---
title: "ترجمة سورة النّمل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/27/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/27/book/1985"
surah_id: "27"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة النّمل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/27/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة النّمل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/27/book/1985*.

Translation of Surah النّمل from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 27:1

> طس ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْقُرْآنِ وَكِتَابٍ مُبِينٍ [27:1]

1\. То, Син. Ин оёти Қуръон ва китоби равшан аст, ки маънояш возеҳ ва шомили илмҳову ҳикматҳо ва шариъатҳост.

### الآية 27:2

> ﻿هُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ [27:2]

2\. Оёти Қуръон раҳнамо аст дар дунё ва охират ва хушхабарест барои мӯъминон:

### الآية 27:3

> ﻿الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ [27:3]

3\. Сифати онон, ин аст, ки панҷ вақт намозро мукаммал мегузоранд ва ҳаққи закоти фарзиро пурра ба мустаҳиққонаш медиҳанд ва ба савобу иқоби рӯзи қиёмат яқин доранд.

### الآية 27:4

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ زَيَّنَّا لَهُمْ أَعْمَالَهُمْ فَهُمْ يَعْمَهُونَ [27:4]

4\. Бегумон касоне, ки ба охират имон намеоваранд, амалҳои бади онҳоро дар назарашон биёростем.
Пас, онҳо дар ин дунё саргардону ҳайрон мешаванд ва гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд.

### الآية 27:5

> ﻿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَهُمْ سُوءُ الْعَذَابِ وَهُمْ فِي الْآخِرَةِ هُمُ الْأَخْسَرُونَ [27:5]

5\. Онҳо ҳамон касонанд, ки барояшон дар дунё азоби бад аст ва онҳо дар охират зиёнкортаринанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\426

### الآية 27:6

> ﻿وَإِنَّكَ لَتُلَقَّى الْقُرْآنَ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ عَلِيمٍ [27:6]

6\. Ту эй Расул, касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Аллоҳи ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.

### الآية 27:7

> ﻿إِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِأَهْلِهِ إِنِّي آنَسْتُ نَارًا سَآتِيكُمْ مِنْهَا بِخَبَرٍ أَوْ آتِيكُمْ بِشِهَابٍ قَبَسٍ لَعَلَّكُمْ تَصْطَلُونَ [27:7]

7\. Ба ёд ор қиссаи Мӯсоро, ҳангоме ки аз Мадян ба Миср сафар мекард, ба хонаводаи худ гуфт: "Биистед, ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре аз роҳ(1) биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед".(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Мӯсо бо хонаводааш дар шаб роҳро гум карданд. 2. Тафсири Бағавӣ 6\\144

### الآية 27:8

> ﻿فَلَمَّا جَاءَهَا نُودِيَ أَنْ بُورِكَ مَنْ فِي النَّارِ وَمَنْ حَوْلَهَا وَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ [27:8]

8\. Чун ба назди оташ расид, Аллоҳ нидояш дод, ки муборак бод касе, ки даруни оташ аст (мурод фариштагон аст) ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Аллоҳи якто, он Парвардигори ҷаҳониён аст!

### الآية 27:9

> ﻿يَا مُوسَىٰ إِنَّهُ أَنَا اللَّهُ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [27:9]

9\. (Аллоҳ ба ӯ хабар дод:)
«Эй Мӯсо, Ман Аллоҳи пирӯзманд ҳастам бар душманонам ва ҳаким ҳастам дар корҳо ва офариниши худ.

### الآية 27:10

> ﻿وَأَلْقِ عَصَاكَ ۚ فَلَمَّا رَآهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَانٌّ وَلَّىٰ مُدْبِرًا وَلَمْ يُعَقِّبْ ۚ يَا مُوسَىٰ لَا تَخَفْ إِنِّي لَا يَخَافُ لَدَيَّ الْمُرْسَلُونَ [27:10]

10\. Эй Мӯсо, асои худро
биафкан!» Чун асоро дид, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. (Аллоҳ ба ӯ хабар дод:) «Эй Мӯсо, матарс. Ҳароина, паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,

### الآية 27:11

> ﻿إِلَّا مَنْ ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسْنًا بَعْدَ سُوءٍ فَإِنِّي غَفُورٌ رَحِيمٌ [27:11]

11\. магар касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас тавба кунад ва бадиро ба некӣ табдил намояд. Пас, бегумон Ман омурзандаву меҳрубон ҳастам!

### الآية 27:12

> ﻿وَأَدْخِلْ يَدَكَ فِي جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاءَ مِنْ غَيْرِ سُوءٍ ۖ فِي تِسْعِ آيَاتٍ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَقَوْمِهِ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ [27:12]

12\. Ва дасти худро ба гиребони худ дарор, то сафед шуда бе ҳеҷ айбе берун ояд. Бо нӯҳ мӯъҷиза(1) назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки онҳо мардуми фосиқанд».
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, асо, даст, қаҳтӣ, офати меваҳо, туфон, малах, шабушк, қурбоқа ва хун.

