---
title: "ترجمة سورة محمد - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/47/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/47/book/1985"
surah_id: "47"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة محمد - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/47/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة محمد - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/47/book/1985*.

Translation of Surah محمد from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 47:1

> الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ أَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ [47:1]

1.Аллоҳ аъмоли неки касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ботил сохт.

### الآية 47:2

> ﻿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَآمَنُوا بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۙ كَفَّرَ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَأَصْلَحَ بَالَهُمْ [47:2]

2.Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ (яъне, Қуръон) бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаанд, Аллоҳ гуноҳонашонро мебахшад ва он чи аз амалҳои баде анҷом додаанд, азобашон намекунад ва корҳояшонро дар дунёву охират ба салоҳ меоварад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/151

### الآية 47:3

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا اتَّبَعُوا الْبَاطِلَ وَأَنَّ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّبَعُوا الْحَقَّ مِنْ رَبِّهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ لِلنَّاسِ أَمْثَالَهُمْ [47:3]

3.Ва ин зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон ба он сабаб аст, ки кофирон ботилро (шайтон) пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, пайравӣ карданд ҳаққеро(1), ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд. Аллоҳ барои мардум инчунин мисолҳои онҳоро баён мекунад.(2)'
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Муҳаммад Саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2. Тафсири Табарӣ 22/153

### الآية 47:4

> ﻿فَإِذَا لَقِيتُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا فَضَرْبَ الرِّقَابِ حَتَّىٰ إِذَا أَثْخَنْتُمُوهُمْ فَشُدُّوا الْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَاءً حَتَّىٰ تَضَعَ الْحَرْبُ أَوْزَارَهَا ۚ ذَٰلِكَ وَلَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَانْتَصَرَ مِنْهُمْ وَلَٰكِنْ لِيَبْلُوَ بَعْضَكُمْ بِبَعْضٍ ۗ وَالَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَلَنْ يُضِلَّ أَعْمَالَهُمْ [47:4]

4\. Пас эй мӯъминон чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед дар майдони ҷанг, гарданашонро бизанед. Ба ҳамчунин идома диҳед, то ба андозае душманро ба куштан ё захмӣ кардан, заъиф намоед ва чун онҳоро сахт фурӯ куфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ оноҳро ба эҳсон озод кунед ё ба фидя (ба ивази пулу мол). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Аллоҳ. Ва агар Аллоҳ мехост (на ба роҳи ҷанг, балки аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз он кофирон интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, ҳаргиз савоби аъмолашонро ботил намекунад.

### الآية 47:5

> ﻿سَيَهْدِيهِمْ وَيُصْلِحُ بَالَهُمْ [47:5]

5\. Ба зудӣ, Аллоҳ дар дунё бо тоъат ва ризоияти худаш ононро ҳидоят хоҳад кард ва корҳояшонро ба салоҳ меоварад.

### الآية 47:6

> ﻿وَيُدْخِلُهُمُ الْجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمْ [47:6]

6\. Ва ононро ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохил месозад ва манзилҳояшонро барояшон муаррифӣ менамояд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/280

### الآية 47:7

> ﻿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ [47:7]

7\. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал намудаед, агар дини Аллоҳро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ёрӣ кунед, шуморо бар зидди душманонатон ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/785

### الآية 47:8

> ﻿وَالَّذِينَ كَفَرُوا فَتَعْسًا لَهُمْ وَأَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ [47:8]

8\. Ва касоне, ки куфр варзиданд, марг бар онон бод! Аллоҳ аъмолашонро ботил кардааст.

### الآية 47:9

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ [47:9]

9\. Зеро онон чизеро, (аз Қуръон,) ки Аллоҳ нозил кардааст, (бар паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нохуш доштанд ва ба он бовар надоранд. Дар натиҷа Аллоҳ аъмолашонро нобуд кард, (зеро дар тоъати шайтон буданд.) (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/161

### الآية 47:10

> ﻿۞ أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ دَمَّرَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۖ وَلِلْكَافِرِينَ أَمْثَالُهَا [47:10]

10\. Оё кофирон дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд, чӣ гуна будааст? Аллоҳ ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате монанди онҳоро доранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/786

### الآية 47:11

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ مَوْلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَأَنَّ الْكَافِرِينَ لَا مَوْلَىٰ لَهُمْ [47:11]

11\. Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ дӯст ва ёваре нест.

