---
title: "ترجمة سورة الزخرف - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/43/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/43/book/1985"
surah_id: "43"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الزخرف - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/43/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الزخرف - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/43/book/1985*.

Translation of Surah الزخرف from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 43:1

> حم [43:1]

1\. Ҳо, Мим.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.

### الآية 43:2

> ﻿وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ [43:2]

2\. Савганд ба ин Қуръони равшан ва равшангар дар лафз ва маъно!

### الآية 43:3

> ﻿إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ [43:3]

3.Мо ин китоби Қуръонро ба забони арабӣ бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил кардем. Шояд, ки бифаҳмед ва дарёбед маъноҳояшро.

### الآية 43:4

> ﻿وَإِنَّهُ فِي أُمِّ الْكِتَابِ لَدَيْنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ [43:4]

4.Ва бегумон он дар Лавҳи Маҳфуз(1) дар назди Мост. Ба дурустӣ, ин китоб баландқадр ва боҳикмат аст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавй 7/202

### الآية 43:5

> ﻿أَفَنَضْرِبُ عَنْكُمُ الذِّكْرَ صَفْحًا أَنْ كُنْتُمْ قَوْمًا مُسْرِفِينَ [43:5]

5.Оё ба он сабаб, ки мардуми исрофкори саркаш ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо боздорем?

### الآية 43:6

> ﻿وَكَمْ أَرْسَلْنَا مِنْ نَبِيٍّ فِي الْأَوَّلِينَ [43:6]

6.Чи қадар паёмбаронро дар миёни пешиниён фиристодем.

### الآية 43:7

> ﻿وَمَا يَأْتِيهِمْ مِنْ نَبِيٍّ إِلَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ [43:7]

7\. Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо
фиристода намешуд, магар он ки масхарааш мекарданд.

### الآية 43:8

> ﻿فَأَهْلَكْنَا أَشَدَّ مِنْهُمْ بَطْشًا وَمَضَىٰ مَثَلُ الْأَوَّلِينَ [43:8]

8\. Пас, Мо касонеро ҳалок кардем, ки нерумандтар аз инҳо ҳам буданд ва қудрати зиёдтаре ҳам доштанд ва намунае аз қиссаи пешиниён гузаштааст, ки бархе аз онҳоро бароят баён кардем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21/571

### الآية 43:9

> ﻿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ الْعَزِيزُ الْعَلِيمُ [43:9]

9\. Эй Паёмбар агар аз онҳо пурсӣ: **«Чӣ зоте осмонҳову заминро офаридааст?»** Мегӯянд: **«Онҳоро Он пирӯзманди доно офаридааст,»**

### الآية 43:10

> ﻿الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَجَعَلَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ [43:10]

10\. Он ки заминро паҳн кард ва бистари шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳо падид овард, бошад, ки шумо ҳидоят ёбед.

### الآية 43:11

> ﻿وَالَّذِي نَزَّلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً بِقَدَرٍ فَأَنْشَرْنَا بِهِ بَلْدَةً مَيْتًا ۚ كَذَٰلِكَ تُخْرَجُونَ [43:11]

11\. Ва он ки аз осмон об (борон) фиристод ба андозаи муъайян. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем.
Шумо низ эй одамон инчунин аз гӯрҳо берун оварда мешавед.

### الآية 43:12

> ﻿وَالَّذِي خَلَقَ الْأَزْوَاجَ كُلَّهَا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنَ الْفُلْكِ وَالْأَنْعَامِ مَا تَرْكَبُونَ [43:12]

12\. Ва он ки ҳама махлуқотро ҷуфт биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён (шутур, асп ва хар) маркабҳо сохт, ки бар онҳо савор мешавед.

### الآية 43:13

> ﻿لِتَسْتَوُوا عَلَىٰ ظُهُورِهِ ثُمَّ تَذْكُرُوا نِعْمَةَ رَبِّكُمْ إِذَا اسْتَوَيْتُمْ عَلَيْهِ وَتَقُولُوا سُبْحَانَ الَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَٰذَا وَمَا كُنَّا لَهُ مُقْرِنِينَ [43:13]

13\. То бар пушти онҳо қарор гиред, ва чун бар он ҷой гирифтед неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он Зоте, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд.

### الآية 43:14

> ﻿وَإِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا لَمُنْقَلِبُونَ [43:14]

14\. Ва бегумон мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем».

