---
title: "ترجمة سورة الجمعة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/62/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/62/book/1985"
surah_id: "62"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الجمعة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/62/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الجمعة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/62/book/1985*.

Translation of Surah الجمعة from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 62:1

> يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ الْمَلِكِ الْقُدُّوسِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ [62:1]

1.Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд(1) ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, Аллоҳ, ки фармонраво, подшоҳи олам пок аз ҳама айб, пирӯзманд ва дар тадбир ва санъаташ бо ҳикмат аст!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ба покӣ ёд мекунанд Ӯро аз ҳар чизе, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест. 2. Тафсири Табарӣ 23\\371

### الآية 62:2

> ﻿هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ [62:2]

2\. Ӯст Аллоҳ, ки дар миёни арабҳои бесавод, ки хонда наметавонистанд, на китоб ва на рисолате доштанд, паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро аз ақидаҳои ботил ва ахлоқи бад покиза созад ва ба онон китоб (Қуръон) ва ҳикмат (Суннат) биёмӯзонад. Ва агарчи пеш аз ин биъсати Расули акрам онҳо дар гумроҳии ошкор буданд.

### الآية 62:3

> ﻿وَآخَرِينَ مِنْهُمْ لَمَّا يَلْحَقُوا بِهِمْ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [62:3]

3\. Ва низ ин паёмбар фиристода шудааст бар гурӯҳи дигаре аз онҳо, (аз фарзандони Одам), ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд ва ба зудӣ дар оянда ба дунё хоҳанд омад. Ва Ӯст пирӯзманд бар ҳама чиз ва ҳаким дар гуфтор ва корҳояш!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\862

### الآية 62:4

> ﻿ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ [62:4]

4\. Ин биъсати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар мардуми араб ва ғайри араб фазлу неъмати Илоҳӣ аст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Аллоҳро бахшоиши бузурге аст. (1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\376

### الآية 62:5

> ﻿مَثَلُ الَّذِينَ حُمِّلُوا التَّوْرَاةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا ۚ بِئْسَ مَثَلُ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ [62:5]

5\. Мисоли касоне, ки иТаврот ба онҳо (яҳудиҳо) бор шуд, сипас онро барнадоштанд, (яъне ба он амал накарданд), мисли он хар аст, ки китобҳоеро бар пушт бор мекунад ва намедонад дар он чист.
Чи бад мисолест, мисоли мардуме, ки оёти Аллоҳро дурӯғ шумурданд ва аз он манфиъат набурданд. Ва Аллоҳ ситамкоронеро, ки аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ берун мераванд, ҳидоят намекунад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\115

### الآية 62:6

> ﻿قُلْ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ هَادُوا إِنْ زَعَمْتُمْ أَنَّكُمْ أَوْلِيَاءُ لِلَّهِ مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ [62:6]

6\. Бигӯ эй Расул ба яҳудиҳое, ки даъвои бузургӣ мекунанд: **«Эй касоне, ки яҳудӣ шудаед, агар гумон доред, ки ҳароина, танҳо шумо дӯстони Аллоҳ ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар ростгӯй ҳастед!»**

### الآية 62:7

> ﻿وَلَا يَتَمَنَّوْنَهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ [62:7]

7\. Ва он яҳудиҳо ба сабаби аъмоли баде, ки пеш аз ин кардаанд, барои ҳаёти дунёро бар охират муқаддам донисташон ва тарсашон аз азоби Аллоҳ ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ аз ҳоли ситамкорон доност ва аз ситамкории онҳо чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\379

### الآية 62:8

> ﻿قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ [62:8]

8\. Бигӯ: «Ҳароина, он марге, ки аз он мегурезед, ҳоло он ки ҷои гурез нест шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас рӯзи қиёмат ба сӯи Аллоҳи донандаи ниҳону ошкоро баргардонида хоҳед шуд, пас шуморо ба он чӣ мекардед хабар медиҳад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\380

### الآية 62:9

> ﻿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ [62:9]

9\. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба сӯи зикри Аллоҳ ба гӯш кардани хутба ва адои намоз бишитобед ва хариду фурӯшро ва тамоми корҳое, ки шуморо аз он машғул месозад, тарк кунед. Агар бидонед, ин дастуроти фармудашуда бароятон беҳтар аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин оят далолат бар воҷиб будани намози ҷумъа ва гӯш кардани хутба мекунад. Тафсири Табарӣ 23\\384

### الآية 62:10

> ﻿فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانْتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ وَابْتَغُوا مِنْ فَضْلِ اللَّهِ وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ [62:10]

10\. Пас чун хутбаро шунидед ва намоз ба охир расид, аз пайи ризқу рӯзӣ дар замин пароканда шавед ва аз ризқи Аллоҳ талаб кунед ва Аллоҳро бо дилу забон ва дар ҳама ҳол бисёр ёд кунед, бошад, ки дар дунёву охират растагор шавед!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\863

### الآية 62:11

> ﻿وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ قُلْ مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ مِنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ [62:11]

11\. Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, баъзе аз мусалмонон пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро эй Паёмбар бар минбар истода(1) раҳо кунанд? Бигӯ: **«Он чӣ дар назди Аллоҳ аз подоши бузург аст аз бозиву тиҷорат беҳтар аст»**. Ва Аллоҳ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст, пас аз Ӯ талаби ризқу рӯзӣ кунед ва бо тоъати Ӯ мадад ҷӯед аз хайри дунёву охират!(2)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне дар хутба. 2. Тафсири Табарӣ 23\\389

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/62.md)
- [كل تفاسير سورة الجمعة
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/62.md)
- [ترجمات سورة الجمعة
](https://quranpedia.net/translations/62.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/62/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
