---
title: "ترجمة سورة لقمان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/31/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/31/book/1985"
surah_id: "31"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة لقمان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/31/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة لقمان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/31/book/1985*.

Translation of Surah لقمان from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 31:1

> الم [31:1]

1\. Алиф, Лом, Мим.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.

### الآية 31:2

> ﻿تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْحَكِيمِ [31:2]

2\. Ин оятҳои китоби Қуръон ҳикматомӯз аст.

### الآية 31:3

> ﻿هُدًى وَرَحْمَةً لِلْمُحْسِنِينَ [31:3]

3\. (Ин оятҳо барои некӯкороне, ки бо китоби Қуръон ва суннати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал мекунанд,) ҳидоят ва бахшоиш аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\124

### الآية 31:4

> ﻿الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ [31:4]

4\. Онон, ки намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти фарзшударо ба мустаҳиқонаш медиҳанд ва онҳо ба охират боварии яқин доранд.

### الآية 31:5

> ﻿أُولَٰئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ [31:5]

5\. Инҳо касонеанд, ки аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо дар дунёву охират наҷотёфтагонанд.

### الآية 31:6

> ﻿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْتَرِي لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا ۚ أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ [31:6]

6\. Ва дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки харидори сухани беҳудаанд(1), то бе ягон донише мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд ва Қуръонро ба масхара гиранд. Барои он гурӯҳ азоби хоркунандааст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ҳар сухане, ки инсонро аз тоат ва ризогии Парвардигор бозмедорад.

### الآية 31:7

> ﻿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا وَلَّىٰ مُسْتَكْبِرًا كَأَنْ لَمْ يَسْمَعْهَا كَأَنَّ فِي أُذُنَيْهِ وَقْرًا ۖ فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ [31:7]

7\. Ва чун оёти Мо бар ӯ хонда шаванд, бо худписандӣ рӯй баргардонад ва такаббур кунад, чунон ки гӯё он оёти моро нашунидааст. Ё монанди касе, ки дар ҳарду гӯши вай вазнинӣ аст, ки чизеро намешунавад. Эй Паёмбар, ӯро ба азоби дардовари рӯзи қиёмат мужда деҳ!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\332

### الآية 31:8

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتُ النَّعِيمِ [31:8]

8\. Ба дурустӣ, онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман барояшон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.

### الآية 31:9

> ﻿خَالِدِينَ فِيهَا ۖ وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [31:9]

9\. Дар он ҷо дар ҷаннат ҷовидонаанд, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Ӯ дар амраш пирӯзманд ва дар тадбираш ҳакиму доно аст!

### الآية 31:10

> ﻿خَلَقَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا ۖ وَأَلْقَىٰ فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَنْ تَمِيدَ بِكُمْ وَبَثَّ فِيهَا مِنْ كُلِّ دَابَّةٍ ۚ وَأَنْزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَنْبَتْنَا فِيهَا مِنْ كُلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍ [31:10]

10\. Аллоҳ осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне офаридааст, ки мебинед ва бар рӯи замин кӯҳҳоро устувор бияфканд, то шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае (ҷондоре) дар он замин пароканда кардааст. Ва аз осмон об фуруд овардем ва дар он замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.

### الآية 31:11

> ﻿هَٰذَا خَلْقُ اللَّهِ فَأَرُونِي مَاذَا خَلَقَ الَّذِينَ مِنْ دُونِهِ ۚ بَلِ الظَّالِمُونَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ [31:11]

11\. Ҳар он чи ки шумо мебинед, ин офариниши Аллоҳ аст. Пас, ба Ман нишон диҳед эй мушрикон, касонеро аз маъбудони шумо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, ки чӣ чизеро офаридаанд? Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\286

### الآية 31:12

> ﻿وَلَقَدْ آتَيْنَا لُقْمَانَ الْحِكْمَةَ أَنِ اشْكُرْ لِلَّهِ ۚ وَمَنْ يَشْكُرْ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ [31:12]

12\. Ва албатта, ба Луқмон (бандаи солеҳ) ҳикмат(1) додем ва ба ӯ гуфтем: **«Аллоҳро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, албатта, ба фоидаи худ шукр гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Аллоҳ аз шукргузории бандагонаш бениёз аст ва дар ҳама ҳол сутудааст!»**(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дониш дар дин ва ақли саломат ва сухани ҳақ. 2. Яъне, сазовори ситоиш аст.