### الآية 43:15

> ﻿وَجَعَلُوا لَهُ مِنْ عِبَادِهِ جُزْءًا ۚ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَكَفُورٌ مُبِينٌ [43:15]

15\. Ва он мушрикон барои Аллоҳ аз миёни бандагонаш фарзанде муқаррар карданд.(1) Ҳароина, одамӣ носипоси ошкор аст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, фариштагон духтарони Аллоҳанд. Тафсири Саъдӣ 1/763

### الآية 43:16

> ﻿أَمِ اتَّخَذَ مِمَّا يَخْلُقُ بَنَاتٍ وَأَصْفَاكُمْ بِالْبَنِينَ [43:16]

16\. Оё аз он чӣ меофаринад барои худ духтаронро баргирифт ва шуморо бо писарон баргузидааст?

### الآية 43:17

> ﻿وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُمْ بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحْمَٰنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ [43:17]

17\. Ва ҳар гоҳ, ки мужда дода шавад ба яке аз мушрикон ба ҳамон чизе, ки ба Аллоҳи меҳрубон нисбат дода буданд, (яъне таваллуди духтар, дар ҳол) рангу рӯяш сиёҳ гардад, ба ин мужда ва хашмигину ғазабнок гардад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас он чизеро, ки барои худашон розӣ намешаванд, барои Аллоҳ чи гӯна розӣ мешаванд? Ҳол он, ки Аллоҳ аз он чи кофирон мегӯянд, пок аст Тафсири Саъдӣ 1/763

### الآية 43:18

> ﻿أَوَمَنْ يُنَشَّأُ فِي الْحِلْيَةِ وَهُوَ فِي الْخِصَامِ غَيْرُ مُبِينٍ [43:18]

18.Оё касеро ки ба ороиш ва зиннат тарбият меёбад (яъне, духтар) ва ӯ наметавонад, ки дар кашмакашиҳо мақсадашро хуб ва ошкор баён ва исбот кунад, (яъне, оҷизу нотавон аст), ба Аллоҳ нисбат медиҳанд?

### الآية 43:19

> ﻿وَجَعَلُوا الْمَلَائِكَةَ الَّذِينَ هُمْ عِبَادُ الرَّحْمَٰنِ إِنَاثًا ۚ أَشَهِدُوا خَلْقَهُمْ ۚ سَتُكْتَبُ شَهَادَتُهُمْ وَيُسْأَلُونَ [43:19]

19.Ва он мушрикон фариштагонро, ки бандагони Аллоҳанд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онҳо ҳозир будаанд? Гувоҳии онон навишта мешавад ва онҳо дар охират бозхост мешаванд.

### الآية 43:20

> ﻿وَقَالُوا لَوْ شَاءَ الرَّحْمَٰنُ مَا عَبَدْنَاهُمْ ۗ مَا لَهُمْ بِذَٰلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ [43:20]

20.Ва гуфтанд кофирон: **«Агар Аллоҳи меҳрубон мехост, мо фариштагонро намепарастидем,»** (ин ҳуҷҷати ботил аст).(1) Онҳо камтарин дониш ва огоҳӣ аз ин надоранд, онҳо ҷуз дурӯғ чизе дигар намегӯянд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, баъд аз бим кардани паёмбарон, баҳона кардан ба қазову қадар ботили маҳз аст. Тафсири Саъдӣ 1/763

### الآية 43:21

> ﻿أَمْ آتَيْنَاهُمْ كِتَابًا مِنْ قَبْلِهِ فَهُمْ بِهِ مُسْتَمْسِكُونَ [43:21]

21.Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он чанг задаанду амал кардаанд?

### الآية 43:22

> ﻿بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ [43:22]

22.Балки, гуфтаанд: **«Ҳароина, падарони худро бар дине ёфтаем ва мо аз пайи онҳо роҳёфтагонем»**.

### الآية 43:23

> ﻿وَكَذَٰلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ [43:23]

23\. Ва ҳамин гуна нафиристодем пеш аз ту эй Паёмбар дар шаҳру деҳе паёмбаронеро, магар ки баъди фиристодан ашрофу сардорони он шаҳру деҳ гуфтанд: бегумон мо падарони худро бар дине ёфтем. Албатта, мо роҳу равиши падарони худро пайравӣ мекунем.