### الآية 47:12

> ﻿إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يَتَمَتَّعُونَ وَيَأْكُلُونَ كَمَا تَأْكُلُ الْأَنْعَامُ وَالنَّارُ مَثْوًى لَهُمْ [47:12]

12\. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо аз зери қасрҳо ва дарахтони он ҷорист, дохил мегардонад.
Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст.

### الآية 47:13

> ﻿وَكَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ هِيَ أَشَدُّ قُوَّةً مِنْ قَرْيَتِكَ الَّتِي أَخْرَجَتْكَ أَهْلَكْنَاهُمْ فَلَا نَاصِرَ لَهُمْ [47:13]

13\. Ва эй Расул, чи шаҳрҳои зиёде, ки мардумаш аз мардуми шаҳри ту (Макка), ки аз он берунат карданд, хеле нерӯмандтар буданд, ба ҳар гуна азобҳо ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро наҷот диҳанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/765

### الآية 47:14

> ﻿أَفَمَنْ كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّهِ كَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ [47:14]

14\. Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар назараш ороста шудааст ва монанди касоне аст, ки аз паи ҳавасҳои худ мераванд? (Ҳаргиз монанд нестанд.)

### الآية 47:15

> ﻿مَثَلُ الْجَنَّةِ الَّتِي وُعِدَ الْمُتَّقُونَ ۖ فِيهَا أَنْهَارٌ مِنْ مَاءٍ غَيْرِ آسِنٍ وَأَنْهَارٌ مِنْ لَبَنٍ لَمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُ وَأَنْهَارٌ مِنْ خَمْرٍ لَذَّةٍ لِلشَّارِبِينَ وَأَنْهَارٌ مِنْ عَسَلٍ مُصَفًّى ۖ وَلَهُمْ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَمَغْفِرَةٌ مِنْ رَبِّهِمْ ۖ كَمَنْ هُوَ خَالِدٌ فِي النَّارِ وَسُقُوا مَاءً حَمِيمًا فَقَطَّعَ أَمْعَاءَهُمْ [47:15]

15\. Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, чунин аст, ки дар он ҷӯйборҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва ҷӯйборҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки барои нӯшандааш лаззат аст ва ҷӯйборҳое аз асали мусаффо. Ва онон
дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, барои онон ҳаст ва низ аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи дӯзах ҷовидонаанд ва ононро аз оби ҷӯшоне меошомонанд, ки рӯдаҳояшонро пора-пора мекунад?

### الآية 47:16

> ﻿وَمِنْهُمْ مَنْ يَسْتَمِعُ إِلَيْكَ حَتَّىٰ إِذَا خَرَجُوا مِنْ عِنْدِكَ قَالُوا لِلَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ مَاذَا قَالَ آنِفًا ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ طَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ [47:16]

16\. Ва баъзе аз мунофиқон ба ту (эй Расул) гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандони асҳоби паёмбар, ки Аллоҳ ба онҳо илм додааст, масхараомезона мепурсанд: **«Ин чӣ суханоне буд, ки Муҳаммад алҳол чанд лаҳза пештар гуфт:»** Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст, ҳақро намефаҳманд ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/283

### الآية 47:17

> ﻿وَالَّذِينَ اهْتَدَوْا زَادَهُمْ هُدًى وَآتَاهُمْ تَقْوَاهُمْ [47:17]

17\. Ва онон, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят ёфтаанд, Аллоҳ бар ҳидояташон афзуд ва ба онон парҳезгорӣ ато фармуд.

### الآية 47:18

> ﻿فَهَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً ۖ فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا ۚ فَأَنَّىٰ لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِكْرَاهُمْ [47:18]

18\. Пас оё инҳо кофирон танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳароина, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашон чӣ фоидае барои онҳо дорад?

### الآية 47:19

> ﻿فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَاسْتَغْفِرْ لِذَنْبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مُتَقَلَّبَكُمْ وَمَثْوَاكُمْ [47:19]

19\. Пас, бидон эй Расул ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Ва аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин омӯрзиш бихоҳ. Ва Аллоҳ медонад, маҳалли ҳаракати шуморо, ки рӯз ба куҷо меравед ва қароргоҳи
шуморо низ медонад, ки шаб дар куҷо меоромед.

