---
title: "ترجمة سورة العنكبوت - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/29/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/29/book/1985"
surah_id: "29"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة العنكبوت - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/29/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة العنكبوت - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/29/book/1985*.

Translation of Surah العنكبوت from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 29:1

> الم [29:1]

1.Алиф, Лом,
Мим.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тавзеҳ дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузаштааст.

### الآية 29:2

> ﻿أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ [29:2]

2\. Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем ва ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбар иқрор кардаем, раҳо шаванд ва дигар ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Аллоҳ таҳаммул кард, озмоиш нашаванд?"(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\626

### الآية 29:3

> ﻿وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۖ فَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ [29:3]

3\. Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум намояд(1) ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, то чӣ андоза дар имонаш содиқ аст. Тафсири Табарӣ 19/ 8

### الآية 29:4

> ﻿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ أَنْ يَسْبِقُونَا ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ [29:4]

4\. Оё онҳое, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, гумон мекунанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд ва аз ҳавзаи қудрати Мо мегурезанд ва аз
Мо раҳои меёбанд? Чӣ бад доварӣ мекунанд!

### الآية 29:5

> ﻿مَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ اللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ اللَّهِ لَآتٍ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ [29:5]

5\. Ҳар кас, ки ба дидори Аллоҳ умед дорад, бояд бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ(1), ҳатман омаданист ва Ӯ ба гуфтаҳо шунаво ва ба кардаҳо доност!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, вақти муайяншуда барои сазову ҷазо. Тафсири Бағавӣ 6/ 233

### الآية 29:6

> ﻿وَمَنْ جَاهَدَ فَإِنَّمَا يُجَاهِدُ لِنَفْسِهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ [29:6]

6\. Ҳар кӣ дар роҳи пешрафти дини Аллоҳ ва анҷоми ибодатҳо ҷиҳод кунад, бешак, ба фоидаи худ кардааст. Ба таҳқиқ Аллоҳ аз ҳамаи ҷаҳониён ва тоату ибодати онҳо бениёз аст.

### الآية 29:7

> ﻿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَحْسَنَ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ [29:7]

7\. Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ҳатман нест мекунем ва албатта, беҳтар аз он чи амал кардаанд, подошашон медиҳем.

### الآية 29:8

> ﻿وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا ۖ وَإِنْ جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا ۚ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [29:8]

8\. Ва инсонро фармон додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ба ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоаташон макун(1). Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас, он гоҳ шуморо ба ҳақиқати корҳое, ки мекардед, ҳатман хабар медиҳам!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, тоати махлуқро ба ҷо оварда намешавад, вақте ки дар маъсияти Аллоҳ бошад. 2. Тафсири Саъдӣ 1\\627

### الآية 29:9

> ﻿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُدْخِلَنَّهُمْ فِي الصَّالِحِينَ [29:9]

9\. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва кирдорҳои шоиста кардаанд, дар гурӯҳи солеҳон даровардаем.

### الآية 29:10

> ﻿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ فَإِذَا أُوذِيَ فِي اللَّهِ جَعَلَ فِتْنَةَ النَّاسِ كَعَذَابِ اللَّهِ وَلَئِنْ جَاءَ نَصْرٌ مِنْ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمْ ۚ أَوَلَيْسَ اللَّهُ بِأَعْلَمَ بِمَا فِي صُدُورِ الْعَالَمِينَ [29:10]

**10. Баъзе аз мардум мегӯянд:**
«Ба Аллоҳ имон овардаем.
Ва чун дар роҳи Аллоҳ озоре бубинанд, он озорро монанди азоби Аллоҳ шуморанд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту пирӯзие (ба шумо мӯъминон) расад, мегӯянд: **«Ҳароина, мо низ бо шумо будаем»**. Оё Аллоҳ ба он чи дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест?