### الآية 43:24

> ﻿۞ قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَىٰ مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ ۖ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ [43:24]

24\. Паёмбарашон ба онҳо гуфтанд: «Оё ман динеро барои шумо оварда бошам, ки ҳидоятбахштар аз оне бошад, ки падаронатонро дар он ёфтед, боз аз он дин пайравӣ мекунед, гуфтанд: Мо ба он паёмбар ва рисолате, ки шумо ёфтед, бовар надорем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21/587

### الآية 43:25

> ﻿فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ [43:25]

25\. Пас аз онҳо интиқом гирифта, азобашон кардем. Пас, эй Паёмбар бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас ҳушдор деҳ қавматро, агар монанди онҳо рафтор кунанд, мисли онон азоб карда шаванд. Тафсири Саъдӣ 1/764

### الآية 43:26

> ﻿وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِي بَرَاءٌ مِمَّا تَعْبُدُونَ [43:26]

26\. Ва ёд кун эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Албатта, ман аз он чи шумо мепарастед, (яъне, аз бутҳо), безорам,

### الآية 43:27

> ﻿إِلَّا الَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُ سَيَهْدِينِ [43:27]

27\. ба ҷуз он маъбуде, ки маро офаридааст, пас албатта, Ӯ маро раҳнамоӣ хоҳад кард».

### الآية 43:28

> ﻿وَجَعَلَهَا كَلِمَةً بَاقِيَةً فِي عَقِبِهِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ [43:28]

28\. Ва Иброҳим ин суханро (яъне, калимаи Ло илоҳа илаллоҳро) дар миёни фарзандонаш поянда ва боқӣ гузошт, бошанд, ки ба сӯи ибодати Аллоҳ бозгарданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/210

### الآية 43:29

> ﻿بَلْ مَتَّعْتُ هَٰؤُلَاءِ وَآبَاءَهُمْ حَتَّىٰ جَاءَهُمُ الْحَقُّ وَرَسُولٌ مُبِينٌ [43:29]

29\. Балки баҳраманд сохтем(1) мушрикони қавматро ва падарону бобоёнашонро, то вақте ки омад ба онҳо дини ҳақ (Қуръон) ва паёмбаре, ки баён мекунад ба онҳо умури динашонро.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ҳаёти осоиштаашон додем ва барои куфр оварданашон ба зудӣ азобашон накардем. Тафсири Бағавӣ 7/211

### الآية 43:30

> ﻿وَلَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ قَالُوا هَٰذَا سِحْرٌ وَإِنَّا بِهِ كَافِرُونَ [43:30]

30\. Ва чун ҳақ (Қуръон) бар онҳо омад, гуфтанд: **«Ҷодуст ва ҳароина, мо ба он имон намеоварем»**.

### الآية 43:31

> ﻿وَقَالُوا لَوْلَا نُزِّلَ هَٰذَا الْقُرْآنُ عَلَىٰ رَجُلٍ مِنَ الْقَرْيَتَيْنِ عَظِيمٍ [43:31]

31\. Ва гуфтанд мушрикон: **«Агар ин Қуръон аз назди Аллоҳ мебуд, пас чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа (Макка ё Тоиф) нозил нашудааст?»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21/592

### الآية 43:32

> ﻿أَهُمْ يَقْسِمُونَ رَحْمَتَ رَبِّكَ ۚ نَحْنُ قَسَمْنَا بَيْنَهُمْ مَعِيشَتَهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا ۗ وَرَحْمَتُ رَبِّكَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ [43:32]

32\. Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд?, (Яъне, паёмбариро), ҳол он ки мо маишати рӯзгузаронии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додем,(1) то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд.
Ва раҳмати Парвардигорат (яъне, даромаданашон ба ҷаннат) аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд аз моли дунё, беҳтар аст.(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бою камбағал сохтем. 2. Тафсири Табарӣ 21/596

### الآية 43:33

> ﻿وَلَوْلَا أَنْ يَكُونَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً لَجَعَلْنَا لِمَنْ يَكْفُرُ بِالرَّحْمَٰنِ لِبُيُوتِهِمْ سُقُفًا مِنْ فِضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَيْهَا يَظْهَرُونَ [43:33]

33\. Ва агар ин эҳтимол намебуд, ки мардум дар гумроҳӣ ҳама як гурӯҳ мешаванд,(1) Мо барои касоне, ки ба Аллоҳи меҳрубон куфр меварзанд, хонҳое бо сақфҳои аз нуқра фароҳам меовардем ва барои онон нордбонҳое аз нуқра қарор медодем, ки бо онҳо боло раванд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дини куфрро ихтиёр мекунанд. Тафсири Табарӣ 21/598

### الآية 43:34

> ﻿وَلِبُيُوتِهِمْ أَبْوَابًا وَسُرُرًا عَلَيْهَا يَتَّكِئُونَ [43:34]

34\. Ва барои хонаҳояшон дарҳое аз нуқра қарор медоданд ва тахтҳое, нуқрагин ки бар онҳо такя зананд омода месохтем.