### الآية 27:13

> ﻿فَلَمَّا جَاءَتْهُمْ آيَاتُنَا مُبْصِرَةً قَالُوا هَٰذَا سِحْرٌ مُبِينٌ [27:13]

13\. Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, ки бар ҳақ далолат мекард, гуфтанд: **«Ин ҷодуи ошкоро аст!»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\600

### الآية 27:14

> ﻿وَجَحَدُوا بِهَا وَاسْتَيْقَنَتْهَا أَنْفُسُهُمْ ظُلْمًا وَعُلُوًّا ۚ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُفْسِدِينَ [27:14]

14\. Ва он мӯъҷизоти Илоҳиро аз рӯи ситамгарию саркашӣ инкор карданд ва ҳол он
ки дилҳояшон ба он яқин дошт, ки инҳо мӯъҷизоти Илоҳӣ ҳастанд. Пас бингар,
эй Расул, ки охири кори фасодкорон чӣ гуна буд? (Яъне, Аллоҳ онҳоро нобуд кард ва дар дарё ғарқашон кард).(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\437

### الآية 27:15

> ﻿وَلَقَدْ آتَيْنَا دَاوُودَ وَسُلَيْمَانَ عِلْمًا ۖ وَقَالَا الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي فَضَّلَنَا عَلَىٰ كَثِيرٍ مِنْ عِبَادِهِ الْمُؤْمِنِينَ [27:15]

15\. Мо ба Довуду Сулаймон дониши бузурге додем. Он ду гуфтанд: **«Сипос аз они Аллоҳ аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар ин оят далеле аст бар бузургии илм ва манзалати аҳли илм.

### الآية 27:16

> ﻿وَوَرِثَ سُلَيْمَانُ دَاوُودَ ۖ وَقَالَ يَا أَيُّهَا النَّاسُ عُلِّمْنَا مَنْطِقَ الطَّيْرِ وَأُوتِينَا مِنْ كُلِّ شَيْءٍ ۖ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْفَضْلُ الْمُبِينُ [27:16]

16\. Ва Сулаймон вориси Довуд шуд (дар паёмбарӣ, илм ва мулк) ва Сулаймон гуфт:
**«Эй мардум, ба мо забони парандагон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Бегумон ин фазли ошкорест, ки аз дигарон моро бартарӣ доданд!»**

### الآية 27:17

> ﻿وَحُشِرَ لِسُلَيْمَانَ جُنُودُهُ مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ وَالطَّيْرِ فَهُمْ يُوزَعُونَ [27:17]

17\. Лашкарҳои Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва парандагон гирд оварда шуданд, он
гоҳ нигоҳ дошта шуданд, то ҳама онҳо ба якдигар бипайванданд.

### الآية 27:18

> ﻿حَتَّىٰ إِذَا أَتَوْا عَلَىٰ وَادِ النَّمْلِ قَالَتْ نَمْلَةٌ يَا أَيُّهَا النَّمْلُ ادْخُلُوا مَسَاكِنَكُمْ لَا يَحْطِمَنَّكُمْ سُلَيْمَانُ وَجُنُودُهُ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ [27:18]

18\. Пас, ҳаракат карданд, то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт:
«Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо 
поймол накунанд, дар ҳоле ки намефаҳманд».

### الآية 27:19

> ﻿فَتَبَسَّمَ ضَاحِكًا مِنْ قَوْلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَدْخِلْنِي بِرَحْمَتِكَ فِي عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ [27:19]

19\. Сулаймон аз сухани он мӯрча табассум карду гуфт: **«Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва тавфиқ ато фармо то корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат дарор!»**

### الآية 27:20

> ﻿وَتَفَقَّدَ الطَّيْرَ فَقَالَ مَا لِيَ لَا أَرَى الْهُدْهُدَ أَمْ كَانَ مِنَ الْغَائِبِينَ [27:20]

20\. Ва Сулаймон миёни парандагон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Ё ӯ аз ғоибон аст? Пас яқин донист, ки ӯ ғоиб аст, гуфт:

### الآية 27:21

> ﻿لَأُعَذِّبَنَّهُ عَذَابًا شَدِيدًا أَوْ لَأَذْبَحَنَّهُ أَوْ لَيَأْتِيَنِّي بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ [27:21]

21\. Ҳатман, ҳудҳудро ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки барои ман далели равшане биёварад».

### الآية 27:22

> ﻿فَمَكَثَ غَيْرَ بَعِيدٍ فَقَالَ أَحَطْتُ بِمَا لَمْ تُحِطْ بِهِ وَجِئْتُكَ مِنْ سَبَإٍ بِنَبَإٍ يَقِينٍ [27:22]

22\. Дере нагузашта буд, ки ҳудҳуд биёмаду гуфт: «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз сарзамини Сабаъ(1) бароят хабари дуруст овардаам.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яке аз музофоти деринаи Яман.

