---
title: "ترجمة سورة القلم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/68/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/68/book/1985"
surah_id: "68"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة القلم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/68/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة القلم - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/68/book/1985*.

Translation of Surah القلم from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 68:1

> ن ۚ وَالْقَلَمِ وَمَا يَسْطُرُونَ [68:1]

1.Нун.(1) Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара хузашт.

### الآية 68:2

> ﻿مَا أَنْتَ بِنِعْمَةِ رَبِّكَ بِمَجْنُونٍ [68:2]

2.ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.

### الآية 68:3

> ﻿وَإِنَّ لَكَ لَأَجْرًا غَيْرَ مَمْنُونٍ [68:3]

3.Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст

### الآية 68:4

> ﻿وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ [68:4]

4.ва ҳароина, ту эй Расул бар хулқи азим(1) ҳастӣ.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири ибни Касир 8\\ 188. Он чиро ки Қуръон дарбар гирифтааст: аз ахлоқи ҳамида, он хулқи бузург аст ва Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳамин хулқ буданд.

### الآية 68:5

> ﻿فَسَتُبْصِرُ وَيُبْصِرُونَ [68:5]

5.Ба зудӣ ту эй Расул мебинӣ ва он кофирон низ мебинанд,

### الآية 68:6

> ﻿بِأَيْيِكُمُ الْمَفْتُونُ [68:6]

6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.

### الآية 68:7

> ﻿إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ [68:7]

7\. Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\532

### الآية 68:8

> ﻿فَلَا تُطِعِ الْمُكَذِّبِينَ [68:8]

8\. Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.

### الآية 68:9

> ﻿وَدُّوا لَوْ تُدْهِنُ فَيُدْهِنُونَ [68:9]

9\. Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.

### الآية 68:10

> ﻿وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَهِينٍ [68:10]

10\. Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:

### الآية 68:11

> ﻿هَمَّازٍ مَشَّاءٍ بِنَمِيمٍ [68:11]

11\. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,

### الآية 68:12

> ﻿مَنَّاعٍ لِلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ [68:12]

12\. боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,

### الآية 68:13

> ﻿عُتُلٍّ بَعْدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ [68:13]

13\. дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)

### الآية 68:14

> ﻿أَنْ كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ [68:14]

14\. ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,

### الآية 68:15

> ﻿إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ [68:15]

15\. чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: **«Афсонаҳои пешиниён аст»**(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Мутира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\\879

### الآية 68:16

> ﻿سَنَسِمُهُ عَلَى الْخُرْطُومِ [68:16]

16\. Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем, ки назди мардум бо он доғ бад шавад.

### الآية 68:17

> ﻿إِنَّا بَلَوْنَاهُمْ كَمَا بَلَوْنَا أَصْحَابَ الْجَنَّةِ إِذْ أَقْسَمُوا لَيَصْرِمُنَّهَا مُصْبِحِينَ [68:17]

17\. Ҳароина, Мо аҳли Маккаро бо гуруснагиву қаҳтӣ озмудаем, чунон ки соҳибони он боғро озмудем. Он гоҳ,
ки миёни худ қасам хӯрданд, ки фардо бомдод ҳатман меваҳоро хоҳанд чид ва азм карданд, ки мискинонро аз он маҳрум гардонанд.

### الآية 68:18

> ﻿وَلَا يَسْتَثْنُونَ [68:18]

18\. Ва иншоаллоҳ нагуфтанд, (яъне, **«агар Аллоҳ хоҳад»** нагуфтанд)

### الآية 68:19

> ﻿فَطَافَ عَلَيْهَا طَائِفٌ مِنْ رَبِّكَ وَهُمْ نَائِمُونَ [68:19]

19\. ГТас, азобе (оташи фарогир шабона) аз сӯи Парвардигорат бар боғи онҳо фурӯ омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд,

### الآية 68:20

> ﻿فَأَصْبَحَتْ كَالصَّرِيمِ [68:20]

20\. Пас он боғи сабзу хуррам ҳамчун шаби сиёҳ шуд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\195