### الآية 43:35

> ﻿وَزُخْرُفًا ۚ وَإِنْ كُلُّ ذَٰلِكَ لَمَّا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَالْآخِرَةُ عِنْدَ رَبِّكَ لِلْمُتَّقِينَ [43:35]

35.Ва аз ҳар гуна зинат барояшон қарор медодем.
Ва аммо ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират (ҷаннат) дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст.

### الآية 43:36

> ﻿وَمَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمَٰنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِينٌ [43:36]

36.Ҳар кас, ки аз ёди Аллоҳи меҳрубон (Қуръон) рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ вобаста мекунем, ки ӯро дар дунё гумроҳ месозад, пас ӯ ҳамеша ҳамроҳаш бошад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/766

### الآية 43:37

> ﻿وَإِنَّهُمْ لَيَصُدُّونَهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ [43:37]

37.Ва албатта шайтонҳо бозмедоранд кофиронро, аз роҳи рост,(1) вале кофирон худро ҳидоятёфта меҳисобанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне: Ба зинат доданашон гумроҳиҳоро ва бад нишон доданашон имони ба Аллоҳро. Тафсири Саъдӣ 1/766

### الآية 43:38

> ﻿حَتَّىٰ إِذَا جَاءَنَا قَالَ يَا لَيْتَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ بُعْدَ الْمَشْرِقَيْنِ فَبِئْسَ الْقَرِينُ [43:38]

38.То он гоҳ ки назди Мо ояд, гӯяд кофир ба шайтон: **«Эй кош, миёни ману ту дурие мебуд ба мисли масофаи машриқу мағриб. Зеро бисёр бад ҳамнишине будӣ ту барои ман дар дунё»**.

### الآية 43:39

> ﻿وَلَنْ يَنْفَعَكُمُ الْيَوْمَ إِذْ ظَلَمْتُمْ أَنَّكُمْ فِي الْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ [43:39]

39.Ва гӯем фоида накунад шуморо дигар пушаймонӣ зеро, ки зулм кардед ба сабаби ихтиёр намуданатон куфро. Пас шумо дар
чашидани азоб бо якдигар шарик бошед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/214

### الآية 43:40

> ﻿أَفَأَنْتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ أَوْ تَهْدِي الْعُمْيَ وَمَنْ كَانَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ [43:40]

40\. Оё ту эй Паёмбар, мехоҳӣ ба ношунавоён(1) сухан бишнавонӣ ё кӯронеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ? Ин дар ӯҳдаи ту нест, ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Он карҳое, ки Аллоҳ онҳоро кар гардонидааст аз шунидани ҳақ ва кӯрҳоеро, ки аз дидани ҳақ кӯр кардааст. Тафсири Табарӣ 21/608

### الآية 43:41

> ﻿فَإِمَّا نَذْهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنْهُمْ مُنْتَقِمُونَ [43:41]

41\. Пас ҳаргоҳ туро эй Паёмбар аз ин дунё бибарем(1), албатта Мо аз онҳо интиқом мегирем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, агар пеш аз мағлуб шудани кофирон бимиронем туро эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Бағавӣ 7/214

### الآية 43:42

> ﻿أَوْ نُرِيَنَّكَ الَّذِي وَعَدْنَاهُمْ فَإِنَّا عَلَيْهِمْ مُقْتَدِرُونَ [43:42]

42\. Ё азобе, ки ба онҳо ваъда додем,(1) ба ту нишон хоҳем дод, зеро, Мо бар онҳо тавоно ҳастем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне: Дар рӯзи Бадр. Тафсири Бағавӣ 7/214

### الآية 43:43

> ﻿فَاسْتَمْسِكْ بِالَّذِي أُوحِيَ إِلَيْكَ ۖ إِنَّكَ عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ [43:43]

43\. Пас маҳкам нигаҳ дор эй Паёмбар он чиро, ки Аллоҳ дар ин Қуръон ба ту амр кардааст. Албатта ту бар роҳи рост (дини Ислом) қарор дорӣ.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21\\610

### الآية 43:44

> ﻿وَإِنَّهُ لَذِكْرٌ لَكَ وَلِقَوْمِكَ ۖ وَسَوْفَ تُسْأَلُونَ [43:44]

44\. Ва албатта, ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст. Зеро, ки ба забони онҳо нозил шудааст ва аз дигарҳо дида
бояд онро хубтар бифаҳманд ва ба зудӣ пурсида мешавед аз шукргузорӣ ва амал кардан ба Қуръон.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/215

### الآية 43:45

> ﻿وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رُسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِنْ دُونِ الرَّحْمَٰنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ [43:45]

45\. Ва бипурс эй Паёмбар он паёмбаронеро, ки фиристода будем пеш аз ту: **«Оё ҷуз Аллоҳи меҳрубон, дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, не балки тамоми паёмбарон мардумро ба ибодати Аллоҳи ягона даъват намуда буданд.

