---
title: "ترجمة سورة الحديد - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/57/book/1984.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/57/book/1984"
surah_id: "57"
book_id: "1984"
book_name: "الترجمة الطاجيكية - عارفي"
author: "فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الحديد - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/57/book/1984)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الحديد - الترجمة الطاجيكية - عارفي (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/57/book/1984*.

Translation of Surah الحديد from "الترجمة الطاجيكية - عارفي" in الطاجيكية.

### الآية 57:1

> سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [57:1]

Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд; ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст

### الآية 57:2

> ﻿لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ [57:2]

Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад; ва бар ҳар коре тавоност

### الآية 57:3

> ﻿هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ ۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ [57:3]

Ӯ азалӣ ва абадӣ аст ва пайдо ва нопайдо; ва ба ҳар чизе доност

### الآية 57:4

> ﻿هُوَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۚ يَعْلَمُ مَا يَلِجُ فِي الْأَرْضِ وَمَا يَخْرُجُ مِنْهَا وَمَا يَنْزِلُ مِنَ السَّمَاءِ وَمَا يَعْرُجُ فِيهَا ۖ وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنْتُمْ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ [57:4]

Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; он гоҳ бар арш қарор гирифт. Ҳар чӣ дар замин нуфуз мекунад ё аз он бармеояд ва ҳар чӣ аз осмон фуруд меояд ё дар он суъуд мекунад, \[ҳамаро\] медонад; ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост; ва Аллоҳ таоло ба он чӣ мекунед, биност

### الآية 57:5

> ﻿لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ [57:5]

Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва ҳамаи умур танҳо ба Ӯ бозгардонда мешавад

### الآية 57:6

> ﻿يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ ۚ وَهُوَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ [57:6]

\[Бо тағйири тадриҷии фаслҳо\] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб; ва Ӯ ба рози дилҳо доност

### الآية 57:7

> ﻿آمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَأَنْفِقُوا مِمَّا جَعَلَكُمْ مُسْتَخْلَفِينَ فِيهِ ۖ فَالَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَأَنْفَقُوا لَهُمْ أَجْرٌ كَبِيرٌ [57:7]

Ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон оваред ва аз амволе, ки шуморо ҷонишин \[ва намояндаи худ дар истифода аз онҳо\] қарор додааст, инфоқ кунед; зеро афроде аз шумо, ки имон биёваранд ва инфоқ кунанд, подоши бузурге \[дар пеш\] дорад

### الآية 57:8

> ﻿وَمَا لَكُمْ لَا تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ ۙ وَالرَّسُولُ يَدْعُوكُمْ لِتُؤْمِنُوا بِرَبِّكُمْ وَقَدْ أَخَذَ مِيثَاقَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ [57:8]

Чаро ба Аллоҳ таоло имон намеоваред, ҳол он ки Паёмбар шуморо фаромехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред? Агар бовар доред \[ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таоло дар ин маврид\] аз шумо паймон гирифтааст

### الآية 57:9

> ﻿هُوَ الَّذِي يُنَزِّلُ عَلَىٰ عَبْدِهِ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ لِيُخْرِجَكُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۚ وَإِنَّ اللَّهَ بِكُمْ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ [57:9]

Ӯст, ки оёти равшангаре бар бандааш нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо \[-и куфру ширк\] ба сӯйи нур \[-и имон\] раҳсипор гардонад, \[зеро\] Аллоҳ таоло нисбат ба шумо дилсӯзу меҳрубон аст

### الآية 57:10

> ﻿وَمَا لَكُمْ أَلَّا تُنْفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلِلَّهِ مِيرَاثُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ لَا يَسْتَوِي مِنْكُمْ مَنْ أَنْفَقَ مِنْ قَبْلِ الْفَتْحِ وَقَاتَلَ ۚ أُولَٰئِكَ أَعْظَمُ دَرَجَةً مِنَ الَّذِينَ أَنْفَقُوا مِنْ بَعْدُ وَقَاتَلُوا ۚ وَكُلًّا وَعَدَ اللَّهُ الْحُسْنَىٰ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ [57:10]

Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунед, ҳол он ки мероси осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст? Касоне, ки пеш аз фатҳи \[Макка\] инфоқ карданд ва ҷангиданд, \[бо дигарон\] баробар нестанд. Дараҷаи онон волотар аз касонест, ки пас аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, вале Аллоҳ таоло ба ҳар ду гурӯҳ накутарин \[подошҳо\]-ро ваъда додааст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

### الآية 57:11

> ﻿مَنْ ذَا الَّذِي يُقْرِضُ اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَاعِفَهُ لَهُ وَلَهُ أَجْرٌ كَرِيمٌ [57:11]

Кист, ки ба Аллоҳ таоло воме наку диҳад \[ва инфоқ кунад\], то Аллоҳ таоло низ онро барояш чандин баробар созад ва \[дар охират\] подоше фохир дошта бошад?