### الآية 31:13

> ﻿وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ [31:13]

13\. (Ва эй Расул, ёдовар шав) он гоҳ ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Аллоҳ ширк маёвар, ҳароина, ширк ситами бузургест.

### الآية 31:14

> ﻿وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَىٰ وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [31:14]

14\. Одамиро дар бораи некӯӣ кардан ба падару модараш супориш кардем, модараш ӯро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар бардошт(1) ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар давоми ду сол аст. Ва супориш кардем, то ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, то таваллуд карданаш рӯз то рӯз модараш беқувват мешавад.

### الآية 31:15

> ﻿وَإِنْ جَاهَدَاكَ عَلَىٰ أَنْ تُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا ۖ وَصَاحِبْهُمَا فِي الدُّنْيَا مَعْرُوفًا ۖ وَاتَّبِعْ سَبِيلَ مَنْ أَنَابَ إِلَيَّ ۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [31:15]

15\. Эй фарзанди мӯъмин, агар он ду (падару модарат мушрик бошанд), талош кунанд, ки чизеро ба ҳақиқати он дониш надорӣ онро шарики ман қарор диҳӣ, аз он итоат макун. Дар дунё ба хубӣ бо онон рафтор кун ва худ роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба даргоҳи Ман тавба карда бозмегарданд. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам ва ҳар якеро ҷазои муносиб ҷазо хоҳам дод.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\139

### الآية 31:16

> ﻿يَا بُنَيَّ إِنَّهَا إِنْ تَكُ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِنْ خَرْدَلٍ فَتَكُنْ فِي صَخْرَةٍ أَوْ فِي السَّمَاوَاتِ أَوْ فِي الْأَرْضِ يَأْتِ بِهَا اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ [31:16]

16\. Луқмон гуфт: эй писараки ман! «Агар амали бад ё нек ба қадри як донаи хардал (сипандон ё ҳазориспанд) дар даруни санге ё дар бурҷи осмонҳо ё дар қаъри замин бошад, Аллоҳ таоло ҳатман рӯзи қиёмат ӯро меоварад, ки ҳароина, Ӯ ба амалҳои бандагонаш нозукбину огоҳ аст!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\648

### الآية 31:17

> ﻿يَا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا أَصَابَكَ ۖ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ [31:17]

17\. Эй писараки ман! Намозро бо тамоми аркон ва шартҳову воҷиботаш бигузор ва бо ҳикмат амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ азият бар ту расад, сабр кун, албатта, ин аз муҳимтарин корҳоест, ки бояд дар он устувор бошӣ.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\142

### الآية 31:18

> ﻿وَلَا تُصَعِّرْ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمْشِ فِي الْأَرْضِ مَرَحًا ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ [31:18]

18\. Ба такаббур аз мардум рӯй магардон, вақте ки бо ту сухан гӯянд ё бо онҳо сухан гӯй ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳароина, Аллоҳ ҳеҷ худситои фахркунандаро дӯст надорад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 6\\289

### الآية 31:19

> ﻿وَاقْصِدْ فِي مَشْيِكَ وَاغْضُضْ مِنْ صَوْتِكَ ۚ إِنَّ أَنْكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ [31:19]

19\. Ва дар роҳ рафтанат роҳи миёнаро пеша кун ва овозатро фуруд ор (паст кун), ҳамоно бадтарини овозҳо, овози харон аст.

### الآية 31:20

> ﻿أَلَمْ تَرَوْا أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُمْ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُ ظَاهِرَةً وَبَاطِنَةً ۗ وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ [31:20]

20\. Эй мардум, оё надидаед, ки ба таҳқиқ Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин
аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чи ошкор монанди узви бадан ва чи пинҳон монанди ақл ба пуррагӣ бар шумо арзонӣ доштааст? Ва баъзе аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донишу роҳнамоӣ ва китоби равшане дар бораи Аллоҳ ҷидол мекунанд.