### الآية 43:46

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَقَالَ إِنِّي رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِينَ [43:46]

46\. Ва ҳамоно, Мӯсоро ҳамроҳ бо муъҷизаҳои Худ бар Фиръавн ва сардорони қавмаш фиристодаем ва гуфт: **«Ҳароина, ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»**

### الآية 43:47

> ﻿فَلَمَّا جَاءَهُمْ بِآيَاتِنَا إِذَا هُمْ مِنْهَا يَضْحَكُونَ [43:47]

47\. Чун оёти (муъҷизаҳои) Моро бар онон пешкаш кард, онон аз мушоҳидаи он муъҷизаҳо ба онҳо механдиданд.

### الآية 43:48

> ﻿وَمَا نُرِيهِمْ مِنْ آيَةٍ إِلَّا هِيَ أَكْبَرُ مِنْ أُخْتِهَا ۖ وَأَخَذْنَاهُمْ بِالْعَذَابِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ [43:48]

48\. Ва ҳар мӯъҷизае бар онҳо (Фиръавн ва пайравонаш) нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар бузургтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азобҳои гуногун(1) гирифтор кардем, бошад, ки аз куфрашон бозгарданд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Мисли: тӯфон, қурбоққа, малах.Тафсири Саъдӣ 1/767

### الآية 43:49

> ﻿وَقَالُوا يَا أَيُّهَ السَّاحِرُ ادْعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِنْدَكَ إِنَّنَا لَمُهْتَدُونَ [43:49]

49\. Гуфтанд (фиръавниён): **«Эй ҷодугар,(1) дуъо кун барои мо ба Парвардигорат ба ҳурмати он аҳд ва бузургие, ки ба ту додааст, ин азобро аз мо бардорад, пас агар ин азобро аз мо бардорад, ҳароина ҳидоятёфтагонем»**. (Яъне имон меорем).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ҷодугарон дар замони Фиръавн одамони бузург ва донишманд ба ҳисоб мерафтанд. Аз ин лиҳоз онҳо Мӯсоро ба ин сифат нидо карданд. Тафсири Саъдӣ 1/768

### الآية 43:50

> ﻿فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِذَا هُمْ يَنْكُثُونَ [43:50]

50\. Чун азобро аз онҳо бардоштем, ба шарофати дуъои Мӯсо ин ҳангом онҳо паймони худро шикастанд. (Яъне, имон наоварданд).

### الآية 43:51

> ﻿وَنَادَىٰ فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَٰذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِنْ تَحْتِي ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ [43:51]

51\. Ва Фиръавн дар миёни қавмаш фахркунон нидо кард, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пойи ман ва аз зери кохҳо ва қасрҳо ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё қуввату мансаби маро дар баробари нотавонӣ ва камбағалии Мӯсо намебинед?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21/617

### الآية 43:52

> ﻿أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِنْ هَٰذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ [43:52]

52\. Балки ман беҳтарам ё ин шахсе, ки ӯ хору зор аст ва дуруст сухан гуфтан наметавонад?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зеро забони ҳазрати Мӯсо алайҳис саллом лакнат дошт. Тафсири Табарӣ 21/618

### الآية 43:53

> ﻿فَلَوْلَا أُلْقِيَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِنْ ذَهَبٍ أَوْ جَاءَ مَعَهُ الْمَلَائِكَةُ مُقْتَرِنِينَ [43:53]

53.Пас чаро фуруд оварда нашуд бар ин Мӯсо агар ҳақиқатан фиристодаи Аллоҳ бошад дастпонаҳои тиллоӣ ё чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд, ки бар паёмбариаш гувоҳӣ диҳанд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/217

### الآية 43:54

> ﻿فَاسْتَخَفَّ قَوْمَهُ فَأَطَاعُوهُ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ [43:54]

54.Пас, Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ӯро итоъат карданд ва Мӯсоро бовар накарданд, ҳароина, мардуми табаҳкор ва хориҷ аз дини ҳақ буданд!

### الآية 43:55

> ﻿فَلَمَّا آسَفُونَا انْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ [43:55]

55.Пас чун Моро ба хашм оварданд ба сабаби куфру исёнашон, аз онҳо интиқом гирифтем пас ҳамаашонро ғарқ кардем.

