَهُ جَنَّةٌ يَأْكُلُ مِنْهَا ۚ وَقَالَ الظَّالِمُونَ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَسْحُورًا [25:8]

Ё чаро ганҷе \[аз осмон\] бар ӯ фуруд намеояд ва ё чаро боғе надорад, ки аз \[меваҳои\] он бихӯрад»? Ситамгорон \[-и мушрик\] гуфтанд: **«Шумо ҷуз аз марде ҷодушуда пайравӣ намекунед»**

### الآية 25:9

> ﻿انْظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا لَكَ الْأَمْثَالَ فَضَلُّوا فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا [25:9]

Бингар, ки чи гуна бароят масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд! Чунон ки наметавонанд роҳе \[ба сӯи ҳақиқат\] биёбанд

### الآية 25:10

> ﻿تَبَارَكَ الَّذِي إِنْ شَاءَ جَعَلَ لَكَ خَيْرًا مِنْ ذَٰلِكَ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَيَجْعَلْ لَكَ قُصُورًا [25:10]

Пурбаракат \[ва бузургвор\] аст, касе, ки агар бихоҳад, бароят беҳтар аз ин қарор медиҳад: боғҳое, ки ҷӯйборҳо аз зери \[дарахтони\] он ҷорӣ аст ва \[ҳатто\] бароят кохҳое падид меоварад

### الآية 25:11

> ﻿بَلْ كَذَّبُوا بِالسَّاعَةِ ۖ وَأَعْتَدْنَا لِمَنْ كَذَّبَ بِالسَّاعَةِ سَعِيرًا [25:11]

\[Мушрикон бо ин суханон дар пайи ҳақ нарафтанд\] Балки қиёматро дурӯғ ангоштанд ва \[Мо\] барои ҳар ки қиёматро дурӯғ ангорад, оташи сӯзон \[-и дузахро\] муҳайё кардаем

### الآية 25:12

> ﻿إِذَا رَأَتْهُمْ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ سَمِعُوا لَهَا تَغَيُّظًا وَزَفِيرًا [25:12]

Ҳангоме ки \[дузах\] ононро аз дурдаст мебинад овози хашму хуруш \[-и ваҳшатнок\]-е аз он мешунаванд

### الآية 25:13

> ﻿وَإِذَا أُلْقُوا مِنْهَا مَكَانًا ضَيِّقًا مُقَرَّنِينَ دَعَوْا هُنَالِكَ ثُبُورًا [25:13]

Ва чун даступобаста \[бо ғулу занҷир\] дар тангное аз он андохта шаванд, дар он ҷо маргашонро ба фарёд мехоҳанд

### الآية 25:14

> ﻿لَا تَدْعُوا الْيَوْمَ ثُبُورًا وَاحِدًا وَادْعُوا ثُبُورًا كَثِيرًا [25:14]

\[Ба онон гуфта мешавад\] **«Имрӯз на як бор, балки борҳо дархости марг кунед»**

### الآية 25:15

> ﻿قُلْ أَذَٰلِكَ خَيْرٌ أَمْ جَنَّةُ الْخُلْدِ الَّتِي وُعِدَ الْمُتَّقُونَ ۚ كَانَتْ لَهُمْ جَزَاءً وَمَصِيرًا [25:15]

\[Эй паёмбар, ба кофирон\] Бигӯ: **«Ин \[азоби дарднок\] беҳтар аст ё биҳишти ҷовидонӣ, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда ва подошу саранҷоми онон аст?»**

### الآية 25:16

> ﻿لَهُمْ فِيهَا مَا يَشَاءُونَ خَالِدِينَ ۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ وَعْدًا مَسْئُولًا [25:16]

Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон \[фароҳам\] аст \[ва\] дар он ҷовидонанд. Ин ваъдае аст бар \[уҳдаи\] Парвардигорат, ки \[бандагони парҳезкор анҷомашро\] аз Ӯ хостаанд

### الآية 25:17

> ﻿وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَقُولُ أَأَنْتُمْ أَضْلَلْتُمْ عِبَادِي هَٰؤُلَاءِ أَمْ هُمْ ضَلُّوا السَّبِيلَ [25:17]

Ва рӯзе, ки \[ҳамаи\] онон ва он чиро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, ҷамъ мекунад ва \[ба маъбудони ботил\] мефармояд: **«Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ кардед ё худ роҳро гум карданд?»**

