---
title: "ترجمة سورة الفتح - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/48/book/1984.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/48/book/1984"
surah_id: "48"
book_id: "1984"
book_name: "الترجمة الطاجيكية - عارفي"
author: "فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الفتح - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/48/book/1984)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الفتح - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/48/book/1984*.

Translation of Surah الفتح from "الترجمة الطاجيكية - عارفي" in الطاجيكية.

### الآية 48:1

> إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُبِينًا [48:1]

\[Эй паёмбар\] Ба ростӣ, ки Мо пирӯзии ошкореро \[дар сулҳи Ҳудайбия\] бароят муқаддар кардем

### الآية 48:2

> ﻿لِيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ وَيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَيَهْدِيَكَ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا [48:2]

То Аллоҳ таоло гуноҳи гузашта ва ояндаатро биёмурзад ва неъматашро бар ту тамом гардонад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд

### الآية 48:3

> ﻿وَيَنْصُرَكَ اللَّهُ نَصْرًا عَزِيزًا [48:3]

Ва Аллоҳ таоло ба пирӯзии шикастнопазире ёриат кунад

### الآية 48:4

> ﻿هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ السَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ الْمُؤْمِنِينَ لِيَزْدَادُوا إِيمَانًا مَعَ إِيمَانِهِمْ ۗ وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا [48:4]

Ӯст, ки бар дилҳои муъминон оромиш нозил кард, то бар имонашон бияфзоянд; ва сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

### الآية 48:5

> ﻿لِيُدْخِلَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَيُكَفِّرَ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عِنْدَ اللَّهِ فَوْزًا عَظِيمًا [48:5]

\[Оре, чунин кард\] То мардону занони муъминро ба боғҳое \[биҳиште\] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери \[дарахтони\] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд; ва гуноҳонашонро бизудояд \[ва биёмурзад\]; ва ин назди Аллоҳ таоло \[барои муъминин\] комёбии бузурге аст

### الآية 48:6

> ﻿وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ الظَّانِّينَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ ۚ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ ۖ وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَلَعَنَهُمْ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَهَنَّمَ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا [48:6]

Ва мунофиқону мушриконро – дар умум аз зану мард, ки нисбат ба Аллоҳ таоло бадгумонанд, муҷозот кунад; ногуворӣ \[ва азоби илоҳӣ\] бар эшон бод! Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифта ва аз раҳмати хеш дурашон карда ва дузахро барояшон омода намудааст; ва \[ба ростӣ, ки дузах\] чи бад ҷойгоҳе аст!

### الآية 48:7

> ﻿وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا [48:7]

Сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

### الآية 48:8

> ﻿إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ شَاهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِيرًا [48:8]

\[Эй Паёмбар\] Мо туро гувоҳ ва муждадиҳанда ва ҳушдордиҳанда фиристодем

### الآية 48:9

> ﻿لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتُعَزِّرُوهُ وَتُوَقِّرُوهُ وَتُسَبِّحُوهُ بُكْرَةً وَأَصِيلًا [48:9]

То \[шумо мардум\] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред ва \[дини\] Ӯро ёрӣ кунед ва бузургаш доред ва бомдоду шомгоҳ Аллоҳро тасбеҳ гӯед

### الآية 48:10

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ اللَّهَ يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ ۚ فَمَنْ نَكَثَ فَإِنَّمَا يَنْكُثُ عَلَىٰ نَفْسِهِ ۖ وَمَنْ أَوْفَىٰ بِمَا عَاهَدَ عَلَيْهُ اللَّهَ فَسَيُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا [48:10]

Бе тардид, касоне, ки бо ту байъат мекунанд, дар ҳақиқат, бо Аллоҳ таоло байъат мекунанд; дасти Аллоҳ таоло болои дастҳои онон аст. Ҳар ки \[пас аз байъат\] паймоншиканӣ кунад, ба зиёни хеш паймон шикастааст; ва ҳар ки ба паймонаш \[дар асоси ёрии дини Аллоҳ таоло ва паёмбараш\] вафо кунад, ба зудӣ \[Аллоҳ таоло\] подоши бузурге ба ӯ хоҳад дод

### الآية 48:11

> ﻿سَيَقُولُ لَكَ الْمُخَلَّفُونَ مِنَ الْأَعْرَابِ شَغَلَتْنَا أَمْوَالُنَا وَأَهْلُونَا فَاسْتَغْفِرْ لَنَا ۚ يَقُولُونَ بِأَلْسِنَتِهِمْ مَا لَيْسَ فِي قُلُوبِهِمْ ۚ قُلْ فَمَنْ يَمْلِكُ لَكُمْ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا إِنْ أَرَادَ بِكُمْ ضَرًّا أَوْ أَرَادَ بِكُمْ نَفْعًا ۚ بَلْ كَانَ اللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا [48:11]