### الآية 29:11

> ﻿وَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْمُنَافِقِينَ [29:11]

11\. Албатта, Аллоҳ медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон. Ва ин ду гӯруҳро бо василаи озмоиш дар сахтиҳо аз якдигар ҷудо месозад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\266

### الآية 29:12

> ﻿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا اتَّبِعُوا سَبِيلَنَا وَلْنَحْمِلْ خَطَايَاكُمْ وَمَا هُمْ بِحَامِلِينَ مِنْ خَطَايَاهُمْ مِنْ شَيْءٍ ۖ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ [29:12]

12\. Ва кофирони Қурайш ба мӯъминон гуфтанд: Дини Муҳаммадро тарк кунед ва пайравӣ кунед роху равиши моро, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт, бегумон онҳо дурӯғ мегӯянд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\ 14

### الآية 29:13

> ﻿وَلَيَحْمِلُنَّ أَثْقَالَهُمْ وَأَثْقَالًا مَعَ أَثْقَالِهِمْ ۖ وَلَيُسْأَلُنَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَمَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ [29:13]

13\. Ва албатта, мебардоранд гуноҳони худро ва гуноҳони дигаронро бо гуноҳони худ якҷоя ва ҳамоно рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофанд, пурсида хоҳанд шуд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\627

### الآية 29:14

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ فَلَبِثَ فِيهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ الطُّوفَانُ وَهُمْ ظَالِمُونَ [29:14]

14\. Ва Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш ба паёмбарӣ фиристодем. Ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон бизист. Ва онҳоро ба тавҳид даъват мекард ва аз ширк манъ мекард. Пас ӯро иҷобат накарданд, зеро мардуме ситампеша буданд, пас тӯфон онҳоро фурӯ гирифт.

### الآية 29:15

> ﻿فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَصْحَابَ السَّفِينَةِ وَجَعَلْنَاهَا آيَةً لِلْعَالَمِينَ [29:15]

15\. Пас, ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он киштиро(1) нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ё қиссаи Нӯҳро. Тафсири Саъдӣ 1\\628

### الآية 29:16

> ﻿وَإِبْرَاهِيمَ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاتَّقُوهُ ۖ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ [29:16]

16\. Ва ба ёд овар Иброҳимро, он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар бидонед.

### الآية 29:17

> ﻿إِنَّمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا وَتَخْلُقُونَ إِفْكًا ۚ إِنَّ الَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ لَكُمْ رِزْقًا فَابْتَغُوا عِنْدَ اللَّهِ الرِّزْقَ وَاعْبُدُوهُ وَاشْكُرُوا لَهُ ۖ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ [29:17]

17\. Ҳароина, шумо эй қавм, ғайри Аллоҳи якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастед, бешак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас ҳар якеро бар амали кардаи худ ҷазои муносиб медиҳад.

### الآية 29:18

> ﻿وَإِنْ تُكَذِّبُوا فَقَدْ كَذَّبَ أُمَمٌ مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ [29:18]

18\. Агар шумо ваҳйро дурӯғ мебароред, мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, дурӯғ мешумориданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ҷуз таблиғе равшангар ҳеҷ нест.

### الآية 29:19

> ﻿أَوَلَمْ يَرَوْا كَيْفَ يُبْدِئُ اللَّهُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ [29:19]

19\. Оё намебинанд, ки Аллоҳ чӣ гуна махлуқро меофаринад сипас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бешубҳа, ин кор бар Аллоҳ осон аст.

### الآية 29:20

> ﻿قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ بَدَأَ الْخَلْقَ ۚ ثُمَّ اللَّهُ يُنْشِئُ النَّشْأَةَ الْآخِرَةَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ [29:20]

20\. Бигӯ эй Расул, барои мункирони баъс: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Аллоҳ мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад.
Ба таҳқиқ, Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро оҷиз оварда наметавонад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\628

### الآية 29:21

> ﻿يُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ وَيَرْحَمُ مَنْ يَشَاءُ ۖ وَإِلَيْهِ تُقْلَبُونَ [29:21]

21\. Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, мавриди раҳмат қарор медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.