### الآية 68:21

> ﻿فَتَنَادَوْا مُصْبِحِينَ [68:21]

21\. Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:

### الآية 68:22

> ﻿أَنِ اغْدُوا عَلَىٰ حَرْثِكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَارِمِينَ [68:22]

22\. **«Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»**

### الآية 68:23

> ﻿فَانْطَلَقُوا وَهُمْ يَتَخَافَتُونَ [68:23]

23\. Сипас ба роҳ афтоданд ва оҳиста ба ҳамдигар сухан мегуфтанд:

### الآية 68:24

> ﻿أَنْ لَا يَدْخُلَنَّهَا الْيَوْمَ عَلَيْكُمْ مِسْكِينٌ [68:24]

24\. ки имрӯз набояд мискине ба боғи шумо дарояд.

### الآية 68:25

> ﻿وَغَدَوْا عَلَىٰ حَرْدٍ قَادِرِينَ [68:25]

25\. Ва субҳгоҳон зуд тавонманд (ба хотири манъи бенавоён) ба он боғ расиданд, ки худро бар чидани мева ва манъи бенавоён тавоно медиданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\546

### الآية 68:26

> ﻿فَلَمَّا رَأَوْهَا قَالُوا إِنَّا لَضَالُّونَ [68:26]

26\. Чун боғи худро диданд, гуфтанд: Роҳро гум кардем. Пас он ҳангом, донистанд, ки он боғи онҳост, гуфтанд:

### الآية 68:27

> ﻿بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ [68:27]

27\. Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем, ба сабаби бухле, ки аз мо сар зад.

### الآية 68:28

> ﻿قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ [68:28]

28\. Яке аз беҳтарини онҳо гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, чаро шукру тасбеҳи Аллоҳро намегӯед ва **«иншоаллоҳ»** нагуфтед?

### الآية 68:29

> ﻿قَالُوا سُبْحَانَ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ [68:29]

29\. Баъд аз он ки ба роҳи ҳақ баргаштанд, гуфтанд: Пок аст Парвардигори мо, аз зулме, ки ба мо расидааст, балки
ҳароина, мо бар нафси худ ва қасди бадамон ситамкор будаем.

### الآية 68:30

> ﻿فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَلَاوَمُونَ [68:30]

30\. Пас, ба хотири **«иншоаллоҳ»** нагуфтанашон ва қасди бадашон он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд.

### الآية 68:31

> ﻿قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا طَاغِينَ [68:31]

31\. Гуфтанд: Вой бар мо, :ҳароина, мо мардуми саркаше будаем, ки бенавоёнро манъ кардем ва мухолифати амри Аллоҳ баромадем,

### الآية 68:32

> ﻿عَسَىٰ رَبُّنَا أَنْ يُبْدِلَنَا خَيْرًا مِنْهَا إِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا رَاغِبُونَ [68:32]

32\. бошад, ки ба сабаби тавба ва иқрори гуноҳони худ Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он боғ моро диҳад. Ҳароина, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!

### الآية 68:33

> ﻿كَذَٰلِكَ الْعَذَابُ ۖ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ [68:33]

33\. Инчунин аст азоб, монанди азобе, ки соҳибони он боғро мубтало кардем, ҳамин гуна азоби мо дар дунё барои касест, ки амри Аллоҳро мухолифат мекунад ва аз хайр кардани мол бахилӣ менамояд. Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар
аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 8\\197

### الآية 68:34

> ﻿إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ عِنْدَ رَبِّهِمْ جَنَّاتِ النَّعِيمِ [68:34]

34\. Ҳароина, барои парҳезгорон, онон, ки аз азоби Аллоҳ тарсиданд, бо анҷом додани амрҳояш ва тарк намудани манъкардаҳояш дар назди Парвардигорашон боғҳоест пурнеъмат ва бардавом.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\552

### الآية 68:35

> ﻿أَفَنَجْعَلُ الْمُسْلِمِينَ كَالْمُجْرِمِينَ [68:35]

35\. Оё пас мо мусалмононро ҳамчун гунаҳкорон қарор медиҳем?