### الآية 43:56

> ﻿فَجَعَلْنَاهُمْ سَلَفًا وَمَثَلًا لِلْآخِرِينَ [43:56]

56.Сипас ононро,(1) дар шумори гузаштагон ва ибрате барои ояндагон қарор додем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, касоне ки мисли онҳо амал кунанд, инчунин ба азоб гирифторашон месозем.

### الآية 43:57

> ﻿۞ وَلَمَّا ضُرِبَ ابْنُ مَرْيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوْمُكَ مِنْهُ يَصِدُّونَ [43:57]

57.Ва чун фарзанди Марям (яъне парастиши Исо), ба унвони мисол зикр шуд, онгоҳ қавми ту аз он овоз баланд бардошта ришханд мезаданд(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мегуфтанд: парастиши Исо ибни Марям мисли парастиши бутон аст. Тафсири Саъдӣ 1/768

### الآية 43:58

> ﻿وَقَالُوا أَآلِهَتُنَا خَيْرٌ أَمْ هُوَ ۚ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلًا ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ خَصِمُونَ [43:58]

58\. Ва гуфтанд мушрикон эй фиристодашуда: **«Оё маъбудони мо беҳтаранд ё ӯ (Исо)?»**(1) Ва ин суханро ҷуз барои ҷидол ва хусумат бо ту нагуфтаанд, ки мардуми хусуматкунандаанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Пас агар Исо дар дузах бошад, мо ҳам бо ҳамроҳи маъбудонамон бо ҳамроҳи ӯ ҳастем. Тафсири Табарӣ 21/628

### الآية 43:59

> ﻿إِنْ هُوَ إِلَّا عَبْدٌ أَنْعَمْنَا عَلَيْهِ وَجَعَلْنَاهُ مَثَلًا لِبَنِي إِسْرَائِيلَ [43:59]

59\. Ӯ (Исо) танҳо бандаест, ки инъом кардем ба ӯ паёмбариро ва сохтем ӯро ибрату мисол барои бани Исроил.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, қудрати худро барои бани Исроил нишон диҳем.

### الآية 43:60

> ﻿وَلَوْ نَشَاءُ لَجَعَلْنَا مِنْكُمْ مَلَائِكَةً فِي الْأَرْضِ يَخْلُفُونَ [43:60]

60\. Ва агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишин шаванд.

### الآية 43:61

> ﻿وَإِنَّهُ لَعِلْمٌ لِلسَّاعَةِ فَلَا تَمْتَرُنَّ بِهَا وَاتَّبِعُونِ ۚ هَٰذَا صِرَاطٌ مُسْتَقِيمٌ [43:61]

61\. Ва бешубҳа фаромадани Исо алайҳиссаллом пеш аз рӯзи қиёмат нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Пас дар воқеъ шудани қиёмат ҳаргиз шак макунед ва пайравии ман кунед! Ин аст роҳи рост ба сӯи ҷаннат.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/ 219

### الآية 43:62

> ﻿وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ الشَّيْطَانُ ۖ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ [43:62]

62\. Шайтон бо васвасаҳояш шуморо аз роҳи тоъати Ман бознагардонад, албатта ӯ душмани ошкори шумост.

### الآية 43:63

> ﻿وَلَمَّا جَاءَ عِيسَىٰ بِالْبَيِّنَاتِ قَالَ قَدْ جِئْتُكُمْ بِالْحِكْمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُمْ بَعْضَ الَّذِي تَخْتَلِفُونَ فِيهِ ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ [43:63]

63\. Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ назди бани Исроил омад, гуфт:
«Бегумон бароятон ҳикмат нубувватро овардаам ва омадаам, то чизҳоеро аз умури дини, ки дар он ихтилоф мекунед, равшан кунам. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва аз ман итоъат кунед.

### الآية 43:64

> ﻿إِنَّ اللَّهَ هُوَ رَبِّي وَرَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ ۚ هَٰذَا صِرَاطٌ مُسْتَقِيمٌ [43:64]

64\. Ҳароина, Аллоҳи якто, Парвардигори ману Парвардигори шумост. Пас Ӯро ягона бипарастед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред. Роҳи рост ин аст.(1)»
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, тарс аз Аллоҳ ва ягона Ӯро ибодат кардан. Тафсири Табарӣ 21/636

### الآية 43:65

> ﻿فَاخْتَلَفَ الْأَحْزَابُ مِنْ بَيْنِهِمْ ۖ فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْ عَذَابِ يَوْمٍ أَلِيمٍ [43:65]

65\. Пас гурӯҳҳо байни худ ихтилоф карданд(1). Пас, вой бар ҳоли ситамкорон онон, ки Исоро чунин васф карданд аз азоби дардовари қиёмат!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дар шаъни Исо ихтилоф карданд: Гурӯҳе ӯро банда ва паёмбари Аллоҳ меҳисобад ин ҳақ аст, гурӯҳе ӯро писари Аллоҳ меҳисобад ва гурӯҳе ӯро Аллоҳ меҳисобад. Аллоҳ пок аст аз ин гуфтаҳо.