### الآية 29:22

> ﻿وَمَا أَنْتُمْ بِمُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي السَّمَاءِ ۖ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ [29:22]

22\. Шумо наметавонед (Аллоҳро) дармонда кунед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»

### الآية 29:23

> ﻿وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَلِقَائِهِ أُولَٰئِكَ يَئِسُوا مِنْ رَحْمَتِي وَأُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ [29:23]

23\. Ва онҳо, ки ба оёти Аллоҳ ва дидори Ӯ имон надоранд ва ба вуқӯъ омадани қиёматро инкор мекунанд, онҳо аз сабаби мушоҳида карданашон азобро дар охират аз раҳмати Ман ноумед шуданд. Ин гуна касон барояшон азоби дардовар аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\ 23

### الآية 29:24

> ﻿فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا اقْتُلُوهُ أَوْ حَرِّقُوهُ فَأَنْجَاهُ اللَّهُ مِنَ النَّارِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ [29:24]

24\. Ҷавоби қавми Иброҳим алайҳиссалом ин буд, ки гуфтанд: Бикушед ӯро ё бо оташ ӯро бисӯзонед. Пас, ӯро дар оташ афканданд ва Аллоҳ ӯро аз оташ бираҳонид. Ва бешак, дар наҷот додани Мо Иброҳимро аз оташ, барои қавме, ки имон меоваранд ва ба шариати Ӯ амал мекунанд, ибратҳоест.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дар қиссаи Иброҳим. Тафсири Саъдӣ 1/ 629

### الآية 29:25

> ﻿وَقَالَ إِنَّمَا اتَّخَذْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا مَوَدَّةَ بَيْنِكُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ ثُمَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكْفُرُ بَعْضُكُمْ بِبَعْضٍ وَيَلْعَنُ بَعْضُكُمْ بَعْضًا وَمَأْوَاكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ نَاصِرِينَ [29:25]

25\. Гуфт Иброҳим: «Ҳароина, шумо бутонеро ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди худ гирифтаед, то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред.

### الآية 29:26

> ﻿۞ فَآمَنَ لَهُ لُوطٌ ۘ وَقَالَ إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّي ۖ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [29:26]

26\. Пас, даъвати Иброҳимро Лут тасдиқ кард. Ва Иброҳим гуфт: Бешубҳа, ман ба сӯи Парвардигорам ба замини муборак(1) ҳиҷрат мекунам, ҳароина, Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бп Шом 2. Тафсири Бағавӣ 6\\238

### الآية 29:27

> ﻿وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَجَعَلْنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ النُّبُوَّةَ وَالْكِتَابَ وَآتَيْنَاهُ أَجْرَهُ فِي الدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ [29:27]

27\. Ва додем барои Иброҳим фарзанд Исҳоқро ва наберааш Яъқубро ва дар фарзандони Иброҳим паёмбариву китобро муқаррар доштем. Ва подошашро дар дунё (ба ёддошти нек ва фарзандони солеҳ) додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\629

### الآية 29:28

> ﻿وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ [29:28]

28\. Ва ба ёд овар эй Паёмбар,
Лутро, вақте ки ба қавми худ гуфт: Шумо кори зиштеро(1) пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ливотагариро.

### الآية 29:29

> ﻿أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ السَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِي نَادِيكُمُ الْمُنْكَرَ ۖ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا ائْتِنَا بِعَذَابِ اللَّهِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ [29:29]

29\. Оё, ҳароина, шумо бо мардон алоқаи ҷинсӣ мекунед ва роҳзанӣ мекунед ва дар маҳфили худ муртакиби корҳои нописанд(1) мешавед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: **«Агар рост мегӯӣ, азоби Аллоҳро бар сари мо биёвар!»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Масхараи одамони мусофир. Тафсири Табарӣ 20/31

### الآية 29:30

> ﻿قَالَ رَبِّ انْصُرْنِي عَلَى الْقَوْمِ الْمُفْسِدِينَ [29:30]

30\. Гуфт Лут: Эй Парвардигори ман, маро болои мардуми фасодкор (бо фуруд овардани азоб бар болояшон) нусрат деҳ! Пас, Аллоҳ дуояшро иҷобат кард.

### الآية 29:31

> ﻿وَلَمَّا جَاءَتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَىٰ قَالُوا إِنَّا مُهْلِكُو أَهْلِ هَٰذِهِ الْقَرْيَةِ ۖ إِنَّ أَهْلَهَا كَانُوا ظَالِمِينَ [29:31]

31\. Чун фиристодагони(1) Мо ба :Иброҳим мужда(2) оварданд, гуфтанд: **«Мо, бешубҳа, мардуми ин деҳаро(3) ҳалок хоҳем кард, ки мардуми ситамкоре ҳастанд»**.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне фариштагон. 2. Яъне, таваллуди Исҳоқро ва аз паси Исҳоқ фарзандаш Яъқубро. Тафсири Саъдӣ 1/ 630 3. Деҳаи Садум.