### الآية 47:20

> ﻿وَيَقُولُ الَّذِينَ آمَنُوا لَوْلَا نُزِّلَتْ سُورَةٌ ۖ فَإِذَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ مُحْكَمَةٌ وَذُكِرَ فِيهَا الْقِتَالُ ۙ رَأَيْتَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ يَنْظُرُونَ إِلَيْكَ نَظَرَ الْمَغْشِيِّ عَلَيْهِ مِنَ الْمَوْتِ ۖ فَأَوْلَىٰ لَهُمْ [47:20]

20\. Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд мегӯянд: **«Кошкӣ аз ҷониби Аллоҳ сурае нозил мешуд ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд?»** Чун сурае аз мӯҳкамот (оятҳояш равшан) нозил шавад ва дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон шубҳа ва нифоқ аст, мебинӣ, ки ба сӯи ту монанди нигоҳи касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, менигаранд. Пас барояшон шоистатар аст, ки

### الآية 47:21

> ﻿طَاعَةٌ وَقَوْلٌ مَعْرُوفٌ ۚ فَإِذَا عَزَمَ الْأَمْرُ فَلَوْ صَدَقُوا اللَّهَ لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ [47:21]

21\. фармонбардорӣ кунанд Аллоҳро ва сухани некӯ гӯянд мувофиқи шариъат.
Ва ҳангоме ки ҷанг воҷиб шавад, мунофиқонро аз он нохуш ояд, агар бо Аллоҳ содиқ бошанд дар имону амал барояшон аз гуноҳу нофармонбардорӣ беҳтар аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/176

### الآية 47:22

> ﻿فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ تَوَلَّيْتُمْ أَنْ تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَكُمْ [47:22]

22\. Пас оё агар (аз Қуръон ва суннати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардондед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд?) (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/287

### الآية 47:23

> ﻿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَىٰ أَبْصَارَهُمْ [47:23]

23\. Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешу таборӣ), ки Аллоҳ лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақ кару чашмонашонро аз дидани роҳи ҳидоят кӯр сохтааст. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/788

### الآية 47:24

> ﻿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا [47:24]

24\. Оё ин мунофиқон дар панду андарзҳои Қуръон намеандешанд ё бар дилҳо қуфлҳост, ки чизе аз Қуръон ба он дохил намешавад? (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/179

### الآية 47:25

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ ارْتَدُّوا عَلَىٰ أَدْبَارِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَى ۙ الشَّيْطَانُ سَوَّلَ لَهُمْ وَأَمْلَىٰ لَهُمْ [47:25]

25\. Бегумон касоне ки муртад шуданд аз Ислом ва ба куфри гузаштаи худ баргаштанд, баъд аз он ки бар онон роҳи ҳидоят равшан шуд, шайтон ба онҳо корҳои бадашонро дар назарашон биёрост ва онҳоро ба орзуҳои тулонӣ фиреб дод. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/288

### الآية 47:26

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا لِلَّذِينَ كَرِهُوا مَا نَزَّلَ اللَّهُ سَنُطِيعُكُمْ فِي بَعْضِ الْأَمْرِ ۖ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِسْرَارَهُمْ [47:26]

26.Ва ин аз дин баргаштанашон ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, (яҳудиён), ки оёти Аллоҳро нохуш медоштанд, мегуфтанд: "Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем." Ва Аллоҳ аз розашон огоҳ аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Мусалмон бояд ҳазар кунад аз тоъате, ки мухолифи амри Аллоҳ ва расули Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.

### الآية 47:27

> ﻿فَكَيْفَ إِذَا تَوَفَّتْهُمُ الْمَلَائِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَارَهُمْ [47:27]

27.Пас чӣ гунааст ҳолашон, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?

### الآية 47:28

> ﻿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعُوا مَا أَسْخَطَ اللَّهَ وَكَرِهُوا رِضْوَانَهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ [47:28]

28.Ин тавр сахт ҷон ситонидан аз мунофиқон ба сабаби он аст, ки аз он чӣ Аллоҳро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохт, бадбинӣ доштаанд. Пас Аллоҳ низ савоби амалҳои некашонро нобуд кард (монанди садақа ва силаи раҳм ва дигар амалҳо.)(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
2\. Тафсири Табарӣ 22/183

### الآية 47:29

> ﻿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ أَنْ لَنْ يُخْرِجَ اللَّهُ أَضْغَانَهُمْ [47:29]

29.Оё онон, (мунофиқон), ки дар дилашон бемориест аз ҳасаду душамнӣ бар аҳли Ислом, мепиндоранд, ки Аллоҳ кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?