### الآية 68:36

> ﻿مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ [68:36]

36\. Шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна доварӣ мекунед, пас ҳар ду гурӯҳро дар ҷазо баробар хоҳем кард? Ҳеҷ гоҳ!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 8\\ 198

### الآية 68:37

> ﻿أَمْ لَكُمْ كِتَابٌ فِيهِ تَدْرُسُونَ [68:37]

37\. Оё шуморо китобест, аз осмон нозил шуда, ки аз он мехонед ва дарс мегиред, ки фармонбардор монанди гунаҳкор аст?

### الآية 68:38

> ﻿إِنَّ لَكُمْ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ [68:38]

38\. Ва ба таҳқиқ, дар он китоб он чиро интихоб кунед, барои шумо навишташуда аст?! (Ҳаргиз чунин нест!)(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 8\\ 198

### الآية 68:39

> ﻿أَمْ لَكُمْ أَيْمَانٌ عَلَيْنَا بَالِغَةٌ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ ۙ إِنَّ لَكُمْ لَمَا تَحْكُمُونَ [68:39]

39\. Ё ин ки шумо бар ӯҳдаи Мо аҳду паймони устуворе доред, ки то рӯзи қиёмат ҳар чиро ҳукм кунед, ҳақ барои шумо бошад?!

### الآية 68:40

> ﻿سَلْهُمْ أَيُّهُمْ بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ [68:40]

40\. Эй Расул, аз мушрикон бипурс, кадом якеашон зомини чунин паймонест, ки кофирон дар охират монанди мӯъминонанд?

### الآية 68:41

> ﻿أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ فَلْيَأْتُوا بِشُرَكَائِهِمْ إِنْ كَانُوا صَادِقِينَ [68:41]

41\. Ё онҳоро шариконест, ки онҳоро дар охират ҳамонанди мусалмонон гардонанд? Агар рост мегӯянд, дар даъвои худ, пас шарикони худро биёваранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\198

### الآية 68:42

> ﻿يَوْمَ يُكْشَفُ عَنْ سَاقٍ وَيُدْعَوْنَ إِلَى السُّجُودِ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ [68:42]

42\. Рӯзе, ки соқ бараҳна ва макшуф гардад, (яъне, рӯзи қиёмат вазъият бениҳоят Душвор гардад, дар он рӯз Аллоҳ таъоло соқи худро, ки бе чӣ гунагӣ ва ба чизе монандӣ надорад, ошкор кунад, Аллоҳ таъоло барои доварӣ миёни мардум биёяд) ва ҳама халоиқ
ба саҷда фаро хонда шаванд, пас мунофиқон ва мушрикон саҷда кардан наметавонанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: **«Парвардигори Мо (дар рӯзи қиёмат) соқашро бараҳна менамояд (бе чӣ гунагӣ) ва ҳар марду зани мӯъмине барояш саҷда мекунад, вале касоне, ки дар дунё ба ҷиҳати риё ва сумъа саҷда мекарданд, мехоҳанд, ки саҷда намоянд, вале пушти онҳо монанди табақи рост қарор мегирад»** яъне, қудрат ба саҷда кардан пайдо намекунанд. (Бухорӣ №4919)

### الآية 68:43

> ﻿خَاشِعَةً أَبْصَارُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ۖ وَقَدْ كَانُوا يُدْعَوْنَ إِلَى السُّجُودِ وَهُمْ سَالِمُونَ [68:43]

43\. Дар ҳоле, ки чашмонашон аз надомат ва хиҷолат фурӯ афтода ва аз азоби Аллоҳ зиллат ва хорӣ онҳоро фурӯ гирад ва ҳақиқатан, ки пеш аз он дар дунё дар ҳоле, ки солим буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд, аммо онҳо аз рӯи такаббур саҷда намекарданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири ибни Касир 8\\200