### الآية 27:23

> ﻿إِنِّي وَجَدْتُ امْرَأَةً تَمْلِكُهُمْ وَأُوتِيَتْ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ وَلَهَا عَرْشٌ عَظِيمٌ [27:23]

23\. Занеро ёфтам, ки бар онҳо(1) подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахти бузурге дорад.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бар аҳли Сабаъ.

### الآية 27:24

> ﻿وَجَدْتُهَا وَقَوْمَهَا يَسْجُدُونَ لِلشَّمْسِ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ السَّبِيلِ فَهُمْ لَا يَهْتَدُونَ [27:24]

24\. Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Аллоҳи якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Аллоҳ(1) гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ва он роҳ имон ба ягонагии Адлоҳ ва ибодати Ӯст.

### الآية 27:25

> ﻿أَلَّا يَسْجُدُوا لِلَّهِ الَّذِي يُخْرِجُ الْخَبْءَ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُخْفُونَ وَمَا تُعْلِنُونَ [27:25]

25\. Шайтон ин кор ва роҳу равиши ботилеро, ки дар он қарор доштанд, барояшон ороста буд, то саҷда накунанд барои Аллоҳе, ки чизи пӯшидаро дар осмонҳову замин берун меоварад; аз борону наботот ва он чи махфӣ аст, ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\448

### الآية 27:26

> ﻿اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ ۩ [27:26]

26\. Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест. Парвардигори Арши азим аст».

### الآية 27:27

> ﻿۞ قَالَ سَنَنْظُرُ أَصَدَقْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْكَاذِبِينَ [27:27]

27\. Гуфт (Сулаймон барои ҳудҳуд): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори
дурӯғгӯёнӣ.

### الآية 27:28

> ﻿اذْهَبْ بِكِتَابِي هَٰذَا فَأَلْقِهْ إِلَيْهِمْ ثُمَّ تَوَلَّ عَنْهُمْ فَانْظُرْ مَاذَا يَرْجِعُونَ [27:28]

28\. Ин номаи маро бибар ва бар аҳли Сабаъ биафкан, сипас як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»,

### الآية 27:29

> ﻿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ إِنِّي أُلْقِيَ إِلَيَّ كِتَابٌ كَرِيمٌ [27:29]

29\. ( Маликаи Сабаъ) гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд.

### الآية 27:30

> ﻿إِنَّهُ مِنْ سُلَيْمَانَ وَإِنَّهُ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ [27:30]

30\. Ҳамоно нома аз Сулаймон аст ва сароғози он чунин аст: **«Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон»**.

### الآية 27:31

> ﻿أَلَّا تَعْلُوا عَلَيَّ وَأْتُونِي مُسْلِمِينَ [27:31]

31\. **«Бар ман такаббур накунед дар он чизҳое, ки шуморо ба он даъват менамоям ва таслим шуда назди ман биёед»**.

### الآية 27:32

> ﻿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ أَفْتُونِي فِي أَمْرِي مَا كُنْتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّىٰ تَشْهَدُونِ [27:32]

32\. (Малика) гуфт: **«Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки ман ҳеҷ гоҳ бераъй ва машварати шумо коре накардаам»**.

### الآية 27:33

> ﻿قَالُوا نَحْنُ أُولُو قُوَّةٍ وَأُولُو بَأْسٍ شَدِيدٍ وَالْأَمْرُ إِلَيْكِ فَانْظُرِي مَاذَا تَأْمُرِينَ [27:33]

33\. Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ ва мо ҳамеша фармонбардори ту ҳастем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\159

### الآية 27:34

> ﻿قَالَتْ إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً ۖ وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ [27:34]

34\. (Малика) гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, бо куштан ва асир гирифтани мардум вайронаш мекунанд ва азизонашро
хор месозанд. Ва ҳамчунин мекунанд.

### الآية 27:35

> ﻿وَإِنِّي مُرْسِلَةٌ إِلَيْهِمْ بِهَدِيَّةٍ فَنَاظِرَةٌ بِمَ يَرْجِعُ الْمُرْسَلُونَ [27:35]

35\. Малика гуфт: Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки фиристодагон чӣ ҷавоб меоваранд».