### الآية 47:30

> ﻿وَلَوْ نَشَاءُ لَأَرَيْنَاكَهُمْ فَلَعَرَفْتَهُمْ بِسِيمَاهُمْ ۚ وَلَتَعْرِفَنَّهُمْ فِي لَحْنِ الْقَوْلِ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ أَعْمَالَكُمْ [47:30]

30\. Ба агар бихоҳем (нишонаҳои зоҳирии онҳоро ба ту эй Расул) нишон медиҳем, пас ҳароина, ту онҳоро ба симо ва қиёфаҳояшон бишиносӣ ва ҳатман, ту онҳоро дар тарзи сухан гуфтанашон мешиносӣ. Ва Аллоҳ аз аъмолатон огоҳ аст (ва ҳеҷ кори нек ё баде бар Ӯ пинҳон намемонад, пас шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазои муносиб медиҳад.) (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/185

### الآية 47:31

> ﻿وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ حَتَّىٰ نَعْلَمَ الْمُجَاهِدِينَ مِنْكُمْ وَالصَّابِرِينَ وَنَبْلُوَ أَخْبَارَكُمْ [47:31]

31\. Ва албатта, эй мӯъминон шуморо меозмоем бо ҷанг кардан бо душманони Аллоҳ, то муҷоҳидон ва собиронатонро бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон маълум бидорем ва ахборатонро ошкор кунем, то ростгӯ аз дурӯғгӯ маълум шавад. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 7/289

### الآية 47:32

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَشَاقُّوا الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَىٰ لَنْ يَضُرُّوا اللَّهَ شَيْئًا وَسَيُحْبِطُ أَعْمَالَهُمْ [47:32]

32\. Албатта, касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон наёварданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва баъд аз он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, ки ӯ паёмбари бар ҳақ аст, бо паёмбар мухолифат варзидаанд, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба дини Аллоҳ нахоҳанд расонид ва Аллоҳ савоби аъмолашонро нобуд хоҳад кард. Зеро ба он амалҳо ризоияти Аллоҳро ирода накарда буданд. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/186

### الآية 47:33

> ﻿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَكُمْ [47:33]

33\. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба Аллоҳ ва ба Паёмбар итоъат кунед ва савоби аъмоли хешро бо куфру маъсият ботил масозед.

### الآية 47:34

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ مَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ [47:34]

34\. Албатта, Аллоҳ касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар куфр мурданд, пас ҳаргиз Аллоҳ гуноҳашонро нахоҳад омурзид ва бар куфрашон азобашон хоҳад дод.

### الآية 47:35

> ﻿فَلَا تَهِنُوا وَتَدْعُوا إِلَى السَّلْمِ وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ وَاللَّهُ مَعَكُمْ وَلَنْ يَتِرَكُمْ أَعْمَالَكُمْ [47:35]

35\. Эй мӯъминон, аз ҷиҳоди мушрикон сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо аз онҳо боло ва бартар ҳастед ва Аллоҳ бо мадади худ ҳамроҳи шумост ва аз савоби амалҳоятон ҳаргиз кам нахоҳад кард. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 7/323

### الآية 47:36

> ﻿إِنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ ۚ وَإِنْ تُؤْمِنُوا وَتَتَّقُوا يُؤْتِكُمْ أُجُورَكُمْ وَلَا يَسْأَلْكُمْ أَمْوَالَكُمْ [47:36]

36\. Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист, магар он ки барои Аллоҳ бошад.
Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо ҳамаи амволатонро барои закот наметалабад.

### الآية 47:37

> ﻿إِنْ يَسْأَلْكُمُوهَا فَيُحْفِكُمْ تَبْخَلُوا وَيُخْرِجْ أَضْغَانَكُمْ [47:37]

37\. Агар тамоми молатонро талабад ва ба доим ҳам талабад, он гоҳ аз додани мол бухл меварзед ва манъ мекунед ва кинаҳои дар дил доштаатонро ошкор месозад. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 7/324

### الآية 47:38

> ﻿هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تُدْعَوْنَ لِتُنْفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَمِنْكُمْ مَنْ يَبْخَلُ ۖ وَمَنْ يَبْخَلْ فَإِنَّمَا يَبْخَلُ عَنْ نَفْسِهِ ۚ وَاللَّهُ الْغَنِيُّ وَأَنْتُمُ الْفُقَرَاءُ ۚ وَإِنْ تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ [47:38]

38\. Огоҳ бошед, эй мӯъминон, ки шуморо ба хайр кардан дар роҳи ҷиҳод даъват мекунанд, то дар роҳи Аллоҳ нафақа кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас, ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ба Ӯ ниёзмандед.
Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 22/192

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/47.md)
- [كل تفاسير سورة محمد
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/47.md)
- [ترجمات سورة محمد
](https://quranpedia.net/translations/47.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/47/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