### الآية 25:18

> ﻿قَالُوا سُبْحَانَكَ مَا كَانَ يَنْبَغِي لَنَا أَنْ نَتَّخِذَ مِنْ دُونِكَ مِنْ أَوْلِيَاءَ وَلَٰكِنْ مَتَّعْتَهُمْ وَآبَاءَهُمْ حَتَّىٰ نَسُوا الذِّكْرَ وَكَانُوا قَوْمًا بُورًا [25:18]

Онон мегӯянд: **«Ту муназзаҳӣ, шоистаи мо набуд, ки ба ҷойи Ту \[дӯстону\] корсозоне баргузинем, вале Ту онон ва падаронашонро \[аз неъматҳо\] баҳраманд сохтӣ, то ин ки ёд \[-и Ту\]-ро фаромӯш карданд ва \[бад-ин хотир\] гурӯҳе ҳалокшуда гаштанд»**

### الآية 25:19

> ﻿فَقَدْ كَذَّبُوكُمْ بِمَا تَقُولُونَ فَمَا تَسْتَطِيعُونَ صَرْفًا وَلَا نَصْرًا ۚ وَمَنْ يَظْلِمْ مِنْكُمْ نُذِقْهُ عَذَابًا كَبِيرًا [25:19]

\[Аллоҳ таоло ба мушрикон мефармояд\] **«Бе тардид, \[маъбудонатон\] иддаои шуморо дурӯғ шумурданд. Пас, \[акнун\] наметавонед \[азобро аз худ\] дур кунед ва на \[аз касе\] ёрӣ биҷӯед ва ҳар як аз шумо, ки \[ширк биварзад ва ба худ\] ситам кунад, азобе бузург ба вай мечашонем»**

### الآية 25:20

> ﻿وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ مِنَ الْمُرْسَلِينَ إِلَّا إِنَّهُمْ لَيَأْكُلُونَ الطَّعَامَ وَيَمْشُونَ فِي الْأَسْوَاقِ ۗ وَجَعَلْنَا بَعْضَكُمْ لِبَعْضٍ فِتْنَةً أَتَصْبِرُونَ ۗ وَكَانَ رَبُّكَ بَصِيرًا [25:20]

\[Эй паёмбар\] Пеш аз ту паёмбаронро нафиристодем, магар ин ки онон низ ғизо мехӯрданд ва \[ҳамчун дигар инсонҳо\] дар бозорҳо роҳ мерафтанд ва мо бархе аз шуморо василаи озмоиши бархе дигар сохтем, \[то равшан шавад\] оё шикебоӣ мекунед. Ва Парвардигорат ҳамвора биност

### الآية 25:21

> ﻿۞ وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا الْمَلَائِكَةُ أَوْ نَرَىٰ رَبَّنَا ۗ لَقَدِ اسْتَكْبَرُوا فِي أَنْفُسِهِمْ وَعَتَوْا عُتُوًّا كَبِيرًا [25:21]

Касоне, ки ба дидори Мо \[дар охират\] умед надоранд, гуфтанд: **«Чаро фариштагоне бар мо нозил нашудаанд, ё \[чаро\] Парвардигорамонро намебинем»**? Бе тардид, онон дар бораи худ такаббур варзиданд ва саркашии бузург карданд

### الآية 25:22

> ﻿يَوْمَ يَرَوْنَ الْمَلَائِكَةَ لَا بُشْرَىٰ يَوْمَئِذٍ لِلْمُجْرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجْرًا مَحْجُورًا [25:22]

Рӯзе, ки \[кофирон\] фариштагонро мебинанд, ҳеҷ башорате барои муҷримон нахоҳад буд, \[балки рӯзи кайфару азоб аст\] ва \[фариштагон\] мегӯянд: **«\[Биҳишт\] Бар шумо мамнуъ \[ва ҳаром\] аст»**

### الآية 25:23

> ﻿وَقَدِمْنَا إِلَىٰ مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا [25:23]

Ва ба \[баррасии\] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро \[ҳамчун\] ғуборе пароканда месозем

### الآية 25:24

> ﻿أَصْحَابُ الْجَنَّةِ يَوْمَئِذٍ خَيْرٌ مُسْتَقَرًّا وَأَحْسَنُ مَقِيلًا [25:24]