### الآية 29:32

> ﻿قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطًا ۚ قَالُوا نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَنْ فِيهَا ۖ لَنُنَجِّيَنَّهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ [29:32]

32\. Иброҳим гуфт: Лут дар он ҷост. Гуфтанд: Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар куҷост. Бегумон ӯ ва хонадонаш, ҷуз занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.

### الآية 29:33

> ﻿وَلَمَّا أَنْ جَاءَتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِيءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالُوا لَا تَخَفْ وَلَا تَحْزَنْ ۖ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهْلَكَ إِلَّا امْرَأَتَكَ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ [29:33]

33\. Ва чун фиристодагони(1) Мо назди Лут омаданд, сахт нороҳат ва дилтанг шуд. Гуфтанд фариштагон: «Матарс ва ғамгин мабош, ҳамоно туву хонадонат, ҷуз занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, фариштагон.

### الآية 29:34

> ﻿إِنَّا مُنْزِلُونَ عَلَىٰ أَهْلِ هَٰذِهِ الْقَرْيَةِ رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ [29:34]

34\. Ҳамоно мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби кирдори бадашон(1), ки мекарданд, аз осмон азоб нозил хоҳем кард».
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, фоҳишагариашон. Тафсири Табарӣ 20/33

### الآية 29:35

> ﻿وَلَقَدْ تَرَكْنَا مِنْهَا آيَةً بَيِّنَةً لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ [29:35]

35\. Ҳароина, аз он деҳа барои хирадмандон ибрати равшане бар ҷой гузоштем.

### الآية 29:36

> ﻿وَإِلَىٰ مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَارْجُوا الْيَوْمَ الْآخِرَ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ [29:36]

36\. Ва бародарашон Шуъайбро ба аҳли Мадян фиристодем. Гуфт: Эй қавми ман,
Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед, лекин тавба кунед аз кирдори бадатон ва ба сӯи Ӯ бозгардед.

### الآية 29:37

> ﻿فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دَارِهِمْ جَاثِمِينَ [29:37]

37\. Пас, дурӯғгӯяш шумориданд ва зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, мурданд.

### الآية 29:38

> ﻿وَعَادًا وَثَمُودَ وَقَدْ تَبَيَّنَ لَكُمْ مِنْ مَسَاكِنِهِمْ ۖ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَكَانُوا مُسْتَبْصِرِينَ [29:38]

38\. Ва Оду Самудро низ ҳалок кардем. Ва ин аз ҷойгоҳи сукунаташон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи имон боздошт. Ва ҳол он ки дар куфру залолаташон мардуме соҳиби ақлу ҳӯш буданд. Гумон мекарданд бар роҳи ҳақ ҳастанд, вале онҳо дар залолат ғарқшудагонанд.(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\35

### الآية 29:39

> ﻿وَقَارُونَ وَفِرْعَوْنَ وَهَامَانَ ۖ وَلَقَدْ جَاءَهُمْ مُوسَىٰ بِالْبَيِّنَاتِ فَاسْتَكْبَرُوا فِي الْأَرْضِ وَمَا كَانُوا سَابِقِينَ [29:39]

39\. Ва низ ҳалок кардем Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки ҳамоно Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин такаббур ва саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Аллоҳ бигурезанд.

### الآية 29:40

> ﻿فَكُلًّا أَخَذْنَا بِذَنْبِهِ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِ حَاصِبًا وَمِنْهُمْ مَنْ أَخَذَتْهُ الصَّيْحَةُ وَمِنْهُمْ مَنْ خَسَفْنَا بِهِ الْأَرْضَ وَمِنْهُمْ مَنْ أَغْرَقْنَا ۚ وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ [29:40]