### الآية 43:66

> ﻿هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ [43:66]

66\. Оё онҳо(1) мунтазири ин ҳастанд, ки қиёмат ногаҳон дар ҳоле, ки аз он бехабар ҳастанд, барояшон биёяд?
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Онҳое, ки дар шаъни Исо ибни Марям ихтилоф карданд. Тафсири Табарӣ 21/636

### الآية 43:67

> ﻿الْأَخِلَّاءُ يَوْمَئِذٍ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ إِلَّا الْمُتَّقِينَ [43:67]

67\. Дӯстон(1) дар он рӯз, душмани якдигар хоҳанд буд, магар парҳезгорон.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дӯстони гунаҳкоре, ки дар дунё бо ҳам дӯст буданд. Тафсири Табарӣ 21/637

### الآية 43:68

> ﻿يَا عِبَادِ لَا خَوْفٌ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ وَلَا أَنْتُمْ تَحْزَنُونَ [43:68]

68\. Эй бандагони парҳезгори Ман, имрӯз ҳеҷ тарсу ҳаросе нест ба шумо, гирифтори азоб намешавед ва на шумо ғамгин мешавед.

### الآية 43:69

> ﻿الَّذِينَ آمَنُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا مُسْلِمِينَ [43:69]

69\. Он касоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва ба он чӣ паёмбарон овардаанд, амал намуданд ва бо дилу узвҳои баданашон таслими амри Мо шудаанд,

### الآية 43:70

> ﻿ادْخُلُوا الْجَنَّةَ أَنْتُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ تُحْبَرُونَ [43:70]

70\. шумо ва ҳамсаронатон бо шодкомию хурсандӣ ба биҳишт дохил шавед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/769

### الآية 43:71

> ﻿يُطَافُ عَلَيْهِمْ بِصِحَافٍ مِنْ ذَهَبٍ وَأَكْوَابٍ ۖ وَفِيهَا مَا تَشْتَهِيهِ الْأَنْفُسُ وَتَلَذُّ الْأَعْيُنُ ۖ وَأَنْتُمْ فِيهَا خَالِدُونَ [43:71]

71\. Гардонида мешавад ба биҳиштиҳо дар косаҳои заррин таъомро ва дар қадаҳҳои заррин шаробро. Дар он ҷост ҳар чӣ дил кашад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд!

### الآية 43:72

> ﻿وَتِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [43:72]

72\. Ва ин он биҳиштест, ки Аллоҳ шуморо ба сабаби амалҳои некатон, ки дар дунё мекардед мерос дод.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 21/643

### الآية 43:73

> ﻿لَكُمْ فِيهَا فَاكِهَةٌ كَثِيرَةٌ مِنْهَا تَأْكُلُونَ [43:73]

73\. Дар он ҷаннат бароятон меваҳои бисёр аст, ки аз он мехӯред.

### الآية 43:74

> ﻿إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي عَذَابِ جَهَنَّمَ خَالِدُونَ [43:74]

74\. Ҳароина, гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд!

### الآية 43:75

> ﻿لَا يُفَتَّرُ عَنْهُمْ وَهُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ [43:75]

75\. Азобашон кам намешавад ва онҳо аз раҳмати Аллоҳ ноумеданд.

### الآية 43:76

> ﻿وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا هُمُ الظَّالِمِينَ [43:76]

76\. Ва Мо ба онҳо ситаме накардаем, то онҳоро ба азоб гирифтор кунем, балки онҳо ба сабаби ширк оварданашон ба Аллоҳи ягона худ ситамгор буданд.

### الآية 43:77

> ﻿وَنَادَوْا يَا مَالِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ ۖ قَالَ إِنَّكُمْ مَاكِثُونَ [43:77]

77\. Ва дӯзахиҳо фарёд бароварданд, ки эй молики дӯзах, кош Парвардигори ту моро бимиронад, то аз ин азоб халос шавем. Мегӯяд молики дӯзах: **«на, ҳароина, шумо дар ин азоб ҳамеша бошед»**.