Бодияшинони мутахаллиф \[ки аз ширкат дар сафари Макка ва сулҳи Ҳудайбия худдорӣ кардаанд, барои тавҷеҳи кори худ\] хоҳанд гуфт: **«\[Муҳофизати\] Амвол ва хонаводаамон моро гирифтор кард; бароямон омурзиш бихоҳ»**. Онон чизе, ки дар дилҳояшон нест, бар забон меоваранд. Бигӯ: **«Агар Аллоҳ таоло ирода кунад, ки ба шумо зиён ё суде бирасад, кист, ки дар муқобили \[хости\] Аллоҳ таоло аз шумо дифоъ кунад? Оре, Аллоҳ таоло аз он чӣ мекунед, огоҳ аст»**

### الآية 48:12

> ﻿بَلْ ظَنَنْتُمْ أَنْ لَنْ يَنْقَلِبَ الرَّسُولُ وَالْمُؤْمِنُونَ إِلَىٰ أَهْلِيهِمْ أَبَدًا وَزُيِّنَ ذَٰلِكَ فِي قُلُوبِكُمْ وَظَنَنْتُمْ ظَنَّ السَّوْءِ وَكُنْتُمْ قَوْمًا بُورًا [48:12]

\[Узратон ин набуд;\] Балки гумон мекардед, ки Паёмбару муъминон \[-и ҳамроҳаш аз ин сафари хатарнок\] ҳаргиз назди хонаводаи хеш бознахоҳанд гашт; ва ин \[андеша\] дар дилҳоятон ороста шуд ва гумони бад бурдед \[ки Аллоҳ таоло динашро ёрӣ нахоҳад кард; пас, ба хато рафтед\] ва ҳалок шудед

### الآية 48:13

> ﻿وَمَنْ لَمْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ فَإِنَّا أَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ سَعِيرًا [48:13]

Ҳар ки ба Аллоҳу паёмбараш имон наоварад, пас, \[бидонад, ки\] мо барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем

### الآية 48:14

> ﻿وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ يَغْفِرُ لِمَنْ يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا [48:14]

Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар киро бихоҳад меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

### الآية 48:15

> ﻿سَيَقُولُ الْمُخَلَّفُونَ إِذَا انْطَلَقْتُمْ إِلَىٰ مَغَانِمَ لِتَأْخُذُوهَا ذَرُونَا نَتَّبِعْكُمْ ۖ يُرِيدُونَ أَنْ يُبَدِّلُوا كَلَامَ اللَّهِ ۚ قُلْ لَنْ تَتَّبِعُونَا كَذَٰلِكُمْ قَالَ اللَّهُ مِنْ قَبْلُ ۖ فَسَيَقُولُونَ بَلْ تَحْسُدُونَنَا ۚ بَلْ كَانُوا لَا يَفْقَهُونَ إِلَّا قَلِيلًا [48:15]

\[Эй муъминон\] Ҳангоме ки озим \[-и Хайбар ва\] ба гирифтани ғанимат мешавед, мутахаллифон \[аз сафари Макка\] хоҳанд гуфт: **«Иҷозат диҳед, мо низ ба дунболи шумо биёем»**. Онон мехоҳанд, каломи илоҳиро тағйир диҳанд. \[Эй Паёмбар\] Ба эшон бигӯ: **«Шумо ҳаргиз ба дунболи мо нахоҳед омад \[зеро ин ғаниматҳо махсуси касоне аст, ки дар Ҳудайбия ҳузур доштанд ва дар бораи ин ҳукм\] Аллоҳ таоло қаблан чунин фармудааст»**; он гоҳ хоҳанд гуфт: **«\[На\] Балки шумо нисбат ба мо ҳасад меварзед»**. \[Ҳаргиз чунин нест\] Балки ҷуз иддаи каме \[аз онон авомири илоҳиро\] дарнамеёбанд

### الآية 48:16

> ﻿قُلْ لِلْمُخَلَّفِينَ مِنَ الْأَعْرَابِ سَتُدْعَوْنَ إِلَىٰ قَوْمٍ أُولِي بَأْسٍ شَدِيدٍ تُقَاتِلُونَهُمْ أَوْ يُسْلِمُونَ ۖ فَإِنْ تُطِيعُوا يُؤْتِكُمُ اللَّهُ أَجْرًا حَسَنًا ۖ وَإِنْ تَتَوَلَّوْا كَمَا تَوَلَّيْتُمْ مِنْ قَبْلُ يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا [48:16]

\[Эй Паёмбар\] Ба мутахаллифон бигӯ: **«Ба зудӣ ба муқобила бо гурӯҳе ҷанговар фаро хонда хоҳед шуд, ки ононро аз пой дароваред, магар ин ки таслим шаванд; агар итоат кунед, Аллоҳ таоло подоши накуе ба шумо хоҳад дод; ва агар ҳамчун гузашта сарпечӣ кунед, шуморо бо азобе дарднок муҷозот хоҳад кард»**