Дар он рӯз биҳиштиён беҳтарин ҷойгоҳу накутарин истироҳатгоҳро доранд

### الآية 25:25

> ﻿وَيَوْمَ تَشَقَّقُ السَّمَاءُ بِالْغَمَامِ وَنُزِّلَ الْمَلَائِكَةُ تَنْزِيلًا [25:25]

Ва \[ёд кун аз\] рӯзе, ки осмон бо абрҳои сапед шикофта мешавад ва фариштагон \[паёпай ба сарзамини маҳшар\] фурӯ фиристода мешаванд

### الآية 25:26

> ﻿الْمُلْكُ يَوْمَئِذٍ الْحَقُّ لِلرَّحْمَٰنِ ۚ وَكَانَ يَوْمًا عَلَى الْكَافِرِينَ عَسِيرًا [25:26]

Дар он рӯз фармонравоӣ \[-и ростин\] аз они \[Аллоҳи\] Раҳмон аст ва барои кофирон рӯзе душвор аст

### الآية 25:27

> ﻿وَيَوْمَ يَعَضُّ الظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيْهِ يَقُولُ يَا لَيْتَنِي اتَّخَذْتُ مَعَ الرَّسُولِ سَبِيلًا [25:27]

Ва \[ёд кун аз\] рӯзе, ки ситамгор дастонашро \[аз ҳасрат\] мегазад ва мегӯяд: «Эй кош, ман роҳе \[ҳамоҳанг\] бо паёмбар баргузида будам!

### الآية 25:28

> ﻿يَا وَيْلَتَىٰ لَيْتَنِي لَمْ أَتَّخِذْ فُلَانًا خَلِيلًا [25:28]

Эй вой бар ман! Эй кош, фалон \[кофир\]-ро ба дӯстӣ намегирифтам!

### الآية 25:29

> ﻿لَقَدْ أَضَلَّنِي عَنِ الذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جَاءَنِي ۗ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِلْإِنْسَانِ خَذُولًا [25:29]

Бе тардид, пас аз он ки Қуръон \[ва даъвати паёмбар\] ба ман расид, ӯ \[буд, ки\] маро ба гумроҳӣ кашонд ва шайтон ҳамвора инсонро танҳо \[ва хор\] вомегузорад»

### الآية 25:30

> ﻿وَقَالَ الرَّسُولُ يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَٰذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا [25:30]

Ва Паёмбар гуфт: **«Парвардигоро, қавми ман ин Қуръонро раҳо кардаанд»**

### الآية 25:31

> ﻿وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ ۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ هَادِيًا وَنَصِيرًا [25:31]

Ва инчунин барои ҳар паёмбаре душмане аз бадкорони \[қавмаш\] қарор додем. Ва кофӣ аст, ки Парвардигорат роҳнамо ва ёварат бошад

### الآية 25:32

> ﻿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْلَا نُزِّلَ عَلَيْهِ الْقُرْآنُ جُمْلَةً وَاحِدَةً ۚ كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِ فُؤَادَكَ ۖ وَرَتَّلْنَاهُ تَرْتِيلًا [25:32]

Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: **«Чаро Қуръон якбора бар ӯ нозил нашудааст?»** Мо ин гуна \[каломи илоҳиро ба мурур нозил\] кардаем, то дилатро бо он \[ором ва\] устувор гардонем ва онро ба тадриҷ бар ту хондаем \[то дарку ҳифзаш осон бошад\]

### الآية 25:33

> ﻿وَلَا يَأْتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئْنَاكَ بِالْحَقِّ وَأَحْسَنَ تَفْسِيرًا [25:33]

Ва \[кофирон\] ҳеҷ \[эътирозу\] масале бароят намеоваранд, магар он ки Мо \[низ посухе\] бар ҳақ ва хушбаёнтар бароят меоварем

### الآية 25:34

> ﻿الَّذِينَ يُحْشَرُونَ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ أُولَٰئِكَ شَرٌّ مَكَانًا وَأَضَلُّ سَبِيلًا [25:34]

Касоне, ки ба рӯй дарафтода ба дузах кашонда мешаванд, инон бадҷойгоҳтар ва гумроҳтаранд

### الآية 25:35

> ﻿وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَجَعَلْنَا مَعَهُ أَخَاهُ هَارُونَ وَزِيرًا [25:35]