### الآية 57:12

> ﻿يَوْمَ تَرَى الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ يَسْعَىٰ نُورُهُمْ بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَبِأَيْمَانِهِمْ بُشْرَاكُمُ الْيَوْمَ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ [57:12]

\[Ин подоши бузург дар\] Рӯзест, ки мардону занони муъминро менигарӣ, ки нурашон пеши рӯ ва дар самти росташон ба шитоб ҳаракат мекунад \[ва ба онон хитоб мешавад\]: **«Имрӯз башорати боғҳое \[аз биҳишт\] бар шумо бод, ки ҷӯйборҳо аз зери \[дарахтони\] он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он ба сар хоҳед бурд. Ин аст ҳамон комёбии бузург»**.

### الآية 57:13

> ﻿يَوْمَ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ لِلَّذِينَ آمَنُوا انْظُرُونَا نَقْتَبِسْ مِنْ نُورِكُمْ قِيلَ ارْجِعُوا وَرَاءَكُمْ فَالْتَمِسُوا نُورًا فَضُرِبَ بَيْنَهُمْ بِسُورٍ لَهُ بَابٌ بَاطِنُهُ فِيهِ الرَّحْمَةُ وَظَاهِرُهُ مِنْ قِبَلِهِ الْعَذَابُ [57:13]

Рӯзе, ки мардону занони мунофиқ ба муъминон мегӯянд: **«Ба мо назаре бияфканед, то партаве аз нуратон баргирем»**. Ба онон гуфта мешавад: «Ба ақиб бозгардед ва касби нур кунед. Он гоҳ миёнашон деворе қарор мегирад, ки даре дорад, даруни он \[ки ба сӯи муъминон аст\] рӯ ба раҳмат аст ва берунаш \[ки ба самти мунофиқон аст\] рӯ ба азоб аст

### الآية 57:14

> ﻿يُنَادُونَهُمْ أَلَمْ نَكُنْ مَعَكُمْ ۖ قَالُوا بَلَىٰ وَلَٰكِنَّكُمْ فَتَنْتُمْ أَنْفُسَكُمْ وَتَرَبَّصْتُمْ وَارْتَبْتُمْ وَغَرَّتْكُمُ الْأَمَانِيُّ حَتَّىٰ جَاءَ أَمْرُ اللَّهِ وَغَرَّكُمْ بِاللَّهِ الْغَرُورُ [57:14]

\[Мунофиқон\] ба муъминон мегӯянд: **«Магар мо \[дар диндорӣ ва парастиш\] ҳамроҳи шумо набудем?»**. Онон посух медиҳанд: **«Бале, вале шумо \[бо дурӯягӣ ва тазвир\] худро ба фитна андохтед \[ва ҳалок кардед\] ва дар интизор \[-и шикасти муъминон ва бозгашт ба ширку куфр\] будед ва \[дар бораи ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло ба муъминон\] тардид доштед ва орзуҳо \[-и дурӯғин\] фиребатон дод, то он ки фармон \[-и маргатон аз ҷониби\] Аллоҳ таоло дар ҳоле фаро расид, ки шайтон шуморо дар баробари Ӯ густох карда буд»**

### الآية 57:15

> ﻿فَالْيَوْمَ لَا يُؤْخَذُ مِنْكُمْ فِدْيَةٌ وَلَا مِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ مَأْوَاكُمُ النَّارُ ۖ هِيَ مَوْلَاكُمْ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ [57:15]

Имрӯз на аз шумо \[мунофиқон\] ғаромат мепазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст, ки \[ба ростӣ\] шоистаи шумост ва чи бад саранҷоме аст!

### الآية 57:16

> ﻿۞ أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ آمَنُوا أَنْ تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ اللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ الْحَقِّ وَلَا يَكُونُوا كَالَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلُ فَطَالَ عَلَيْهِمُ الْأَمَدُ فَقَسَتْ قُلُوبُهُمْ ۖ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ فَاسِقُونَ [57:16]

Оё ҳангоми он фаро нарасидааст, ки дилҳои муъминон ба ёди Аллоҳ таоло ва каломи ҳаққе, ки нозил шудааст, фурутан шавад ва ҳамчун касоне набошанд, ки қаблан аҳли китоб буданд ва чун \[аз биъсати паёмбаронашон\] замоне тӯлонӣ бар онон гузашт, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онон аз динашон мунҳариф шуданд?