40\. Пас, ҳар якеро ба сазои гуноҳашон ба азоб дучор кардем: ба баъзе тӯфонҳои регбор фиристодем ва онон қавми Лут буданд ва баъзеро наъраи даҳшатнок фурӯ гирифт, онон қавми Самуд ва мардуми Мадян буданд ва баъзеро дар замин фурӯ бурдем, ки онон Қорун ва ёронаш буданд ва баъзеро ғарқ сохтем, ки онон Қавми Нӯҳ, Фиръавн, Ҳомон ва қавмашон буданд. Ва Аллоҳ ҳаргиз ба онҳо ситам накарда буд, балки онҳо худ ба хештан ситам карда буданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\631

### الآية 29:41

> ﻿مَثَلُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْلِيَاءَ كَمَثَلِ الْعَنْكَبُوتِ اتَّخَذَتْ بَيْتًا ۖ وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنْكَبُوتِ ۖ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ [29:41]

41\. Мисоли онон, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстоне гирифтанд, ҳамчун кори анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ба дурустӣ, ки агар медонистанд, ҳароина, сусттарини хонаҳо, хонаи анкабут аст.

### الآية 29:42

> ﻿إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [29:42]

42\. Ба таҳқиқ, Аллоҳи якто медонад, ки он чиро ғайр аз вай мепарастанд чизе нест, балки танҳо номҳоест, ки онҳоро номидаанд на фоида ва на зиёне расонида метавонанд ва Ӯ бар душманонаш пирӯзманд аст ва дар корҳояш бо ҳикмат аст! (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\39

### الآية 29:43

> ﻿وَتِلْكَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ ۖ وَمَا يَعْقِلُهَا إِلَّا الْعَالِمُونَ [29:43]

43\. Ин масалҳоро барои мардум меорем, то манфиат баранд ва аз он таълим бигиранд
ва он масалҳоро ҷуз доноён дарк намекунанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\631

### الآية 29:44

> ﻿خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِلْمُؤْمِنِينَ [29:44]

44\. Аллоҳ осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва бешак, дар офариниши осмонҳо
ва замин ибратест барои мӯъминон.

### الآية 29:45

> ﻿اتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ وَأَقِمِ الصَّلَاةَ ۖ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ ۗ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ [29:45]

45\. Эй Паёмбар! Ҳар чиро аз ин китоби Қуръон бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намозро бо аркону шартҳояш бигзор, ки ҳароина, муҳофизат кардан бар намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва дилаш мунаввар мешавад ва имонаш зиёд мегардад ва зикри Аллоҳ дар намоз ва ғайри намоз бузургтар ва афзалтар аст ва Аллоҳ ба корҳое, ки аз неку бад мекунед, огоҳ аст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\632

### الآية 29:46

> ﻿۞ وَلَا تُجَادِلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ ۖ وَقُولُوا آمَنَّا بِالَّذِي أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَأُنْزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمْ وَاحِدٌ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ [29:46]

46\. Бо аҳли китоб (яъне, бо яҳуду насоро) ба некӯтарин шева муҷодала кунед.
Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба тамоми он чи бар мо нозил шуда аз Қуръон ва он чи бар шумо нозил шудааст аз Таврот ва Инҷил, имон овардем, ки ҳама аз
назди Аллоҳ таолост. Ва маъбуди мову маъбуди шумо якест ва на барои У шарике аст на зидде ва на ҳамтое ва мо дар баробари Ӯ фармонбардорем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\49

### الآية 29:47

> ﻿وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ ۚ فَالَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۖ وَمِنْ هَٰؤُلَاءِ مَنْ يُؤْمِنُ بِهِ ۚ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الْكَافِرُونَ [29:47]

47\. Чунонки китобҳои собиқро пеш аз ту фуруд овардем ҳамчунон ин китоби Қуръонро бар ту нозил кардем. Пас, аҳли Китоб ба он имон меоваранд ва аз ин арабҳои Қурайш ва ғайри онҳо низ касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва ҷуз кофирон касе оёти Қуръони Моро инкор намекунад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\50

### الآية 29:48

> ﻿وَمَا كُنْتَ تَتْلُو مِنْ قَبْلِهِ مِنْ كِتَابٍ وَلَا تَخُطُّهُ بِيَمِينِكَ ۖ إِذًا لَارْتَابَ الْمُبْطِلُونَ [29:48]

48\. Ва аз мӯъҷизаҳои равшани ту ин аст, ки ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ чизе наменавиштӣ. Ҳоло ин ки онҳо инро медонистанд. Агар пеш аз ваҳйи Илоҳӣ хонанда ё нависанда мебудӣ, ахли ботил ба шак меафтоданд.