### الآية 43:78

> ﻿لَقَدْ جِئْنَاكُمْ بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ [43:78]

78\. Ҳамоно овардем барои шумо сухани ҳақро ва онро барои шумо равшан намудем, лек аксари шумо сухани ҳақро, ки паёмбарон оварданд, намеписандидед.

### الآية 43:79

> ﻿أَمْ أَبْرَمُوا أَمْرًا فَإِنَّا مُبْرِمُونَ [43:79]

79\. Оё тасмими сахт гирифтанд мушрикон кореро?
Пас албатта Мо низ
тасмимгирандагонем.(1) Мо низ иродаи маҳкам ва тағйирнопазир гирифтем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, оё қасд карданд ҳилаеро дар баробари ҳақ. Мо низ қасд мекунем хорӣ ва ҳалокии онҳоро. Тафсири Табарӣ 21/646

### الآية 43:80

> ﻿أَمْ يَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ ۚ بَلَىٰ وَرُسُلُنَا لَدَيْهِمْ يَكْتُبُونَ [43:80]

80\. Оё гумон мекунанд ин мушрикон, ки Мо намешунавем сирру розгӯии суханони пинҳонӣ онҳоро? Оре, хуб мешунавем ва ҳароина фариштагони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд ҳамаи амалҳои онҳоро.

### الآية 43:81

> ﻿قُلْ إِنْ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدٌ فَأَنَا أَوَّلُ الْعَابِدِينَ [43:81]

81\. Бигӯ эй Паёмбар ба мушриконе, ки мегӯянд фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд: «Агар Аллоҳи меҳрубонро фарзанде мебуд, чунонки мегӯед, пас ман аввалини ибодаткунандагон мебудам он фарзандро.
Лек Аллоҳ пок аст аз зану фарзанд доштан».(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/770

### الآية 43:82

> ﻿سُبْحَانَ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ [43:82]

82\. Пок ҳаст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арш аз он нисбатҳо, ки мушрикон ба Ӯ медиҳанд, ба монанди фарзанд ва ғайраҳо.

### الآية 43:83

> ﻿فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ [43:83]

83\. Пас, бигузорашон ба ҳоли худ эй Паёмбар, то дар ботили худ машғул бошанд
ва саргарми бозӣ шаванд ба дунёи худ то даме, ки бирасанд ба он рӯзи азобашон, ки ваъда дода шудаанд: ё дар дунё ё дар охират ё дар ҳар ду..

### الآية 43:84

> ﻿وَهُوَ الَّذِي فِي السَّمَاءِ إِلَٰهٌ وَفِي الْأَرْضِ إِلَٰهٌ ۚ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ [43:84]

84\. Ва Ӯ Аллоҳе аст, ки дар осмон маъбуд аст ва дар замин низ маъбуд мебошад ва Ӯст ҳакиму доно!

### الآية 43:85

> ﻿وَتَبَارَكَ الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَعِنْدَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ [43:85]

85\. Ва бартару бузургвортар аст он Зоте, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба сӯи Ӯ эй мардум баъд аз маргатон бозгардонида мешавед.

### الآية 43:86

> ﻿وَلَا يَمْلِكُ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَنْ شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ [43:86]

86\. Ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ ибодат мекардед, қодир ба шафоъати касе нестанд. Магар касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шаҳодат ва гувоҳӣ дода бошанд ва Аллоҳро
ба ягонагӣ парастида ва паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро иқрор карда бошанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/770

### الآية 43:87

> ﻿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَهُمْ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ [43:87]

87\. Ва агар аз онҳо эй Паёмбар бипурсӣ: кӣ онҳоро офаридааст, албатта, мегӯянд: **«Аллоҳ»**. Пас, чаро аз ибодати Аллоҳ рӯй мегардонанд?

### الآية 43:88

> ﻿وَقِيلِهِ يَا رَبِّ إِنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ لَا يُؤْمِنُونَ [43:88]

88\. Ва Аллоҳ огоҳ аст аз гуфтори Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд!

### الآية 43:89

> ﻿فَاصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَامٌ ۚ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ [43:89]

89\. Пас, эй Паёмбар аз онҳо рӯй бигардон аз озорҳояшон ва бигӯ: **«Салом!»**(1) Оре, ба зудӣ хоҳанд донист чӣ сарнавиште доранд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, саломи аҳли идрок ва тамиз чунин аст, ки дар муқобили бадии онон бадӣ намекунанд.Тафсири Саъдӣ 1/770

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/43.md)
- [كل تفاسير سورة الزخرف
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/43.md)
- [ترجمات سورة الزخرف
](https://quranpedia.net/translations/43.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/43/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
