---
title: "ترجمة سورة الحاقة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/69/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/69/book/1985"
surah_id: "69"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الحاقة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/69/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الحاقة - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/69/book/1985*.

Translation of Surah الحاقة from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 69:1

> الْحَاقَّةُ [69:1]

1.Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!)

### الآية 69:2

> ﻿مَا الْحَاقَّةُ [69:2]

2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ?

### الآية 69:3

> ﻿وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْحَاقَّةُ [69:3]

3.Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\204

### الآية 69:4

> ﻿كَذَّبَتْ ثَمُودُ وَعَادٌ بِالْقَارِعَةِ [69:4]

4.Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд.

### الآية 69:5

> ﻿فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهْلِكُوا بِالطَّاغِيَةِ [69:5]

5.Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд.

### الآية 69:6

> ﻿وَأَمَّا عَادٌ فَأُهْلِكُوا بِرِيحٍ صَرْصَرٍ عَاتِيَةٍ [69:6]

6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд.

### الآية 69:7

> ﻿سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَىٰ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ خَاوِيَةٍ [69:7]

7\. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.

### الآية 69:8

> ﻿فَهَلْ تَرَىٰ لَهُمْ مِنْ بَاقِيَةٍ [69:8]

8\. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!)

### الآية 69:9

> ﻿وَجَاءَ فِرْعَوْنُ وَمَنْ قَبْلَهُ وَالْمُؤْتَفِكَاتُ بِالْخَاطِئَةِ [69:9]

9\. Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика(1) гунаҳкор омаданд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мардуми шаҳрҳои ба замин фурӯрафта, ки он ободиҳои қами Лут алайҳиссалом буд. Аллоҳ таъоло ба сабаби феъли мункарашон; (аз ширк, куфр ва зино) онҳоро ба замин фурӯ бурд. Тафсири Табарӣ 23\\576

### الآية 69:10

> ﻿فَعَصَوْا رَسُولَ رَبِّهِمْ فَأَخَذَهُمْ أَخْذَةً رَابِيَةً [69:10]

10\. Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд, пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт.

### الآية 69:11

> ﻿إِنَّا لَمَّا طَغَى الْمَاءُ حَمَلْنَاكُمْ فِي الْجَارِيَةِ [69:11]

11\. Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем,

### الآية 69:12

> ﻿لِنَجْعَلَهَا لَكُمْ تَذْكِرَةً وَتَعِيَهَا أُذُنٌ وَاعِيَةٌ [69:12]

12\. то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\578

### الآية 69:13

> ﻿فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ نَفْخَةٌ وَاحِدَةٌ [69:13]

13\. Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад

### الآية 69:14

> ﻿وَحُمِلَتِ الْأَرْضُ وَالْجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةً وَاحِدَةً [69:14]

14\. ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд,

### الآية 69:15

> ﻿فَيَوْمَئِذٍ وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ [69:15]

15\. пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад.

### الآية 69:16

> ﻿وَانْشَقَّتِ السَّمَاءُ فَهِيَ يَوْمَئِذٍ وَاهِيَةٌ [69:16]

16\. Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад.

### الآية 69:17

> ﻿وَالْمَلَكُ عَلَىٰ أَرْجَائِهَا ۚ وَيَحْمِلُ عَرْشَ رَبِّكَ فَوْقَهُمْ يَوْمَئِذٍ ثَمَانِيَةٌ [69:17]

17\. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.

### الآية 69:18

> ﻿يَوْمَئِذٍ تُعْرَضُونَ لَا تَخْفَىٰ مِنْكُمْ خَافِيَةٌ [69:18]

18\. Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\883

### الآية 69:19

> ﻿فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيَهْ [69:19]

19\. Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед.

### الآية 69:20

> ﻿إِنِّي ظَنَنْتُ أَنِّي مُلَاقٍ حِسَابِيَهْ [69:20]

20\. Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро
омода кардаам.

### الآية 69:21

> ﻿فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَاضِيَةٍ [69:21]

21\. 21. Пас, ӯ дар як зиндагии
писандидаву хуш хоҳад буд,

### الآية 69:22

> ﻿فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ [69:22]

22\. дар биҳиште олӣ,

### الآية 69:23

> ﻿قُطُوفُهَا دَانِيَةٌ [69:23]

23\. ки меваҳояш дастрас бошад.