### الآية 68:44

> ﻿فَذَرْنِي وَمَنْ يُكَذِّبُ بِهَٰذَا الْحَدِيثِ ۖ سَنَسْتَدْرِجُهُمْ مِنْ حَيْثُ لَا يَعْلَمُونَ [68:44]

44\. Пас, эй Расул, Маро бо касе, ки ин сухан (Қуръон)-ро дурӯғ мебарорад, вогузор, зеро интиқом аз онҳо ва ҷазо доданашон бар Ман аст. Мо онҳоро ба зудӣ аз он ҷое, ки намедонанд, андак-андак ба азоб хоҳем гирифт.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, онҳоро бо молу фарзандон ва неъматҳо зиёд хоҳем кард ва онҳо пиндоранд, ки ин барояшон инъом аст, вале оқибати онро фикр
намекунанд, ки ин сабаби ҳалокии онҳост.

### الآية 68:45

> ﻿وَأُمْلِي لَهُمْ ۚ إِنَّ كَيْدِي مَتِينٌ [68:45]

45\. Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам ва умрашонро дароз кунам, то гуноҳро зиёд кунанд. Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст ва касе аз он раҳоӣ надорад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/562

### الآية 68:46

> ﻿أَمْ تَسْأَلُهُمْ أَجْرًا فَهُمْ مِنْ مَغْرَمٍ مُثْقَلُونَ [68:46]

46\. Эй Расул ё аз мушрикон, дар ивази таблиғи рисолат музде металабӣ, пас товони он барояшон гаронбор аст ва онҳо аз адои он дар ранҷанд?

### الآية 68:47

> ﻿أَمْ عِنْدَهُمُ الْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ [68:47]

47\. Ё илми ғайб назди онҳост, пас онҳо аз рӯи он менависанд он чиро, ки мегӯянд?

### الآية 68:48

> ﻿فَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُنْ كَصَاحِبِ الْحُوتِ إِذْ نَادَىٰ وَهُوَ مَكْظُومٌ [68:48]

48\. Пас эй Расул барои фармон ва ҳукми Парвардигорат сабр кун, ва монанди соҳиби моҳӣ (Юнус ибни Мато алайҳиссалом,) мабош, ки дар даъвати қавмаш сабр накард ва чун саршор аз ғаму андӯҳ буд, Аллоҳро нидо кард.

### الآية 68:49

> ﻿لَوْلَا أَنْ تَدَارَكَهُ نِعْمَةٌ مِنْ رَبِّهِ لَنُبِذَ بِالْعَرَاءِ وَهُوَ مَذْمُومٌ [68:49]

49\. Агар неъмат ва раҳмате(1) аз сӯи Парвардигораш ӯро дарнамеёфт, яқинан аз шиками моҳӣ ба саҳрои беобу алаф партофта мешуд, дар ҳоле, ки ӯ бадҳол буд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мурод аз он неъмат, тавфиқ додани Юнус алайҳиссалом барои тавба буд.

### الآية 68:50

> ﻿فَاجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَجَعَلَهُ مِنَ الصَّالِحِينَ [68:50]

50\. Пас, Парвардигораш ӯро барои рисолаташ ихтиёр кард ва ӯро аз зумраи солеҳон қарор дод, ки ният, аъмол ва ақволашон шоиста ва дуруст аст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\881

### الآية 68:51

> ﻿وَإِنْ يَكَادُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَيُزْلِقُونَكَ بِأَبْصَارِهِمْ لَمَّا سَمِعُوا الذِّكْرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُ لَمَجْنُونٌ [68:51]

51\. Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки аз сабаби бад диданашон туро бо чашмони худ билағжонанд ва аз рӯи ҳасад мегӯянд, ки қатъан ӯ девона аст.

### الآية 68:52

> ﻿وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِلْعَالَمِينَ [68:52]

52\. Ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён (аз инсу ҷин) фақат панде аст!

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/68.md)
- [كل تفاسير سورة القلم
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/68.md)
- [ترجمات سورة القلم
](https://quranpedia.net/translations/68.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/68/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