### الآية 31:21

> ﻿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۚ أَوَلَوْ كَانَ الشَّيْطَانُ يَدْعُوهُمْ إِلَىٰ عَذَابِ السَّعِيرِ [31:21]

21\. Ва чун барои онҳое, ки дар ибодати ягонагии Аллоҳ ҷидол мекунанд, гуфта шавад: **«Аз он чи Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед»**, гӯянд: **«(На), балки мо аз чизе пайрвӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтем»**. Оё ҳатто агарчи шайтон онҳоро ба азоби оташи сӯзон даъват кунад, боз ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд?!(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\347

### الآية 31:22

> ﻿۞ وَمَنْ يُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَى اللَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ ۗ وَإِلَى اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ [31:22]

22\. Ва ҳар касе некӯкорона рӯи хешро ба сӯй Аллоҳ таслим кунад, албатта, ба дастовези бисёр мустаҳкам чанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ аст! Пас, некӯкорро бар некӯиаш ва бадкорро бар бадиаш ҷазо хоҳад дод.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\650

### الآية 31:23

> ﻿وَمَنْ كَفَرَ فَلَا يَحْزُنْكَ كُفْرُهُ ۚ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ فَنُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ [31:23]

23\. Ва касе, ки кофир шудааст, куфраш туро эй Расул, ғамгин насозад, зеро вазифаи ту танҳо даъват кардани мардум ба сӯи ҳақ аст. Бозгашташон назди Мост. Пас, ба корҳое, ки дар дунё кардаанд, огоҳашон мекунем. Ҳароина, Аллоҳ ба он чи дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 6\\347

### الآية 31:24

> ﻿نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلًا ثُمَّ نَضْطَرُّهُمْ إِلَىٰ عَذَابٍ غَلِيظٍ [31:24]

24\. Онҳоро андаке дар ин дунёи фонӣ баҳраманд месозем, сипас рӯзи қиёмат онҳоро ба бечорагӣ ба азоби сахт мекашем.

### الآية 31:25

> ﻿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۚ قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ [31:25]

25\. Агар аз онҳо бипурсӣ: **«Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?»** Ҳатман, мегӯянд: **«Аллоҳ»**. Бигӯ эй Расули ман: **«Ҳамаи ҳамду ситоиш хос барои Аллоҳ аст!»** Вале бештари он мушрикон намедонанд ва андеша ҳам намекунанд, ки танҳо Аллоҳи барҳақ сазовори ҳамду ситоиш аст ва аз ин сабаб ба Аллоҳ шарик меоранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\650

### الآية 31:26

> ﻿لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ [31:26]

26\. Аз они Аллоҳ аст ҳама он чи дар осмонҳову замин вуҷуд дорад, пас сазовор нест, ки ғайри Ӯро парастиш карда
шавад ва ҳароина, Аллоҳ аз халқаш бениёз аст ва ба онҳо мӯҳтоҷ нест ва дар ҳама ҳол сутудааст!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дар ҳама ҳолат лоиқи ҳамду сипос аст.

### الآية 31:27

> ﻿وَلَوْ أَنَّمَا فِي الْأَرْضِ مِنْ شَجَرَةٍ أَقْلَامٌ وَالْبَحْرُ يَمُدُّهُ مِنْ بَعْدِهِ سَبْعَةُ أَبْحُرٍ مَا نَفِدَتْ كَلِمَاتُ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ [31:27]

27\. Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ранг шавад ва ҳафт дарёи дигар ба мададӣ ӯ биёянд
ва бо он қаламҳо суханони Аллоҳ навишта шавад ва қаламҳо шикаста шаванд ва рангҳо тамом шаванд, вале суханони Аллоҳ поён намеёбад. Ва албатта, Аллоҳ ғолиб аст бар касе, ки бар Ӯ шарик меорад ва ҳакиму доно аст дар тадбири кори халқаш!

