---
title: "ترجمة سورة المعارج - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/70/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/70/book/1985"
surah_id: "70"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة المعارج - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/70/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة المعارج - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/70/book/1985*.

Translation of Surah المعارج from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 70:1

> سَأَلَ سَائِلٌ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ [70:1]

1\. Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки

### الآية 70:2

> ﻿لِلْكَافِرِينَ لَيْسَ لَهُ دَافِعٌ [70:2]

2\. бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард.

### الآية 70:3

> ﻿مِنَ اللَّهِ ذِي الْمَعَارِجِ [70:3]

3\. Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист.

### الآية 70:4

> ﻿تَعْرُجُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ [70:4]

4\. Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол(1) аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯи Ӯ боло раванд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Панҷоҳ ҳазор сол барои кофирон аст, аммо барои мӯьминон ба миқдори як намоз аст. Тафсири Бағавӣ 8/221

### الآية 70:5

> ﻿فَاصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا [70:5]

5\. Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/603

### الآية 70:6

> ﻿إِنَّهُمْ يَرَوْنَهُ بَعِيدًا [70:6]

6\. Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд.

### الآية 70:7

> ﻿وَنَرَاهُ قَرِيبًا [70:7]

7\. Ба Мо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем.

### الآية 70:8

> ﻿يَوْمَ تَكُونُ السَّمَاءُ كَالْمُهْلِ [70:8]

8\. Рузе, ки осмон чун миси гудохта гардад.

### الآية 70:9

> ﻿وَتَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ [70:9]

9\. Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст.

### الآية 70:10

> ﻿وَلَا يَسْأَلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا [70:10]

10.Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Зеро ҳама ба ҳоли худ машғул аст.

### الآية 70:11

> ﻿يُبَصَّرُونَهُمْ ۚ يَوَدُّ الْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِي مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍ بِبَنِيهِ [70:11]

11\. Якдигарро мебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯз кофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад.

### الآية 70:12

> ﻿وَصَاحِبَتِهِ وَأَخِيهِ [70:12]

12\. ва низ зану бародарашро.

### الآية 70:13

> ﻿وَفَصِيلَتِهِ الَّتِي تُؤْوِيهِ [70:13]

13\. ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд.

### الآية 70:14

> ﻿وَمَنْ فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنْجِيهِ [70:14]

14\. ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипас худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.

### الآية 70:15

> ﻿كَلَّا ۖ إِنَّهَا لَظَىٰ [70:15]

15\. Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/607

### الآية 70:16

> ﻿نَزَّاعَةً لِلشَّوَىٰ [70:16]

16\. Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад.

### الآية 70:17

> ﻿تَدْعُو مَنْ أَدْبَرَ وَتَوَلَّىٰ [70:17]

17\. Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд.

### الآية 70:18

> ﻿وَجَمَعَ فَأَوْعَىٰ [70:18]

18\. Ва ҷамъ кард пулу молро, пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610

### الآية 70:19

> ﻿۞ إِنَّ الْإِنْسَانَ خُلِقَ هَلُوعًا [70:19]

19\. Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст.

### الآية 70:20

> ﻿إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا [70:20]

20\. Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.

### الآية 70:21

> ﻿وَإِذَا مَسَّهُ الْخَيْرُ مَنُوعًا [70:21]

21\. Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,

### الآية 70:22

> ﻿إِلَّا الْمُصَلِّينَ [70:22]

22\. магар намозгузороне,

### الآية 70:23

> ﻿الَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ دَائِمُونَ [70:23]

23\. ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад:

### الآية 70:24

> ﻿وَالَّذِينَ فِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ مَعْلُومٌ [70:24]

24\. Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот),

### الآية 70:25

> ﻿لِلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ [70:25]

25\. барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/ 617

### الآية 70:26

> ﻿وَالَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ [70:26]

26\. Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд.

### الآية 70:27

> ﻿وَالَّذِينَ هُمْ مِنْ عَذَابِ رَبِّهِمْ مُشْفِقُونَ [70:27]

27\. Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,

### الآية 70:28

> ﻿إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمْ غَيْرُ مَأْمُونٍ [70:28]

28\. ки ҳароина аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд.

### الآية 70:29

> ﻿وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ [70:29]

29\. Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд,

### الآية 70:30

> ﻿إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ [70:30]

30\. магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.

### الآية 70:31

> ﻿فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ [70:31]

31\. Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад хузаштагонанд.

### الآية 70:32

> ﻿وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ [70:32]

32\. Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд.

### الآية 70:33

> ﻿وَالَّذِينَ هُمْ بِشَهَادَاتِهِمْ قَائِمُونَ [70:33]

33\. Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд.

### الآية 70:34

> ﻿وَالَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ [70:34]

34\. Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд.

### الآية 70:35

> ﻿أُولَٰئِكَ فِي جَنَّاتٍ مُكْرَمُونَ [70:35]

35\. Инҳое, ки чунин сифатҳои бузуртеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои
гиромӣ мукарраму муъаззаз.

### الآية 70:36

> ﻿فَمَالِ الَّذِينَ كَفَرُوا قِبَلَكَ مُهْطِعِينَ [70:36]

36\. Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбар мешитобанд?

### الآية 70:37

> ﻿عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ عِزِينَ [70:37]

37\. Даста - даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд.

### الآية 70:38

> ﻿أَيَطْمَعُ كُلُّ امْرِئٍ مِنْهُمْ أَنْ يُدْخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ [70:38]

38\. Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, ки Аллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилаш мекунад?

### الآية 70:39

> ﻿كَلَّا ۖ إِنَّا خَلَقْنَاهُمْ مِمَّا يَعْلَمُونَ [70:39]

39\. Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/621

### الآية 70:40

> ﻿فَلَا أُقْسِمُ بِرَبِّ الْمَشَارِقِ وَالْمَغَارِبِ إِنَّا لَقَادِرُونَ [70:40]

40\. Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем,

### الآية 70:41

> ﻿عَلَىٰ أَنْ نُبَدِّلَ خَيْرًا مِنْهُمْ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ [70:41]

41\. ки ба ҷои онҳо мардуми беҳтар ва мутеътар ба Аллоҳро биёварем ва дар ин кор нотавон нестем ва ҳеҷ кас аз Мо пешдастӣ накунад ва Моро бознадорад, ҳар вақте ки хоҳем иъода кардани онҳоро.

### الآية 70:42

> ﻿فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ [70:42]

42\. Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду ва дар дунёяшон бозӣ кунанд, то ба рӯзи қиёмат бирасанд, ки ваъдаашон додаем ба азоб.

### الآية 70:43

> ﻿يَوْمَ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمْ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ [70:43]

43\. Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бароянд, чунонки дар дунё назди бутонашон, ки ба ғайри Алдоҳ онҳоро ибодат мекарданд, мешитобанд.

### الآية 70:44

> ﻿خَاشِعَةً أَبْصَارُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ۚ ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ [70:44]

44\. Ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда аз ҳавлу ҳарос ва ба хорӣ афтодаанд. Ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст ва онҳо истеҳзо мекарданду дӯруғ мебароварданд!

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/70.md)
- [كل تفاسير سورة المعارج
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/70.md)
- [ترجمات سورة المعارج
](https://quranpedia.net/translations/70.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/70/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