Ва дар ҳақиқат, Мо ба Мӯсо китоб \[Таврот\] додем ва бародараш Ҳорунро дастёраш сохтем

### الآية 25:36

> ﻿فَقُلْنَا اذْهَبَا إِلَى الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا فَدَمَّرْنَاهُمْ تَدْمِيرًا [25:36]

Ва гуфтем: **«Шумо ду нафар ба сӯи қавме биравед, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд»**. Пас, \[чун фиръавниён сарпечӣ намуданд\] ба шиддат нобудашон сохтем

### الآية 25:37

> ﻿وَقَوْمَ نُوحٍ لَمَّا كَذَّبُوا الرُّسُلَ أَغْرَقْنَاهُمْ وَجَعَلْنَاهُمْ لِلنَّاسِ آيَةً ۖ وَأَعْتَدْنَا لِلظَّالِمِينَ عَذَابًا أَلِيمًا [25:37]

Ва қавми Нуҳро – он гоҳ ки паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд – ғарқ кардем ва ононро барои мардум \[нишона ва\] ибрате қарор додем; ва барои ситамгорон азобе дарднок муҳайё кардаем

### الآية 25:38

> ﻿وَعَادًا وَثَمُودَ وَأَصْحَابَ الرَّسِّ وَقُرُونًا بَيْنَ ذَٰلِكَ كَثِيرًا [25:38]

Ва \[ҳамчунин\] қавми Од ва Самуд ва аҳолии "чоҳ" ва наслҳои бисёреро, ки байни онон буданд \[нобуд сохтем\]

### الآية 25:39

> ﻿وَكُلًّا ضَرَبْنَا لَهُ الْأَمْثَالَ ۖ وَكُلًّا تَبَّرْنَا تَتْبِيرًا [25:39]

Ва барои ҳар як аз онҳо масалҳо задем ва \[чун панд нагирифтанд\] ҳамаро ба шиддат аз миён бурдем

### الآية 25:40

> ﻿وَلَقَدْ أَتَوْا عَلَى الْقَرْيَةِ الَّتِي أُمْطِرَتْ مَطَرَ السَّوْءِ ۚ أَفَلَمْ يَكُونُوا يَرَوْنَهَا ۚ بَلْ كَانُوا لَا يَرْجُونَ نُشُورًا [25:40]

Ва \[мушрикон\] ҳатман, аз \[сарзамини қавми Лут ҳамон\] шаҳре, ки борони бало бар он борида буд, гузар кардаанд. Оё он \[вайронаҳои боқимонда аз азоб\] -ро надидаанд? \[Чунин нест\] Балки ба зинда шудан \[пас аз марг\] умеде надоранд

### الآية 25:41

> ﻿وَإِذَا رَأَوْكَ إِنْ يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا الَّذِي بَعَثَ اللَّهُ رَسُولًا [25:41]

Ва ҳангоме ки туро мебинанд, фақта ба тамасхур мегиранд \[ва мегӯянд\] «Оё ин ҳамон касест, ки Аллоҳ таоло ба паёмбарӣ фиристодааст?

### الآية 25:42

> ﻿إِنْ كَادَ لَيُضِلُّنَا عَنْ آلِهَتِنَا لَوْلَا أَنْ صَبَرْنَا عَلَيْهَا ۚ وَسَوْفَ يَعْلَمُونَ حِينَ يَرَوْنَ الْعَذَابَ مَنْ أَضَلُّ سَبِيلًا [25:42]

Агар бар \[парастиши\] маъбудонамон \[шикебоӣ ва\] пойдорӣ намекардем, наздик буд \[Муҳаммад\] аз \[роҳи\] онҳо гумроҳамон кунад». Вале он гоҳ ки азоб \[-и илоҳӣ\]-ро бубинанд, хоҳанд донист чи касе гумроҳтар \[буда\] аст

### الآية 25:43

> ﻿أَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَٰهَهُ هَوَاهُ أَفَأَنْتَ تَكُونُ عَلَيْهِ وَكِيلًا [25:43]

Оё касе, ки ҳавои нафсашро маъбуди худ кардааст, дидаӣ? Оё ту \[метавонӣ\] нигаҳбони \[имони\] ӯ бошӣ?