### الآية 27:36

> ﻿فَلَمَّا جَاءَ سُلَيْمَانَ قَالَ أَتُمِدُّونَنِ بِمَالٍ فَمَا آتَانِيَ اللَّهُ خَيْرٌ مِمَّا آتَاكُمْ بَلْ أَنْتُمْ بِهَدِيَّتِكُمْ تَفْرَحُونَ [27:36]

36\. Чун фиристодаи Малика назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чи Аллоҳ ба ман дода, беҳтар аст аз он чи ба шумо додааст. Балки, ин шумо ҳастед, ки ба ҳадяатон шодмон мешавед. Аммо ман ба он дилхуш намешавам ва ба моли дунё ниёзе надорам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\459

### الآية 27:37

> ﻿ارْجِعْ إِلَيْهِمْ فَلَنَأْتِيَنَّهُمْ بِجُنُودٍ لَا قِبَلَ لَهُمْ بِهَا وَلَنُخْرِجَنَّهُمْ مِنْهَا أَذِلَّةً وَهُمْ صَاغِرُونَ [27:37]

37\. Сулаймон ба фиристодаи малика мегӯяд: Акнун ҳамроҳи ҳадяат ба наздашон бозгард. Пас, албатта, бо лашкароне ба сӯи онҳо хоҳем омад, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва онҳоро аз он сарзамин бо хорию пастӣ берун хоҳем кард».

### الآية 27:38

> ﻿قَالَ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ أَيُّكُمْ يَأْتِينِي بِعَرْشِهَا قَبْلَ أَنْ يَأْتُونِي مُسْلِمِينَ [27:38]

38\. Сулаймон гуфт: **«Эй бузургон, кадом аз шумо тахти ӯро пеш аз он, ки фармонбардоршуда назди ман ояд, бароям меоваред?»**

### الآية 27:39

> ﻿قَالَ عِفْرِيتٌ مِنَ الْجِنِّ أَنَا آتِيكَ بِهِ قَبْلَ أَنْ تَقُومَ مِنْ مَقَامِكَ ۖ وَإِنِّي عَلَيْهِ لَقَوِيٌّ أَمِينٌ [27:39]

39\. Ифрите(1) аз миёни ҷинҳо гуфт: Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам амин ва чизеро аз он кам ва иваз нахоҳам кард.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ҷинни бисёр чолок ва қавӣ. 2. Тафсири Табарӣ 19\\465

### الآية 27:40

> ﻿قَالَ الَّذِي عِنْدَهُ عِلْمٌ مِنَ الْكِتَابِ أَنَا آتِيكَ بِهِ قَبْلَ أَنْ يَرْتَدَّ إِلَيْكَ طَرْفُكَ ۚ فَلَمَّا رَآهُ مُسْتَقِرًّا عِنْدَهُ قَالَ هَٰذَا مِنْ فَضْلِ رَبِّي لِيَبْلُوَنِي أَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ ۖ وَمَنْ شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيٌّ كَرِيمٌ [27:40]

40\. Ва он кас, ки аз илми китоби илоҳӣ баҳрае дошт, гуфт: «Албатта, ман, пеш аз
он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Пас Сулаймон ба ӯ рухсат дод, ӯ дуо кард ва тахти Малика оварда шуд. Чун онро назди худ дид, гуфт: **«Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё носипосӣ мекунам. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Парвардигори ман бениёзу карим аст»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\605

### الآية 27:41

> ﻿قَالَ نَكِّرُوا لَهَا عَرْشَهَا نَنْظُرْ أَتَهْتَدِي أَمْ تَكُونُ مِنَ الَّذِينَ لَا يَهْتَدُونَ [27:41]

41\. Гуфт: **«Тахташро барои имтиҳон дигаргун кунед, бубинем онро мешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт»**.

### الآية 27:42

> ﻿فَلَمَّا جَاءَتْ قِيلَ أَهَٰكَذَا عَرْشُكِ ۖ قَالَتْ كَأَنَّهُ هُوَ ۚ وَأُوتِينَا الْعِلْمَ مِنْ قَبْلِهَا وَكُنَّا مُسْلِمِينَ [27:42]

42\. Чун (Маликаи Сабаъ) омад, барояш гуфтанд: **«Оё тахти ту чунин буд?»** Гуфт: **«Гӯё ин ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ба қудрати Аллоҳ ва ҳақ будани паёмбарии Сулаймон алайҳиссалом ва мусалмон ва фармонбардор ҳастем.»**

### الآية 27:43

> ﻿وَصَدَّهَا مَا كَانَتْ تَعْبُدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ إِنَّهَا كَانَتْ مِنْ قَوْمٍ كَافِرِينَ [27:43]

43\. Ва он чи ба ҷои Аллоҳи якто мепарастид(1), ӯро аз роҳи ислом боздошта буд. Зеро ӯ (Малика) ҳақиқатан дар зумраи кофирон буд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, офтобпараст буд.