### الآية 69:24

> ﻿كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا أَسْلَفْتُمْ فِي الْأَيَّامِ الْخَالِيَةِ [69:24]

24\. 24. Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\212

### الآية 69:25

> ﻿وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِشِمَالِهِ فَيَقُولُ يَا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتَابِيَهْ [69:25]

25\. 25. Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд

### الآية 69:26

> ﻿وَلَمْ أَدْرِ مَا حِسَابِيَهْ [69:26]

26\. ва надониста будам, ки тҳисоби ман чист!

### الآية 69:27

> ﻿يَا لَيْتَهَا كَانَتِ الْقَاضِيَةَ [69:27]

27\. Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам

### الآية 69:28

> ﻿مَا أَغْنَىٰ عَنِّي مَالِيَهْ ۜ [69:28]

28\. Дороии ман, ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид,

### الآية 69:29

> ﻿هَلَكَ عَنِّي سُلْطَانِيَهْ [69:29]

29\. қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям)!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\588

### الآية 69:30

> ﻿خُذُوهُ فَغُلُّوهُ [69:30]

30\. Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад: «Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед!

### الآية 69:31

> ﻿ثُمَّ الْجَحِيمَ صَلُّوهُ [69:31]

31\. Ба баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад!

### الآية 69:32

> ﻿ثُمَّ فِي سِلْسِلَةٍ ذَرْعُهَا سَبْعُونَ ذِرَاعًا فَاسْلُكُوهُ [69:32]

32\. Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ(1) аст, бикашед!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне зироъ аз оринҷ то ангуштро гӯянд.

### الآية 69:33

> ﻿إِنَّهُ كَانَ لَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ الْعَظِيمِ [69:33]

33\. Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард

### الآية 69:34

> ﻿وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ [69:34]

34\. ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\213

### الآية 69:35

> ﻿فَلَيْسَ لَهُ الْيَوْمَ هَاهُنَا حَمِيمٌ [69:35]

35\. Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.

### الآية 69:36

> ﻿وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنْ غِسْلِينٍ [69:36]

36\. Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест.

### الآية 69:37

> ﻿لَا يَأْكُلُهُ إِلَّا الْخَاطِئُونَ [69:37]

37\. Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1\\884

### الآية 69:38

> ﻿فَلَا أُقْسِمُ بِمَا تُبْصِرُونَ [69:38]

38\. Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо

### الآية 69:39

> ﻿وَمَا لَا تُبْصِرُونَ [69:39]

39\. ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо,

### الآية 69:40

> ﻿إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ [69:40]

40\. ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро
паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,

### الآية 69:41

> ﻿وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَاعِرٍ ۚ قَلِيلًا مَا تُؤْمِنُونَ [69:41]

41\. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!

### الآية 69:42

> ﻿وَلَا بِقَوْلِ كَاهِنٍ ۚ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ [69:42]

42\. Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!

### الآية 69:43

> ﻿تَنْزِيلٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ [69:43]

43\. Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\214

### الآية 69:44

> ﻿وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ [69:44]

44\. Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст,

### الآية 69:45

> ﻿لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ [69:45]

45\. ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,

### الآية 69:46

> ﻿ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ [69:46]

46\. сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем

### الآية 69:47

> ﻿فَمَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ [69:47]

47\. ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад.

### الآية 69:48

> ﻿وَإِنَّهُ لَتَذْكِرَةٌ لِلْمُتَّقِينَ [69:48]

48\. Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23\\595

### الآية 69:49

> ﻿وَإِنَّا لَنَعْلَمُ أَنَّ مِنْكُمْ مُكَذِّبِينَ [69:49]

49\. Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд.

### الآية 69:50

> ﻿وَإِنَّهُ لَحَسْرَةٌ عَلَى الْكَافِرِينَ [69:50]

50\. Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд.

### الآية 69:51

> ﻿وَإِنَّهُ لَحَقُّ الْيَقِينِ [69:51]

51\. Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест.

### الآية 69:52

> ﻿فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ [69:52]

52\. Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/69.md)
- [كل تفاسير سورة الحاقة
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/69.md)
- [ترجمات سورة الحاقة
](https://quranpedia.net/translations/69.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/69/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