### الآية 25:44

> ﻿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا [25:44]

Оё гумон дорӣ, ки бештарашон мешунаванд ё мефаҳманд? Онон ҷуз ҳаммонанди чаҳорпоён нестанд, балки гумроҳтаранд

### الآية 25:45

> ﻿أَلَمْ تَرَ إِلَىٰ رَبِّكَ كَيْفَ مَدَّ الظِّلَّ وَلَوْ شَاءَ لَجَعَلَهُ سَاكِنًا ثُمَّ جَعَلْنَا الشَّمْسَ عَلَيْهِ دَلِيلًا [25:45]

Оё \[офариниши\] Парвардигоратро надидаӣ, ки чи гуна сояро густаронидааст ва агар мехост, онро собит менамуд? Он гоҳ \[тағйири ҷойгоҳи\] хуршед \[нисбат ба замин\]-ро далели \[густаришу ҳаракати\] он \[соя\] қарор додем

### الآية 25:46

> ﻿ثُمَّ قَبَضْنَاهُ إِلَيْنَا قَبْضًا يَسِيرًا [25:46]

Сипас \[бо тағйири баландии хуршед сояро кӯтоҳ мекунем ва\] онро андак-андак ба сӯйи хеш бозмегирем

### الآية 25:47

> ﻿وَهُوَ الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ لِبَاسًا وَالنَّوْمَ سُبَاتًا وَجَعَلَ النَّهَارَ نُشُورًا [25:47]

Ва Ӯст, ки шабро \[бо торикии фарогираш\] пӯшише барои шумо қарор дод ва хобро мояи осоиш ва рӯзро ҳангоми бархостан \[ва кору талош\] сохт

### الآية 25:48

> ﻿وَهُوَ الَّذِي أَرْسَلَ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ ۚ وَأَنْزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً طَهُورًا [25:48]

Ва Ӯст, ки пеш аз \[борони\] раҳматаш бодҳоро башоратбахш фиристод ва аз осмон обе пок \[ва поккунанда\] фурӯ фиристодем

### الآية 25:49

> ﻿لِنُحْيِيَ بِهِ بَلْدَةً مَيْتًا وَنُسْقِيَهُ مِمَّا خَلَقْنَا أَنْعَامًا وَأَنَاسِيَّ كَثِيرًا [25:49]

То бо он сарзамини \[хушку\] мурдаро зинда гардонем ва чаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро, ки офаридаем, сероб созем

### الآية 25:50

> ﻿وَلَقَدْ صَرَّفْنَاهُ بَيْنَهُمْ لِيَذَّكَّرُوا فَأَبَىٰ أَكْثَرُ النَّاسِ إِلَّا كُفُورًا [25:50]

Ва ба ростӣ, он \[далоилу нишонаҳои қудрати илоҳӣ\]-ро ба суратҳои гуногун баён кардем, то панд гиранд, вале бештар мардум ҷуз \[инкору\] носипосӣ накарданд

### الآية 25:51

> ﻿وَلَوْ شِئْنَا لَبَعَثْنَا فِي كُلِّ قَرْيَةٍ نَذِيرًا [25:51]

Ва агар мехостем, дар ҳар диёре бимдиҳандае бармеангехтем

### الآية 25:52

> ﻿فَلَا تُطِعِ الْكَافِرِينَ وَجَاهِدْهُمْ بِهِ جِهَادًا كَبِيرًا [25:52]

Пас, \[эй паёмбар\] аз кофирон итоат накун ва ба василаи Қуръон бо онон ба ҷиҳоди бузурге бархез \[ва дар ин роҳ шикебо бош\]

### الآية 25:53

> ﻿۞ وَهُوَ الَّذِي مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَجَعَلَ بَيْنَهُمَا بَرْزَخًا وَحِجْرًا مَحْجُورًا [25:53]

Ва Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам омехт: ин яке хушгувор ва ширин аст ва он яке шӯру талх ва дар миёни он ду монеаи нуфузнопазире қарор дод \[то бо ҳам наёмезанд\]

### الآية 25:54

> ﻿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ مِنَ الْمَاءِ بَشَرًا فَجَعَلَهُ نَسَبًا وَصِهْرًا ۗ وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيرًا [25:54]

Ва Ӯст, ки инсонро аз оби \[манӣ\] офарид ва ӯро дорои пайванди насабӣ ва сабабӣ гардонид ва Парвардигорат ҳамвора тавоност