### الآية 27:44

> ﻿قِيلَ لَهَا ادْخُلِي الصَّرْحَ ۖ فَلَمَّا رَأَتْهُ حَسِبَتْهُ لُجَّةً وَكَشَفَتْ عَنْ سَاقَيْهَا ۚ قَالَ إِنَّهُ صَرْحٌ مُمَرَّدٌ مِنْ قَوَارِيرَ ۗ قَالَتْ رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَيْمَانَ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ [27:44]

44\. Гуфтанд (ба Билқис)(1): **«Ба саҳни қаср дароӣ!»** Чун онро бидид, пиндошт, ки ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: **«Ин саҳнаест соф аз шиша»**, пас, ҳоҷат ба доман бар задан нест. Малика Гуфт: **«Эй Парвардигори ман, ҳароина, ман бо шарик овардан ба хештан ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам»**.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Номи маликаи Сабо.

### الآية 27:45

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَالِحًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ فَإِذَا هُمْ فَرِيقَانِ يَخْتَصِمُونَ [27:45]

45\. Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Аллоҳи
якторо бипарастед ва бо Аллоҳ шарик маёред. Ҳангоме ки Солеҳ онҳоро ба яктопарастӣ даъват кард, ногаҳон ду гурӯҳ шуданд, баъзе мӯъмин шуданд ва баъзе кофар шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\606

### الآية 27:46

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ لِمَ تَسْتَعْجِلُونَ بِالسَّيِّئَةِ قَبْلَ الْحَسَنَةِ ۖ لَوْلَا تَسْتَغْفِرُونَ اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ [27:46]

46\. Солеҳ ба гӯруҳи кофирон гуфт: **«Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед ва ба ҷои раҳмат азоби Илоҳиро металабед? Чаро аз Аллоҳ омурзиш намехоҳед? То шояд мавриди раҳмат қарор гиред»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\169

### الآية 27:47

> ﻿قَالُوا اطَّيَّرْنَا بِكَ وَبِمَنْ مَعَكَ ۚ قَالَ طَائِرُكُمْ عِنْدَ اللَّهِ ۖ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ تُفْتَنُونَ [27:47]

47\. Ба Солеҳ гуфтанд: **«Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем»**. Солеҳ ба онҳо гуфт: **«Он чи аз неку бад ба шумо мерасад он бар шумо тақдир карда шудааст ва фоли бади шумо назди Аллоҳ аст. Балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки мавриди озмоиш қарор мегиред!»**

### الآية 27:48

> ﻿وَكَانَ فِي الْمَدِينَةِ تِسْعَةُ رَهْطٍ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ [27:48]

48\. Дар шаҳри (Ҳиҷр)(1) нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод
мекарданд ва ислоҳ намекарданд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Шаҳри Солеҳ алайҳиссалом, ки дар шимолу ғарбии ҷазираи Араб воқеъ аст.

### الآية 27:49

> ﻿قَالُوا تَقَاسَمُوا بِاللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُ وَأَهْلَهُ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِ مَا شَهِدْنَا مَهْلِكَ أَهْلِهِ وَإِنَّا لَصَادِقُونَ [27:49]

49\. Гуфтанд: **«Ба Аллоҳ савганд хӯред, ки ҳатман бар ӯ (Солеҳ) ва хонаводааш шабехун мезанем ва онҳоро мекушем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангоми ҳалокат ва нобудии хонаводааш ҳозир набудем ва аз онҳо хабар надорем ва бегумон мо ростгуфторем»**.

### الآية 27:50

> ﻿وَمَكَرُوا مَكْرًا وَمَكَرْنَا مَكْرًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ [27:50]

50\. Ва онҳо барои қатли Солеҳ ва пайравонаш ҳила ва найранге ба кор бурданд ва Мо низ ҳила ва тадбире барои ҳалоки онҳо ва наҷоти Солеҳ ва пайравонаш андешидем, дар ҳоле ки онҳо намедонистанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\607

### الآية 27:51

> ﻿فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ مَكْرِهِمْ أَنَّا دَمَّرْنَاهُمْ وَقَوْمَهُمْ أَجْمَعِينَ [27:51]

51\. Бингар, эй Расул, ки оқибати макрашон чӣ шуд? Ҳароина, Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.

### الآية 27:52

> ﻿فَتِلْكَ بُيُوتُهُمْ خَاوِيَةً بِمَا ظَلَمُوا ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ [27:52]

52\. Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, (ширке) ки мекарданд, холӣ аз сокинонаш мондааст. Ҳароина, дар ин қиссаи мазкур ибратест барои гурӯҳе, ки медонанд.

### الآية 27:53

> ﻿وَأَنْجَيْنَا الَّذِينَ آمَنُوا وَكَانُوا يَتَّقُونَ [27:53]

53\. Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

### الآية 27:54

> ﻿وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ وَأَنْتُمْ تُبْصِرُونَ [27:54]

54\. Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт (лавота) мекунед, дар ҳоле ки худ саранҷом ва зиштии онро мебинед?

### الآية 27:55

> ﻿أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِنْ دُونِ النِّسَاءِ ۚ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ تَجْهَلُونَ [27:55]

55\. Оё шумо аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед? Балки шумо мардуми нодон ҳастед!»