### الآية 29:49

> ﻿بَلْ هُوَ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ فِي صُدُورِ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ ۚ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الظَّالِمُونَ [29:49]

49\. Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро танҳо ситамкорон инкор мекунанд.

### الآية 29:50

> ﻿وَقَالُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ آيَاتٌ مِنْ رَبِّهِ ۖ قُلْ إِنَّمَا الْآيَاتُ عِنْدَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُبِينٌ [29:50]

50\. Ва мушрикон гуфтанд: Чаро аз ҷониби Парвардигораш нишонаҳое(1) бар Муҳаммад нозил намешавад? Бигӯ: нишонаҳо дар назди Аллоҳ аст ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Мисли шутури Солеҳ ва асои Мӯсо алайҳимассалом.

### الآية 29:51

> ﻿أَوَلَمْ يَكْفِهِمْ أَنَّا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَرَحْمَةً وَذِكْرَىٰ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ [29:51]

51\. Оё ононро басанда нест, ки бар ту, ба таҳқиқ, Қуръон фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоби Қуръон барои мӯъминон раҳмату панд аст!

### الآية 29:52

> ﻿قُلْ كَفَىٰ بِاللَّهِ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ شَهِيدًا ۖ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَالَّذِينَ آمَنُوا بِالْبَاطِلِ وَكَفَرُوا بِاللَّهِ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ [29:52]

52\. Бигӯ: Аллоҳ ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист, ки ман расули Ӯ ҳастам. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида нест. Касоне, ки ба ботил имон оварданд ва ба Аллоҳ кофир шуданд, онҳо дар дунёву охират зиёнкоронанд.

### الآية 29:53

> ﻿وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ ۚ وَلَوْلَا أَجَلٌ مُسَمًّى لَجَاءَهُمُ الْعَذَابُ وَلَيَأْتِيَنَّهُمْ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ [29:53]

53\. Ва мушрикони қавмат тамасхӯрона аз ту азобро ба шитоб металабанд. Агар онро мавъиди муайяне набуд, бешубҳа, бар онҳо меомад. Ва ҳатман, ногаҳон ва бидуни он, ки хабардор шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад.

### الآية 29:54

> ﻿يَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ [29:54]

54\. Онон аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам, ҳароина, бар кофирон иҳота дорад.

### الآية 29:55

> ﻿يَوْمَ يَغْشَاهُمُ الْعَذَابُ مِنْ فَوْقِهِمْ وَمِنْ تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ وَيَقُولُ ذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [29:55]

55\. Рӯз қиёмат, ки азоб аз болои сари кофирон ва аз зери пойҳояшон онҳоро дарбар гирад ва Аллоҳ он замон бигӯяд: **«Ба хотири аъмоле(1), ки дар дунё мекардед, инак, азобро бичашед!»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аз шарик оварданатон ба Аллоҳи ягона.

### الآية 29:56

> ﻿يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ أَرْضِي وَاسِعَةٌ فَإِيَّايَ فَاعْبُدُونِ [29:56]

56\. Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардед, агар аз изҳор кардани имонатон дар тангӣ бошед ба таҳқиқ, замини ман фарох аст, пас, ҳиҷрат кунед ва танҳо маро бипарастед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
2\. Тафсири Бағавӣ 6\\251

### الآية 29:57

> ﻿كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۖ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ [29:57]

57\. Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Мо бозгардонида мешавед.

### الآية 29:58

> ﻿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُبَوِّئَنَّهُمْ مِنَ الْجَنَّةِ غُرَفًا تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ [29:58]

58\. Касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман, дар ҳуҷраҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест.

### الآية 29:59

> ﻿الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ [29:59]

59\. Онҳо, ки бар ибодати Аллоҳ сабр варзиданд ва дар динашон устувор истоданд ва дар ризқу рӯзии худ бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\57

### الآية 29:60

> ﻿وَكَأَيِّنْ مِنْ دَابَّةٍ لَا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ [29:60]

60\. Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили ба даст овардани рӯзии хеш надоранд ва Аллоҳ онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ ба гуфтори шумо шунаво ва ба кирдор ва ниятҳои шумо доност!