### الآية 25:55

> ﻿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنْفَعُهُمْ وَلَا يَضُرُّهُمْ ۗ وَكَانَ الْكَافِرُ عَلَىٰ رَبِّهِ ظَهِيرًا [25:55]

Ва \[мушрикон\] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мепарастанд, ки на ба онон суде мебахшад ва на зиёне мерасонад ва кофир дар баробари Парвардигораш пайваста пуштибон \[-и шайтон\] аст

### الآية 25:56

> ﻿وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا مُبَشِّرًا وَنَذِيرًا [25:56]

Ва \[эй паёмбар\] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳанда нафиристодем

### الآية 25:57

> ﻿قُلْ مَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِلَّا مَنْ شَاءَ أَنْ يَتَّخِذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا [25:57]

Бигӯ: **«Ман \[дар баробари рисолатам\] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам, магар касе, ки бихоҳад роҳе ба сӯи Парвардигораш баргузинад \[ва ҳамин бароям кофӣ аст\]»**

### الآية 25:58

> ﻿وَتَوَكَّلْ عَلَى الْحَيِّ الَّذِي لَا يَمُوتُ وَسَبِّحْ بِحَمْدِهِ ۚ وَكَفَىٰ بِهِ بِذُنُوبِ عِبَادِهِ خَبِيرًا [25:58]

Ва бар \[Парвардигори\] зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал кун ва бо cитоиш Ӯро ба покӣ ёд кун. Ва ҳамин бас, ки Ӯ ба гуноҳони бандагонаш огоҳ аст

### الآية 25:59

> ﻿الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۚ الرَّحْمَٰنُ فَاسْأَلْ بِهِ خَبِيرًا [25:59]

\[Ҳамон\] Касе, ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни онҳост дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. \[Ӯ Аллоҳи\] Раҳмон аст, пас, дар мавриди Ӯ аз он ки огоҳ аст, бипурс \[ва Ӯ низ касе ҷуз Аллоҳ таоло нест\]

### الآية 25:60

> ﻿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اسْجُدُوا لِلرَّحْمَٰنِ قَالُوا وَمَا الرَّحْمَٰنُ أَنَسْجُدُ لِمَا تَأْمُرُنَا وَزَادَهُمْ نُفُورًا ۩ [25:60]

Ва ҳангоме ки ба ба онон гуфта шавад: **«Барои \[Аллоҳи\] Раҳмон саҷда кунед»**, мегӯянд: **«Раҳмон кист? Оё \[қарор аст\] бар ҳар чи ту амр мекунӣ саҷда барем»**? Ва \[ин даъвати ту дурӣ аз ҳақ ва\] нафраташонро меафзояд

### الآية 25:61

> ﻿تَبَارَكَ الَّذِي جَعَلَ فِي السَّمَاءِ بُرُوجًا وَجَعَلَ فِيهَا سِرَاجًا وَقَمَرًا مُنِيرًا [25:61]

Пурбаракат \[ва бузургвор\] аст, он ки дар осмон манзилгоҳҳое \[барои ситорагон\] қарор дод ва дар \[миёни\] онҳо хуршед \[-и дурахшон\] ва моҳи тобоне падид овард

### الآية 25:62

> ﻿وَهُوَ الَّذِي جَعَلَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ خِلْفَةً لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يَذَّكَّرَ أَوْ أَرَادَ شُكُورًا [25:62]

Ва Ӯст, ки шабу рӯзро дар пайи якдигар қарор дод, барои ҳар ки бихоҳад \[аз тадбири илоҳӣ\] панд гирад ё сипосгузор бошад

### الآية 25:63

> ﻿وَعِبَادُ الرَّحْمَٰنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا [25:63]

Ва бандагони \[муъмину шоистаи\] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ \[ва матонат\] бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон \[бо суханони нописанд\] хитобашон мекунанд, \[ба ҷои талофӣ бо онон\] ба некӣ сухан мегӯянд

### الآية 25:64

> ﻿وَالَّذِينَ يَبِيتُونَ لِرَبِّهِمْ سُجَّدًا وَقِيَامًا [25:64]

Ва касоне барои Парвардигорашон дар ҳоли саҷда ва қиём шабзиндадорӣ мекунанд

### الآية 25:65

> ﻿وَالَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ ۖ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا [25:65]

Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, азоби дузахро аз мо бозгардон, \[ки\] бе тардид, азобаш \[сахту\] пойдор аст

### الآية 25:66

> ﻿إِنَّهَا سَاءَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا [25:66]

Ҳаққо, ки дузах бад ҷойгоҳ ва иқоматгоҳест

### الآية 25:67

> ﻿وَالَّذِينَ إِذَا أَنْفَقُوا لَمْ يُسْرِفُوا وَلَمْ يَقْتُرُوا وَكَانَ بَيْنَ ذَٰلِكَ قَوَامًا [25:67]

Ва \[муъминон\] касоне ҳастанд, ки чун инфоқ менамоянд, на зиёдаравӣ мекунанд ва на сахтгирӣ ва байни ин ду \[ҳолат роҳи\] эътидол пеш мегиранд

### الآية 25:68

> ﻿وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ ۚ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ يَلْقَ أَثَامًا [25:68]

Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ таоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ таоло \[куштанашро\] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин \[гуноҳон\]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи \[хеш\]-ро мебинад

### الآية 25:69

> ﻿يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَانًا [25:69]

Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он \[азоб\] ҷовидон мемонад

### الآية 25:70

> ﻿إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَٰئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا [25:70]

Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ таоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст

### الآية 25:71

> ﻿وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللَّهِ مَتَابًا [25:71]

Ва касе, ки тавба кунад ва коре шоиста анҷом диҳад, пас, яқинан ба даргоҳи Аллоҳ таоло – чунон ки бояду шояд – тавба кардааст

### الآية 25:72

> ﻿وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا [25:72]

Ва касоне \[муъминанд\], ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд \[ва дар маҷолиси ботил ҳузур намеёбанд\] ва чун ба \[кори нописанд ё\] беҳудае бархӯрд мекунанд, бузургворона \[аз канораш\] мегузаранд \[ва худро олуда намесозанд\]

### الآية 25:73

> ﻿وَالَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ لَمْ يَخِرُّوا عَلَيْهَا صُمًّا وَعُمْيَانًا [25:73]

Ва касоне, ки чун ба оёти Парвардигорашон панд дода мешаванд, \[аз он ғафлат намекунанд ва дар баробари Қуръон\] чун карону кӯрон нестанд

### الآية 25:74

> ﻿وَالَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا [25:74]

Ва касоне, ки мегӯянд: **«Парвардигоро, аз ҳамсарону фарзандонамон \[касонеро\] ба мо ато фармо, ки \[мояи шодии дилҳо ва\] равшании чашмҳо бошанд ва моро пешвои парҳезкорон қарор бидеҳ»**

### الآية 25:75

> ﻿أُولَٰئِكَ يُجْزَوْنَ الْغُرْفَةَ بِمَا صَبَرُوا وَيُلَقَّوْنَ فِيهَا تَحِيَّةً وَسَلَامًا [25:75]

\[Оре\] Инон ба поси он ки шикебоӣ кардаанд, манозил \[-и олии биҳишт\]-ро подош мегиранд ва дар он ҷо бо дуруду саломи \[фариштагон\] рӯ ба рӯ мегарданд

### الآية 25:76

> ﻿خَالِدِينَ فِيهَا ۚ حَسُنَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا [25:76]

Дар он ҷо ҷовидонанд. Чи наку ҷойгоҳ ва \[чи нек\] иқоматгоҳе аст!

### الآية 25:77

> ﻿قُلْ مَا يَعْبَأُ بِكُمْ رَبِّي لَوْلَا دُعَاؤُكُمْ ۖ فَقَدْ كَذَّبْتُمْ فَسَوْفَ يَكُونُ لِزَامًا [25:77]

\[Ба кофирон\] бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигорам эътиное ба шумо надорад \[ва арзише бароятон қоил нест\]. Ба ростӣ, шумо \[даъвати ҳақро\] дурӯғ ангоштед, пас, ба зудӣ \[кайфари ин кор\] гиребонгиратон хоҳад шуд

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/25.md)
- [كل تفاسير سورة الفرقان
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/25.md)
- [ترجمات سورة الفرقان
](https://quranpedia.net/translations/25.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية - عارفي](https://quranpedia.net/book/1984.md)
- [المؤلف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام](https://quranpedia.net/person/1759.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/25/book/1984) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