### الآية 27:56

> ﻿۞ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا أَخْرِجُوا آلَ لُوطٍ مِنْ قَرْيَتِكُمْ ۖ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ [27:56]

56\. Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки (ба якдигар масхараомезона) гуфтанд: **«Хонадони Лутро аз шаҳри худ берун кунед, ки онҳо мардумони покдоман ва покизаҷӯ ҳастанд»**.

### الآية 27:57

> ﻿فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَاهَا مِنَ الْغَابِرِينَ [27:57]

57\. Пас, ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар занаш, ки муқаддар кардем ӯ аз бозмондагон дар он шаҳр бошад.

### الآية 27:58

> ﻿وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ مَطَرًا ۖ فَسَاءَ مَطَرُ الْمُنْذَرِينَ [27:58]

58\. Ва бороне аз санг бар сари онҳо боронидем ва борони бимдодашудагон чӣ бад боронест!

### الآية 27:59

> ﻿قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ وَسَلَامٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ الَّذِينَ اصْطَفَىٰ ۗ آللَّهُ خَيْرٌ أَمَّا يُشْرِكُونَ [27:59]

59\. Бигӯ эй Паёмбар: «Сипос Аллоҳро ва салом бар бандагони интихоб кардаи Ӯ. Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳое, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд? Онҳо на барои
худ ва на барои дигарон нафъ ё зараре расонида наметавонанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\607

### الآية 27:60

> ﻿أَمَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ لَكُمْ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَنْبَتْنَا بِهِ حَدَائِقَ ذَاتَ بَهْجَةٍ مَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُنْبِتُوا شَجَرَهَا ۗ أَإِلَٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ يَعْدِلُونَ [27:60]

60\. Оё ин маъбудони ботили шумо беҳтаранд ё касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он боғҳои хуррам ва зебо рӯёнидем, ки шумо ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтони онро надоштед. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ каҷ мераванд ва бутҳоро бо Аллоҳ шарик меоваранд!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
2\. Тафсири Бағавӣ 6\\171

### الآية 27:61

> ﻿أَمَّنْ جَعَلَ الْأَرْضَ قَرَارًا وَجَعَلَ خِلَالَهَا أَنْهَارًا وَجَعَلَ لَهَا رَوَاسِيَ وَجَعَلَ بَيْنَ الْبَحْرَيْنِ حَاجِزًا ۗ أَإِلَٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ [27:61]

61\. Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки заминро оромгоҳ сохт ва дар миёни он дарёҳо падид овард ва барои замин кӯҳҳоро собиту устувор сохт ва миёни ду баҳр монеае қарор дод? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ?
На, балки аксари онҳо намедонанд!

### الآية 27:62

> ﻿أَمَّنْ يُجِيبُ الْمُضْطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكْشِفُ السُّوءَ وَيَجْعَلُكُمْ خُلَفَاءَ الْأَرْضِ ۗ أَإِلَٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ [27:62]

62\. Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки дуои дармондаро чун бихонадаш, иҷобат мекунад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар
замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Чӣ андак панд мегиред!

### الآية 27:63

> ﻿أَمَّنْ يَهْدِيكُمْ فِي ظُلُمَاتِ الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَنْ يُرْسِلُ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ ۗ أَإِلَٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ تَعَالَى اللَّهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ [27:63]

63\. Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва Он ки пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!

### الآية 27:64

> ﻿أَمَّنْ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَمَنْ يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ ۗ أَإِلَٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ [27:64]

64\. Оё ин маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бори дигар бозмегардонад ва касе, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Эй Паёмбар бигӯ: **«Агар рост мегӯед: далелатонро биёваред!»**

### الآية 27:65

> ﻿قُلْ لَا يَعْلَمُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ ۚ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ [27:65]

65\. Эй Паёмбар, бигӯ: **«Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»**

### الآية 27:66

> ﻿بَلِ ادَّارَكَ عِلْمُهُمْ فِي الْآخِرَةِ ۚ بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ مِنْهَا ۖ بَلْ هُمْ مِنْهَا عَمُونَ [27:66]

66\. Балки илми мушрикон дар охират такомул меёбад ва ҳолу аҳволи қиёматро дар охират ба чашми сар мебинанд, аммо камоли илмашон дар охират ҳеҷ суде ба ҳолашон надорад, балки онҳо дар дунё аз вуҷуди охират дар шак қарор доранд, балки онҳо дар мавриди он кӯрдиланд ва чизе аз далелҳои охиратро дарк намекунанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\208

### الآية 27:67

> ﻿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَإِذَا كُنَّا تُرَابًا وَآبَاؤُنَا أَئِنَّا لَمُخْرَجُونَ [27:67]

**67. Кофирон гуфтанд:**
«Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, оё боз зинда мешавем
ва аз гӯрҳо берун оварда мешавем?