### الآية 31:28

> ﻿مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ إِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۗ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ [31:28]

28\. Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон рӯзи қиёмат танҳо монанди зинда кардани як тан аст. Албатта, Аллоҳ ба гуфтугӯи шумо шунаво аст ва ба амалҳои шумо биност!

### الآية 31:29

> ﻿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى وَأَنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ [31:29]

29\. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз соатҳои шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз соатҳои рӯз мекоҳаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро барои шумо ром сохт, ки ҳар як то замони муайяне дар ҳаракат аст? Ва албатта,
Аллоҳ ба корҳои неку баде, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад.

### الآية 31:30

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ الْبَاطِلُ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْعَلِيُّ الْكَبِيرُ [31:30]

30\. Ин ҳама қудрату тавоноии Аллоҳ ба он сабаб аст, ки бояд бидонед, Аллоҳи якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ғайр аз Ӯ мехонанд ва ибодат мекунанд, ҳароина, ботил аст ва албатта, Аллоҳ баландмартабаву бузургвор аст.

### الآية 31:31

> ﻿أَلَمْ تَرَ أَنَّ الْفُلْكَ تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِنِعْمَتِ اللَّهِ لِيُرِيَكُمْ مِنْ آيَاتِهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ [31:31]

31\. Оё надидаӣ эй бинанда, ки киштиҳо ба фазли Аллоҳ дар дарё равон мешаванд, то Аллоҳ баъзе аз нишонаҳои қудрати тавоноии худро ба шумо бинамоёнад? Ҳароина, дар ин кор барои мардуми сабркунандаи сипосгузор ибратҳост!

### الآية 31:32

> ﻿وَإِذَا غَشِيَهُمْ مَوْجٌ كَالظُّلَلِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ فَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ ۚ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا كُلُّ خَتَّارٍ كَفُورٍ [31:32]

32\. Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, пас мушрикон Аллоҳро аз рӯи ихлос мехонанд ва ибодатро хоси Ӯ медонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, пас баъзе аз онҳо миёнарав ҳастанд(1) ва баъзеяшон кофир. Ва ғайр аз хиёнаткорон (нобакорон) оёти Моро ҳеҷ каси дигар инкор намекунанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ба сурати комил шукри Аллоҳро ба ҷо намеоранд.

### الآية 31:33

> ﻿يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ وَاخْشَوْا يَوْمًا لَا يَجْزِي وَالِدٌ عَنْ وَلَدِهِ وَلَا مَوْلُودٌ هُوَ جَازٍ عَنْ وَالِدِهِ شَيْئًا ۚ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُمْ بِاللَّهِ الْغَرُورُ [31:33]

33\. Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад,(1) ҳазар кунед. Ваъдаи Аллоҳ албатта, ҳақ аст, пас зиндагонии дунё шуморо фиреб надиҳад, то ки охиратро фаромӯш накунед ва низ шайтони фиребкор(2) ба карами Аллоҳ фиребатон насозад.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, фарзанде наметавонад некиҳои падарашро зиёд кунад, ё аз бадиҳояш кам кунад, ё ин ки ягон падаре наметавонад чунин корҳоро иҷро кунад. 2. Яъне, фиребкорҳое, ки аз инсу ҷин васваса мекунанд ва мефармоянд, ки Алдоҳ ҳар навъ гуноҳро мебахшад.

### الآية 31:34

> ﻿إِنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ الْغَيْثَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْأَرْحَامِ ۖ وَمَا تَدْرِي نَفْسٌ مَاذَا تَكْسِبُ غَدًا ۖ وَمَا تَدْرِي نَفْسٌ بِأَيِّ أَرْضٍ تَمُوتُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ [31:34]

34\. Ӯст, ки боронро меборонад ва аз он чи дар бачадони занҳои ҳомила аст, медонад. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чи чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, балки донистани ин умур аз хусусияти Аллоҳ аст. Ҳароина, Аллоҳ донову огоҳ аст ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 20\\159

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/31.md)
- [كل تفاسير سورة لقمان
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/31.md)
- [ترجمات سورة لقمان
](https://quranpedia.net/translations/31.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/31/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