### الآية 48:17

> ﻿لَيْسَ عَلَى الْأَعْمَىٰ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْأَعْرَجِ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْمَرِيضِ حَرَجٌ ۗ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ يُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ وَمَنْ يَتَوَلَّ يُعَذِّبْهُ عَذَابًا أَلِيمًا [48:17]

Бар нобино ва ланг ва бемор гуноҳе нест \[ки дар ҷанг ширкат накунанд\]; ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, \[Аллоҳ таоло\] ӯро ба боғҳое \[аз биҳишт\] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери \[дарахтони\] он ҷорӣ аст; ва ҳар ки сарпечӣ кунад, ба азобе дарднок муҷозоташ хоҳад кард

### الآية 48:18

> ﻿۞ لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا [48:18]

Аллоҳ таоло аз муъминоне, ки дар канори он дарахт \[дар Ҳудайбия\] бо ту байъат карданд, хушнуд шуд ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад; аз ин рӯ оромиш бар онон фуру фиристод ва ба пирӯзии наздик \[дар Хайбар\] подошашон дод

### الآية 48:19

> ﻿وَمَغَانِمَ كَثِيرَةً يَأْخُذُونَهَا ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا [48:19]

ва \[ҳамчунин\] ғаниматҳои фаровоне, ки ба даст меоварданд; ва Аллоҳ таоло ҳамвора шикастнопазир \[ва\] ҳаким аст

### الآية 48:20

> ﻿وَعَدَكُمُ اللَّهُ مَغَانِمَ كَثِيرَةً تَأْخُذُونَهَا فَعَجَّلَ لَكُمْ هَٰذِهِ وَكَفَّ أَيْدِيَ النَّاسِ عَنْكُمْ وَلِتَكُونَ آيَةً لِلْمُؤْمِنِينَ وَيَهْدِيَكُمْ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا [48:20]

Аллоҳ таоло ғаниматҳои фаровонеро ба шумо ваъда дод, ки \[дар оянда\] ба онҳо даст хоҳед ёфт; пас, ин \[пирӯзӣ ва ғаниматҳои Хайбар\]-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва дасти \[тааддӣ ва таҷовузи\] душманро аз шумо кӯтоҳ намуд, то барои муъминон нишонаи \[аз лутфи илоҳӣ\] бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад

### الآية 48:21

> ﻿وَأُخْرَىٰ لَمْ تَقْدِرُوا عَلَيْهَا قَدْ أَحَاطَ اللَّهُ بِهَا ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرًا [48:21]

Ва \[ҳамчунин ғаниматҳои\] дигаре \[дар интизори шумост\], ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед ва Аллоҳ таоло бар онҳо иҳота дорад \[ва аз онҳо огоҳ аст\]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност

### الآية 48:22

> ﻿وَلَوْ قَاتَلَكُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوَلَّوُا الْأَدْبَارَ ثُمَّ لَا يَجِدُونَ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا [48:22]

Агар кофирон ба ҷанги шумо биёянд \[аз таваккал ва салобати шумо\] пушт карда ва мегурезанд; пас, аз он низ ҳеҷ корсоз ва ёваре нахоҳанд ёфт

### الآية 48:23

> ﻿سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا [48:23]

Ин суннати илоҳӣ аст, ки пештар низ ҷорӣ будааст; ва ҳаргиз дар суннати илоҳӣ тағйир ва табдиле нахоҳӣ ёфт

### الآية 48:24

> ﻿وَهُوَ الَّذِي كَفَّ أَيْدِيَهُمْ عَنْكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ عَنْهُمْ بِبَطْنِ مَكَّةَ مِنْ بَعْدِ أَنْ أَظْفَرَكُمْ عَلَيْهِمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرًا [48:24]

Ӯст, ки дар Ҳудайбия дасти ононро аз шумо кӯтоҳ намуд \[ва монеъ аз он шуд, ки шуморо ба ҷанг во доранд\]; ва пас аз пирӯз сохтани шумо дар Макка низ дасти шуморо аз онон боздошт \[ки ононро накушед ва ба асорат нагиред\]; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чӣ мекунед, биност

### الآية 48:25

> ﻿هُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوكُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَالْهَدْيَ مَعْكُوفًا أَنْ يَبْلُغَ مَحِلَّهُ ۚ وَلَوْلَا رِجَالٌ مُؤْمِنُونَ وَنِسَاءٌ مُؤْمِنَاتٌ لَمْ تَعْلَمُوهُمْ أَنْ تَطَئُوهُمْ فَتُصِيبَكُمْ مِنْهُمْ مَعَرَّةٌ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۖ لِيُدْخِلَ اللَّهُ فِي رَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ لَوْ تَزَيَّلُوا لَعَذَّبْنَا الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا [48:25]