### الآية 27:68

> ﻿لَقَدْ وُعِدْنَا هَٰذَا نَحْنُ وَآبَاؤُنَا مِنْ قَبْلُ إِنْ هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ [27:68]

68\. Ба дурустӣ, ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае(1) дода буданд. Агар ин амр рост буд, меомад.(2) Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ваъда ва вуқӯъи қиёмат. 2. Тафсири Саъдӣ 1\\609

### الآية 27:69

> ﻿قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُجْرِمِينَ [27:69]

69\. ( Эй Паёмбар), барои онҳо бигӯ: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳгорон чӣ гуна будааст! Ва Аллоҳ низ ба шумо чунин кунад, агар аз куфратон бознагардед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\491

### الآية 27:70

> ﻿وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُنْ فِي ضَيْقٍ مِمَّا يَمْكُرُونَ [27:70]

70\. Ва бар имон наовардани онҳо андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешиданд, дилтанг машав.

### الآية 27:71

> ﻿وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ [27:71]

71\. Ва (эй Паёмбар мушрикони қавмат ба ту) мегӯянд: Агар рост мегӯед он ваъдаи қиёмат чи вақт хоҳад буд?

### الآية 27:72

> ﻿قُلْ عَسَىٰ أَنْ يَكُونَ رَدِفَ لَكُمْ بَعْضُ الَّذِي تَسْتَعْجِلُونَ [27:72]

72\. Эй Паёмбар, бигӯ: **«Шояд баъзе аз он чиро, ки(1) ба шитоб металабед, ба шумо наздик шуда бошад»**.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, азоби Аллоҳро.

### الآية 27:73

> ﻿وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى النَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ [27:73]

73\. Ва бегумон Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад ва бар маъсият карданашон онҳоро зуд ба азоб гирифтор намекунад, вале аксари онҳо шукр намегузоранд!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\175

### الآية 27:74

> ﻿وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ [27:74]

74\. Ва ҳароина, Парвардигори
ту медонад, ки чӣ чизро дар
дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!

### الآية 27:75

> ﻿وَمَا مِنْ غَائِبَةٍ فِي السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُبِينٍ [27:75]

75\. Ва ҳеҷ пинҳоне дар осмону замин нест, магар он, ки дар Китоби равшан, Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.(1) 
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\175

### الآية 27:76

> ﻿إِنَّ هَٰذَا الْقُرْآنَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَكْثَرَ الَّذِي هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ [27:76]

76\. Ҳароина, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.

### الآية 27:77

> ﻿وَإِنَّهُ لَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ [27:77]

77\. Ва ба ростӣ, Қуръон барои мӯъминон ҳидояту раҳмат аст.

### الآية 27:78

> ﻿إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِي بَيْنَهُمْ بِحُكْمِهِ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْعَلِيمُ [27:78]

78\. Албатта, Парвардигори ту дар қиёмат ба ҳукми худ миёнашон доварӣ мекунад, ки Ӯ пирӯзманд аст, ҳукми Ӯро бозгардонда намешавад ва доност, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 19\\494

### الآية 27:79

> ﻿فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۖ إِنَّكَ عَلَى الْحَقِّ الْمُبِينِ [27:79]

79\. Пас, эй Паёмбар, ба Аллоҳ таваккал кун, ки бешак, ту бар дини рости равшан ҳастӣ!

### الآية 27:80

> ﻿إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِينَ [27:80]

80\. Эй Паёмбар, ҳароина, ту наметавонӣ суханатро ба мурдагон бишунавонӣ ва ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, суханатро бирасонӣ.

### الآية 27:81

> ﻿وَمَا أَنْتَ بِهَادِي الْعُمْيِ عَنْ ضَلَالَتِهِمْ ۖ إِنْ تُسْمِعُ إِلَّا مَنْ يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ مُسْلِمُونَ [27:81]

81\. Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон бозгардонӣ ва роҳ намоӣ. Ту танҳо метавонӣ сухани худро ба касоне бишунавонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд.
Пас, онҳо дар баробари ҳақ таслимшудагон ҳастанд.

### الآية 27:82

> ﻿۞ وَإِذَا وَقَعَ الْقَوْلُ عَلَيْهِمْ أَخْرَجْنَا لَهُمْ دَابَّةً مِنَ الْأَرْضِ تُكَلِّمُهُمْ أَنَّ النَّاسَ كَانُوا بِآيَاتِنَا لَا يُوقِنُونَ [27:82]

82\. Ва ҳангоме ки саркашии мардум зиёд гардид, фармони азоб бар онҳо воқеъ шавад ва ҳодисаи қиёмат наздик шавад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум,
ҳароина, ба оёти Мо яқин намеоваранд.