### الآية 57:17

> ﻿اعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ قَدْ بَيَّنَّا لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ [57:17]

Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло заминро пас аз хазону хушкиаш зинда месозад. \[Эй мардум\] Мусалламан, Мо нишонаҳо \[-и тавону тадбири худ\]-ро барои шумо ба равшанӣ баён кардаем, бошад, ки бияндешед

### الآية 57:18

> ﻿إِنَّ الْمُصَّدِّقِينَ وَالْمُصَّدِّقَاتِ وَأَقْرَضُوا اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَاعَفُ لَهُمْ وَلَهُمْ أَجْرٌ كَرِيمٌ [57:18]

Бе гумон, мардону заноне, ки инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло қарзе наку медиҳанд, савобашон дучандон мегардад ва \[дар охират\] подоше фохир \[-у нек\] хоҳанд дошт

### الآية 57:19

> ﻿وَالَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ أُولَٰئِكَ هُمُ الصِّدِّيقُونَ ۖ وَالشُّهَدَاءُ عِنْدَ رَبِّهِمْ لَهُمْ أَجْرُهُمْ وَنُورُهُمْ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ [57:19]

Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд, ростгӯён \[-и росткирдор\] ҳастанд ва шаҳидон назди Парвардигорашон ба сар мебаранд ва \[дар охират\] подошу нурашон маҳфуз аст. Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ шумурданд, дузахианд

### الآية 57:20

> ﻿اعْلَمُوا أَنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَزِينَةٌ وَتَفَاخُرٌ بَيْنَكُمْ وَتَكَاثُرٌ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ ۖ كَمَثَلِ غَيْثٍ أَعْجَبَ الْكُفَّارَ نَبَاتُهُ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَاهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَكُونُ حُطَامًا ۖ وَفِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَغْفِرَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٌ ۚ وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ [57:20]

Бидонед, ки зиндагии дунё, бозича ва саргармӣ ва зевар аст ва фахрфурӯшӣ дар баробари якдигар ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон. \[Ин зиндагӣ\] Дар масал ҳамчун боронест, ки гиёҳон \[-и рӯйида \] аз он кишоварзонро ба шигифт меоварад; сипас \[ин гиёҳи шодоб\] пажмурда шавад, он гоҳ мебинӣ, ки зард мешавад ва сипас хошок мегардад ва дар охират \[насиби мунофиқону кофирон\] азоби шадид аст ва \[насиби муъминон\] омурзишу хушнудии илоҳӣ аст. \[Дар ҳар ҳол\] Зиндагии дунё чизе ҷуз \[лаззату\] бархӯрдории фонӣ \[ва фиребанда\] нест

### الآية 57:21

> ﻿سَابِقُوا إِلَىٰ مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا كَعَرْضِ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أُعِدَّتْ لِلَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ۚ ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ [57:21]

\[Эй мардум\] Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он ҳамчун паҳнои осмону замин аст, аз якдигар пешӣ бигиред. \[Ин биҳишт\] Барои касоне омода шудааст, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон овардаанд. Ин \[подош ношӣ аз\] фазли илоҳӣ аст, онро ба ҳар ки бихоҳад \[ва шоиста бидонад\], ато мекунад, ки Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад

### الآية 57:22

> ﻿مَا أَصَابَ مِنْ مُصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنْفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِنْ قَبْلِ أَنْ نَبْرَأَهَا ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ [57:22]

Ҳеҷ осебе дар замин ва ё дар вуҷуди шумо рӯй нахоҳад дод, магар он ки пеш аз эҷодаш дар дафтари \[илми илоҳӣ\] рақам хӯрдааст. Ба ростӣ, ки ин кор бар Аллоҳ таоло осон аст

### الآية 57:23

> ﻿لِكَيْلَا تَأْسَوْا عَلَىٰ مَا فَاتَكُمْ وَلَا تَفْرَحُوا بِمَا آتَاكُمْ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ [57:23]

\[Ин нуктаро тазаккур додем\] То бар он чи аз дастатон меравад, афсӯс нахӯред ва бад-он чи ба даст меоваред, сармаст нагардед, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст намедорад

### الآية 57:24

> ﻿الَّذِينَ يَبْخَلُونَ وَيَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبُخْلِ ۗ وَمَنْ يَتَوَلَّ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ [57:24]

Ҳамон касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл во медоранд ва ҳар ки \[аз инфоқ\] рӯй бигардонад, \[бидонад, ки\] Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст

### الآية 57:25

> ﻿لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ ۖ وَأَنْزَلْنَا الْحَدِيدَ فِيهِ بَأْسٌ شَدِيدٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعْلَمَ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ وَرُسُلَهُ بِالْغَيْبِ ۚ إِنَّ اللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٌ [57:25]

Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон \[-и ташхиси ҳақ аз ботил\] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд. Ва оҳан \[ва соири фулузот\]-ро падид овардем, ки дар он ҳам неруе шадид вуҷуд дорад ва ҳам манофее барои мардум. \[Чунин кардем\] То Аллоҳ таоло бидонад, чи касоне бидуни он ки Парвардигорашонро бубинанд, \[бо ҷангафзорҳои оҳанин\] Ӯ ва паёмбаронашро \[дар майдонҳои ҷанг\] ёрӣ мекунанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст

### الآية 57:26

> ﻿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا وَإِبْرَاهِيمَ وَجَعَلْنَا فِي ذُرِّيَّتِهِمَا النُّبُوَّةَ وَالْكِتَابَ ۖ فَمِنْهُمْ مُهْتَدٍ ۖ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ فَاسِقُونَ [57:26]

Мо Нуҳ ва Иброҳимро \[ба рисолат\] фиристодем ва дар миёни фарзандонашон \[мавҳибати\] паёмбарӣ ва китоб муқаррар доштем. Бархе аз онон роҳ ёфтанд ва бисёре аз онон нофармонӣ карданд

### الآية 57:27

> ﻿ثُمَّ قَفَّيْنَا عَلَىٰ آثَارِهِمْ بِرُسُلِنَا وَقَفَّيْنَا بِعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ وَآتَيْنَاهُ الْإِنْجِيلَ وَجَعَلْنَا فِي قُلُوبِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ رَأْفَةً وَرَحْمَةً وَرَهْبَانِيَّةً ابْتَدَعُوهَا مَا كَتَبْنَاهَا عَلَيْهِمْ إِلَّا ابْتِغَاءَ رِضْوَانِ اللَّهِ فَمَا رَعَوْهَا حَقَّ رِعَايَتِهَا ۖ فَآتَيْنَا الَّذِينَ آمَنُوا مِنْهُمْ أَجْرَهُمْ ۖ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ فَاسِقُونَ [57:27]

Сипас ба дунболи онон паёмбарони дигарамонро \[мабъус кардем\] ва сипас Исо писари Марямро фиристодем ва Инҷилро ба ӯ ато намудем ва дар дили пайравонаш раъфат ва меҳрубонӣ ниҳодем, вале \[дунёгурезӣ ва\] раҳбониятеро, ки бидъат ниҳоданд, Мо бар онон муқаррар надоштем ва ҳарчанд ҳадафашон ҷалби хушнудии илоҳӣ буд, вале ҳаққи онро \[чунонки бояд\] риоят накарданд. Аз ин рӯ, Мо ба афроде аз эшон, ки имон оварданд, подошашонро ато кардем, вале бисёре аз онон \[ба бероҳа рафтанд ва\] нофармон буданд

### الآية 57:28

> ﻿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَآمِنُوا بِرَسُولِهِ يُؤْتِكُمْ كِفْلَيْنِ مِنْ رَحْمَتِهِ وَيَجْعَلْ لَكُمْ نُورًا تَمْشُونَ بِهِ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ [57:28]

Эй муъминон, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ба паёмбараш \[холисона\] имон биёваред, то Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш баҳраи дучандон ба шумо ато намояд ва бароятон нуре падид оварад, ки дар партави он гом бардоред ва шуморо бибахшояд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

### الآية 57:29

> ﻿لِئَلَّا يَعْلَمَ أَهْلُ الْكِتَابِ أَلَّا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَيْءٍ مِنْ فَضْلِ اللَّهِ ۙ وَأَنَّ الْفَضْلَ بِيَدِ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ [57:29]

\[Инро баён кардем\] То аҳли китоб бидонанд, ки ба фазлу бахшиши илоҳӣ дастрасӣ надоранд \[ва наметавонанд онро ба касе ихтисос диҳанд ё аз касе боздоранд\] ва ин ки тамоми бартарӣ ба дасти Аллоҳ таоло аст ва ба ҳар кӣ бихоҳад \[ва шоиста бидонад\] ато мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/57.md)
- [كل تفاسير سورة الحديد
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/57.md)
- [ترجمات سورة الحديد
](https://quranpedia.net/translations/57.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية - عارفي](https://quranpedia.net/book/1984.md)
- [المؤلف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام](https://quranpedia.net/person/1759.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/57/book/1984) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