Онон касоне буданд, ки кофир шуданд ва шуморо аз \[вуруд ба\] Масҷид-ул-ҳаром боздоштанд ва низ аз расидани қурбониҳои шумо ба қурбонгоҳаш \[дар Мино\] ҷилавгирӣ карданд; ва агар мардону занони муъмине \[байни мардуми Макка\] набуданд, ки \[дар сурати ошкор шудани даргирӣ мумкин буд\] ононро надониста поймол кунед ва нохоста муртакиби гуноҳ шавед, \[фармони ҳамла ба Макка медодем; вале Аллоҳ таоло чунин кард\] то \[аз маккагиён\] ҳар киро бихоҳад, фарогири раҳмати хеш қарор диҳад; ва агар \[муъминону кофирон дар Макка\] аз якдигар ҷудо буданд, кофиронашонро бо азобе дарднок муҷозот мекардем

### الآية 48:26

> ﻿إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَلْزَمَهُمْ كَلِمَةَ التَّقْوَىٰ وَكَانُوا أَحَقَّ بِهَا وَأَهْلَهَا ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا [48:26]

\[Ба ёд овар\] Он гоҳ ки кофирони \[Макка дар Ҳудайбия\] қалбан дастхуши таассуб, \[он ҳам\] таассуби ҷоҳилият шуда буданд, Аллоҳ таоло оромиши \[хотире аз ҷониби\] хеш бар паёмбараш ва бар муъминин фуру фиристод ва ононро ба асл \[ва асоси тавҳид ва\] парҳезкорӣ \[ло илоҳа илла-Аллоҳ\] пойбанд сохт; чаро ки \[нисбат ба мушрикон\] ба он сазовортар ва шоистатар буданд; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

### الآية 48:27

> ﻿لَقَدْ صَدَقَ اللَّهُ رَسُولَهُ الرُّؤْيَا بِالْحَقِّ ۖ لَتَدْخُلُنَّ الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ إِنْ شَاءَ اللَّهُ آمِنِينَ مُحَلِّقِينَ رُءُوسَكُمْ وَمُقَصِّرِينَ لَا تَخَافُونَ ۖ فَعَلِمَ مَا لَمْ تَعْلَمُوا فَجَعَلَ مِنْ دُونِ ذَٰلِكَ فَتْحًا قَرِيبًا [48:27]

Аллоҳ таоло руъёи расулашро ба дурустӣ таҳаққуқ бахшид, ки ба хости илоҳӣ, дар ҳоле ки сарҳоятонро тарошида муйҳоятонро кӯтоҳ кардаед, дар эминӣ ва бидуни тарс \[аз душман\] ба Масҷиду-л-ҳаром ворид хоҳед шуд. \[Аллоҳ таоло\] Чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед; ва илова бар фатҳи Макка пирӯзии наздики \[Хайбар\]-ро \[низ бароятон\] муқаррар намуд

### الآية 48:28

> ﻿هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا [48:28]

Ӯст, ки паёмбарашро бо \[китоби\] ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то \[ҳаққонияти бартарии\] онро бар ҳамаи адён ошкор гардонад; ва Аллоҳ таоло ба унвони гувоҳ кофӣ аст

### الآية 48:29

> ﻿مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ ۚ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ ۖ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا ۖ سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ۚ ذَٰلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ ۚ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ ۗ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا [48:29]

Муҳаммад расулуллоҳ ва \[саҳобаи муъмин ва фидокораш ҳамон\] касоне, ки ҳамвора бо ӯ ҳастанд, дар баробари кофирон \[-и ситезаҷӯ\] муҳкаму сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон; эшонро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки пайваста фазлу хушнудии Аллоҳро меҷӯянд; нишони \[имону парҳезгории\] онон дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда ва ибодат ҳувайдост; ин васфи эшон дар Таврот аст; ва тавсифашон дар Инҷил \[низ\] ҳамчун гиёҳе аст, ки ҷавонаашро бармеоварад ва онро неру мебахшад, то муҳкам гардад ва бар соқаҳояш устувор биистад; чунон ки муҷиби шигифтии кишоварзон шавад; дар натиҷа, Аллоҳ таоло бо \[тақвият ва пешрафти\] муъминон кофиронро ба хашм дармеоварад. Аллоҳ таоло ба муъминони накукор \[саҳоба ва пайравонашон\] ваъдаи омурзиш ва подоше бузург додааст

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/48.md)
- [كل تفاسير سورة الفتح
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/48.md)
- [ترجمات سورة الفتح
](https://quranpedia.net/translations/48.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية - عارفي](https://quranpedia.net/book/1984.md)
- [المؤلف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام](https://quranpedia.net/person/1759.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/48/book/1984) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