### الآية 27:83

> ﻿وَيَوْمَ نَحْشُرُ مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ فَوْجًا مِمَّنْ يُكَذِّبُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ يُوزَعُونَ [27:83]

83\. Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, гирд меоварем ва ононро то расидани дигарон нигоҳ дошта мешавад, баъд аз
он барои ҳисоб бурда мешаванд,(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\180

### الآية 27:84

> ﻿حَتَّىٰ إِذَا جَاءُوا قَالَ أَكَذَّبْتُمْ بِآيَاتِي وَلَمْ تُحِيطُوا بِهَا عِلْمًا أَمَّاذَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [27:84]

84\. то чун ба сарзамини маҳшар бирасанд, Аллоҳ мефармояд: **«Оё шумо оёти Моро дурӯғ мебаровардед, ки он оёт далолат бар тавҳиди Ман буд ва ҳол он, ки дониши шумо онро фаро нагирифта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»**

### الآية 27:85

> ﻿وَوَقَعَ الْقَوْلُ عَلَيْهِمْ بِمَا ظَلَمُوا فَهُمْ لَا يَنْطِقُونَ [27:85]

85\. Ба хотири ситаме, ки кардаанд, ҳукми азоб бар онҳо воқеъ мешавад, пас, онҳо ҳеҷ сухане намегӯянд, чунки далел ва ҳуҷҷате надоранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\610

### الآية 27:86

> ﻿أَلَمْ يَرَوْا أَنَّا جَعَلْنَا اللَّيْلَ لِيَسْكُنُوا فِيهِ وَالنَّهَارَ مُبْصِرًا ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ [27:86]

86\. Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем, то барои касби маош берун оянд. Албатта, дар ин умур барои
мӯъминон нишонаҳое равшан аст.

### الآية 27:87

> ﻿وَيَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَفَزِعَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۚ وَكُلٌّ أَتَوْهُ دَاخِرِينَ [27:87]

87\. (Ба ёд ор эй Паёмбар), рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, магар он ки Аллоҳ бихоҳад, аз ҳавли сур битарсанд ва ҳама хору залил ба пешгоҳи Ӯ таоло биёянд.

### الآية 27:88

> ﻿وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ ۚ صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ ۚ إِنَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَفْعَلُونَ [27:88]

88\. Ва кӯҳҳоро бубинӣ ва онҳоро бар ҷой истода пиндорӣ, ҳол он, ки онҳо ба суръати абр мераванд. Ин кори Аллоҳ аст, ки ҳар чизеро маҳкам ва устувор сохтааст. Албатта,
Ӯ ба ҳар чи мекунед аз неку бад, огоҳ аст.

### الآية 27:89

> ﻿مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ خَيْرٌ مِنْهَا وَهُمْ مِنْ فَزَعٍ يَوْمَئِذٍ آمِنُونَ [27:89]

89\. Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Аллоҳ ва ихлос дар тоат), беҳтар аз онро мукофот гирад, ки ризо ва хушнудии парвардигор аст ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз, ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад дар амон бошанд ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\183

### الآية 27:90

> ﻿وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَكُبَّتْ وُجُوهُهُمْ فِي النَّارِ هَلْ تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [27:90]

90\. Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун дар оташ андозанд ва ба онҳо сарзаниш
карда гуфта шавад: Оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед?

### الآية 27:91

> ﻿إِنَّمَا أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ الْبَلْدَةِ الَّذِي حَرَّمَهَا وَلَهُ كُلُّ شَيْءٍ ۖ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْمُسْلِمِينَ [27:91]

91\. (Эй Паёмбар бигӯ:) Ҳароина, ба ман фармон шудааст, ки танҳо Парвардигори ин шаҳрро (Маккаро) бипарастам. Шаҳреро, ки Аллоҳ, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм
ба касе ва ё забҳи ҳайвон ё кандани гиёҳу дарахти он, ҳаром ҳукм гардидааст ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\184

### الآية 27:92

> ﻿وَأَنْ أَتْلُوَ الْقُرْآنَ ۖ فَمَنِ اهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِي لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ ضَلَّ فَقُلْ إِنَّمَا أَنَا مِنَ الْمُنْذِرِينَ [27:92]

92\. Ва ба ман фармуда шуд, ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: **«Ҳароина, ман аз бимдиҳандагон ҳастам»**.

### الآية 27:93

> ﻿وَقُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ سَيُرِيكُمْ آيَاتِهِ فَتَعْرِفُونَهَا ۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ [27:93]

93\. Ва эй Паёмбар, барои мушрикони қавмат бигӯ: **«Сипос Аллоҳрост. Оёти худро дар вуҷуди шумо ва дар осмону замин ба шумо хоҳад намуд, то онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест»**.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\219

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/27.md)
- [كل تفاسير سورة النّمل
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/27.md)
- [ترجمات سورة النّمل
](https://quranpedia.net/translations/27.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/27/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