### الآية 29:61

> ﻿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ [29:61]

61\. Агар аз онҳо бипурсӣ эй Паёмбар: чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст? Ҳатман, хоҳанд гуфт: Аллоҳи якто. Чунки ба инкори ин ҳақиқат қодир нестанд. Пас, чӣ гуна баъд аз ин эътироф баргардонида мешаванд аз роҳи ҳақ (аз тавҳид)?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\635

### الآية 29:62

> ﻿اللَّهُ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَيَقْدِرُ لَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ [29:62]

62\. Аллоҳ рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё танг месозад, ҳар киро, ки хоҳад. Ҳароина, Аллоҳ ба умури ҳама чиз доност ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!

### الآية 29:63

> ﻿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ نَزَّلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِ مَوْتِهَا لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۚ قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ [29:63]

63\. Агар аз мушрикон бипурсӣ эй Паёмбар: Чӣ касе аз осмон борон фиристод
ва замини мурдаро бо он зинда кард?» Ҳатман, хоҳанд гуфт: **«Аллоҳи якто»**. Бигӯ: **«Сипос Аллоҳрост!»** Вале бештаринашон намефаҳманд чӣ ба онҳо суд меорад ва чӣ зарар мерасонад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\59

### الآية 29:64

> ﻿وَمَا هَٰذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ ۚ وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ [29:64]

64\. Зиндагонии ин дунё нест, ҷуз бозиву беҳудагӣ, ки дилҳо ба он саргарм мешаванд ва баданҳо ба он бозӣ мекунанд. Ба сабабе, ки дар он зебу зиннатҳо ва шаҳватҳо ороста шудааст. Баъд аз он зуд аз байн меравад. Ва зиндагии ҷаҳони охират, зиндагии ростин аст, агар мушрикон ин дунёи фониро медонистанд ҳеҷгоҳ бар сарои абадӣ тарҷеҳ намедоданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\635

### الآية 29:65

> ﻿فَإِذَا رَكِبُوا فِي الْفُلْكِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ إِذَا هُمْ يُشْرِكُونَ [29:65]

65\. Ва чун мушрикон ба киштӣ савор шаванд аз ғарқ шудани дар баҳр битарсанд, он ҳангом Аллоҳро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун аз ғарқ шудан наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, дар он ҳолат боз ширк меоваранд,

### الآية 29:66

> ﻿لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ وَلِيَتَمَتَّعُوا ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ [29:66]

66\. то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, ношукрӣ кунанд ва чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузари дунё бархурдор шаванд. Албатта, ба зудӣ хоҳанд донист, вайронаи амалашонро ва он чи Аллоҳ омода кардааст барояшон азоби дардовари рӯзи қиёматро.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6/ 255 Ин оят барои мушрикон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.

### الآية 29:67

> ﻿أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا جَعَلْنَا حَرَمًا آمِنًا وَيُتَخَطَّفُ النَّاسُ مِنْ حَوْلِهِمْ ۚ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَكْفُرُونَ [29:67]

67\. Оё надидаанд кофирони Макка, ки Мо ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон рабуда мешаванд ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд? Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрӣ мекунанд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсир Табарӣ 20\\62

### الآية 29:68

> ﻿وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُ ۚ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِلْكَافِرِينَ [29:68]

68\. Пас, кист ситамгортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме, ки ҳақ (яъне, Қуръон) ба сӯи ӯ ояд, дурӯғ мешуморад? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест, ки паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дурӯғ мебароранд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\256

### الآية 29:69

> ﻿وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ [29:69]

69\. Касонеро, ки дар роҳи пирӯзии дини Мо кӯшиш кунанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва Аллоҳ, ҳароина, бо некӯкорон аст, онҳоро нусрат, муҳофизат ва ҳидоят мекунад!

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/29.md)
- [كل تفاسير سورة العنكبوت
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/29.md)
- [ترجمات سورة العنكبوت
](https://quranpedia.net/translations/29.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/29/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
